Главная / Маданият ва санъат / Қиссаи Луқмони Ҳаким

Қиссаи Луқмони Ҳаким

Луқмон-ғуломе сиёҳ аз мардуми Будони Миср буд. Сураташ сиёҳ, вале қалбаш равон буд. Ҳаргиз дурўғ намегуфтва ба амонати кассе хиёнат намекард. Корҳоеро, ки худованд дастур дода буд, анҷом медод. Мардумро масхара намекард ва ҳаргиз касеро азият нанамуда буд. Ҳар вақт бекор буд, фикр мекарду дар муқобили ҳаводисе, ки ба пояш иттифоқ меафтод, шукри худоро мекард. Ду писари ў дар пешаш ҷон супурданд, вале ў ба шукри худо дигар коре накард. Ҳаргоҳ Сухане писандида мешунид, онро ба хотир месупурд. Бештар авқоти худро дар сўҳбат бо донишмандону фуқаҳо мегузаронид.

luqmoni-hakim

Рўзе гурўҳе аз фариштагон, ки Луқмон онҳоро намедид, ўро нидо доданду гуфтанд: «Эй Луқмон, дўст дорӣ ки худо туро дар замин ба хилофат баргузинаду ба мақоми пайғамбарӣ бирасӣ?» Луқмон гуфт: «Агар худо маро маъмур созад, вазифаамро бо ёрии ў анҷом медиҳам. Аммо агар дар қабули радди он ба манн ихтиёр бидиҳам, манн онро намепазирам». Фариштагон иллатро аз ў суол намуданд, дар ҷавобашон гуфт: «Паёмбариву раҳнамоии мардум вазифаест бисёр мушкил. Ва манн аз ин рў онро рад мекунам».

Фариштагон пас аз шунидани суханони Луқмон ба ақли рашидаш (расоят) офарин гуфтанд. Пас Худованд илму ҳикмати бисёр ба ў биомўхт ва ҳакиму донишманди бузург гардид. Мардум донишдўст гирдаш ҷамъ мешуниданд ва аз илми ў истифода менамуданд. Ў беш аз ҳама ба писари худ таваҷҷўҳ мекарду ба ў насоеҳи гаронбаҳое гуфтааст, ки барои тамоми мардум судманд аст.

Рўзе хоҷаи Луқмон иддае меҳмон дошт. Луқмон корҳои онҳоро анҷом медод, аммо дид, ки меҳионҳо забони худро ивази он ки дар дар роҳи илму дониш ба кор бибаранд, дар роҳи бадгўӣ ва ҳарфҳои зишт ба кор андохтанд.

Дар фикр буд, то онҳоро мутаваҷҷеҳи амали зишташон бинамояд, то ин ки хоҷа ба Луқмон гуфт: «АЗ беҳтарин аъзои гўсфанд ғизое бароямон дуруст кун». Луқмон аз дилу забони гўсфанд барояшон ғизое дуруст кард. Рўзи дигар арбоб ба Луқмон дастур дод, ки «Имрўз аз бадтарин аъзои гўсфанд ғизое бароямон омода кун».

Боз Луқмон аз забону дили гўсфанд барои онҳо ғизое фароҳам кард. Хоҷа бо тааҷҷуб пурсид: «Чӣ гуна мумкин аст, ки дилу забон ҳам беҳтарину ҳам бадтарин ғизо бошанд?!» Луқмон посух дод: «Агар инсон кинаи  дигаронро ба дил нагирад ва бо забон суханони зищт нагўяд, ин ду узв беҳтарин аъзои бадан ҳастанд. Аммо агар одам нияти бад дар дил дошта бошаду ба забон ҳарфҳои беҳуда бизанад, дилу забони ў бадтарин аъзояш мешавад».

Рўзе Луқмон савор бар асп шуду писараш пиёда дунболи ў роҳ мерафт, то ба деҳкадае расиданд. Мардуми деҳкада гуфтанд: «Ин мард чӣ қадар бераҳм аст. Худ савори маркаб шудаву тифли заифро пиёда гузоштааст».

Аз он ҷо, ки гузаштанд, писарро савор карду худ пиёда шурўъ ба роҳ рафтан намуд. Боз андаке онҳоро диданду гуфтан: «Ин мард писари худро тарбият накарда ва ба ў ёд надода, ки бояд пирамард савор бошаду ҷавон пиёда бошад».

Аз ин ҷо низ гузаштанд. Ин дафъа Луқмон ва писараш ҳар ду ба асп савор шуданду ба роҳ идома доданд. Ин бор низ мардуме, ки онҳоро диданд, гуфтанд: «Ин ду нафар чӣ қадар беинсоф ҳастанд! Фикр намекунанд, ки ин ҳайврни забонбаста хаста мешавад».

Луқмону писараш ҳар ду пиёда шуданду ҳамроҳи маркаб шурўъ ба рафтан карданд. Боз иддае, ки бар онҳо мегузаштанд, забон ба эътироз кушоданду гуфтанд: «Ин ду нафар чӣ қадар нодон ҳастанд. Аспро гузоштанду пиёда роҳ мераванд ».

Дар ин вақт Луқмон рў ба писараш карду гуфт: «Дидӣ, фарзандам, мо ҳар чӣ кардем, ки ба мо эрод нагиранд, нашуд. Пас инсон наметавонад, коре бикунад, ки ҳама аз ў розӣ бишаванд. Инсон бояд ба хотири ризои Худо кор кунад, на ба хотири мардум».

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …