Главная / Ҷамъият / ҚУДРАТИ АЗРОИЛ

ҚУДРАТИ АЗРОИЛ

Чӣ гуна фаришта Азроил, алайҳи-с-салом, дар як вақт метавонад рўҳи ҳазор шахсро қабз намояд?

Дўстони азиз! Инро шумо низ бояд бидонед. Биёед рўҳамонро дар шакли як чароғаки барқии фурўзон тасаввур менамоем ва маргро – монанди онро хомўш кардан. Ҳамаи симҳои ба хонаи мо дароянда ба як истгоҳи барқӣ васл карда шудааст. Ҳоло тасаввур намоед, ки агар муҳандиси корманди он ба коргарони худ дар бораи хомўш намудани қувваи барқ дар як ноҳияи шаҳр фармон диҳад, чӣ воқеа рух меди-ҳад? Вақте ки коргар ин фармонро иҷро мекунад, дар як лаҳза дар ҳазорон хонаҳо чанд ҳазор чароғак хомўш мегардад.

azroil_farishta

 Ҳамин гуна рўҳҳои мо бо симҳои диданашаванда бо тугмачаҳое пайвастанд, ки идора кардани онҳо дар ихтиёри фаришта Азроил, алайҳи-с-салом, қарор дорад. Ва бо як ҳаракати ангушти ў дарҳол ҳазор рўҳ метавонад ҷасади худро тарк кунад.

Ба ғайр аз ин, дар тобеияти Азроил, алайҳи-с-салом, миллионҳо фариштагони дигар ҳозиранд. Ва ягон мушкилие ву-ҷуд надорад, ки онҳо дар як вақт бо фармони Азроил, алайҳи-с-салом, рўҳи садҳо ҳазор ҷони зиндаро қабз намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …