Главная / Ҷамъият / Рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол

Рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи  рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с. 2006, №7, мод. 346; с. 2008, №10, мод.811 , с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 1007; Қонуни ҶТ аз 18.03.15с. № 1195)

 Боби 1.

Муқаррароти умумӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур асосҳои ташкиливу ҳуқуқии маҳдудкунӣ ва қатъ кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаро муайян намуда, барои барпо намудан ва самарабахш амал кардани бозорҳои мол шароит муҳайё менамояд. 

Моддаи 2. Доираи татбиқи Қонун

Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки ба рақобат дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок мекунанд. Қонун инчунин дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномаҳои аз тарафи шахсони мазкур ва мақомоти номбаршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан содир ё басташуда боиси маҳдудияти рақобат мешаванд ва ё шуда метавонанд, ё худ дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дигар оқибатҳои манфӣ мешаванд.

Қонуни мазкур ба муносибатҳои вобаста ба объектҳое, ки ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ алоқаманд мебошанд, паҳн намегардад, ғайр аз ҳолатҳое, ки созишномаҳои ба истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.

Муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаи бозорҳои хизматрасонии молиявӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки муносибатҳои дар ин бозорҳо пайдошаванда ва рақобати бозорҳои мол таъсир мерасонанд, бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд. 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

мол– объекти ҳуқуқҳои гражданӣ ( аз ҷумла кор, хизматрасонӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти гражданӣ баровардани он муқаррар шудааст;

хизматрасонии молиявӣ– хизматрасонии бонкӣ, хизматрасонии суғуртавӣ, хизматрасонӣ ва хариду фурӯш дар бозори коғазҳои қиматнок, хизматрасонии лизингӣ, инчунин хизматрасоние, ки бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиронидани маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста мебошад;

молҳои баҳамивазшаванда– гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъинот, тарзи истифодабарӣ, тавсифи сифатӣ ва техникӣ, нарх ва дигар хусусиятҳояшон қиёспазиранд ва харидор аслан онҳоро бо ҳамдигар дар ҷараёни истеъмол ( аз ҷумла истеҳсолӣ) иваз карда метавонад;

бозори мол– соҳаи муомилоти моле, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмати он молҳои ивазкунанда ё баҳамивазшаванда надорад, ки вобаста ба имконияти иқтисодии харидор барои ба даст овардани мол дар қаламрави дахлдор ва мавҷуд набудани чунин имконият берун аз ҳудуди он муайян мегардад;

субъектҳои хоҷагидор– шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ мекунанд;

рақобат– мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд;

шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ)– шартҳои дохил шудан ба бозори мол, шартҳои иваз кардан, истеъмол, ба даст овардан, истеҳсол, фурӯш, интиқоли мол, ки як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорро дар муқоиса бо дигар субъектҳои хоҷагидор ба мавқеи нобаробар мемонанд;

рақобати бевиҷдонона– ҳама гуна амали субъектҳои  хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ- рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрӯи кории онҳоро паст мегардонад;

мавқеи ҳукмфармоӣ мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда (минбаъд- моли муайян) надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад.

Мавқеи ҳукмфармоӣ инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли  муайян аз сию панҷ фоиз зиёдро  ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №913)

Мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар поён зикр гардидаанд.

Мавқеи ҳар кадоме аз якчанд субъектҳои хоҷагидор ҳукмфармо эътироф карда мешавад, агар нисбати онҳо шартҳои зайл иҷро гардида, субъектҳои хоҷагидор исбот накардаанд, ки мавқеи онҳо ҳукмфармо намебошад: (ҚҶТ аз 28.12.12с., №913)

-маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи хар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз панҷоҳ фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъекти хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;

-маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи ҳар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз ҳафтод фоиз баландтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;

-андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;

-моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурӯхташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол  (аз ҷумла истеҳсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси пастравии талаботи хоси он шуда наметавонад.

Мавқеи субъекти хоҷагидор- субъекти монополияи табиӣ дар бозори мол, ки дар ҳолати инҳисори табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо мебошад;

фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукмфармоии худ сӯиистифода кардани субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), бастани созишнома ё иҷрои амалҳои мувофиқашудае, ки бо қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъ карда шудаанд;

нархи баланди инҳисории мол нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол ва хеле баландтар аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре мебошанд, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд ё нарх аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол бештар аст. Нархи моле, ки субъекти монополияи табиӣ дар ҳудудҳои тарифи ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи монополияи табиӣ муқаррар кардааст, нархи баланди инҳисорӣ буда наметавонад;

нархи пасти инҳисории мол– нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, ки аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол  муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмрон дошта, ки аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад;

муқоисаи номуносиб– муқоиса ё мулоҳизае, ки рақиби алоҳида ё рақибонро умуман, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбати моли субъектҳои хоҷагидори дигар бадном мекунад;

хариди саҳмияи (ҳиссаи) сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор харид ё ба даст овардани дигар имконияте, ки мустақилона ё ба воситаи намояндагон дорои ҳуқуқи овозе, ки ба туфайли шартномаҳои идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш, бастани дигар аҳдҳо дар саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ифодаи худро меёбад, амалӣ мегардад;

амали мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд менамоядамали субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол, ки натиҷаи иқтисодии он танҳо ба шарте барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор фоидаовар хоҳад буд, ки агар дигар субъектҳои хоҷагидор ба таври шабеҳ ё бо усули барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор пешакӣ маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси иҷозат надодан, маҳдуд сохтан ё барҳам додани рақобат дар бозори мол гардидааст ё мегардад. Амали субъектҳои хоҷагидор ҳангоме мувофиқашуда эътироф мегардад, ки он ба амали дигар субъектҳои хоҷагидор алоқаманд буда, ба тағйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектҳои хоҷагидор дар бозори дахлдори мол таъсир мерасонад, вобаста набошад;

ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ мутобиқкунонии амали субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурӯҳи шахсони ҳамин гуна субъектҳои хоҷагидор дохил намебошад;

гурӯҳи шахсон– гурӯҳи шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо як ё якчанд шартҳои зерин иҷро мегарданд:

шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амалиёти мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш ё содир кардани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳисоби умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Дар ин ҳолат таҳти ихтиёрдории ғайримустақим овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, фаҳмида мешавад;

шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи дигар шахс ё шахсон, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд ё салоҳияти мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро дар асоси шартнома ба ҷо оваранд;

шахс ҳуқуқи таъин намудани мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъии шахси ҳуқуқӣ ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро дорад;

шахси воқеӣ метавонад салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;

худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсоне, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар  мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;

худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ ва зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳое, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)ҳар кадоми аз ду ва  зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан доранд;

шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд ва худи он шахсони воқеӣ- ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо, ки ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан доранд.

шахсони бонуфуз– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қодиранд ба субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, таъсир расонанд.

Инҳо шахсони бонуфузи шахси ҳуқуқӣ шуда метавонанд:

-узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, узви мақомоти иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи онро амалӣ мегардонад;

-шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;

-шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ мекунанд. Агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчии иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бошад, он вақт ба қатори шахсони бонуфузи вай аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноатию молиявиро амалӣ мегардонанд, дохил мешаванд.

Шахсони бонуфузи шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, шуда метавонанд:

-шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси воқеӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;

-шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намояд.

Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.

 

Боби 2.

Фаъолияти инҳисорӢ

Моддаи 4. Сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозор

Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ гаштаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла чунин амал (беамалӣ):

-аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

-ба зиммаи аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзӯи шартнома (беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қуваи корӣ, ризоияти бастани шартнома фақат бо шарти ба он илова кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра) дахл надорад;

-ба шартнома дохил намудани шартҳои табъизӣ, ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

-монеият кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

-вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;

-муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

-ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

-фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);

-беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

-беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.

 

Моддаи 5. Созишномаҳои (амалиёти мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро

                      маҳдуд мекунанд

 

Ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои  баҳамивазшаванда) амал мекунанд, бастани шартномаҳо, аҳдҳои дигар, созишномаҳо (минбаъд- созишномаҳо) ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, ки боиси натиҷаҳои зайл мегарданд ё хоҳанд гашт:

-муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳама гуна амалҳои дигар;

-баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;

-дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, оид ба ҳаҷми фурӯш ё харид мутобиқи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);

-маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

-маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти ҳолати бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;

-шартнома набастан бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

-ба зиммаи аҳли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқҳои амволӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра);

-барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

-ихтисор ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо;

-муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки метавонад боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат гардад.

Ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанд, манъ аст.

Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозорҳои моли дахлдор байни худ рақобат надоштае, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир) бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, агар дар натиҷаи бастани чунин созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ҷой дошта бошанд ё ҷой дошта тавонад.

Ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаашон рақобат маҳдуд гаштааст ё метавонад маҳдуд гардад, манъ аст.

Вайрон кардани талаботи зикршуда барои бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва бо тартиби судӣ барҳам додани иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамоҳанг месозад, асос мегардад.

 

Моддаи 6. Санад ва амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии

                     ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба

                     маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд

 

Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст. Аз ҷумла, ин амалҳо манъ карда мешаванд:

-беасос  ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин муқаррар намудани монеа барои амалӣ намудани шаклҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

-муқаррар намудани монеа ба хариду фурӯши мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё бо роҳи маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

-ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (супоришдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

-беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳо, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;

-барои харидорони молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки онҳоро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиронии молҳо, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, маҳдудият муқаррар менамояд.

Қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳӣ бо тартиби муқарраргардида (дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешбинӣ шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъекти хоҷагидори алоҳида бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амал пешбинӣ нашуда бошад.

Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот ё фурӯши молҳо, ба мақомоти мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ додани салоҳиятҳое, ки иҷрои онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад, инчунин якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Дар ҳама гуна шакл бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда байни худ ё байни онҳо ва субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ҷой дорад ё ҷой дошта метавонад, манъ аст. Аз ҷумла бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки боиси натиҷаҳои зайл гардидааст ё мегардад, манъ аст:

-баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);

-беасос муқаррар намудани сатҳи тағйирёбандаи нархҳо барои харидорони гуногуне, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;

-тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);

-маҳдуд сохтани дастрасии бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор.

 

Моддаи 7. Шаклҳои рақобати бевиҷдонона

 

Ба рақобати бевиҷдонона дар шаклҳои зерин роҳ дода намешавад:

-паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегарданд ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;

-ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оиди хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:

-муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);

-гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;

-истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд;

-дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

-ҳама гуна амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд кунад.

Рақобати бевиҷдонона, ки барои ғайриқонунӣ ба даст овардан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродкунонии шахсони ҳуқуқӣ, инфиродкунонии маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ нигаронида шудааст, иҷозат дода намешавад.

Қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ марбут ба вайрон кардани муқаррароти қисми дуюми моддаи мазкур дар бобати инфиродкунонии маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ барои ҳалли масъалаҳои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ ё дар мавриди беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аломатҳои мол, аломатҳои хизматрасонӣ ва номгӯи маҳалли пайдоиши молҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатии соҳаи патентҳо ва аломатҳои мол фиристода мешавад.

 

Моддаи 8. Талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиронии

                     фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти

                     давлатӣ

 

Ҳангоми гузаронидани озмун барои ҷойгиронии фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба амалиёти зерин иҷозат дода намешавад:

-фароҳам овардани шароити афзалиятноки ширкат дар озмун, аз ҷумла дастрас намудани иттилооти махфӣ, кам кардани музди пардохт барои иштироккунандагони алоҳидаи озмун;

-дар озмун иштирок кардани созмондиҳандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондиҳандагони озмунҳо ё шахсоне, ки бо корманди созмондиҳандаи озмун шомили як гурӯҳи шахсон мебошад, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар онҳо корманди созмондиҳандаи озмун ҳуқуқ дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозҳои марбути саҳмҳои овоздор ё ташкилкунандаи саҳми оинномавӣ ё сармояи ҷамъшавандаи ҳиссаи шахси ҳуқуқиро ихтиёрдорӣ намояд;

-аз ҷониби созмондиҳандаи озмун амалӣ кардани фаъолияти ҳамоҳангсозии иштирокдорони он, ки дар натиҷа маҳдудияти рақобат байни иштироккунандагони озмун ё маҳдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он  ҷой доранд, ё ҷой дошта метавонанд;

-вайрон намудани тартиби муайян кардани ғолиб (ғолибон);

-беасос маҳдуд сохтани дастрасии ширкат дар озмун.

Вайронкунии қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун, аз ҷумла тибқи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.

 

Моддаи 9. Фароҳам овардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ

 

Таҳти мафҳуми ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ барои мақсадҳои Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида фароҳам овардани имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор фаҳмида мешавад.

Фароҳам овардани (ҷудо, тақсим намудани) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) афзалият) ба шахси алоҳида вобаста ба натиҷаҳои савдо (озмун) ва (ё) мутобиқи дигар расмиёти пешбининамудаи қонунҳо ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.

Фароҳам овардани (ҷудо, тақсим намудани) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, амвол) ба шахсони алоҳида бо мақсади рафъи оқибати офати табиӣ, садама, фалокат ва ҳолатҳои фавқулодда, оқибати амалиёти низомӣ ва амалиёти зиддитеррористӣ аз фондҳои эҳтиётии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.

Ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ, ба истиснои ёрии пешбининамудаи қонунгузорӣ танҳо бо иҷозати пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад фароҳам оварда шавад.

Шахсе, ки ният дорад ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ фароҳам оварад, ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани кӯмак дархост фиристода, тамоми иттилооти заруриро, ки номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ба он замима мекунад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ вобаста ба дархости иҷозат додан барои ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

  1. Дар хусуси қонеъ гардонидани дархост, агар ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ боиси бартараф намудан ё роҳ надодан ба рақобат нагардад ва ба категорияҳои зерин мансуб бошад:

-ёрӣ бо мақсади гузаронидани тадқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман бо истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ё равандҳои мавҷудаи технологӣ нигаронида нашуда бошад;

-ёрӣ ба мақсади ҳимояи муҳити зист;

-ёрие, ки барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ нигаронида шудааст;

-ёрӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.

  1. Оид ба зарурати тадқиқи иловагии маводи дархост, агар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси эҳтимоли номутобиқатии ёрӣ ба шартҳои дар банди якуми ҳамин қисм зикргардида ва зарурати дарёфт намудани иттилооти иловагӣ барои қабули қарор ҷиҳати қонеъ гардонидани дархост ё рад гардонидани он ба хулоса оянд.
  2. Дар хусуси қонеъ нагардонидани дархост, агар ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба шартҳои пешбининамудаи банди 1 ҳамин қисм мутобиқ набошад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба дархости иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани ҳамаи маълумоти зарурӣ қарор қабул мекунад.

Дар мавриди гузаронидани тадқиқи иловагӣ мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дархосткунандаро огоҳ намуда, дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба дархост қарор қабул мекунад.

Қарор оид ба қонеъгардонии дархост ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ метавонад дорои дастуре бошад, ки дар он барои гирандаи дастур талаботи зарурии ба шароитҳои банди 1 қисми шашуми моддаи мазкур мутобиқат кардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ муқаррар гардидааст. Иҷрои дастур ҳангоми расонидани ёрӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 10. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он

 

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ риояи мақсад ва шартҳои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро, ки дар дархости иҷозати расонидани чунин ёрӣ зикр гардидааст, таҳти назорат мегирад.

Тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, баррасии дархост оид ба ёрирасонӣ, назорати истифодаи он, бекор кардани қарори қонеъгардонии дархост оид ба расонидани ёрӣ, инчунин баргардонидани он бинобар дар қонунҳои амалкунанда ва қонунгузории буҷет танзим нагардиданаш, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи он муқаррар карда мешавад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зайл қарори қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллиро бекор кунад ё ҷиҳати баргардонидани он амрия барорад:

-агар қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба иттилооти нодурусте асос ёфта бошад, ки барои қабули қарор аҳамият дорад;

-аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ, ки мутобиқи моддаи мазкур пешбинӣ шудааст;

-номутобиқатии ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мақсад ва шартҳои фарогирифтаи дархости иҷозати расонидани ёрӣ;

-расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми вайрон намудани

                       талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он

 

Санадҳои (қарор, амрия, фармоиш, дастури хаттии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти ваколатдоршуда, ки ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор афзалият ва (ё) имтиёз фароҳам меоранд, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

 

Боби 3.

Мақомоти давлатии зиддиИнҳисорӣ

 

Моддаи 12. Вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

 

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мақомоти идоракунӣ буда, барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи инкишофи бозорҳо ва рақобати соҳибкорӣ масъул мебошад.

Ба вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дохил мешаванд:

-пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

-мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;

-назорати давлатӣ ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ функсияҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

-оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол чораҳо меандешад;

-иҷрои қонунгузории зиддиинҳисориро ҳангоми таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор назорат менамояд;

-хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дорои ҳуқуқи овозро дар сармояи оинномавии (шариконаи)субъектҳои хоҷагидор, ки метавонад боиси ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гардад ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонад, назорат менамояд;

-ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои такмили оид ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва истифодаи амалии он таклифҳо пешниҳод менамояд ва лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба кори бозор ва инкишофи рақобат хулоса мебарорад;

-ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба гузаронидани тадбирҳои барои инкишофи бозорҳои мол ва рақобат мусоидаткунанда тавсияҳо медиҳад.

Фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва сохтори он бо Низомномаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва бо дигар қонунҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13. Салоҳияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

 

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад:

-мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро муқаррар намояд. Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян ва тасдиқ мекунад;

-дар сурати мавҷуд будани аломатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар бораи он парванда оғоз намуда, онро баррасӣ намояд ва аз рӯи натиҷаи баррасии он қарор барорад ва субъектҳои хоҷагидор барои иҷрои ҳатмӣ амрияҳои зайлро қабул намояд:

– дар бораи қатъ намудани амали мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;

– дар бораи қатъ намудани вайронкунии қоидаҳои дастрасии ғайритабъизӣ ба молҳо (корҳо, хизматрасонӣ);

– дар бораи анҷом додани амал оид ба таъмини рақобат ҳангоми назорати давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

– дар бораи қатъ кардани рақобати бевиҷдонона;

– дар бораи роҳ надодан ба амале, ки ба вайронкунии рақобат ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ таҳдид менамояд;

– дар бораи барқарор кардани вазъе, ки то вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ мавҷуд буд;

– дар бораи иҷрои амалиёте, ки ба таъмини рақобат ҳангоми анҷом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлатӣ нигаронида шудааст;

– дар бораи бастани шартномаҳо дар хусуси дигар кардани шартҳои шартномаҳо ё бекор кардани шартномаҳо;

– дар бораи ба буҷети давлатӣ гузаронидани даромаде, ки дар натиҷаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба даст омадааст;

– дар бораи дигар кардан ё маҳдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ;

– дар бораи иҷрои талаботи иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огоҳонии минбаъд ба миён наомадани шароитҳои табъизӣ нигаронида шудааст;

– дар бораи иҷрои амалиёте, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;

– дар бораи қатъ намудани вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва рафъи оқибатҳои он;

– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони мансабдори онҳо амрияҳои зайл содир намояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад:

– дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санадҳои қабулнамудаашон, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон менамояд;

– дар бораи бекор кардан ё тағйир додани шартномаҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд;

– дар бораи қатъ намудани дигар вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

– дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;

– дар ҳолате, ки агар мақомоти ҳокимияти давлатӣ функсияи назоратӣ ва санҷишро дар бозорҳои мол иҷро кунанд, мақомоти зиддиинҳисорӣ дар хусуси ба қонунгузории  зиддиинҳисорӣ мутобиқ гардонидани санадҳо ва амали чунин мақомот пешниҳод ирсол созад;

– нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, роҳбарони онҳо, шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисорӣ тибқи ҳолатҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешад;

– дар бораи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ бо даъво, ариза ба суд муроҷиат кунад, аз ҷумла:

– дар бораи пурра ё дар қисми мухолифат ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ беэътибор донистани санадҳои меъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– дар бораи пурра ё дар қисми мухолифат ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ беэътибор донистани шартномаҳо;

– дар бораи ҳатман бастани шартнома;

– дар бораи тағйир додан ё бекор намудани шартнома;

– дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

– дар бораи ба буҷети давлатӣ гузаронидани даромаде, ки дар натиҷаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба даст омадааст;

– дар бораи истифодаи чораҳои зарурӣ барои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ нисбат ба шахсе, ки ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ роҳ додааст;

– дар бораи беэътибор донистани савдоҳо (озмунҳо);

– дар бораи азнавташкилдиҳии маҷбурии шахсони ҳуқуқӣ (дар шакли тақсимкунӣ, ҷудокунӣ), ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд;

– ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва (ё) вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар суд иштирок кунад;

– феҳристи субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, пеш барад;

– дар воситаҳои ахбори омма қарор ва дастури мақомоти зиддиинҳисориро, ки манфиатҳои доираи номуайяни шахсонро дар бар мегирад, нашр намояд;

– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба гузаронидани чорабиниҳое, ки ба рушди рақобат дар бозорҳои мол равона гардидаанд, тавсияҳо диҳад;

– бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатҳои хориҷӣ дар доираи салоҳияти худ мубодилаи иттилоотро анҷом диҳад;

– ҳолати рақобатро дар бозорҳои мол таҳлил кунад;

– барои субъекти хоҷагидор дар бозори молҳои дахлдор мавқеи ҳукмфармо муқаррар созад;

– риояи қонунгузории зиддиинҳисориро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ тафтиш намуда, аз онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди зарурӣ, иттилоот ва дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ тавзеҳот мегирад, ба мақомоти оперативию ҷустуҷӯӣ дар бораи иҷрои  корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ муроҷиат кунад;

– бо мақсади иҷрои масъалаҳои ба зиммааш гузошташуда тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, тартиби танзими муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, низомнома оид ба танзими нарх ба маҳсулот ва моли тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон, қоида оид ба тартиби гузаронидани тафтиши риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомотҳои зикршударо анҷом диҳанд, низомнома оид ба тартиби ба мақомоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намудани дархост ва огоҳинома тибқи талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур, қоидаҳоро оид ба муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар бозорҳои молӣ, тартиби баррасии парвандаҳоро дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд;

– тарифҳои хизматрасонии пулакиро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидории ба доираи идоракунии онҳо дохилбударо ба мувофиқа расонад;

– бо мақсади пешгирии маҳдудсозӣ ва бартараф намудани рақобат ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;

– тарифҳои хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, ба мувофиқа расонад;

– ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷорӣ ё бекор намудани иҷозатномаҳо, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди дастгирии давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

– оид ба бастани ҷарима ба субъектҳои хоҷагидор, додани ҷазои маъмурӣ ба роҳбарони онҳо, шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ, ғайр аз ҳолатҳои вайронкунии тартиботи муқарраргардидаи нархгузорӣ мутобиқи қонунгузории монополияҳои табиӣ, қарор қабул кунад;

– тибқи тартиби муқарраргардида дар хусуси вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ хулоса диҳад;

– масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ диҳад;

– дигар ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро анҷом диҳад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи бозорҳои мол ва рақобат, дастгирии соҳибкорӣ ва ғайриинҳисорӣ намудан ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои зайл тавсияҳо медиҳад:

-додани қарзи имтиёзнок, инчунин оид ба кам кардани андозҳо ё аз онҳо озод намудани субъектҳои хоҷагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд;

-ташкил ва инкишофи сохторҳои ба ҳамдигар монанд дар соҳаҳои истеҳсолот ва муомилот, аз ҷумла аз ҳисоби қарз;

-маблағгузории чорабиниҳо оид ба зиёд кардани истеҳсоли мол бо мақсади бартараф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидори алоҳида;

-иштироки сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳо бо маблағгузории хориҷӣ.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар амалӣ гардондани барномаҳои ғайриинҳисорӣ, инкишофи рақобат ва дастгирии соҳибкорӣ иштирок менамояд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи дастрас намудани ахбор

 

Кормандони ваколатдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ва дар асоси гузаронидани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва (ё) ҳангоми гумонбарии асоснок оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ барои шиносшавӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар асоси талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба бинои субъектҳои хоҷагидор бемамониат ворид шаванд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи салоҳияти худ бояд ба кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ расонад.

Субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар ахбореро, ки барои фаъолияти қонунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ заруранд, пешниҳод кунанд.

Маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ва қонунан ҳифзшаванда ва маълумоте, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми иҷрои ваколати худ ба даст овардааст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун бояд ошкор карда нашавад.

Дар ҳолати аз тарафи кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор кардани маълумоти дорои сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ товони зарари расида мувофиқи қонунгузории гражданӣ ҷуброн карда мешавад.

 

Боби 4.

Назорати давлатии рақобат

 

Моддаи 15. Назорати давлатӣ оид ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилкунӣ, барҳамдиҳии субъектҳои

                        хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо

 

Бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ корҳои зайл анҷом дода мешаванд:

-таъсис ва азнавташкилдиҳии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор;

-муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозуни активҳои онҳо (активҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

-таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи)он бо саҳмҳо (ҳиссаҳо) ё молумулки дигар шахси ҳуқуқӣ;

-барҳамдиҳӣ ва тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши активҳояшон аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқӣ гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармо дорад.

Дар ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, шахсҳо ё мақомоти манфиатдор ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти бақайдгиранда дастрас мекунанд, дархост дар бораи додани розигӣ ба таъсис ва азнавташкилкунии он, маълумот дар бораи фаъолияти асосӣ, маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол пешниҳод менамояд. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд ахбори дигари заруриро, ғайр аз иттилооте, ки ба салоҳияташ тааллуқ надорад, талаб намояд.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ на дертар аз сӣ рӯзи қабул карда гирифтани ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба аризадиҳанда дар бораи қарори қабулгардида хаттӣ хабар медиҳад.

Дар ҳолатҳое, ки агар таъсиси (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии) субъектҳои хоҷагидор ба маҳдудкунии рақобат оварда расонад, муассисони субъектҳои хоҷагидор, шахс ё мақомоте, ки дар бораи ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ қарор қабул кардаанд, вазифадоранд бо қарори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1195)

Иҷро накардани қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои беэътибор донистани бақайдгирии давлатӣ бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1195)

Дар ҳолатҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор инчунин аз рӯйхати ягонаи давлатӣ баровардани онҳо аз тарафи мақомоти давлатии бақайдгиранда танҳо бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ анҷом дода мешавад.

Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор, ки таъсис ва азнавташкилкунии онҳо бе розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

 

Моддаи 16. Назорати давлатии иҷрои қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми хариди

                       саҳмияҳо (ҳиссаҳо) дар сармояи оинномавии (шариконаи)субъектҳои хоҷагидор ва

                       дигар мавридҳо

 

Бо мувофиқаи пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалҳои зайл сурат мегиранд:

– аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияи (ҳиссаи) дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) харидгардидаро пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хоҷагидор ҳангоми таъсиси он дахл надорад;

– аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё активҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, ки агар арзиши тавозуни амволи ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозуни воситаҳои асосии истеҳсолот ва активҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи амвол зиёд бошад;

– аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад.

Розигии пешакӣ барои иҷро намудани аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар ҳолатҳое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии тавозунии активҳои шахсоне, ки дар қисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ва яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре мебошад, ки ба феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дохил карда шудааст ё харидор гурӯҳи шахсоне бошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунанд.

Барои содир кардани аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, шахсон вазифадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи додани розигӣ барои пешниҳод кардани онҳо дархост диҳанд ва қабул кардани қарор мувофиқи номгӯи ахборе, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад, маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд.

Назорати давлатӣ ба содир шудани аҳдҳое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси моддаи 15 Қонуни мазкур иҷро мегардад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дархостро рад намояд, агар қонеъкунонии он боиси мустаҳкам гардидани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат гардад ва инчунин дар ҳолатҳои пешниҳод намудани ахбори носаҳеҳ, ки барои қабул намудани қарор аҳамият дорад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои қонеъ намудани дархост дар ҳолати иҷро намудани талабот, ки ба таъмини рақобат равона шудааст, ҳуқуқ дорад. Дар айни замон талаботи нишондодашуда, инчунин мӯҳлати иҷрои он бояд дар қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи розигӣ барои иҷрои амале, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дарҷ карда шавад.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи аризаи шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур оварда шудаанд, дар давоми понздаҳ рӯз огоҳ карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии активҳои шахсоне, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудааст аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

Дар ҳолати иштироки шахси воқеӣ дар мақомоти иҷроия, шӯрои директорони (шӯрои нозирони) ду ё зиёда субъектҳои хоҷагидор, ки арзиши умумии тавозуни активҳои аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва ё субъектҳои хоҷагидор, ки ба рӯйхати гурӯҳи молҳои якхела ё ба рӯйхати гурӯҳи молҳои дараҷаи мухталифи ҷараёни истеҳсолу фурӯши якхела дохиланд, бояд мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пас аз понздаҳ рӯзи дохилшавӣ (интихобшавӣ) ба мақомоти мазкур ё шӯро аз тарафи ҳамин шахс, ҳатман огоҳ карда шавад. Дар ҳолати огоҳкунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аризадиҳанда якҷоя бо ариза ахбореро пешниҳод мекунад, ки дар қисми чоруми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст.

Агар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ баъд аз омӯзиши пешакии ахбор ба хулоса ояд, ки дар натиҷаи бастани аҳдҳое, ки аз ин хусус ӯро огоҳ кардаанд, мавқеи ҳукмфармоиро субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб мегарданд ё худ ин мавқеи онҳо пурзӯртар мешавад ё маҳдудкунии рақобат рӯй медиҳад, вай дар бораи санҷиши иловагии мувофиқ будани созиши мазкур ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ қарор қабул мекунад. Қарори мазкур дар давоми понздаҳ рӯзи баъди гирифтани аризаи огоҳкуниро гирифтани мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба аризадиҳанда равон карда мешавад.

Қарори қатъӣ аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми сӣ рӯз қабул гардида, дар ин хусус ба аризадиҳанда хаттӣ хабар дода мешавад.

Агар амалиётҳои дар қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи мазкур пешбинишуда боиси зуҳур кардан ё қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор ё маҳдудкунии рақобат гарданд, шахсони ин амалиётҳоро иҷрокунанда вазифадоранд бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муқарраргардида барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи мазкур шахсон ҳуқуқ доранд то қабули чунин қарорҳо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисориро, ки вазифадор аст аризаҳои дахлдорро дар бораи ба иҷро расонидани амалиётҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида дида барояд, дархост кунанд.

Аҳдҳое, ки мухолифи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур ба имзо расидаанд ва ба зуҳур кардан ё қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоӣ, маҳдудкунии рақобат оварда мерасонанд, дар ҳолатҳои аз тарафи иштирокчиёни созишҳо иҷро накардани талаботи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи барқарор намудани шартҳои зарурии рақобат дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муқарраркардашуда, бо тартиби судӣ ва бо даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

Иҷро накардани қарорҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки мувофиқи қисмҳои шашум ва ёздаҳуми моддаи мазкур қабул шудаанд, барои беэътибор донистани аҳди дахлдор бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.

Қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси розигӣ оид ба иҷрои аҳдҳои дар моддаи мазкур зикршуда амали худро қатъ менамояд, агар чунин аҳдҳо дар муддати 6 моҳ аз рӯзи қабул гардидани қарори зикршуда иҷро нагардида бошад.

 

Моддаи 17. Азнавташкилкунии (тақсимкунӣ ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки

                      фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд

 

Дар ҳолате, ки субъектҳои хоҷагидори машғули фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб мебошанд ва мунтазам қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ дар бораи азнавташкилкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) онҳо дар доираи воҳидҳои сохториашон, агар ин ба манфиати инкишофи рақобат бошад, ба суд муроҷиат кунад.

Таҳти мафҳуми мунтазам вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се сол содирнамудани беш аз ду далели вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ фаҳмида мешавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида ошкор карда шудааст.

Азнавташкилкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои зерин амалӣ мегардад:

– вуҷуд доштани имконияти мустақилии ташкилӣ ва ҳудудии воҳидҳои сохтории он;

– байни воҳидҳои сохтории он мавҷуд набудани алоқаи зичи технологӣ, аз ҷумла агар ҳаҷми маҳсулоти (кор, хизматрасонии) воҳиди сохторӣ, ки ҳамин шахси ҳуқуқӣ истеъмол мекунад, аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи (кор, хизматрасонии) воҳиди сохтории мазкур зиёд набошад;

– дар натиҷаи азнавташкилкунӣ имконият доштани фаъолияти мустақилонаи шахси ҳуқуқӣ дар бозори моли муайян.

 

Моддаи 18. Шикоят нисбат ба қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

 

Агар аризадиҳанда ба дархости худ (ариза дар бораи огоҳкунӣ) аз мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар мӯҳлати сӣ рӯзи баъди дархостро гирифтани мақомоти мазкур (моддаҳои 15, 16 Қонуни мазкур) ҷавоб нагирад ё бо қарори қабулкардаи ин мақомот розӣ набошад, вай ҳуқуқ дорад барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда дар давоми се моҳ ба суд муроҷиат кунад.

 

БОБИ 5.

ҶавобгарӢ барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӢ

 

Моддаи 19. Иҷрои ҳатмии амри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

 

Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд мувофиқи амри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ вайронкориро қатъ гардонанд, мавқеи аввалро барқарор ва шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот дароранд, бо дигар субъектҳои хоҷагидор шартнома банданд, санади ба қонунгузорӣ номувофиқро бекор кунанд, фоидаи дар натиҷаи вайронкорӣ ба даст омадаро ба буҷет ворид кунанд, дигар амалиётҳоеро, ки дар қарор ё амр зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.

Барои содир кардани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки боиси вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ мегарданд, шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), инчунин шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 20 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1195 хориҷ карда шуд

Моддаи 21 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1195 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 22. Рӯёнидани зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор расонида шудааст

 

Агар санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, бо вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ қабул шуда бошад ё мақомотҳои мазкур ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд ё номатлуб иҷро кунанд ва агар аз ин амал ба субъекти хоҷагидор ё дигар шахс зарар расида бошад, товони он мувофиқи қонунгузории гражданӣ рӯёнда мешавад.

Амали (беамалии) субъектҳои хоҷагидор, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунад ва ба субъекти хоҷагидор зиён мерасонад, товони он аз гунаҳкорон мувофиқи қонунгузории гражданӣ рӯёнида мешавад.

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ  кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1195)

 

БОБИ 6.

Тартиби қабули арзу шикоят ва иҷрои қарор

ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӢ

 

Модда 24. Дида баромадани парвандаҳо оид ба вайрон кардани қонунгузории

                    зиддиинҳисорӣ аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

 

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ далелҳои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисориро баррасӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад.

Барои баррасии парвандаҳо дар бораи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ аризаҳои субъектҳои хоҷагидор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шаҳрвандон асос мешаванд.

Парвандаҳо оид ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ бо ташаббуси худи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ баррасӣ мегардад.

Аризаҳо ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ хаттӣ пешниҳод карда мешаванд. Мазмуни ҳуҷҷатҳо ва муроҷиатҳо ошкор карда намешавад.

 

Моддаи 25. Тартиби шикоят кардан аз болои қарор ва амрияи мақомоти давлатии

                       зиддиинҳисорӣ

 

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз қарор ва амри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба суд шикоят кунанд.

Ҳангоми дар суд дида баромадани арзу шикоят иҷроиши қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ боздошта мешавад. Аз қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми шаш моҳи қабул гардидани ин санад шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он мӯҳлати пешниҳоди даъво татбиқ намешавад.

 

Моддаи 26. Тартиби иҷро намудани қарор ва амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

 

Дар ҳолати иҷро накардани қарор ва амрия дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартномаи хилофи қонунбуда ё бо субъекти хоҷагидори дигар бастани шартнома мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар бораи пурра ё қисман беэътибор донистани шартнома ё маҷбуран бастани шартнома бо даъво ба суд муроҷиат намояд.

Дар ҳолати иҷро накардани қарор ва амрия дар бораи ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ муайян шудааст, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар бораи ба буҷет ситонидани фоидаи беасос ба суд даъво кунад.

Ҷаримае, ки аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба субъектҳои хоҷагидор, ғайр аз ҷаримае, ки ба соҳибкорони инфиродӣ баста шудааст, дар давоми сӣ рӯзи баромадани қарори рӯёнидани он бо тартиби беаксептӣ (бегуфтугӯ) пардохта мешавад.

Маблағи ҷаримае, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ рӯёнидааст, пурра ба буҷет пардохта мешавад.

 

Боби 7.

Муқаррароти хотимавӢ

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 11, моддаи 558) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе,  28 июли соли 2006

№ 198

 

1

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …