Главная / Гуногун / Рафти ҷанг дар соли 1917

Рафти ҷанг дар соли 1917

Аз сабаби ба итмом расидани захираҳо ва ҳаракати пурзӯри зиддиҷангии халқ дар Германия, Австро-Венгрия, Фаронса, Англия ва Русия вазъият тезу тунд шуд. Ҳукуматдорони ин мамлакатҳо умедашонро акнун аз ғалаба канда, роҳи аз ҷанг баромаданро мекофтанд, роҳбарони Германия дар бораи бас кардани ҷанг фикри хешро ба мамлакатҳои аъзои Антанта расонданд. Иттифоқчии он Австро-Венгрия бошад, ба Фаронса сулҳ ҳам таклиф кард. Империализми Германия ба давлатҳои Антанта сулҳ бастанӣ буд, вале сулҳи баробар ба ғалаба. Вилгелми II гуфта буд, ки шартҳои сулҳ “бояд аз он иборат бошанд, ки мо аз душманон пул, ашён хом, пахта, равған гирифта, ҳамаи онро аз кисаи онҳо ба кисаи худ гузорем”. Давлатҳои Антанта ба ин ҳаргиз розӣ шуда наметавонистанд.

images

Дар солҳои ҷанг ИМА ба давлатҳои Антанта лавозимоти ҷангӣ ва озуқа фурӯхта, аз ин ҳисоб сарвати фаровон ғун кард. Акнун империализми ИМА бо ин бойгарию тавоноиаш мехост, ки ҳукмронӣ ҷаҳон шавад. Танҳо баъди се соли ҷанг – моҳи апрели соли 1917 бо ҳамин мақсад бо Германия ҷанг эълон кард. Ин хабарро шунида, ҳукуматдорони Англия ва Фаронса саросема шуданд. Онҳо дар фикри он буданд, ки ИМА аз музаффариятҳояшон истифода набарад. Барои ҳамин ғалабаи худро бар давлатҳои гурӯҳи германиявӣ тезонданӣ буданд. Вале ба Англия ва Фаронса муяссар нашуд, ки то ба Европа расида омадани артиши ИМА Германияро шикаст бидиҳанд. Ғайричашмдошт моҳи октябри соли 1917 лашкари Германия ва Австро-Венгрия дар Капоретто ба лашкари Италия зарбаи сахт зад ва қариб буд, ки онро торумор кунад. Артиши Фаронса ва Англия мошинсавор зуд ба он ҷо расида омаданд ва базӯр пеши роҳи артиши Германия ва Австро-Венгрияро гирифтанд ва нагузоштанд, ки онҳо ба дарунтари Италия cap дароранд.

Муҳорибаҳо дар ин сол дар ҷабҳаҳои дигар ҳам давом карданд, вале онҳо бештар ба фоидаи Антанта анҷом меёфтанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …