- Мӯйҳоро зери сарбанд гиред ва манжетҳои остини либосро пӯшида, тугмаҳояшро ҳатман гузаронед.
- Дар хона фақат бо иҷозати калонсолон мошинаи дарздӯзиро истифода баред.
- Пеш аз кор бояд аз болои платформа асбобҳои нолозимро ғундоред: қайчӣ, ангуштпона, мурваттоб, равғандон ва ғайра.
- Аз назар гузаронед, ки сӯзанҳо бо мошин ва қисми лапка мустаҳкам бошад.
- Пеш аз дӯхтан дар мошинаи дарздӯзӣ бояд аз назар гузаронед, ки дар маснуот сӯзан ва сӯзанак мавҷуд набошд.
- Дар вақти кор дар мошинаи дарздӯзӣ сарро ба қисмҳои ҳаракаткунанда, навардҳои чархзананда, сӯзан, найчапуркунак, сарнавард (маховик), бисёр хам кардан мумкин нест.
- Ба пластика аҳамият диҳед, ки он пӯшида бошад. ҳангоми кор ба ҳолати даст назорат бояд кард то ба ангушт сӯзан нахалад.
- Панҷаҳои дастро ба лапка ва сӯзан наздик нагузоред, ҷойҳои ғафси маснуотро суст дӯзед.
- Дар вақти кор ба назди якдигар омада, ҳуши шахси коркардаистодаро гирифтан манъ аст ва ба якдигар предметҳои гуногунро дароз кардан маън аст.
- Мошинро дар ҳолати поён фаровардани пошно (лапка) набояд бе матоъ ба ҳаракат даровард.
- Махсусан ба қисмҳои муҳаррики мошин эҳтиёткорона муносибат кардан лозим аст, ки назди он қайчӣ, сӯзан дигар ашёро гузоштан нашояд.
- Ҳангоми истифодаи мурваттоб эҳтиёт бояд кард, ки нӯги тези он аз мурват ғеҷида дастро захмдор накунад.
- Ҳангоми ҳаракати мошин тоза кардани он манъ аст. Баъд аз равған молидани мошин набояд онро дарҳол кор фармуд.
Вобаста ба тарзи ҳаракати механизм мошини дарздӯз ба пой, дастӣ ва барқӣ ҷудо мешавад. Мошинаи дарздӯзӣ барои дӯхтани маснуот хизмат мекунад. Истифодаи мошинаи дарздӯзӣ кори дӯзандаро осон мегардонад, суръат ва сифати корро баланд мебардорад.