Главная / Гуногун / РАЁҲИНИ ЧИДА АЗ БАСОТИНИ ДУРБИНОНИ РОҲИ ҲИДОЯТ ВА САДРНИШИНОНИ БОРГОҲИ ВИЛОЯТ

РАЁҲИНИ ЧИДА АЗ БАСОТИНИ ДУРБИНОНИ РОҲИ ҲИДОЯТ ВА САДРНИШИНОНИ БОРГОҲИ ВИЛОЯТ

Пири Ҳирот, разияллоҳу анҳу, асҳоби худро васият кардааст, ки аз ҳар пире сухане ёд гиреду агар натавонед, номи эшонро ба ёд доред, то баҳрае ёбед.

Рубоӣ
Онӣ ту, ки аз номи ту меборад ишқ
В-аз номаву пайғоми ту меборад ишқ!
Ошиқ гардад, ҳар ки ба кўят гузарад,
Оре, зи дару боми ту меборад ишқ!

odam

Сарии Сақатӣ 4 Ҷунайдро коре фармуд ва ба мўҷиби дилхоҳӣ вай ба он қиём намуда5, коғазпорае ба вай андохт, дар вай навишта, ки:

Самиъту ҳодиян яҳда фи-л- бодияти
Яқулу абакӣ ва мо ядрука мо ябкинӣ.
Абкӣ ҳизарани тафориқинӣ,
Ва тақтаъӣ ҳаблӣ ва таҳҷиринӣ6.

Р у б о ӣ
Хун мегирям, аз ту чӣ пинҳон дорам,
К-аз баҳри ту ин ду чашми гирён дорам!
Ҳарчанд диле зи васл шодон дорам,
Сад доғ бар он зи бими ҳиҷрон дорам.

Ҳикоят
Ҷунайд7 гўяд, ки рўзе ба хонаи Сарӣ омадам. Ин байт мехонду мегирист:

Не шаб ниҳиям, на рўз аз нолаву оҳ,
Хоҳӣ шаби ман дароз, хоҳӣ кўтоҳ.

Абўҳошими Сўфӣ8 гуфтааст, ки кўҳро ба нўги сўзан аз бех баркандан осонтар аст аз занги кибр аз дил бияфгандан.

Қ и т ъ а
Лофи бекибрӣ мазан, к-он аз нишони пои мўр
Дар шаби торик бар санги сияҳ пинҳонтар аст.
В-аз дарун кардан бурун осон магир онро, к-аз он
Кўҳро кандан ба сўзан аз замин осонтар аст.

Маъруфи Кархӣ 9 гуфтааст, ки сўфӣ ин ҷо меҳмон аст. Тақозои10 меҳмон бар мизбон ҷафост. Меҳмон, ки боадаб бувад, мунтазир бувад, на мутақозӣ.11

Қ и т ъ а
Меҳмони туам дар сафи арбоби иродат,
Биншаста ба ҳар чиз, ки ояд зи ту, розӣ,
Бинҳода ба хони карамат дидаи уммед,
Инъоми туро мунтазирам, не мутақозӣ.

Боязидро 12 пурсиданд, ки суннат 13 кадом асту фарз 14 кадом? Фармуд, ки суннат тарки дунёст ва фарз сўҳбати мавло;15 Маснавӣ:

Ай, ки дар шаръи худовандони ҳол
Мекунӣ аз суннату фарзвам суол!
Суннат омад рух зи дунё тофтан,
Фарз — роҳи қурби16 мавло ёфтан.

Шиблиро 17 шўре афтод, ба бемористон бурданд. Ҷамъе ба назораи вай рафтанд. Пурсид, ки: «Шумо киёнед?» Гуфтанд: «Дўстони ту». Санг бардошт ва бар эшон ҳамла кард. Ҷумла бигурехтанд. Бихандид. Гуфт: «Боз оед Ай муддаиён 18, ки дўстон аз дўстон нагурезанд ва аз санги ҷафояшон напарҳезанд».

Қ и т ъ а
Он аст дўстдор, ки ҳарчанд душманӣ
Бинад зи дўст, беш шавад дўстдортар.
Ба сар ҳазор санги ситам гар хўрад аз ў,
Гардад бинои ишқаш аз он устувортар.

Ва ҳам аз вай оранд, ки вақте бемор шуд, халифа табиби тарсо ба муолиҷоти вай фиристод. Аз вай пурсид, ки хотири ту чи мехоҳад? Гуфт: «Он, ки ту мусулмон шавӣ». Гуфт: «Агар ман мусулмон шавам, ту нек мешавӣ ва аз бистари беморӣ бармехезӣ?» Гуфт: «Оре!» Пас имон бар вай арза кард ва вай имон овард ва Шиблӣ аз бистар бархост ва бар вай аз беморӣ асар на. Пае ҳар ду қамроҳ пеши халифа рафтанду қиссаро бозгуфтанд. Халифа гуфт: .«Пиндоштам, ки табиб пеши бемор фиристодаам, ман худ бемор пеши табиб фиристода будаам».

Қ и т ъ а
Ҳар кас, ки аз ҳуҷуми муҳаббат мариз шуд,
Донад табиби хеш лиқои ҳабибро.
Чун бар сараш табиби биҳиштӣ ниҳад қадам,
Бахшад шифо зи иллати ҳастӣ табибро.

Саҳл Абдуллоҳи Тустарӣ 19 мегўяд, ки ҳар кӣ бомдод кунад ва ҳиммати вай он бошад, ки чӣ хўрад, даст аз вай бишўй.

Қ и т ъ а
Ҳар кӣ хезад бомдод аз хобу набвад дар сараш
Ҷуз хаёли хўрд, аз ў ойини бедорӣ маҷўй.
В-он ки шўяд даст, чун пой аз сари бистар кашид,
То ба хону суфра орад даст, даст аз вай бишўй.

Абўсаъиди Харроз 20 гуфта, ҳар кӣ гумон бурда, ба кўшиш тавон расид, ранҷе кашида беҳуда ва ҳар кӣ тасаввур карда, ки бе кўшиш тавон расид, ҷуз роҳи орзу напаймуда.

Р у б о ӣ
Аз ранҷ касе ба ганҷи васлат нарасид
В-ин турфа, ки бе ранҷ кас он ганҷ надид.
Ҳар кас, ки давид, г-ўр нагрифт ба дашт,
Лекин нагирифт гўр, ҷуз он кас, ки давид.

Абулҳасани Нурӣ 21 гўяд: «Ҳар кӣ Худои таоло худро аз вай бипўшонад, ҳеҷ далелу хабар ўро ба вай нарасонад».

Р у б о ӣ
Чун дилбари мо зи парда рў нанмояд,
Кас натавонад, ки парда з-ў бикшояд.
В-ар ҷумла ҷаҳон парда шавад, боке нест
Он ҷо, ки паи ҷилва ҷамол орояд.

Абўбакри Воситӣ22 мегўяд: «Он кӣ гўяд, наздикам, дур аст ва он кӣ гўяд, дурам, ба нестии худ дар ҳастии ў мастур».23

Қ и т ъ а
Ҳар кӣ гўяд, ки ба он ҷони ҷаҳон наздикам,
Бошад он даъвии наздики ў аз дурӣ:
В-он кӣ гўяд, ки аз ў дурам, он дурии ў
Ҳаст дар пардаи наздикии ў мастурӣ.

Абулҳасани Фушанҷӣ24 гуфтааст, ки дар дунё ҳеҷ чиз нохуштар нест аз дўсте, ки дўстии вай аз барои ғаразе бошад ё ивазе.

Рубоӣ
Ошик, ки зи ҳаҷри дўст доде хоҳад,
Ё бар дари васлаш истоде хоҳад,
Нокастар аз ў кас набувад дар олам,
К-аз дўст ба ҷуз дўст муроде хоҳад.

Абўалии Даққоқ25 гўянд, дар охири умр чандон дард бар вай падид омада буд, ки охири ҳар рўз ба бом баромадӣ ва рўй ба офтоб кардӣ ва гуфтӣ:
«Ай саргардони мамлакат, имрўз чун будӣ ва чун гузаронидӣ? Ҳеҷ ҷой бар андўҳгини ин ҳадис тофтӣ, хеҷ ҷой аз зеру забаршудагони ин воқеа хабар ёфтӣ?» Вай ҳам аз ин ҷинс суханон мегуфтӣ, то офтоб фурў шудӣ.

Рубоӣ:

Ай меҳр, ки нест чун ту оламгарде,
3-ин раҳравиям бибахш раҳоварде.
Имрўз киро дидӣ, к-андар раҳи ишқ
Бар рух бувадаш гардею дар дил дарде?

Шайх Абулҳасани Харақонӣ26 рўзе ба асҳоби худ гуфт, ки чи беҳтар бувад? Гуфтанд: «Шайхо, ҳам ту бигўй!» Гуфт: «Диле, ки дар вай ҳама ёд кардӣ ў бувад».

Рубоӣ
Дорам дилаке, ки бо ҳар андеша, ки дошт
Ҷуз ёди ту бар сафҳаи хотир нанигошт.
Ёди ту чунон фурў гирифташ, ки дар ў
Гунҷойии ҳеҷ чизи дигар нагузошт.

Шайх Абўсаид Абулхайрро27 пурсиданд, ки: Тасаввуф чист? Гуфт: «Он чӣ дар сар дорӣ, биниҳӣ ва он чӣ дар каф дорӣ, бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд, наҷаҳӣ».

Р у б о ӣ
Хоҳӣ, ки ба сўфигарӣ аз худ бираҳӣ,
Бояд, ки ҳавову ҳавас аз сар биниҳӣ;
В-он чиз, ки дорӣ ба каф, аз каф бидиҳӣ,
Сад захми бало хўрию аз ҷо наҷаҳӣ.

Рўйям 28 гуфтааст: «Ҷавонмардӣ он аст, ки бародарони худро маъзур дорӣ ва бар зиллате29, ки аз эшон воқеъ шавад, бо эшон чунон муомала накунӣ, ки аз эшон узр бояд хост».

Қ и т ъ а
Ҷавонмардӣ ду чиз аст, Ай ҷавонмард,
Ба сўям гўш кун, то гўямат рост:
Яке он, к-аз рафиқон даргузорӣ,
Агар ҳар лаҳза бинӣ сад каму кост.
Дуюм он, к-аз ту н-ояд ҳеҷ гоҳе
Чунон коре, ки бояд узрашон хост.

Бушри Ҳофиро30 муриде бо вай гуфт: «Чун нон ба даст оварам, намедонам, ки ба кадом нонхуриш хўрам». Фармуд, ки неъмати офиятро фаро ёд ор ва онро нонхуриши хеш ангор 31 .

Қ и т ъ а
Чун нони хушк ниҳад пеши хеш нодоре,
Ки рўҳро диҳад аз хони фақр парварише.
Ба нонхуриш чу шавад табъаш он замон моил,
Чу зикри офияташ нест ҳеҷ нонхурише.

Шақиқи Балхӣ 32 гуфтааст: «Бипарҳез аз сўҳбати тавонгар, зеро ки чун дилат бад-ў пайванд гирифт ва ба додаи вай хурсанд шудӣ, парвардигоре гирифтӣ, ғайри Худои таоло».

Қ и тъа
Гар дарояд тавонгаре бо ту,
Баҳри рўзӣ бад-ў макун пайванд.
Мумсикеро кафили худ машмор,
Мудбиреро 33 Худои худ мапсанд.

Юсуф ибн-ал-Ҳусайн34 гуфтааст: «Ҳама некўиҳо дар хонаест ва калиди он тавозўъ 35 ва фурўтанӣ ва ҳама бадиҳо дар хокаест ва калиди он мойӣ ва манӣ» 36.

Қ и т ъ а
Ҷамъ аст хайрҳо ҳама дар хонаеву нест
Он хонаро калид 6а ғайр аз фурўтанӣ.
Шарҳо бад-ин қиёс ба як хона аст ҷамъ
В-онро калид нест ба ҷуз моию манӣ.
Ҳон, эҳтиёт кун, ки налагжӣ зи роҳи хайр,
Худро ба маърази37 хатари шар наяфганӣ!

Абўбакри Варроқ 38 гуфтааст: «Агар тамаъро пурсанд, ки падарат кист, гўяд: шак дар муқаддароти39 кирдигорӣ. Ва агар гўянд: пешаи ту чист, гўяд: иктисоби40 мазаллату хорӣ. Ва агар гўянд: ғояти ту чист, гўяд: ба меҳнати ҳирмон41 гирифторӣ».

Қ и т ъ а
Агар пурсӣ тамаъро, к-ат падар кист?
Бигўяд: «Шак дар ақдори илоҳӣ».
В-агар гўйӣ, ки корат чист, гўяд:
Ба меҳнатҳои ҳирмон умркоҳӣ.

Иброҳими Хавос42 гуфтааст: «Ранҷ макаш дар талаби он чӣ дар қисмати азалӣ барои ту кифоят кардаанд ва он рўзист ва зоеъ магардон он чӣ аз ту талаби кифояти он кардаанд ва он инқиёди 43 ақкоми 44 илоҳист ва авомир 45 ва навоҳӣ» 46; қитъа:

Қисмати ризқат зи азал кардаанд,
Чанд паи ризқ парокандагӣ?
Фоидаи зиндагият бандагист,
Сар макаш аз қоидаи бандагӣ.

Абўалии Рўдборӣ47 гуфтааст: «Тангтарини зиндонҳо муошарати 48 аздод 49 аст».

Қ и т ъ а
Гарчи зиндон аст бар соҳибдилон,
Қар куҷо бўе зи васли ёр нест,
Ҳеҷ зиндон ошиқи муштоқро
Тангтар аз сўҳбати ағёр нест.

Шайх Абулаббоси Қассоб50 дарвешеро дид, ки ҷомаи худро медўхт. Ҳар дарзеро, ки рост намеомадӣ, бикушодӣ ва боз дўхтӣ. Шайх фармуд: «Он бути туст».

Сўфӣ, ки ба хирқадўзияш51 бозорест,
Гар баҳри фақр мезанад, хуш корест.
В-аз ҷунбиши табъ дасти ў ҷунбонад,
Ҳар бахяву риштааш буту зуннорест52.

Хоҷа Баҳоуддини Нақшбандиро53 пурсиданд, ки: «Силсилаи54 шумо ба куҷо мерасад?» Фармуданд, ки аз силсила касе ба ҷое намерасад; рубоӣ:

Аз далқу 55 асо сидқу сафое нарасад
В-аз сабҳа ба ҷуз бўйи риёе нарасад.
Гўянд, куҷо расад, бигў, силсилаат,
К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …