Главная / Гуногун / Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон

Ҳоло ки мо дар остонаи ҷашни мубора- ки миллиамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин са- наи таърихӣ самимона табрик мегӯям. Ба шумо хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хуш- бахтиии сокинони мамлакат ва пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу менамоям.

Ваҳдати миллӣВаҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар ба- рои сарҷамъ намудани мил- лати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бу- зургеро иҷро кард.

Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргу- зории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгу- зори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Роҳбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари яго- наи мустақил ҳифз карда шавад.

Вобаста ба ин падидаи муҳими таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ на- моем”.

Бояд махсус қайд намоям, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мо тавонистем дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъми- ни рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эъ- тибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатамон барои густариш ёфтани сиёсати дохи- ливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи асосита- рини рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии киш- вар мебошад. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфу- зи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад. Мо ҳоло амиқ дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини руш- ди ҷомеа, шарти асосии пеш- рафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешу- морем.

Мақомоти андози Тоҷикистон ҳам, ки зодаи дав- рони соҳибистиқлолии Ватани азизамон аст, дар шароити сулҳу субот, дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба яке аз сохторҳои неруманди давлатӣ табдил ёфтааст.
Бояд қайд намоям, ки ғановати хазинаи мамлакат, мутаносибан, таъмини амни- яти ҷомеа ва рушди устувори минбаъдаи он аз бисёр ҷиҳат аз андозҳо вобаста аст ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва андозсупорандагон ҳар рӯз беш- тар дарк гардидани ин нуктаҳо муҳимтарин омили таъмини нишондиҳандаҳои қисми да- ромади буҷет маҳсуб мешавад.

Маҳз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати андо- зию буҷетӣ, таъмин гардида- ни рушди истеҳсолот, ба кор даромадани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ва дар ин замина зиёд шудани ҷойҳои нави кор, ҳамчунин, такмил додани қонунгузорӣ ва содатар намудани маъму- рикунонии андоз, гузаронида- ни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба онҳо, такмил додани корҳои назоратӣ, таҳия ва ҷорӣ на- мудани модулҳои компюте- рии барномаи Системаи муттаҳидаи иттилоотии идора- кунии андозҳо ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қисми даромади Буҷети давлатӣ барои солҳои дахлдори молиявӣ мусоидат менамоянд.

Муваффақиятҳои мақомоти андоз дар солҳои охир, асосан, ба ҷорӣ гаштани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъо- лияти соҳа вобаста мебошад. Таъкид бояд кард, ки то соли 2019 дар фаъолияти мақомоти андози мамлакат тавассути барномаи рушди маъмурику- нонии андоз 23 барномаи ком- пютерии Системаи иттилоотии андоз амал мекард. Дар соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Системаи муттаҳидаи иттилоотии идора- кунии андоз мавриди истифода қарор гирифт ва модулҳои ком- пютерии он ба 36 адад расонида шуд ва дар соли ҷорӣ низ таҳияи модулҳои компютерии нав идо- ма дорад.

Дар мақомоти андози киш- вар, дар айни замон, тавассути модулҳои компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идо- ракунии андозҳо бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, баҳисобгирӣ ва бо Рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин намудани шахсони воқеӣ, баҳисобгирии андозҳо аз шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, таҳияи ҳисоботи таҳлилӣ, бақайдгирии супорандагони андоз аз ар- зиши иловашуда, коркарди маълумот, баҳисобгирӣ ва на- зорати андозҳои субъектҳои барҳамхӯрда, баҳисобгирии андозҳои дар рафти назорати камералӣ ҳисобшуда, идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо, бақайдгирӣ ва назорати ис- тифодаи мошинҳои назоратӣ- хазинавӣ, назорати фаъолияти андозсупорандагони бемасъ- улият, таҳлили хавфҳо, қабули пардохтҳо тавассути нуқтаҳои хизматрасонии “Амонатбонк”, қабули пардохтҳо аз Вазорати молия, назорат ва баҳисобгирии муоинаҳои хронометражӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намуда- ни маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, дар баро- бари ҷорӣ гардидани таҳияи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ, дар мақомоти андоз барномаи компютерии “Анбори электронӣ” роҳандозӣ шудааст, ки тавассути он амалиёти андоз- супорандагон ҳангоми таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз рӯи номгӯи молу маҳсулот назорат карда мешавад. Мав- риди амал қарор гирифтани ин барнома имконият дод, ки баҳисобгирии беасоси маблағи андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо пешгирӣ карда шавад.

Ҳамкориҳои мақомоти ан- дози Тоҷикистон бо мақомоти андози давлатҳои иштирокчии ИДМ, инчунин, иштирок дар форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ имрӯз назаррастар гардида истодааст.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки ҷиҳати баҳогузории мустақили натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи руш- ди маъмурикунонии андоз моҳи декабри соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони таш- килоти байналмилалии “Воситаи ташхисии баҳогузории мақомоти андоз” (TADAT) ташриф овар- да, 9 нишондиҳандаи маъму- рикунонии андоз, аз ҷумла бақайдгирии соҳибкорӣ, идо- ракунии хавфҳо, баҳисобгирӣ ва шаффофият, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, самара- нокии идоракунии даромадҳоро арзёбӣ намуданд. Тибқи хулосаи намояндагони ташкилоти маз- кур, ба чорабиниҳои дар доираи татбиқи Лоиҳа андешидашуда, дар маҷмӯъ, баҳои мусбӣ дода шуд.

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ, содагар- донии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъоли- яти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Имрӯз Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи ишти- рокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё карда истодаанд. Воқеан, ҷиҳати ҳимояву даст- гирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои аф- залиятнок 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуд.
Танҳо дар солҳои 2015-2019 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин саҳми Ҳукумати киш- вар ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар за- минаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се соли охир шумораи санҷиши фаъоли- яти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст.

Тибқи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ-2020” Тоҷикистон ба сафи 10 кишваре ворид шуд, ки дар масъалаи беҳтар кардани муҳити корӣ барои соҳибкорӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд. Ин, албатта, боиси ифтихори мо аст. Таъкид мекунам, ки маҳз дар натиҷаи ислоҳоти татбиқшуда дар Тоҷикистон муҳити мусоиди корӣ барои соҳибкорони хурд ва миёна ба вуҷуд омада, роҳ барои воридшавии инвестит- сия ва инноватсияҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва ба таври устувор сафарбарсо- зии захираҳои дохилӣ кушода шудааст.

Минбаъд дар назди мо, кормандони мақомоти андоз, вазифаҳои пурмасъул-иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бо- раи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”, татбиқи “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” истодаанд. Моро мебояд ҷиҳати беҳтару самарабахштар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупоран- дагон, хубтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миё- ни шаҳрвандон, ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ ва таъмини риояи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи хизмати давлатӣ чораҳои ҷиддӣ анде- шем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар ҳама самтҳои фаъолият ба дастовардҳои нави меҳнатӣ ноил гардем.

Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафола- ти инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошанд. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузош- та, дар атрофи давлати миллӣ муттаҳид шавем, он гоҳ чун мил- лати ягона бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

Муҳтарам ҳамдиёрон! Шуморо бори дигар бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтӣ орзу мекунам.

Иди Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамкорони азиз!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …