Главная / Гуногун / Фаъолият дар асоси шаҳодатнома

Фаъолият дар асоси шаҳодатнома

Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361, аз 25.01.2017 № 45)

  1. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дорои ҳуқуқи истифодаи меҳнати кироя буда, метавонад тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Қоидаҳои мазкур маҳдуд накардааст, анҷом диҳад.
  2. Андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамоянд, мувофиқи низомҳои махсуси андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вазифадор аст эъломияҳои (ҳисобҳои) андозро тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  3. Ӯҳдадориҳои андозии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз натиҷаи фаъолияти соҳибкории ӯ вобаста мебошад. 1амзамон меъери андози иҷтимоии чунин соҳибкори инфиродӣ новобаста аз даромади бадастомада наметавонад аз андозаи ҳадди зиёдтарини андози иҷтимоӣ, ки барои соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда бо назардошти татбиқи коэффитсиентҳои минтақавӣ муқаррар шудааст, камтар бошад (қарори Ҳукумати ҶТаз 03.08.2013 № 361).
  4. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ӯҳдадор аст, ки баҳисобгирии муҳосибавии даромадҳо ва хароҷотҳои соҳибкории худро тибқи тартиби соддакардашуда, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад, амалӣ намояд.
  5. Дар ҳолати ҳисобаробаркунӣ бо пули нақд соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки тибқи тартиби муқарраршуда мошинҳои назоратӣ-хазинавиро бо хотироти фискалӣ истифода барад.
  6. Даромади умумии солонаи соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи он наметавонад аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад.
  7. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда наметавонад воҳидҳои махсус дошта бошад.
  8. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, соҳибкори дар асосишаҳодатнома фаъолияткунанда метавонад ҳамаи намуди фаъолиятро анҷом диҳад, ба истиснои:

а)  истеҳсоли молҳои зераксизӣ (ба истиснои нӯшокиҳои ғайриспиртӣ) ва амалӣ намудани фаъолияти зераксизӣ;

б)  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ба истиснои воридот ва содироти молҳои ниёзи мардум ба маблағи то 500 ҳазор сомонӣ) (қарори 1укумати ҶТаз 03.08.2013 № 361);

в)  фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ, фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок (қарори 1укумати ҶТаз 25.01.2017№ 45X

г)   фаъолият доир ба истифодабарии қаъри замин;

д)  қабул, коркард ва (ё) таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дигар металлҳо, консентрат, оҳанпора ва маъданҳо;

е)  фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва табиӣ, таъсиси бозорҳо, меҳмонхонаҳо (қарори 1укумати ҶТаз 03.08.2013 № 36);

ж) ташкили сехҳои оҳангудозӣ (қарори 1укумати ҶТ аз 03.08.2013 № 361).

  1. Дар ҳолате, ки дар давоми соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд гардад, ин соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ маълумот пешниҳод намуда, фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз санаи 1 моҳи минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намояд. Соҳибкори мазкур метавонад фаъолияти худро дар асоси низоми дигари андозбандии муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ҳамчун шахси ҳуқуқӣ идома диҳад.
  2. Вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур барои кашидан ба ҷавобгарие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, асос мебошад.

Боби 4 хориҷ карда шуд (қарори 1укумати ҶТаз 25.01.2017 № 45).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …