Главная / Биология / Қурбоққаҳо

Қурбоққаҳо

Қурбоққаҳои мисрӣ хеле зираканд. Агар қурбоққае дар дареи Нил мори обиро дида монад, дарҳол шохчаи найшакарро дар
даҳонаш сахт газида меистад. Мори обӣ бошад, қурсоққаро бо шохчаи найшакар фурӯ бурда наметавонад, зеро дахонаш хурдӣ мекунад. Ҳамин тавр қурбоққа мори обиро мағлуб менамояд.

Дар Малай қурбоқкае ҳаст, ки парвоз мскунад. Вай дар дарахту буттазор зиндагӣ менамояд. Дар яке аз музофотҳои Мексика қурбоққаи аҷиб ёфт шуд. Дарозии он ҳамагӣ 20 мм буда, пӯсти шиками вай чунон шаффоф аст, ки кас тамоми узвҳои даруниашро баръало мебинад, барои ҳамин ҳам вайро қурбоққаи «шишагин» меноманд. Рӯзона хоб мекунад, шабона ба шикори ҳар гуна ҳашароти майда мебарояд.

Дар байни Обхокиҳои хурдтарин як намуди қурбоққа ҳаст, ки аз Куба ёфт шудааст. Вай чунон хурд аст, ки ҳатто дар зери нохун ҷой мегирад.

Олами ҳайвонот хеле гуногун ва диққатангез аст. Дар гӯшаҳои дурдасти Замин бо ҳайвонҳое дучор шудан мумкнн аст, ки бо бузургӣ, тарзӣ зиндагӣ ва хусусиятхои бадани худ касро дар ҳайрат мегузоранд.

Дар ҷангалҳои Америкаи Ҷанубӣ, дар дарёи Рис-Атрато қурбоққаҳое зиндагӣ мекунанд, ки онҳо назар ба қурбоққаҳои ҷойҳои мо хеле майда мебошанд. Андозан онҳо 2-3 см буда, ҳамагӣ як грамм вазн доранд. Халқи маҳаллӣ – ҳиндуҳо чунин қурбоққачаҳоро «кокои» меноманд ва онҳоро бо маҳоратӣ калон дошта мегиранд.

Ҳиндуҳо қурбоққаи кокоиро барои чӣ истифода мебаранд? Онҳо то ҳол барои шикор на милтиқ, балки камонҳои кадимиро истифода мекунанд. Аммо бо камон зада афтонидани паланг барин ҳайвонҳо кори осон нсст. Аз ин рӯ, онҳо нӯги найзаро заҳролуд менамоянд. Қурбоққаи «кокои» бошад, барои тайёр карданн ин заҳр истифода бурда мешавад. Заҳри «кокои» ниҳоят тез таьғйир мекунад. Ҳайвони тирхурда дар як дам аз ҳаракат монда, ҳалок мешавад. Ҳиндуҳо ҷойи тиррасидаро ҳамон замон бурида мепартоянд.

Оё заҳри ба гӯшти ҳайвон паҳнгашта одамро намекушад? Агар заҳр ҳамроҳи гӯшт истеъмол карда шавад, вай зарар мерасонад. Агар тасодуфан ягон миқдори ночизи он ба ҷойи захмдори даҳон, гулӯ ва ё дасту пой расад. одамро халок мекунад. Захри «кокои» назар ба заҳри мори айнакдор ва дигар ҷонварони то ҳоло маълум якчанд маротиба зиёдгар аст. To ҳол ба муқобили заҳри «кокои» ягон доруи муқобил ёфт нашудааст.

Заҳри тозаи «кокои»-ро бо мақсади муолиҷа дар тиб васеъ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …