Главная / Маданият ва санъат / Қиссаи фарзанди одам (Қобил ва Ҳобил)

Қиссаи фарзанди одам (Қобил ва Ҳобил)

Зани Одам обистар шуду Қобилу хоҳарашро зойид. Дар дафъаи дуюм низ, ки обистан шуд, Ҳобил ва хоҳарашро зойид. Ин чаҳор фарзанд дар паноҳи падару модари меҳрубон ва дилсўз кам-кам бузург шуданд. Қобил ба зироат машғул шуду Ҳобил чўпонӣ мекард. Духтарҳо ҳам зери назари модар корҳои хонадорӣ меомўхтанд., то ин ки бачаҳо бузург шуданд. Дар ин ҳангом Худованд ба Одам фармуд, ки васияти худро ба Ҳобил бисупорад. Зеро Ҳобил бо он ки кўчактар аз Қобил буд, аз бародараш оқилтару боимонтар буд.

qobil-hobil

Ҳобил фарзанде буд ҳарфшунав, ки эҳтироми падару модарро дошту фармони худованд ва онҳро қабул мекард, зеро медонист, ки парвардигор меҳрубону дилсўзи инсонҳост ва дастурҳои ў барои хушбахтии мардум аст. Аз ин рў гуфт: «Манн барои итоати фармони худо омадаам». Аммо Қобил, ки писаре буд бадахлоқ, фармони падару модарро итоат намекард, дар ин ҳангом ҳам аз фармони худо низ сар боз заду гуфт:

«Агар ин корро анҷом бидиҳед, Ҳобили бародарамро мекушам». Одам аз Худованд хост, то ўро дар ҳалли ин мушкил роҳнамоӣ бикунад ва нагузорад, ки ду бародар душмани ҳам бишаванд. Худованд амр фармуд, ки ҳар як писарон қурбонӣ пешгоҳи илоҳӣ тақдим бикунанд. Пас қўурбонии ҳар кас қабул шуд, ҳақ бо ўст. Ҳобил шутуре аз беҳтарин шутурони худро интихоб карду Қобил муште гандум, ки хеле ҳам хуб набуд, интихоб намуд ва барои қурбони омода шуданд.

Қурбонии Ҳобил қабул шуду қурбонии Қобил қабули илоҳӣ нашуд, зеро Ҳобил фармонбардори худованд буд, вале Қобил бо дастуроти парвардигор амал намекард. Қобил фарзанди ҳасуду кинаҷў, душмании бародарро дар дил гирифт ва мунтазири фурсате буд то ўро бикушад.

Ҳобил ба ў гуфт: «Эй Қобил, бародари азизам! Агар қурбонии ту қабул нашуда, тақсири манн нест. Гуноҳ аз ахлоқи худат аст. Ту агар фармонбардори худову падару модар бошӣ, худо низ туро дўст хоҳад дошт ва хоҳишҳоятро қабул хоҳад кард». Вале Қобил оқибат бародари худро кушт ва худро дар дунёву охиратбадбахт кард.

Қобил пас аз куштани Ҳобил намедонист, ки ўро дар куҷо пинҳон кунад, то ин ки худованд ду зоғро фиристод, ки назди Қобил машғули задухўрд шуданд ва пас аз ҷанги муфассале яке аз онҳо дигареро кушт. Сипас, бо нўлаш хоки заминро канду он зоғро зери хок пинҳод намуд. Қобил низ ёд гирифт, ки инсон пас мурдан ё кушта шудан бояд дар хок дафн бишавад.

Ҳобил аввалин кассе буд, ки дар рўи замин кушта шуд.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …