Главная / Маданият ва санъат / ҚОФИЯ ВА РАДИФ – Чист?

ҚОФИЯ ВА РАДИФ – Чист?

Қофия калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш пушти сар, охири ҳар чиз, аз пай раванда мебошад. Дар забони тоҷикӣ баъзеҳо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он пасванД)-ро ба маънои қофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздаҳ- Лабибӣ мегӯяд:

Ҳама ёва, ҳама хому ҳама суст,
Маъонӣ аз чакова то пасованд.

Дар илми забоншиносӣ пасовандро ба маънои пасояндяк ҳиссаи охири калима, ки маънои онро тағйир медиҳад, низ кор мефармояд. Ба маънои истилоҳӣ калимаҳои ҳамшакл, ҳамоҳанг ё ҳамвазнеро қофия меноманд, ки дар бештари маврид дар охири мисраъҳои шеър омада, вазн ва оҳангнокии онро муайян месозад. Масалан, «дод», «бод», «шод», «род» ва «даст»-у «раст»-у «ҳаст» ва ғайра. Мисол:

То нагиряд абр, кай хандад чаман,

То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан.

ё ки:

Аз каҷӣ афтӣ ба каму костӣ, Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ.

Дар байти аввал калимаҳои «чаман» ва «лабан», дар байти сонӣ калимаҳои «костӣ» ва «ростӣ» қофия шудаанд. Сабаби асосии ҳамқофия шудани ин калимаҳо дар он аст, ки дар таркиби калимаҳои «чаман»-у «лабан» ду ҳарфи якхела- «ан» ва дар таркиби калимаҳои «костӣ»-ю «ростӣ» чор ҳарфи якхела «остӣ» омадаанд. Барои донистани илми қофия бояд ду мафҳуми асосӣ: к а л и м а и қ о ф и я (ё к а л и м а ҳ о и қ о ф и я) ва р е ш а и қ о ф и я ро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошт. Калимаҳое, ки ба вазифаҳои қофия меоянд, калимаҳои қофия ё к а л и – м а и қ о ф и я, ҳарфҳои якхелаи калимаҳои қофияро р е ш а и қ о ф и я меноманд. Масалан, дар ин байти Фирдавсӣ:

Яке бандагӣ кардам, ай шаҳриёр, Ки монд зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

Калимаҳои «шаҳриёр» ва «ёдгор» қофия буда, ҷузвҳои «-ёр»-у «-ор» решаи қофия мебошанд.

Дар ин байти Ҳофиз:

Ман бандаи он касам, ки шавқе дорад, Дар гардани худ зи ишқ тавқе дорад.

«Шавқе» ва «тавқе» калимаҳои қофия буда, ҷузви «-авқе»-и ҳарду калимаи қофия решаи қофия аст. Агар шумо бо ин мисолҳо диққат карда бошед, мебинед, ки қофия аз маҷӯъи ҳарфҳо сохта мешаванд. Барои ҳамин аксари адабиётшиносон қофияро аз як ҳарф иборат донистаанд ва онро р а в ӣ ном додаанд.

Равӣ низ аз калимаи арабии риво (ресмоне, ки бо он бори уштурро бандад), гирифта шудааст. Дар илми қофия охирин ҳарфи решагии калимаи қофияро р а в ӣ номидаанд. Яъне мисли он ки бори уштур бо ресмон баста мешавад, то ки он наафтад, пас тамоми байтҳои шеър ба ҳарфи равӣ вобастагӣ дорад. Ҳарчанд қофияро як ҳарф донистаанд, аммо дар асл ҳашт ҳарфи дигар тобеъи он мебошад, ки дар маҷмӯъ нӯҳ ҳарфро ташкил медиҳад. Он нӯҳ ҳарф инҳоянд: таъсис, дахил, ридф, қайд, равӣ, васл, хурӯҷ, мазид ва нойира.

Дар боло таъкид кардем, ки ду мафҳуми асосӣ – калимаи (калимаҳои) қофия ва решаи қ о ф и я ро мо ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта бошем. Ин гуфта чунин маънӣ дорад, ки ҳар ҳарфи решаи қофия номи махсус дорад. Мисол:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

(Ҳофиз)

Дар ин байти Ҳофиз «дилшодам» ва «озодам» калимаҳои қофия ва ҷузви «-одам» решаи қофия мебошад. Дар ин решаи қофия се ҳарф (о, д, м) ва як ҳаракат (а) омадааст ва ҳар кадоми онҳо ном доранд. Мувофиқи қоидаи илми қофия, дар ин решаи қофия ҳарфи «о» ридфи муфрад (ҳарфи садоноки дарозест, ки дар қофия пеш аз равӣ меояд), ҳарфи «д» р а в и и м у т л а қ (равие, ки бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад), садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о (ҳаракатест, ки баъди равӣ омада, онро бо ҳарфи в а с л мепайвандад, одатан садоноки кӯтоҳи «а» ба вазифаи маҷро меояд) ва ҳарфи «м»в а с л (ҳарфест, ки баъди равӣ меояд) мебошанд.

Аз ин нӯҳ ҳарф чортои он (таъсис, дахил, ридф, қайд) ҳамеша пеш аз ҳарфи равӣ ва чортои дигараш – васл, хурӯҷ, мазид ва нойира ҳамеша баъди равӣ меоянд. Донишманди асри 15, муаллифи «Ҷамъи мухтасар» – Ваҳиди Табрезӣ ҳарфҳои қофияро дар ин қитъа ба назм даровардааст, ки кори хонандаро хеле осон менамояд:

Қофия дар асл як ҳарф асту ҳашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нуқта, инҳо дойира.

Ҳарфи таъсису Дахилу риДфу қайД, он гаҳ равӣ,

Пас аз он васлу хурӯц асту мазиДу нойира.

РаДиф низ калимаи арабист, маънои луғавиаш ду ё якчанд чиз, ки дар паҳлуи ҳам ё паси ҳам омада бошанд, ҳамсаф, ҳамсафар. Инчунин, касеро гӯянд, ки дар асп, шутур ё хар баъди ҷилавдор савор шуда бошад. Ба маънии истилоҳӣ радиф калима ё ибораест, ки дар бештари маврид баъди қофия аз аввал то охири шеър ба такрор биояд. Мисол:

Ай бод, бӯи Юсуфи дилҳо ба мо расон,

Як навбар аз баҳори дили мо ба мо расон.

Аз зулфи ӯ чу бар сари зулфаш гузар кунӣ,

Пинҳон бидузд мӯеву пайдо ба мо расон.

(Хоқонӣ)

Дар рубоии Хоқонӣ калимаҳои «дилҳо», «мо» ва «пайдо» қофия буда, ибораи «ба мо равон», ки дар ҳарсе мисраъ такрор омадааст, радиф аст.

Радиф ва қофия латофати табъ, ҷазолати сухан ва ягонагии зеҳни шоирро хубтар намуда, барои дилкашу зебо шудани шеър аҳамияти махсус дорад. Радиф метавонад, ки як калима бошад, мисли ин ду байти Парвини Эътисомӣ:

Сару ақл гар хидмати ҷон кунанд,

Басе кори душвор осон кунанд.

Бихоҳанд гар дидаю дил зи оз,

Басо чархҳоро, ки арзон кунанд.

Дар чор мисраъи боло калимаҳои «ҷон», осон» ва «арзон» қофия буда, калимаи «кунанд» радиф мебошад.

Гоҳе радиф қисми зиёди мисраъи шеърро ташкил медиҳад ва ҳатто дар мисраъе як калима ба вазифаи қофия омада, боқии калимаҳо ҳама радиф. Мисол:

Биё, ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад,

Даро, ки хонаи дил бе ту нур надорад,

Зи хонаи дили ман нури рух дареғ надорӣ,

Чаро, ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад.

Дар абёти боло калимаҳои «биё», «даро» ва «чаро» қофия, калимаҳои боқии мисраъҳо ҳама радифанд.

Шеъре, ки радиф дорад, мураддаф меноманд. Дар таърихи адабиёти классики форс-тоҷик ашъори шоирони гуногунро, ки ба радифи мувофиқи ҳамдигар гуфта шудаанд, ҷамъ оварда р а д о и ф у л – а ш ъ о р ном ниҳодаанд.

Дар баробари қофия ва радиф дар байни аҳли адаб мафҳуми ҳ о – ҷ и б ва м а ҳ ҷ у б хеле маъмул аст.

Ҳоҷиб низ калимаи арабист, маънояш монеъа, пардадор, дарбон буда, дар истилоҳи адабиётшиносӣ калимае бошад, ки пеш аз қофия дар ҳар мисраъ оварда шавад, мисли он ки радифро баъди қофия оранд. Дар бештари маврид ҳоҷиб дар байни қофиятан (ду қофия) меояд. Мисол:

Ай шоҳ, замин бар осмон дорӣ тахт,

Суст аст адӯ, то ту камон дорӣ сахт.

Ҳамла сабук ориву гарон дорӣ рахт,

Пирӣ ту ба донишу цавон дорӣ бахт.

Дар ин рубоии Муъиззӣ калимаҳои «осмон»-у «тахт», «камон»-у, «сахт», «гарон»-у «рахт» ва «ҷавон»-у «бахт» қофиятайн буда, калимаи «дорӣ» ҳоҷиб мебошад. Шеъре, ки дар он ҳоҷиб омадааст, м а ҳ ҷ у б меноманд, аз ин рӯ, рубоии боло рубоии маҳҷуб аст.

Шеъре, ки дар он қ о ф и я в у р а д и ф у ҳ о ҷ и б омадаанд, дилкашу зебо буда, ба зеҳни хонандаю шунаванда хеле хуш менамояд.

Қофия дар адабиёти классикии форс-тоҷик аз воситаҳои асосии шакли шеър буда, вобаста ба тарзи қофиябандӣ навъҳои шеърро (ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, мусаммат ва ғайра) ҷудо мекунанд. Масалан, тарзи қофиябандии, маснавӣ ба сурати: аа, бб, вв, гг; тарзи қофиябандии ғазалу қасида ба сурати: аа, ба, ва, га; тарзи қафиябандии қитъа ба сурати: аб, вб, гб, ғб мебошад. Мисол барои маснавӣ:

Пайафкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд.

(Фирдавсӣ)

Калимаҳои «баланд»-у «газанд» қофия буда, ҷузви «-анд» решаи қофия аст, ки садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв (ҳаракате, ки пеш аз ҳарфи қайд меояд), ҳарфи «н» қ а й д (ҳамсадоеро гӯянд, ки пеш аз ҳарфи равӣ меояд), ҳарфи «р» р а в и и м у т л а қ (равиеро гӯянд, ки бо ҳарфи в а с л часпида бошад), ҳарфи «ӣ» в а с л (ҳарфе бошад, ки баъди равӣ омадааст). Калимаи «накардӣ», ки аз аввал то охири байтҳои ғазал омадааст, радиф аст ва аз ин рӯ, ин ғазалро мураддаф (радифдор) мегӯянд.

Мисол барои қитъа:

Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе

Расид аз дасти махдуме ба дастам.

Ба-д-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,

Ки аз бӯи диловези ту мастам.

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин бо ман асар кард

Вагарна, ман ҳамон гулам, ки ҳастам».

(Саъдӣ)

Дар ин қитъаи Саъдӣ калимаҳои «дастам», «мастам», «нишастам» ва «ҳастам» қофия буда, ҷузви «-астам» р е ш а и қ о ф и я мебошад. Дар ин решаи қофия садоноки кӯтоҳи «а» ҳ а з в, ҳарфи «с» қ а й д, ҳарфи «т» р а в и и м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о ва ҳарфи «м» васл аст.

Дар баъзе китобҳои адабиётшиносӣ таъкид шудааст ва баъзе муҳаққиқон дар ҳамин ақидаанд, ки тарзи қофиябандии қитъа мисли ғазалу қасида низ ҳаст, яъне гӯё қитъаҳое вуҷуд доранд, ки байти аввал ва мисраъҳои ҷуфти байтҳои дигари қитъа ҳамқофияанд (мисли аа, ба, ва, га). Чунин ақида дар мавриди қофиясозии қитъа ҳеҷ гуна асоси илмӣ надорад, зеро тафовути ғазалу қасида аз қитъа фақат дар тарзи қофиябандии онҳо ҳасту халос. Байти авали қитъа ҳамқофия (мусарраъ) нест, аммо байтҳои аввали ғазалу қасида хамқофияанд, яъне мусарраъанд. Донишманди бузурги асри сездаҳи форс-тоҷик-Шамси Қайси Розӣ дар китоби «Ал-мӯъҷам» менависад: «Ҳар қасида, ки матлаъи он мусарраъ (ҳамқофия) набошад, агарчи дароз бувад, онро қасида нахонанд ва исми қасида бар он итлоқ накунанд (надиҳанд)». Азбаски байти аввали қитъа ҳамқофия (мусарраъ) нест, гоҳе онро ғазал ё қасидаи сарбурида низ мегӯянд.

Барои мисол чанд байти қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Ҷомиро меорем, ки дар ҷавоби қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:

Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи

Кайвон бартар аст,

Рахнахо, дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст.

Чун саломат монад аз тороҷ нақди ин ҳисор?

Посбон дар хобу бар ҳар рахна дузде дигар аст.

Чист зарри ноб? Рангин гашта хоке з-офтоб,

Ҳар ки кард афсар зи зарри ноб хокаш бар сар аст.

Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гада,

Дар бараш дил баҳри дониш в-ӯ шаҳи баҳри бар аст…

Мар бувад паноҳу чун омад ду мар абёти он,

Дар сафову маҳкамӣ шояд, ки гӯ мармар аст.

Худи қасида аз сад байт (дусад мисраъ) иборат буда, мо барои мисол панҷ байти онро овардем. Қасида дар баҳри Рамали мусаммани мақсур (ё маҳзуф) эҷод шуда, калимаҳои «бартар», «дар», «дигар», «сар», «бар», қофия буда, ҷузви «-ар» решаи қофияро ташкил медиҳад, ки садоноки кӯтоҳи «а» т а в ҷ е ҳ ва ҳамсадои «р « р а в и и м у қ а й д мебошанд.

Мисол барои мусаммати мусаллас:

Монанди сабо хезу вазидан дигар омӯз,

Домони гулу лола кашидан дигар омӯз,

Андар дилаки ғунча хазидан дигар омӯз!

Мӯина ба бар кардиву бе завқ тапидӣ,

Он гуна тапидӣ, ки ба ҷое нарасидӣ,

Дар анҷумани шавқ тапидан дигар омӯз.

Кофир дили овора дигарбора ба ӯ банд,

Бар хеш кушо дидаву аз ғайр фурӯ банд,

Дидан дигар омӯзу надидан дигар омӯз…

Дар ин мусаммати мусалласи Муҳаммад Иқбол калимаҳои «варзидан», «кашидан», «хазидан»-и банди аввал ва калимаи «тапидан»- и банди дуюм ва калимаи «надидан»-и банди сеюм қофия буда, ҷузви «-идан» решаи қофия мебошад, ки ҳарфи «и» р и д ф и м у ф р а д (ё а с – л ӣ), ҳарфи «д» р а в и и м у т л а қ, садоноки кӯтоҳи «а» м а ҷ р о ва ҳарфи «н» в а с л аст. Худи қофия қофияи мутлақ аст, зеро ҳарфи равӣ («д») бо ҳарфи васл («н») часпидааст. Дар банди якуми мусаммати мусаллас, дар мисраъҳои сеюми бандҳои дуюму сеюм калимаҳои «дигар омӯз» такроран омадаанд, ки радиф мебошанд. Дар банди дуюми ин мусаммати мусаллас калимаҳои «тапидӣ» ва «нарасидӣ» қофия буда, ҷузви «-идӣ» решаи қофияро ташкил медиҳанд. Дар ин решаи қофия ҳарфи «и» р и д ф и м у ф р а д, ҳарфи «д» р а в и и м у т л а қ ва ҳарфи «ӣ» в а с л мебошанд. Дар банди сеюм калимаҳои «ӯ» ва «фурӯ» қофия буда, решаи он аз як ҳарф – «ӯ» иборат шудааст, ки он ҳарфи равии муқайяд аст. Калимаи «банд» дар ду мисраъи ин банд такрор шуда, радифи онро ташкил додаст. Ҳамин тариқ, дар ин мусаммати мусаллас ба ҷуз мисраъҳои якуму дуюми банди дуюм тамоми мисраъҳои дигар дорои радифанд, барои ҳамин, мо метавонем ин мусаммати мусалласро м у с а м м а т и м у с а л л а с и м у р а д д а ф номем.

Савол ва супоришҳо:

  1. Қофия чист?
  2. Маънои луғавӣ ва истилоҳии радифро гӯед.
  3. Муносибати қофия ва радиф дар чӣ зоҳир мешавад?
  4. Мураддаф бо радиф чӣ муносибат дорад?
  5. Ҳарфҳои асосии қофияро номбар кунед.
  6. Калимаи қофия ва решаи қофия аз кадом ҷиҳат аз ҳам фарқ мекунанд?
  7. Барои чӣ ҳарфи равиро аз ҳарфҳои асосии қофия медонанд.
  8. Тафовути қофияи муқайяд ва қофияи муталақро фаҳмонед.
  9. Байте биоред, ки дар он қофияи муқайяд омада бошад. Ю.Қофия ва радифи байти зеро ёбед:

Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ,

Чддал кардӣ, вафодорӣ накардӣ.

Ю.Вазифаҳои бадеии қофия ва радифро баён кунед.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …