Главная / Маданият ва санъат / Қиссаи Зулқарнайн

Қиссаи Зулқарнайн

Зулқарнайн марде буд шуҷоъ, ки дар майдони ҷанг аз сармову гармо ва душвориҳои мухталиф ҳаргиз намеҳаросид ва ҳамчунин самти Ғарб пеш мерафт ва тамоми сарзаминҳоеро, ки аз онҳо убур менамуд, ба тасарруф даровард. Лашкариёнашро дўст медошт, ба онҳо бо меҳрубонӣ рафтор менамуд.

Зулқарнайн ба футўҳоти худ идома медод ва шабу рўз пеш мерафт, то ба чашмае расид, ки обу гилаш махлут буд. Пас чунин фикр кард, ки офтоб дар ин ҷо ғуруб мекунад ва дигар сарзамин нест, ки фатҳ бинамоям. Дар ин ҷо қавме зиндагӣ мекарданд, ки кофир будандва хунҳои якдигарро мерехтанд.

zulqarnaynЗулқарнайн ба онҳо гуфт: «Ҳар кадом аз шумо, ки даст аз аъмоли зишташон барнадорад, бо ин шамшер ба ҳисобаш мерасам. Он гоҳ шумо дар рўзи қиёмат низ дучори азоб, азоби дардноке мешавед. Вале ҳар кадом, ки роҳи хақро пеш бигиред, подоши накў дарёфт хоҳед намуд ва дар назди Худо низ азизу киромӣ ҳастед».

Мардуми сарзамин бо кўмаки Зулқарнайн афроди шоистае шуданд. Сипас лашкари худро ба сўи Машриқ пеш бурд ва тамоми сарзаминҳои воқеъ дар роҳи худро фатҳ кард, ки то ба ҷое расид мардумаш, ки дарахт надоштанд, то аз сояаш истифода бикунанд ва дар нодониву бадбахтӣ зиндагӣ мекарданд. Муддате дар он ҷо монданд ва онҳоро аз ҷаҳду бехирадӣ раҳоӣ бахшид. Пас аз он ҷо ба самти шимол ҳаракат кард то ба ҷое расид, ки дар ду самти он ду кўҳи баланд вуҷуд дошт ва қавме дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, ки забонашонро намефаҳмид ва бо қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷ ҳамсоя буданд.

Яъҷуҷу Маъҷуҷ мардуме фосиду ситамкор буданд ва зиёнҳои фаровон ба мардуммерасонданд. Он қавм вақте ҷалолу шукўҳи Зулқарнайнро диданд, аз ў хоҳиш карданд, ки садде миёни онҳо ва Яъҷуҷу Маъҷуҷ барпо бикунад, то эшон аз тарафи онҳо дар амон бошанд.

Зулқарнайн хоҳиши онҳоро пазируфт ва ба онҳо гуфт, ки абзори корро барояш муҳайё кунанд.

Қавм миқдоре бисёр оҳану мису чўбу ангиш фароҳам карданд ва алвоҳи оҳанро дар миёни кўҳ қарор доранд ва ангишту чўб атрофии он рехтанд то ба шакли садде маҳкам даромад, дигар Яъҷуҷу Маъҷуҷ қудрати онҳо надоштанд, ки аз онҳо садд бигузаранд ва қавмро азият бикунанд. Пас аз итмоми садд Зулқарнайн хушҳол шуджу гуфт: «Ин раҳмати бахшишест, ки парвардигор насиби шумо намуда буд, ки ҳар гоҳ худо ирода бикунад, ин садд вайрон хоҳад шуд. Пас худоро шукргузор бошеду дастуроташро итоат кунед!»

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …