Главная / Гуногун / Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд

Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд

Хукумати Ҷумхурии Тоҷикисгон
ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31
августи соли 2012, № 451

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷшшстон аз 31 августи соли 2012, № 451 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” бандҳои 4, 5 ва 6 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

“4. Барои соҳибкорони инфиродие, ки маблағи патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт (бо назардошти индексатсия) анҷом медиҳанд, ба андозаи 10 фоизи маблағи умумӣ кам карда мешавад.

  1. Маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, инчунин ташкилотҳои ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ машғулбуда, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартномаи иҷора ва (ё) шартнома оид ба гирифтани роҳхат ба хатсайрҳо ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ маълумотҳоро оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.
  2. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода шавад, ки аз соли 2019 ҳар сол бо дарназардошти сатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, тибқи фармоиши муштараки худ андозаҳои пардохт барои патентро индексатсия намуда, муқаррар кунанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” онро ба қайди давлатӣ гиранд.”.

– бандҳои 4 ва 5 мутаносибан бандҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.

  1. Ба Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ки бо қарори 1укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
  • ҷумлаи дуюми банди 11 хориҷ карда шавад;
  • дар банди 18 пас аз калимаҳои “маҳалли фаъолият,” калимаҳои “дар давраҳои дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан,” илова карда шаванд;
  • аз зербанди в) банди 28 калимаҳои “(ба истиснои амалиёти мубодилаи асъор)” хориҷ карда шавад;
  • боби 4 хориҷ карда шавад.
  1. Ба Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент, ки бо қарори 1укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
  • аз банди 3 калимаҳои “, гиёцои худрӯи шифобахш, донаи офтобпараст ва зира” хориҷ карда шаванд;
  • аз банди 4 калимаҳои “, дӯғоб, чой ва ғулингоб” хориҷ карда шаванд;
  • аз банди 6 калимаҳои “ва биринҷ” хориҷ карда шаванд;
  • бандҳои 9, 10 ва 11 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

* ҷадвал

  • аз банди 12 калимаҳои “, фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда” хориҷ карда шаванд;
  • аз банди 29 калимаҳои “ва хизматрасониҳои осиёбӣ” хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои “техникаи кишоварзӣ” калимаҳои “инчунин бурдан ва расонидани ёрии муҳосибӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ” илова карда шаванд;
  • дар банди 33 пас аз калимаҳои “ҷашну маъракаҳо” калимаҳои “. Сабти мусиқӣ дар телефони мобилӣ, фурӯши дискҳои (фиттаҳои) аудиоӣ ва видеоӣ” илова карда шаванд;
  • дар банди 35 пас аз калимаҳои “таълими – репетитори.” калимаҳои “Таъмири асбобҳои мусиқИ.” илова карда шавад;
  • дар банди 36 калимаҳои “нусхагирИ, таъмири асбобҳои мусиқи” ба калимаи “кафшергари” иваз карда шавад;
  • банди 37 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

* ҷадвал

  • дар банди 38 калимаҳои “Таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионари, хизмати” ба калимаи “Хизмати” иваз карда, калимаҳои “телефони кӯчагИ,” хориҷ карда шаванд;
  • аз банди 39 калимаҳои “.Нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон” хориҷ карда шаванд;
  • дар банди 40 пас аз калимаҳои “Муқовакунии ҳуҷҷатҳо” калимаи “, нусхагирИ” илова карда шавад;
  • банди 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

* ҷадвал

– банди 43 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

ҷадвал

  • дар банди 46 калимаи “кандакори” ба калимаҳои “насб ва таъмири антеннаҳои маҳворавИ” иваз карда шавад;
  • банди 48 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

* ҷадвал

  • дар банди 49 пас аз калимаи “наққошИ” калимаҳои “, ба истиснои чунин фаъолиятҳо дар деҳотҷойҳо” илова карда шаванд;
  • дар Эзоҳ калимаи “нагардидаанд” ба калимаи “гардидаанд” ва калимаи “мешавад” ба калимаи “намешавад” иваз карда шаванд;
  • ҷумлаи дуюми сархати якуми Эзоҳ хориҷ карда шавад;
  • дар Эзоҳ ҷумлаҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

“Андозаи пардохти патент барои шаҳрвандони хориҷИ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи дукаратаи пардохт барои патент аз рӯи ҳамон намуди фаъолиятҳо, ки онҳо истифода мебаранд, амалИ карда мешавад.

Фаъолият оид ба фурӯши гиёцои худрӯйи шифобахш, дӯгоб, гулингоб, чой ва донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматрасонии телефони кӯчагӣ, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда) ва қабрканҳо (гӯрканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ) мавриди андозбандӣ қарор намегирад ва барои амалӣ намудани он патент талаб карда намешавад.”.

  1. Ба Коэффитсиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд ва ҳамчун замимаи 3 бо қарори 1укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
  • дар гурӯҳи 3 калимаи “Қайроққум” ба калимаи “Гулистон”, калимаи “Чкаловск” ба калимаҳои “Бӯстон, 1исор” иваз карда шуда, калимаи “, 1исор” хориҷ карда шавад;
  • дар гурӯҳи 4 пас аз калимаи “Сарбанд” калимаи “, Норак” илова карда шуда, калимаи “Румӣ” ба калимаи “Балхӣ” иваз карда шуда, калимаҳои “ва Норак” хориҷ карда шаванд;
  • дар гурӯҳи 5 калимаҳои “Ҷиликӯл”, “Қумсангир” ва “Ғончӣ” мутаносибан ба калимаҳоп “Дӯстӣ”, “Ҷайҳун” ва “Деваштич” иваз карда шуда, пас аз калимаи “Истиқлол” калимаҳои “ва Панҷакент” илова карда шаванд;
  • дар гурӯҳи 6 калимаҳои “деҳотҷойҳои он” ба калимаи “деҳотҷойҳо” иваз карда шавад.

Раиси

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

аз 25 январи соли 2017 № 45


Савол: Кадом намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (кор- бизнес) дар асоси патент ба роҳ монда мешавад? Нигаред зерро.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ шудааст

Номгуи

намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд,
инчунин андозаҳои пардохт барои патент

(сомонӣ дар як моҳ)

Намуди фаъолият Андоз аз даромад Андози иҷтимоӣ Маблағи патент
Фуруши молҳои ниёзи мардум
1. Фуруши яхмос, маҳсулоти қаннодӣ, асал, ҳама гуна шириниҳо, самбуса, биринҷ ва меваи хушк 105 53 158
2. Фуруши мева, аз ҷумла ситрусӣ, инчунин тарбуз, харбуза ва каду 82 41 123
3. Фуруши сабзавоти тару тоза, турушонидашуда, маҳсулоти ширӣ, тухм 59 29 88
4. Фуруши нушокиҳои ғайриспиртӣ, квас, оби газнок 70 35 105
5. Фуруши нос 187 94 281
6. Фуруши ғайристатсионарии нон, кулча ва маҳсулоти нонӣ, фуруши патароқи ҷуворимакка 46 24 70
7. Фуруши равған, моҳӣ (дар ҳама намуд), парранда ва ҳайвоноти хонагӣ, хурока ва қафасҳо барои онҳо, лавозимоти моҳигирӣ 70 35 105
8. Фуруши қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти барқӣ дар растаҳо 140 94 234
9. Фуруши молҳои омехтаи ниёзи мардум ва маҳсулоти хурокворӣ дар растаҳои ғайристатсионарӣ, аз ҷумла:
91 – дар растаҳои то 3м 80 40 120
92 – дар растаҳои зиёда аз 3м то 4м 100 50 150

 

93 – дар растаҳои зиёда аз 4м то 5м 130 60 190
94 – дар растаҳои зиёда аз 5м то 6м 150 70 220
95 – дар растаҳои зиёда аз 6м то 7м 170 80 250
96 – дар растаҳои зиёда аз 7м то 8м 190 90 280
97 – дар растаҳои зиёда аз 8м то 9м 200 100 300
98 – дар растаҳои зиёда аз 9м то 10м 210 110 320
10. Фурӯши молҳои омехта дар нуқтаҳо ва биноҳои алоҳидаи статсионарӣ (ба истиснои техникаи маишӣ ва телефонҳои мобилӣ, бидуни тақсимоти дохили биноҳои калон ба якчанд нуқтаҳои савдо):
– то 10 м2 230 100 330
– зиёда аз 10м2 то 15м2 350 110 460
– зиёда аз 15м2 то 20м2 470 115 585
– барои шаҳри Душанбе 100 фоизи маблағи нишондодашуда
– барои шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Кӯлоб 80 фоизи маблағи нишондодашуда
– марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо 60 фоизи маблағи нишондодашуда
– берун аз марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо 50 фоизи маблағи нишондодашуда
11. Фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдузӣ, зардузӣ ба истиснои чунин фаъолиятҳо дар деҳотҷойҳо), инчунин фурӯши молҳои миллии касбӣ (сандуқ, гаҳвора ва дигар зарфҳои миллии чӯбин, маҳсулоти кулолӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарпӯш ва маҳсулоти мӯина) 70 35 105
12. Фурӯши маҳсулоти канселярӣ ва бозичаҳои кӯдакона 70 35 105
13. Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ: 70,0 35 105
– дар растаи то 2м

 

– дар растаи аз 2м то 4м 92,0 47 139
14. Фурӯши ангишт ва ҳезум (ғайристатсионарӣ) 70 35 105
15. Омода кардан ва (ё) фурӯши таомҳо бе ҷои нишаст ва берун аз биноҳои статсионарӣ 46 24 70
16. Фурӯши гулҳои тару тоза 187 94 281
17. Фурӯши маҳсулот аз пластмасса, гулҳои сунъӣ, маҳсулот аз полиэтилен ва коғаз 59 29 88
Хизматрасонии нақлиёти
18. Кашонидани мусофирон ба воситаи нақлиёти автомобилии сабукрав 70 35 105
19. Кашонидани мусофирон ба воситаи микроавтобусҳо 118 59 177
20. Кашонидани мусофирон ба воситаи автобусҳо 92 47 139
21. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш то 3 тонна ва эвакуаторҳо 92 47 139
22. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш аз 3 то 5 тонна 118 59 177
23. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш аз 5 то 20 тонна 187 94 281
24. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш зиёда аз 20 тонна 585 118 703
25. Кашонидани маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, семент ва бетон ба воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда 233 118 351
26. Кашонидани борҳо бо трактор 46 24 70
27. Кашонидани борҳо ба воситаи мотороллерҳо 28 14 42
Дигар намуди хизматрасони
28. Шудгор ва коркарди замин бо техникаи кишоварзӣ 118 59 177
29. Кӯфтан ва ҷамъоварии зироатҳои ғалладона бо техникаи кишоварзӣ инчунин бурдан ва расонидани ёрии муҳосибӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 70 35 105
30. Сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо 515 118 633

 

31. Ба иҷора додани либоси туёна (ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кулоб) 421 94 515
32. Навозандагӣ, рақкосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо 92 47 139
33. Истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо. Сабти мусиқӣ дар телефони мобилӣ, фуруши дискҳои (фиттаҳои) аудиоӣ ва видеоӣ 140 70 210
34. Банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арусӣ 70 35 105
35. Хизматрасониҳои сантехникӣ, электрикӣ, суратгирии берун аз бино, фаъолияти дузандагӣ, косметикӣ, сартарошӣ, хизматрасониҳои таълимӣ-репетиторӣ. Таъмири асбобҳои мусиқӣ. Барқдиҳии аккумуляторҳо, духтани ҷилдҳо барои воситаҳои нақлиёт 92 47 139
36. Таъмир, вулканизатсия ва шустушуи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, кафшергарӣ корҳои оҳангарии асбобҳои рузғор (ба истиснои истеҳсоли дарвоза, тиреза ва панҷара) 187 94 281
37. Хизматрасониҳои баҳрнавардӣ тавасути киштиҳои хурдҳаҷм, ҷуфткиштӣ (катамаран) ва скутерҳо 100 70 170
38. Хизмати миёнаравӣ дар бозор (даллолӣ), бахия кардани маҳсулоти қолинӣ, хизматрасонии тарозу, тез кардани корду асбобҳо, тайёр намудани калидҳо 47 24 71
39. Хизматрасонӣ оид ба иҷрои корҳо дар хонаҳо 35 18 53
40. Муқовакунии ҳуҷҷатҳо, нусхагирӣ 47 24 71
41. Фаъолияти маҳсгарӣ дар хона, ба иҷора додани мизу курсӣ 40 30 70
42. Ҳоҷатхонаи ҷамъиятии музднок (пулакӣ) 140 71 211
43. Тайёр намудани санги мазор, пешниҳоди тахтаи эълонҳо ва дигар маълумотҳо 80 40 120
44. Хизматрасонии экскаватор ва кранҳои борбардор 233 118 351
45. Таъмири маҳсулоти ҷавоҳирот 140 71 211
46. Корҳои ҳаккокӣ, насб ва таъмири антеннаҳои маҳворавӣ, таъмири соат, телефон, зарф ва техникаи маишӣ 70 35 105
47. Корҳои сохтмонию таъмирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ 92 47 139
48. Хизматрасонии рассомӣ (аз он ҷумла, рақами воситаи нақлиёт, рақамгузории кӯчаҳо) 100 80 180
49. Омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ, наққошӣ ба истиснои чунин фаъолиятҳо дар деҳотҷойҳо 70 35 105

Коэффисиентҳои минтақавӣ,

ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо
танзим менамоянд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 45)

Гурӯҳҳо Номгӯи шаҳрҳо ва ноҳияҳо Коэффисиентҳои минтақавӣ
1. Шаҳри Душанбе 1,2
2. Шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа 1,15
3. шаҳрҳои Истаравшан, Турсунзода, гулистон, Ваҳдат, Бӯстон, Ҳисор, Марказҳои маъмурии ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 45)

1,1
4. Шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Сарбанд, Норак ва Хоруғ; Марказҳои маъмурии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Бохтар, Вахш, Шаҳринав, Файзобод, Варзоб

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 45)

1,0
5. Шаҳрҳои Роғун, Истиқлол ва Панҷакент; Марказҳои маъмурии ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Восеъ, Фархор, Мир Саид Алии ҳамадонӣ, Ёвон, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Деваштич ва Носири Хусрав

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013 № 361, аз 25.01.2017 № 45)

0,80
6. Дигар шаҳрҳо, марказҳои маъмурии ноҳияҳои дигар деҳотҷойҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 45)

0,7

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии
соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё
шаҳодатнома фаъолият менамоянд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361, аз 25 январи соли
2017 № 45)

Мутобиқи моддаҳои 284, 286, 289 ва 327 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).
  2. Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамоянд, тасдиқ карда шаванд (Замимаи 3).
  3. Барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти кишоварзиро анҷом медиҳанд, меъёри андози иҷтимоӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Пардохти андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар замини лалмӣ фаъолият менамоянд, дар як соли тақвимӣ ҳафт моҳ муқаррар карда шавад. Маблати пардохти андози иҷтимоии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад аз андозаи муқарраршуда зиёдтар бошад (қарориҲукумати ҶТаз 03.08.2013 № 361).
  4. Барои соҳибкорони инфиродие, ки маблати патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт (бо назардошти индексатсия) анҷом медиҳанд, ба андозаи 10 фоизи маблати умумӣ кам карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТаз 25 январи соли 2017 № 45.
  5. Маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, инчунин ташкилотҳои ба фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ маштулбуда, ки бо субъектҳои соҳибкорӣ шартномаи иҷора ва (ё) шартнома оид ба гирифтани роҳхат ба хатсайрҳо ба имзо мерасонанд, уҳдадор мебошанд, ки ҳар семоҳа ба мақомоти андози маҳалли қайди худ маълумотҳоро оид ба чунин субъектҳо, масоҳати фаъолият бо нишондоди раста ва ҷойи фаъолият ба таври электронӣ пешниҳод намоянд (қарори 1укума ти ҶТ аз 25 январи соли 2017 № 45.
  6. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода шавад, ки аз соли 2019 ҳар сол бо дарназардошти сатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, тибқи фармоиши муштараки худ андозаҳои пардохт барои патентро индексатсия намуда, муқаррар кунанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” онро ба қайди давлатӣ гиранд (қарори 1укумати ҶТаз 25январи соли2017№ 45.
  7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, № 656 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машгуланд ва муқаррар намудани андозаи андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии дехқонӣ (фермерӣ, аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқукӣ намебошад” аз эътибор соқит дониста шавад.
  8. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

аз 31 августи соли 2012, № 451

Замимаи 1

бо қарори 1укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ шудааст

 

Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони
инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома
фаъолият менамоянд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361, аз 25.01.2017 № 45)

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Андозбандии даромади умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома анҷом медиҳанд, тибқи Қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
  3. Соҳибкори инфиродӣ наметавонад дар як вақт фаъолиятро дар асоси ду варақаи патент, ду варақаи шаҳодатнома ё варақаҳои патент ва шаҳодатнома анҷом диҳад.
  4. Шахси воқеие, ки дар амал фаъолияти соҳибкориро анҷом дода, аз бақайдгирии давлатӣ нагузаштааст, бо мақсадҳои андозбандӣ соҳибкори инфиродӣ дониста мешавад.
  5. Соҳибкори инфиродӣ то он лаҳзае, ки фаъолияти ӯ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда қатъ карда нашудааст, ҳамчун соҳибкоре, ки фаъолияти соҳибкории худро давом медиҳад ва дар назди буҷет ӯҳдадориҳои андоз дорад, эътироф карда мешавад.
  6. Даромадҳои соҳибкори инфиродие, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ гардиданд, ба даромади умумии андозбандишавандаи соҳибкор дохил карда намешаванд.

Қоидаҳои андозбандии фаъолият тибқи патент

  1. Фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент танҳо аз ҷониби шахси воқеие анҷом дода мешавад, ки ба номи ӯ патент дода шудааст.
  2. Бо дарназардошти талаботи Қоидаҳои мазкур пардохт барои патент пардохти устувори андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ буда, аз даромади дар амал бадастовардаи соҳибкори инфиродӣ вобаста намебошад.
  3. Андозбандии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда тибқи Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро карда шаванд:

а)  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ (патенти дахлдор) ба номи чунин соҳибкор дода шуда бошад;

б) маблағи патент барои моҳи (моҳҳои) тақвимии минбаъда аз ҷониби соҳибкор пешакӣ (бо тариқи пешпардохт) пардохт шуда бошад;

в) соҳибкори инфиродӣ фаъолиятро бе ҷалби коргарони кироя ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом диҳад;

г)    намуди фаъолияти соҳибкории анҷомдодашавандаи соҳибкор дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки бо қарори мазкур тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардида бошад;

д) даромади умумии соҳибкори инфиродӣ дар соли тақвимӣ аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд набошад.

  1. Дар ҳолате, ки шахси воқеӣ амалан коргари кироя маҳсуб ёфта, фаъолияти он бо қонунгузории меҳнат ва (ё) шартномаи меҳнатӣ ва (ё) тартиби кории шахси ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад, ё шахси воқеӣ танҳо ба як шахси дигар хизмат намуда (кор карда), муносибатҳои онҳо дорои аломатҳои муносибатҳои мехнатӣ мебошанд, андозбандии чунин шахси воқеӣ дар асоси патент манъ мебошад.
  2. Патент дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки пешпардохти маблағи патентро барои (моҳи) моцои тақвимии минбаъда тасдиқ менамоянд (барои шахси воқеӣ – шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ – дар моҳи (моцои) тақвимӣ то охири соли тақвимӣ ё моцои тақвимии дар раводид ё дигар ҳуҷҷати муқарраршуда дарҷ гардида) эътибор дорад.
  3. Дар ҳолате, ки фаъолияти соҳибкори инфиродӣ – дорандаи патент ба талаботҳои бандҳои 8, 9 ва 10 Қоидаҳои мазкурро мутобиқат намекунад, чунин соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқи истифодаи системаи патентиро надорад ва ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба қатъ намудани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси патент ариза диҳад (қарори 1укумати ҶТаз 25.01.2017№ 45).
  4. Маблағи пардохти патент аз намуди фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тибқи Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, давраи пардохт (моҳқои пурраи тақвимӣ) ва минтақаи фаъолияти соҳибкории он вобаста мебошад.
  5. Агар минтақаи фаъолият тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интихоб шуда бошад, пас маблағи пардохти патент барои намуди фаъолияти амалишаванда аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда муайян карда мешавад. Агар минтақаи фаъолият ҳудуди ягон вилоят (вилоятҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, маблағи пардохти патент аз рӯи меъёри баландтарини барои шаҳру ноҳияҳои вилояти (вилоятҳои) дахлдор муқарраршуда, муайян карда мешавад. Агар минтақаи фаъолият ду ё аз ин зиёд ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи ҷумҳурӣ бошад, маблағи пардохти патент аз рӯи меъёри баландтарини барои ин ноҳияҳо (шаҳрҳо) муқарраршуда муайян карда мешавад.
  6. Дар ҳолати вайрон кардани талаботи банди 13 Қоидаҳои мазкур соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, ки маблағи патентро аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда пардохт намояд.
  7. Дар ҳолате, ки соҳибкори инфиродӣ хоҳиши анҷом додани 2 ё зиёда аз он намудҳои фаъолияти дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ пешбинишударо дошта бошад (ё амалан анҷом дода истодааст), чунин соҳибкор 100 фоизи маблағи баландтарини патент барои фаъолияти интихобгардида пешбинишуда, инчунин 20 фоизи маблағи патент барои ҳар як дигар намудҳои фаъолияти интихобшуда месупорад.
  8. Пардохт барои патент бо дарназардошти татбиқ намудани Коэффисиентҳои минтақавие, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳрҳо ва ноҳияҳо танзим менамоянд ва бо қарори мазкур тасдиқ шудаанд, ҳисоб карда мешавад (қарори 1укумати ҶТаз 03.08.2013№ 36.).
  9. Новобаста аз санаи бақайдгирии давлатии оғози фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё санаи бақайдгирии давлатии қатъ намудани фаъолият, пардохт барои патент барои моцои пурраи тақвимӣ (аз ҷумла моҳи оғози фаъолият ва моҳи қатъи фаъолият) амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намудани фаъолият тариқи патент то санаи 5 моҳи тақвимӣ ӯҳдадории пардохт барои патент барои ин моҳи тақвимӣ ташкил наменамояд. Дар ҳолати риоя нагардидани мӯҳлати муқарраршуда маблағи патент барои ҳар моҳи тақвимӣ пурра ба буҷет пардохт мегардад.
  10. Ҳангоми бемори бистарӣ будан ё фавти соҳибкори инфиродӣ ва (ё) рух додани сӯхтор дар маҳалли фаъолият, дар давраҳои дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент дар ин давра пардохт карда намешавад (қарори 1укумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361 аз 25.01.2017№ 4).
  11. Баъди ҷамъбасти соли тақвимӣ байни соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ санади муқоисавӣ тартиб дода мешавад. Санади муқоисавӣ на дертар аз 1 марти соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, бо пешниҳоди расидҳои бонкӣ тартиб дода мешавад. Тартиб додани санади муқоисавӣ байни соҳибкори инфиродӣ ва мақомоти андоз хатмӣ мебошад.
  12. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тариқи патент фаъолияткунанда ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатӣ муқаррар намудааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …