Главная / Гуногун / Рӯзномаи Наҷот – РАВЗАНАЕ БА ДАРКИ ҲАҚИҚАТ

Рӯзномаи Наҷот – РАВЗАНАЕ БА ДАРКИ ҲАҚИҚАТ

РАВЗАНАЕ БА ДАРКИ ҲАҚИҚАТ

Рӯзномаи «Наҷот», 6, 1999

Асрори азал… муаммои сарбаста боз ва боз чӣ тафсирҳое дорад пайдоиши Олам ва Одам. Аз байни муҳаққиқони тоҷик файласуфи маъруф Иброҳим Умарзода бо ҷуръати бузург ба кашфи ин муаммо даст зад. Китоби ӯ «Пайдоиши Олам ва Одам» (аз назари илми муосир) аввал ба забони русӣ соли 1997 ва баъдан ба забони тоҷикӣ соли ҷорӣ (1999) аз ҷониби Нашриёти Оли Сомон ба чоп расид.

«Даҳ сол пеш, – мегӯяд дар сарсухани китоб мусташриқи варзида В.А. Козлов – дар шароити сохтори шӯравӣ, зуҳури чунин китоб ғайриимкон, балки нисбати ғояи ҳукмрони марксистию ленинӣ як навъ таҳқир буд. Чаро? Барои он ки китоб моҳиятан табодули қатъиеро дар ҷаҳоншиносии мо нисбати пайдоиши олам ифода менамояд».

Муаллиф дар асоси комёбиҳои илми муосир ғояи иттиҳоди мустаҳками байни халқу давлат ва илму динро ба миён мегузорад. Пажӯҳишҳои ӯ дар такя ба кашфиётҳои нуҷумшиносону насабшиносон ва инсоншиносон ба асрори пайдоиши Одам посухҳои ҳаяҷонангезона ва дар навбати худ аз назари дин ва илм асосноку боварибахш медиҳад. Дар таҳқиқ аз сарчашмаҳои аҳди қадими динию илмӣ, асотиру китобҳои осмонӣ – Таврот, Аҳди Қадим, Қуръон таълимотҳои мухталиф меорад, ки тамоми инсоният ахиран аз як Модар пайдо шуда, ҳамаи инсонҳо бародаранд.

Муаллиф пайдоиши равияҳои соф зиддидинӣ ва соф зиддиилмиро кушода, пайдо шудани садди касногузари байни илм ва динро фош месозад. Иттиҳоди дин ва илм аз рӯи хулосаи олим нахустбунёди дарки ҳақиқат аст. Ин хулоса на суханбозии популистона, балки натиҷаи таҳқиқи амиқи муҳақиқ аст. Дар қисматҳои «Оғози кайҳон», «Таркиши бузург», «Тирози ҷаҳон», «Обхезии умумиҷаҳонӣ», «Пайдоиши табиат», аз боби «Пайдоиши одам» ва «Одам аз назари гузаштагон», «Оқибати ногувори як фарзия», «Дарвиниён киро меҷӯянд», «Ҳамаи мо авлоди як модарем», «Момоҳаворо чӣ хел дарёфтанд», «Оё нажод модарзод аст», «Одам кай ба замин фуруд омад», «Нахустмодар дар кадом қораи замин пайдо шуд», «Паҳншавии одам дар рӯи замин» аз боби фуруди Одам ба Замин, «Умумияти таърихии одамон», «Пайдоиши ҷомеа», «Масъалаи экулужӣ», аз боби Инсон ва ҷомеа зина ба зина ихтилоф ва аҳамиятҳои байни илм ва дин собит  мегардад. Дар тӯли таърихи башарият то он ҷо, ки дину илм дар ҳамҷоягӣ амал доранд, он ба пешрафти тамаддун мусоидат карда ва аз мавриде, ки байни ин ду мафҳуми азалӣ ихтилофҳои шадид ба миён меояд, тамаддун низ ба инқироз рӯ меоварад.

Ба ин маънӣ таърихи пешрафт ва инқирози илму фарҳанги мардуми мо низ хело амиқу назаррас инъикос ёфтааст. Пас аз нашри русии китоб, ки он хело ба зудӣ паҳн гашта, боиси баҳсу мунозираҳои доманадори зиёиёни гуногунпеша ва аҳли маърифат гашт, муаллиф нашри тоҷикии онро омодаи чоп намуд. Китоби тоҷикӣ нисбати нашри русии он мукаммалтар буда, дар он қисмати ҷудогона илова шуд, ки он натиҷаи нуфузи китоби аввала дар байни хонандагон аст. Ин қисмат зери унвони «Радди Парвардигор??!» омадааст.

Дар ин қисмат новеллаи фалсафӣ дар асоси мубоҳисаи нависанда Азизи Азиз ба муҳокимаи хонандагон пешкаш шудааст. Нависанда ва файласуф сари он баҳс доранд, ки оё «илми табиатшиносӣ тифли улуми илоҳиёт аст?» Дар ин баҳси ҷолиб, ки таърихи афкори башариятро фаро мегирад, файласуф ба чордаҳ далел ба таври қатъӣ ба субут мерасонад, ки дин ва илм мутлақо ҷудоӣ надоранд.

Ба ин хотир аз таърихи адён бахусус мақоми илм дар дини мубини Ислом басо возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Мақоми илм дар дини Ислом боиси Муроҷиатномаи муаллиф ба тамоми мусалмонон ва аҳли илми Осёи Марказӣ, Қазоқистон, Қафқоз ва Русия гардид, ки он аввал дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (24 апрели соли 1999 №33) интишор шуда, баъдан ба шакли китобчаи ҷудогона ба чоп расид.

Дар Муроҷиатнома чунон ки аз мазмуну мундариҷаи китоби «Пайдоиши Олам ва Одам» бармеояд, кашфи хоса аст.

Аввалан муаллиф бар он аст, ки ҷаҳонбинии диниро комилан тағйир бояд дод. Дар натиҷаи пажӯҳишҳои мушикофона, муҳақиқ ду таблитсаро пешниҳод менамояд: «Яке «Таркиби дини ислом аз ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммад(с), яъне Имом-ал-Бухорӣ то шикасти давлати Сомониён» (Давраи инкишофу гул-гулшукуфоии тамаддуни исломӣ) ва «Таркиби дини Ислом аз замони Имом-ал-Ғазолӣ (асри ХI) то замони мо». Таблитсаи аввал аз назари муаллиф, барои пешрафти ҳамаҷонибаи илму дин мутобиқтар аст. Ин масъалаи басо баҳснокро дар китоб муаллиф бо далелу бурҳонҳои қотеъ ба субут мерасонад.

Дуюм, ба қавли муаллиф «замоне фаро расидааст, ки аз ҷаҳонбинии ҳукмрони илмии худ даст бикашем». Илме, ки аз ғояи соф материалистӣ саршор аст ва байни илму дин тафриқа меандозад, он комилан ба маҳдудкунии ҳам ҷаҳонбинии илм ва ҳам ҷаҳонбинии динӣ оварда мерасонад. Ба ин маънӣ файласуф басо бомаврид аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ иқтибос меоварад:

 

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.

Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд,

Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд.

Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй

Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй.

Ҳар як қисмату боби китоб шоистаи тақризи таҳлили ҷудогона аст. Бозёфту кашфиётҳои аввали ин ё он соҳаи илм боиси пешрафту дастовардҳои бузург гашта, айни замон пажӯҳишу дастовардҳои нав ҳақиқати ба субут расидаро такмил медиҳад. Қонуни фалсафии инкишофи инсон ва ҳақиқати нисбӣ дар кушоиши мазмуну мундариҷа хело моҳирона истифода шудааст.

Дар кӯшиши ҳар як мавзӯъ муаллиф бо таҳлилу баррасии амиқи мавзӯъ моҳияти масъаларо кушуда, ҷасурона ақида ва хулосаҳои худро пешкаш менамояд.

Мо ба мазмуну мундариҷаи умумии китоб, ки барои огоҳии хонанда дар доираи як гузоришоти ҷарида иншо шуд, иктифо мекунем. Боварӣ аст, ки мутахассисони соҳа сари ҳар қисмату боби китоби Иброҳим Умарзода андешаҳои хешро баён хоҳанд кард. Аз он ҷиҳат, ки ҳар як қисмати китоб мазмуну мундариҷаи хосаи худро дошта, хонандаро ба фикру хулосаҳои комилан нав ҳидоят менамояд.

Китоби «Пайдоиши Олам ва Одам…» бо он ки ба мо шинохти Олам, Одам ва кайҳон талқин менамояд, аз ин нигоҳ дорои моҳияти илмӣ-инқилобӣ дар олами маърифат аст. Муаллиф сари он аст, ки дину дониш сарчашмаи ҷудонашавандаи дарёфти ҳақиқат мебошад. Мантиқан ин ду мафҳум ҷудонашаванда буда, бе қаробати онҳо дониши мо, тасаввуроти мо дар бораи ҳаёти воқеӣ, ҳастӣ ва тафаккур, Олами кабир ва Олами сағир номукаммал мемонад. Ба тарзи дигар дин – илм ва илм – дин аст ва ақл шамъест, ки аз ин сарчашмаҳо ғизо гирифта, торикистонро рӯшан месозад. Китоб дар шакли публитсистикаи илмӣ- оммавӣ иншо гашта, дарки он барои аксари хонанда дастрас аст. Муаллиф дар нигоштани он аз усули академикӣ ва истифодаи истилоҳоти соф илмӣ даст кашида, онро бо забони соддаю барои хонанда фаҳмо пешкаш намудааст. Муаллиф, ки собиқан рӯзноманигор буд, дар тарзи баёни оммафаҳм таҷрибаи ғанӣ дорад. Очерку мақолаю гузоришоту рисолаю китобҳои дигари ӯ низ дар пойдор шудани ин услуби баён пояи мустаҳкам аст. Дар таҳлилу баррасии масъала муаллиф аз ҳикмат ва фалсафаи ғании ҳазорсолаи тоҷикӣ-форсӣ хело дақиқ, фаровон ва айни маврид истифода намудааст.

Дар тӯли таърихи башарият то он ҷо, ки дину илм дар ҳамҷоягӣ амал доранд, он ба пешрафти тамаддун мусоидат карда ва аз мавриде, ки байни ин ду мафҳуми азалӣ ихтилофҳои шадид ба миён меояд, тамаддун низ ба инқироз рӯ меоварад.

Китоб ба доираи васеи хонандагон навишта шуда, барои дилгир нашудани хонанда, лаҳзаҳое аз ҳаёти бузургони гузашта оварда шудааст. Ин китоби ҷолиб дар тақвияти маърифат мақоми арзанда дошта, чу машъала хонандаро аз торикистони ҷаҳолат ба дарки воқеияту ҳақиқат ва олами нуру сафо ҳидоят менамояд.

НОЁБШОИ ЗУРОБЕК

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …