Главная / Маданият ва санъат / ҚОФИЯИ МУТЛАҚ ВА ҲАРФҲОИ ОН

ҚОФИЯИ МУТЛАҚ ВА ҲАРФҲОИ ОН

Дар илми бадеъи классикӣ қофияеро мутлақ меноманд, ки агар ҳарфи равӣ бо ҳарфи васл  часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад. Мисол:

Раъият ба зулми ту чун олиманд,

Зи зулми ту бар якдигар золиманд.

Дар ин байт (вазнаш – Мутақориби мусаммани мақсур) калимаҳои «олиманд» ва «золиманд» қофия, ҷузви «-олиманд» решаи онро ташкил медиҳад. Дар ин решаи қофия садоноки «о» таъсис, ҳамсадои «л» да -х и л, садоноки кӯтоҳи «и» и ш б о ъ, ҳамсадои «м» р а в и и м у т л а қ, садоноки «а» м а ҷ р о, ҳамсадои «н» в а с л ва ҳамсадои «д» х у р ӯ ҷ аст. Чун дар ин қофия ҳарфи охирини решагӣ, яъне равӣ (ҳарфи «м») бо ҳарфҳои баъди он омада часпидааст, онро қофияи мутлақ меноманд.

Қофияи мутлақ нисбат ба қ о ф и я и м у қ а й я д навъҳои зиёд дорад ва ҳарфҳои асосии он васл, хурӯҷ, мазид, нойира мебошанд. Дар қофияи мутлақ илова бар ҳарфҳои хоси он васл, хурӯҷ, мазид, нойира ҳарфҳое, ки дар қофияи муқайяд иштирок мекунанд – мисли таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад ва ридфи мураккаб) низ меоянд. Мисол барои қофияи мутлақ бо ҳазв, қайд, равии мутлақ, маҷро, васл ва хурӯҷ:

Мардони қабила рахт бастанд

В-аз арса ҳама берун нишастанд.

Вазни ин байт Ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи мақсур буда, калимаҳои «бастанд»-у «нишастанд» қофияи онро ташкил медиҳанд. Ҷузвҳои «-астанд»-и ҳарду калимаи қофия решаи онанд, ки садоноки кӯтоҳи «а» ҳ а з в, ҳамсадои «с» қ а й д, ҳамсадои «т» р а в и и м у т л а қ, садоноки «а» м а ҷ р о, ҳамсадои «н» в а с л ва ҳамсадои «д» х у р ӯ ҷ мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳарфҳое, ки баъди равӣ дар решаи қофия меоянд, ба гурӯҳи ҳарфҳои қофияи мутлақ дохил мешванд ва онҳо чортоянд: васлу хурӯҷу мазиду нойира. Ҳоло ҳар кадоми онро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем.

  1. Васл калимаи арабист, маънои луғавиаш пайвастани чизе ба чизи дигар, часпондан буда, дар илми қофия номи яке аз ҳарфҳои решагист, ки баъди ҳарфи р а в ӣ омада, бо он пайваст шуда бошад.

Ҳамин тариқ, ҳамсадоҳо, садонокҳои дароз ва ҳарфҳои ётбарсар (й, е, ю, я) ба вазифаи васл омада метавонанд. Мисол:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Дар ин байти Ҳофиз (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани солим) калимаи «моро» ва «Бухороро» қофия буда, ҷузви «-оро» решаи қофия аст. Дар ин решаи қофия ҳар «о» равии мутлақ, харфи «р» в а с л ва ҳарфи «о»-и охир хурӯҷ аст.

Мисоли дигар:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

Дар ин байти Мирзо Турсунзода (вазнаш – Рамали мусаддаси маҳзуф) калимаҳои «ҷангам» ва «дилтангам» қофия, ҷузви «-ангам»-и ҳарду калима решаи қофия мебошад, ки садоноки кӯтоҳи «о» ҳ а з в, ҳамсадои «н» қ а й д, ҳамсадои «г» р а в и и м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о ва ҳамсадои «м» васл мебошад.

Садонокҳои кӯтоҳи «а», «и» ва «у» баъди ҳарфи равӣ оянд ҳам, васл шуда наметавонанд, зеро онҳо дар алифбои арабӣ ҳарф не, балки ҳаракатанд. Агар в а с л аз ҳамсадо иборат бошаду пеш аз вай садоноки кӯтоҳ омада бошад, дар он сурат садоноки кӯтоҳи баъди равӣ омадаро маҷро меноманд. Мисол:

Хаёли рӯи ту дар коргоҳи дида кашидам,

Ба сурати ту нигоре надидаму нашунидам. (Ҳофиз)

Дар ин байти Ҳофиз (вазнаш – Муҷтасси мусаммани махбун) калимаҳои «кашидам» ва «нашунидам» қофия, ҷузви «-идам» решаи қофия буда, ҳарфи «и» ридфи муфрад (аслӣ), ҳамсадои «д» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о ва ҳамсадои «м» васл мебошад.

Агар шеър бо қофияе тамом шуда бошад, ки ҳарфи охири онро садоноки «а» ташкил додааст, дар он сурат ин садонок вазифаи васлро иҷро кардааст. Масалан, дар ин байт:

Ашке чу лаъл резад он лаб маро зи дида,

Дар шиша ҳарчи бошад, аз вай ҳамон чакида. (Камол)

Вазни ин байт Музореъи мусаммани ахраб буда, калимаҳои «дида» ва «чакида» ба вазифаи қофия омадаанд. Дар ин қофия ҷузви «-ида» решаи қофия мебошад, ки ҳарфи «и» р и д ф и м у ф р а д, ҳарфи «д» р а -в и и м у т л а қ ва ҳарфи «а» васл аст.

Хурӯҷ калимаи арабист, маънои луғавиаш берун шудан, берун рафтан буда, дар илми қофия номи яке аз ҳарфҳои решагист. Хурӯҷ ҳарфи ҳамсадоест, ки дар решаи қофия баъди ҳарф в а с л омада бошад. Мисол:

Ба давлат касоне, ки афрохтанд,

Ки тоҷи такаббур биандохтанд. (Саъдӣ)

Дар ин байти Саъдӣ (вазнаш – Мутақриби мусаммани мақсур) калимаҳои «афрохтанд» ва «биандохтанд» қофия, ҷузви «-охтанд» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «х» ридфи мураккаб, ҳарфи «т» равии м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о, ҳарфи «н» в а с л ва ҳарфи «д» х у р ӯ ҷ аст.

Такрори хурӯҷ дар қофия ҳатмӣ буда, тамоми шоирони гузашта ва имрӯзаи форс – тоҷик аз ин қоида берун нарафтаанд. Мисол:

Падарро муждаи давлат расонед,

Дилашро з-оташи меҳнат раҳонед. (Ҷомӣ)

Дар ин байти Ҷомӣ (вазнаш – Ҳазаҷи мусаддаси мақсур) калимаҳои «расонед»-у «раҳонед» қофия, ҷузви «-онед» решаи қофия буда, ҳарфи «о» р и д ф и м у ф р а д, ҳарфи «н» р а в и и м у т л а қ, ҳарфи «е» в а с л ва ҳарфи «д» хурӯҷ аст.

Мазид низ калимаи арабист, маънои луғавиаш зиёдшуда, афзуншуда, афзунӣ дар чизе мебошад. Дар илми қофия яке аз ҳарфҳои решагии қофияро гӯянд, ки баъди хурӯҷ омада бошад. Мисол:

Ин дил, ки ба сӯи дилбаре бастемаш,

Ҳарчанд гусаст, боз пайвастемаш.

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи абтар) калимаҳои «бастемаш»-у «пайвастемаш» қофия, ҷузви «-астемаш» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳ а з в, ҳамсадои «с» қ а й д, ҳамсадои «т» р а в и и м у т л а қ, ётбарсари «е» в а с л, ҳамсадои «м» х у р ӯ ҷ, садоноки кӯтоҳи «а» н а ф о з ва ҳамсадои «ш» мазид аст.

Такрори мазид дар қофия ҳатмӣ буда, иваз намудани он бо ҳарфи дигар ҷоиз нест.

Нойира (нойир) калимаи арабист, маънои луғавиаш шӯъла, оташ; раманда, гурезанда мебошад. Асли калимаи нойира аз н и в о р аст ба маънои рамидан ва дур шудан. Мисол:

Гар дил зи ғами ёр напардохтанистеш,

Бо ӯ ба ҳама вуқӯҳ дарсохтанистеш.

Дар ин байт (вазнаш – Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақсур, ҳашви дуюми мисраъи дуюм – ахраб) калимаҳои «напардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» қофия, ҷузви «-охтанистеш» решаи қофия мебошад, ки ҳарфи «о» р и д ф и м у ф р а д, ҳарфи «х» р и д ф и м у р а к к а б, ҳарфи «т» р а в и и м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о, ҳарфи «н» в а с л, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о, ҳарфи «н» в а с л, садоноки кӯтоҳи «и» н а- ф о з, ҳарфи «с» х у р ӯ ҷ, ҳарфи «т» м а з и д ва харфҳои «е»-ю «ш» нойира мебошад.

Агар дар қофия баъди мазид ду ё се ҳарф омада бошанд ҳам, ҳар кадоми он вазифаи нойираро иҷро менамоянд.

Нойира аз ҷумлаи ҳарфҳои камистеъмоли қофия буда, дар ашъори

Намунаҳо барои ҳарфҳои қофияи мутлақ:

  1. Мисол барои ҳарфи в а с л:

Муарраф ба дилдорӣ омад бараш,

Ки дастори қозӣ ниҳад бар сараш. (Саъдӣ)

  1. Мисол барои ҳарфи х у р ӯ ҷ:

Дарде, ки дилам дид зи ҳаҷри ту, кӣ дидаст?

В-онҳо, ки зи зулфи ту кашидам, кӣ кашидаст?

(Бисотии Самарқандӣ)

  1. Мисол барои м а з и д:

Дилам аз нестӣ чи тарсонест,

Танам аз офият ҳаросонест. (Масъуди Саъд)

  1. Мисол барои н о й и р а:

Он маҳ, ки ба чашмаи меҳр дидастемаш,

Аз ҷумлаи некувон гузидестемаш.

(аз «Рисолаи қофия»-и Ҷомӣ)

Савол ва супоришҳо:

  1. Қофия чанд навъ аст?
  2. Кадом навъи қофияро қофияи мутлақ меноманд?
  3. Калимаҳои қофияи байти поёниро ёфта муайян кунед, ки онҳо ба кадом навъи қофия тааллуқ доранд?

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.

  1. Ҳарфи равӣ бо навъҳои қофия чӣ иртибот дорад?
  2. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии васлро гӯед.
  3. Хурӯҷ баъди кадом ҳарфи қофия меояд?
  4. Оё такрори ҳарфи хурӯҷ дар решаи қофия ҳатмист?
  1. Дар байни ҳарфҳои х у р ӯ ҷ ва м а з и д чи гуна иртибот аст?
  2. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии нойираро гӯед.
  3. Агар баъди ҳарфи мазид дар решаи қофия ду-се ҳарфи дигар омада бошад, онҳоро чӣ меноманд?
  4. Дар байти зер кадом ҳарфҳои қофия омадаанд?

Савдои ту аз сина фурӯ рафтанийаст

В-он гаҳ сухани ту низ ногуфтанийаст.

  1. Ҳарфҳое, ки дар сохтани қофияи мутлақ иштирок мекунанд, кадомҳоянд?
  2. Байте гӯед, ки дар он ҳарфи васл омада бошад.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …