Главная / Гуногун / РӮҲИ САРКАШ Ё ФАЛСАФАИ АЙЁМ

РӮҲИ САРКАШ Ё ФАЛСАФАИ АЙЁМ

Тақриз ба китоби шоир Усмон Шарифзода «Рӯҳи саркаш»

  Афлотун пас аз шиносоӣ бо Сӯқрот ашъорашро оташ мезанад ва аз дӯстонаш тақозо мекунад. Ҳар ҷо, ки китоби шеърҳои ӯро дарёбанд, оташ бизананд. Ин воқеа ба гӯши Сӯқрот мерасад ва рӯзе аз Афлотун мепурсад:

  – Ин рост аст, ки ту шеърҳоятро оташ мезанӣ?

  – Бале, устод, – посух медиҳад Афлотун.

  – Хуб мекунӣ, Аристоклис! Вале дар ягон шеърат донаҳои фаласфӣ ниҳон бошанд чӣ? Дар он сурат, Паҳно (Афлотун) беҳ мебуд, ки ту худро оташ мезадӣ!

  Ин гуфтугӯи устоду шогирд гувоҳи он аст, ки Суқрот зидди шеъру шоирӣ набуда, балки зидди ашъоре буд, ки он тиҳӣ аз фалсафа аст. Дар ҳақиқат шеъре фалсафа надорад, вай сатҳӣ аст, халқ онро намепазирад, аз забон бар забон намебаранд ва дар лавҳи хотирҳо боқӣ нахоҳанд монд. Шеър бояд бо зиндагӣ махлут бигардад, дар он сурат ба дилҳо наздик мешавад. Охир зиндагӣ худ фалсафа аст, муаммои зиндагиро шоир бе маърифати паҳлӯҳои мухталифи он, асрори ба қавли Ҳофиз, ниҳони он, лаҳзаҳои ҳузновару пурхуни онро дарк накунад, қалби хешро бо қалби хонандааш яксон нагирад, дарди халқашро бо дарди худаш ба ҳам набинад, шеъри ӯ қабл аз худи ӯ рахти сафар хоҳад баст. Усмон Шарифзода мегӯяд:

  Ҳар кӣ натвонад кунад эҳсос ранги зиндагӣ,

  Метавонӣ гуфт, бешак, одамӣ не, балки санг аст.

Шоир баҳри кӣ эҷод мекунад?! Агар ӯ баробари халқаш насӯзад, агар ӯ ба қаъри дили халқаш чун ғаввос даст назанад, халқаш ба ашъори ӯ даст нахоҳад зад.

  … Шеър бояд, ки ба ҷӯш орад дили беҷӯшро,

  Дар қиём оварда, бар минбар барад хомӯшро.

  Шеър бояд, ки ба ҳуш орад каси мадҳушро,

  Нӯш созад заҳррою заҳр созад нӯшро.

 

  Шеър бояд мушкили ҳар шахсро осон кунад,

  Шеър ҳам имрӯз бояд бебадал исён кунад.

  Шеър бояд мисли дарё ҷунбишу туғён кунад,

  Шеър бояд ҷумларо хандону ҳам гирён кунад.

 

  … Шеър бояд инқилобу шӯришу исён кунад,

  Ҷунбиш орад бар замону кӯҳро такон кунад.

  Шеър чун хуни Ҳилолӣ даштро алвон кунад,

  Шеър чун хуни Ҳилолӣ сангро гирён кунад.

(саҳ. 12 Усмон Шарифзода «Рӯҳи саркаш»).

Зиндагӣ худ фалсафа аст. Шоир набояд чун саррофи гавҳарношинос аз зиндагӣ онеро бигирад, ки  ба дарди мардум нахӯранд, ӯ ба мисли занбӯри асал аз зиндагӣ гулҳоро чида, талхии зиндагиро бо асал омехта ба халқаш баргардонад. Ин талхӣ ҳақиқати воқеъӣ буда, хонанда аз он лаззат мебарад. Ҳақиқати зиндагӣ ҳарчанд талх бошад ҳам ҳамон қадар ба қалби хонанда наздик ва ибратбахш аст. Онро фақат шоир метавонад бо обу ранги бадеӣ махлут сохта ба «соҳибаш» баргардонад. Дар он вақт ашъори шоир ба мисли шолудаи  симон ба майнаи одамон рехта хоҳад шуд ва ҳеҷ қувва онро аз лавҳи хотирот раҳо нахоҳад кард.

Банда шоир Усмон Шарифзодаро ҳамин тавр дарёфтам. Ҳатто унвони китобаш ҳам оҳанги ҷадид аст – «Рӯҳи саркаш».  Вале дар асл он  рӯҳи саркаш набуда, балки инъикоси рӯҳи айём аст. Қариб тамоми ашъори шоир аз лиҳози мазмун ва тарзи баён тозаву бикр буда, ифодагар ва инъикоси ҳастии мо мебошад. Шоир тамаъкорӣ надорад, ифодагари заиф ҳам нест, балки аз хонандаи худ қотеъона талаб мекунад, ки чашм боз бикунад ва худро бишносад:

… Ҳайфи одам, ки ба қадраш нарасанд он гаҳи ҳаст,

Баъди мурдан бибарандаш ҳама дам дасти ба даст.

То ба мурдан ҳама гар дасти ба дасташ бурдӣ,

Зиндагӣ бори дигар кардӣ, куҷо мемурдӣ?!

Ҳайфи одам , ки ба қадраш нарасидем, дареғ,

Ҳайфи он дам, ки ба қадраш нарасидем, дареғ

Ҳайфи онон, ки ҳама айни камолу руштанд,

Ҳайфи мо низ, ки моро ба ҷавонӣ куштанд…

                                                                         (саҳ.17).

Ё ки дар шеъри дигаре аз айем ба шӯр омада мегӯяд:

… Ман аз тират, фалак, бехонумонам,

Камонатро бикаш, бар ман мазан тир.

 

Сияҳкоро, ту аз шаш дар балохез,

Намешносӣ мусалмонро зи кофир.

 

… Худовандо чӣ одам офаридӣ,

Агар ҳар лаҳзае сад гуна  таҳқир?!

 

… Раҳи Халқу Худо бикшой, бикшой,

Ки ин роҳ пешаи дил то ба охир.  

                                                             (саҳ. 19).

Фалсафаи шоир Усмон Шарифзода хеле саҳеҳ ва даъваткунанда аст. Ӯ ба оҳанги як шеъри маъруфи халқӣ, ки «Эй бародар хоки поят тӯтиё»  ном дошта, ҳофизи дӯстдоштаи халқи тоҷик Ака Шариф Ҷӯраев зам – зама мекард, истинод карда, ҳақиқати талхи имрӯзаи халқи моро хеле устокорона баён намудааст. Дар даҳсолаҳои охир дар натиҷаи дар зери таъсири бегонагон мондан меҳру муҳаббат ба халқи худ, ба авлоду бородарон ва хешу таборӣ коҳида, ҷои онро бераҳмиву башафқатӣ ва номеҳрубонӣ мегирад. Ҳарчанде, ки шоир моро (хонандаро)таъна мезанад, дар асл ин шеъри ӯ ба тарзи саҳли мумтанеъ садо дода, хонандаро ба фазилат, меҳрубонӣ, қадршиносӣ ва дар зиндагӣ ба қадри ҳамдигар расидан ҳидоят мекунад:

«Эй бародар хоки поят тӯтиё,

Гар ту моро дӯст медорӣ, биё».

 

… Мо ба як гаҳвора ҷунбиш кардаем,

Ҳам зи як модар, зи як пистон ғизо.

… Турку ҳинду ошноӣ дошта,

Мову ту чун турку ҳинду дар куҷо?!

 

Ё Худованде, ки моро офарид,

З-ӯ хатое рафта дар эҳёи мо?

 

Ё ки ҳирси молу пулу давлат аст,

К-он зи фарзанди падар дорад куҷо?!

 

… Чашми мо дар хоки ғафлат кӯр шуд,

Эй бародар хоки поят тутиё!

Шоир исён мекунад, халқашро ба бедорӣ даъват менамояд, вале ин исён ба назар тунд намояд ҳам дар асл ҳақиқати талхи айём аст:

… Аз чӣ бо номардҳо ҳар ҷо муросо мекунанд?!

Чун муросо мекунанд, ин ҷабр бар мо мекунанд!

 

Дар паноҳи ҳар муросо ҷилваи номард чист?!

Бо гуноҳи ҳар муросо сӯзи дарди мард чист?!

… Рӯзи осоиш агар бошад хиёнаткори дӯст,

Пас бидонаш, рӯзи сахтӣ меканад аз дӯст пӯст.

 

Рӯзи осоиш, ки ӯ одамфурӯшӣ мекунад,

Пас бидонаш, рӯзи танг оламфурӯшӣ мекунад…

Шоир файласуф нест! Вале эҳёи айёми разолат – авомфиребӣ, фиребгарӣ, бешафқатӣ, дунёпарастӣ, дурӯғгӯӣ, дурӯягӣ, золимӣ, дуздӣ, одамкушӣ, ғоратгарӣ, нашъамандӣ, динфурӯшӣ, бехудоӣ, қаллобӣ, фоҳишагӣ – хулоса ҳамаи ин тухми касофат, ки дар тули як аср кишт карда, таги хок менамуданд, баробари зилзилаи нахустин сафолакҳояшон пош хӯрда, яку якбора ба сони замбурӯғ, пас аз борони баҳорӣ нешкашида баромаданд.

Ва билохира, муборизаи шадиду хунин баҳри бунёди истиқлолият ва аз равзанаи айём гоҳ-гоҳ ва хира-хира нур афкандани давраи навро  эҳсос намудани шоир ӯро бебоку ҷасур гардонидаанд. Бедории тинати шоир Усмон Шарифзода маҷбур сохтаанд фалсафаи ба худ хосро кор карда барояд. Шоир дарк намудааст, ки «фалсафаи ҳастӣ ва нестии Хайёмона» имрӯз ба дарди айём намехӯранд.

Рӯҳи хонанда коста гардидааст, зеро суст намудани лаҷоми шайтон – хусусияти омавии шаётинро эҳё намуда, ҳукмронии мутлақи шайтонро барпо намудааст. Аз ин рӯ, шоир бебокона фошо-фош мегӯяд. Ӯ тунд мегӯяд,  вале бародарона мегӯяд, ӯ бо хонандааш ҷанг эълон мекунад, вале самимияти ӯ воло гирифта хонандаро ба худ мекашанд:

… Эй Худо, халқи Худо, марзи Худо дор нигоҳ,

К-ин худобехабарон бехабаранд инсон чист!

                                                                         (саҳ. 72).

Ё ки ҷои дигар мегӯяд:

… Он Худованде, ки оддамро чу дунё офарид,

Ҷисми ӯ аз хоку рӯҳи ӯ зи боло офарид.

 

… Ҳайф, Одам баъд … худро аз таҷаллӣ дур кард,

Дур карда аз таҷалии Худо, берун кард.

 

Як хатои одамият ин,  ки худ нашнохта,

Ӯ ки худ нашнохта, худ дар бало андохта…

 

 

… Ҳар чӣ ӯ бошад – ҷаҳони ӯ, мукофоташ ҳамон,

Дӯзахи ӯву Биҳишти ӯ – Музофоташ ҳамон.

 

Аз ҳамин рӯ «дӯзахӣ»-ву ҳам «биҳиштӣ» гуфтаанд,

Аз ҳамин рӯ фоли некӯ ё ки зиште гуфтаанд.

 

Ҳам Биҳишту Дӯзах ин ҷо – андаруни Одам аст,

Қувваи неку бади Одам ҳамон – ду Олам аст.

 

… Эй биҳиштиодам, охир дар сӯроғат сӯхтам,

Бо чароғат ҷӯстам охир, ку чароғат? Сӯхтам!…

                                                                         (саҳ. 24).

«Рӯҳи саркаш»-и Усмон Шарифзода беҳтарин тӯҳфа дар айёми мо аст, хонанда бемашаққат ба фалсафаи шоир махлуд гардида, даст аз олами шаётин ва разолат ва касофат меканад, рӯ ба олами нав – олами худшиносӣ, олами офариниш – истиқлол меорад.  Шоир ба ояндаи ватанаш, халқаш давлаташ боварӣ дорад. Ӯ боварӣ дорад, ки ақлу хирад пирӯз хоҳад гашт. Ӯ ба фарзанди азизаш Саодат, ки донандаи девони Хоҷа Ҳовиз аст, мегӯяд:

… Танг набвад рӯзии ту, тангдил ҳаргиз машав,

Танг омад зиндагонӣ, ҷони ширин ҷони зор.

Офтоби бахти ту то Арш ханҷар мезанад,

Бахту толеъат баланд аст, ахтари тобони зор.

Мерасад рӯзи кушодӣ, мешавад айёми шодӣ,

Меравад ин даври бодӣ, комил аст имони зор

                                                                         (саҳ. 28).

                                                 Иброҳим Умарзода

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …