Главная / Гуногун / ҚИССАИ КЎҲНА

ҚИССАИ КЎҲНА

Ашраф таги дарвозаи ҳавлӣ лаби ҷўи калон соатҳо ба об нигариста менишаст, раҳгузаронро, касе набошад, бо нигоҳи хеле сарду карахташ мегуселонид, на салом медоду на алек мегирифт, чашм намеканд, гўё чуқур ба фикр фурў рафта бошад. Сонӣ, ҷаҳида аз ҷо мехесту тозон ба хонааш, ки алоҳида аст, медаромад ва китоберо рўи даст гузошта тамошо мекард, чаппа ё роста, фарқ надошт, кушода худ ба худ дар нимторикӣ муддати зиёд мехонд, вале ҳеҷ не ки саҳифа гардонад.

Гоҳо бо оимҷорўб кўшиши рўфтан менамуд, ҳарчанд ҳавлӣ тозаву озода бошад ҳам, лаҳзае пас медидед, ки болои кундаи зардолу шишта мисраҳои подарҳаворо шунаво месароид. Гоҳо, одат дошт, беҳуда баланд-баланд механдид, сипас назди девор мерафту чизеро дарҳам-барҳам мешумориду мешуморид. Ва боз тозон ба хонаи худ ворид мешуд, қаламу қоғаз гирифта ба навиштан медаромад. Зоҳиран мактуб менавишт…

Дар ҳавлӣ падару модар, додару ҷиянҳояш нисбати рафтору нағмаҳои безиёни Ашраф кайҳо инҷониб унс гирифта, дигар мароқ зоҳир намекарданд, меҳмон бошад, аҳён-аҳён меомад ва он маврид дари хонаи Ашрафро аз берун қулф меовехтанд, то мабодо ба ҳайрат наоварад ё наҳаросонад…

Ашраф бист сол боз девона аст…

Муҳаббати нахустини худро ниҳон медошт. Метарсид, шубҳа вайро азоб медод, ки рафту рози дилаш фош шуда ҳамсоядухтар огоҳӣ ёбад, он рўз охирин рўзи ишқи аввалаш аст.

Ба ҳамсоядухтари зебову сиёҳчашм гоҳ аз паси девору гоҳ аз болои боми хонаашон ё дар саҳни мактаб дуздида-дуздида нигоҳ мепартофту… Вале чӣ илоҷ, ки ишқ аз ибтидои ибтидоҳо кадом дареро хоҳад ҳамонро мекўфтааст, фарқи шоҳу гадо, дорову камбағалро намеписандидааст.. Кай ба доми ишқ афтод, худи Ашраф хабар надошт.

Ҳамсоядухтар эркатулфори хонаводаи хеле пурдабдаба, аз ин рў эҳтирому обрўяш сохта, ҳавлии ҷавони ошиқ бошад, хоксортарин дар маҳалла, иборат аз чор девори похса, ду хонаву даҳлез, оғил, як порча замин, падари он хубрў нахустин духтури деҳа буду аз ҷавон бошад якумр хокрўбачини кўчаҳо…

Пас аз се моҳи хатми дабистон, мавсими тирамоҳ, овоне, ки тани танҳо лаззати дилбастагӣ, ширинии дарди ишқро мечашид, азоби раҳҷўиву интизориҳоро мекашид, Ашрафро ба хизмати ҳарбӣ хостанд.

– Писарам, – хоҳиш кард модараш, – бирав аз чашмаи деҳа об биёр, ба сафари дур меравӣ, бо дастони худат аз оби софаш бинўш, маззааш то дер дар хотират мемонад…

Чашма дар канори қишлоқ, каме поёнтар аз гулбоғи сердолу дарахт воқеъ буд. Ҳангоми бозгашт, сатилҳои пуроб дар даст, Ашраф миёни гулбоғ, зери дарахти сангсеб ҳамсоядухтарро дид. «Ё тавба! Худоё, ин магар атои тақдир аст?» Духтарак, ки аз дунёи пурэҳтироси Ашраф огоҳ набуд, саргарми себафшонӣ, додарчаи ҳафтсолааш мададгораш буд. Ашрафи дилсофу соддалавҳ, беҷуръатона сўи онҳо қадам зад.

– Монда набошед! – садо баровард вай.

Ҳамсоядухтар як қад парид, ходаи дарозу борики себафшонаш дар ҳаво муаллақ монд. Ба ҳайрат афтода надонист чӣ гўяд, нигоҳаш хушку холӣ буд.

– Ман пагоҳ ба хизмат меравам… дусола… шуморо сари роҳ дидаму…

– Ба ман наздик набиё! – ходаи себафшониро боло бардошт.

– Ман фақат хайрухуш кардан мехоҳам, – илтиҷоомез даст дароз намуд Ашраф.

– Ёрӣ диҳед! – ҳамсоядухтар ходаашро базарб сари Ашраф фароварду айни замон фарёд зад.

– Оҳ! – фурсат ёфт нидо барорад Ашраф, зеро ним ваҷабак нўги мехи хода ба фарқи сараш расида буд. Дигар ҳарфе нагуфт, даст бурда дид, ки хуншор аст. Ҳамсоядухтар мисли ҳайкал аз карда ба ҳарос омада, шах монда чашмонашро аз мехи зангзадаи нўги хода, ки хунолуд буд, канда наметавонист. Сатилҳои пуроби Ашраф ҳайрону бесоҳиб меистоданд.

Ду ҳамсинфаш ўро ба трактори раҳгузар савор карда сўи беморхона бурданд.

– «Ба об нафиристода ман мурам… Оби чашма ба танам заҳри қотил шавад!» – худро гунаҳгор дониста фиғон дошт модари зораш.

Зуд овоза паҳн шуд, ки Ашраф ба духтар дарафтодаасту… Бо вуҷуд, баъзеҳо маслиҳат медоданд, ки ҳамсоядухтари бераҳмро ба маҳкама кашад, то ки ҷазояшро бинад. «Ҷазои ўро худо диҳад». Хешро тасаллӣ медод модар, ки табиатан зани беозору бекина буд.

Бист рўз пас Ашрафро ба касалхонаи девонагон гузарониданд. Аввалҳо умед мекарданд, ки шифо меёбад…

Паи ҳам рўзу моҳу солҳо гузаштанд.

Модар дарун-дарун месўхт, шабҳо бесадо мегирист, дар саросари олам ўро ғамгусоре набуд…

Ҳамсоядухтар ду маротиба ба шавҳар баромад, вале сабабаш торик аст, бахташро ёфта наметавонист, ду кўдакаш аз падарашон зиндаҷудо мезистанд. Аммо ҳамсояаш Ашраф бист сол инҷониб гўшанишинӣ мекунад, он воқеаи кўҳнаи гулбоғро ҳоло касе ба ёд намеорад.

Фақат як одати Ашраф то ҳанўз маро сахт ба тааҷҷуб меандозад. Вай фаҳмида-нафаҳмида, дарк карда ё на «мактуб» менавишт, он пораи коғазро, ки ҳар навъ хатҳои каҷу килеби ҳарфмонанд дошт, нўги ходаи бепўстлохи бед мехалонду ба девор такя мекунонд. Аз хонаи ҳамсоядухтар сари ходаву «мактуб»-и Ашраф баръало ба чашм мерасид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …