Главная / Гуногун / ҚИССАҲО АЗ «ДУРР-ул МАҶОЛИС»

ҚИССАҲО АЗ «ДУРР-ул МАҶОЛИС»

Сабаби чунон унвон гирифтани китоб ба ақидаи таҳиягари он ин будаст, ки «Сайф Зафари Бухороӣ, ки умре дар маҷлиси соликони дини худованди таъоло аз Қуръон маъонии (маъниҳои) бисёр иқтибос намуда ва ба тавфиқи Худои таъоло ҷамъ оварда, ин китобро «Дурр-ул-маҷолис» ном карда шуд, ки толибе ва дардманде, ки ба мутолаъаи ў бикшояд ва дар шунидани авсофи поки эшон ҷони ў биосояд ва дар он ҳол мискинро ба фотиҳа мадад намояд, то афви гуноҳон гардад ва ин китоб муштамил аст ба сиюсе боб…»

Ин китоб ҷуъқиссаҳо аз панду ҳикмат иборат Буда, инсонро ба адлу инсоф, некӣ кардан ба мардум, даст кашидан аз хислатҳои бади инсонӣ, дурўғгўӣ, кибру ғурур, беадолатӣ, беинсофӣ ва ғайра даъват менамояд.

Чанд порчаеро барои мутолиаи шумо пешниҳод менамоем. 

Дар манқабати амирулмўъминин имом Ҳасан ва Ҳусейн алайҳимоссалом ва

салавотуллоҳи алайҳимо ва он чӣ мутаалиқ аст бадон /Дуррулмаҷолис/

arabho

Оварданд, ки Муъовия дар ҷаҳон намонд, хилофат Язид гирифт ва он бадбахтро дар хотир афтод, ки Ҳасану Ҳусейн разияллоҳу анҳуморо ба макр аз миён дур кунам ва қуввати эшон бишиканам. Аврати золеро бар зани амирумўъминин имом Ҳасан фиристод ва гуфт: «Бирав, пайғоми ман бар зани Ҳасан бирасон ва бигў: давлати фарзандони Алӣ ба охир расид ва имрўз давлат ба ман аст. Ҳасанро аз худ дур кун, то ман туро дар никоҳ дарорам ва мукаррами ҳарами ман ту бошӣ».

Он нодони рўзгор ба ин фиреб мағрур гашт. Дар он рўз гармо сахт буд, дар вақти ифтори рўза дар қадаҳ заҳр таъбия кард, пеши амирулмўъминин имом Ҳасан биовард ва амирўлмўъминин Ҳасан онро бихўрд, ба муҷарради хўрдан заҳр дар кор шуд. Ҳафтод паркандаз ҷигар биафтод ва хун аз халқ мерафт. Он гоҳ гуфт: «Бародарам Ҳусайнро наздики ман биёред». Чун амирулмўъминин Ҳусайн /р/ биёмад ва ҳолати бародар дигар бидид, гирён шуд ва гуфт: «Эй бародар, ин макр ба ту кӣ кард?» Гуфт: «Бародар, Биё канор гирем. Ман аз он хонадон наям, ки ғаммозӣ кунам. Ҳукми худой дар ҳаққи ман бад-ин рафта буд, бад-он пайваст. Акнун ба ту васияти ман ин аст, дўстию шафқат аз фарзандони ман боз надорӣ, ки ятимон дилшикаста бошанд.

Ва баъд нақли маро дар равзаи ҷаддам баред, то баракати пайғамбари худои таъоло бар ман раҳмат кунад».баъд чанд сухани дигар гуфту калима бар забон рондва ҷон ба Ҳақтаъоло супурд. Ва шўр дар Мадина бархост, ки ёдгори Пайғамбар алайҳиссалом аз мо бирафт.чун барои ҷаноза рафтанд, як поя Ҳусайн биги рифт ва пояи дигар Муҳаммади Ҳанафия бигирифт. Хостанд, ки ба ҳазири Пайғамбар баранд.

Язиди бадбахт сари роҳи амири Мадина гирифт ва гуфт, ки нахоҳам Ҳасанро дар ҳазир дафн кунед. Касони амир даромаданд ва гуфтанд: «Мо раҳо намекунем, ки Ҳасанро дар ҳазираи расул алайҳассалом дароред». Ҳусайн ибни Алӣ хост, то бар эшон ҷанг кунад. Абдуллоҳи Масъуд даромад ва гуфт «Эй ёдгори Пайғамбар /с/, душманон қасди ту карданд, набояд, ки офате падид ояд. Амирулмўъминин Ҳасан ҳар куҷо, ки дафн хоҳанд кард, раҳмати худой бо вай аст». Он гоҳ, ба гўристони ғариб супурданд. Баъдаҳу зани амирулмўъминин Ҳасан бар Язид гуфта фиристод: «Маро дар никоҳ чаро намедарорӣ?» Язид гуфт: «Ба фарзанди пайғамбар вафо накардӣ, бо ман низ накунӣ». Он нодон ҳам шоҳзодаро ба бод дод ва ҳам ба мақсад нарасид.

Дуввум карат адоват бар амирулмўъмининиҲусайн баргирифт, аз ҷиҳати зан карда буд.

Оварданд, рўзе Муъовия бар Язид ағоз кард, ки ман чунин ранҷ ва машаққат дидам ва хилофат бар даст овардам аз баҳри ту. Ак-Нун, эй фарзанд, ҳеҷ рағбате ва орзўе дар хотир дорӣ, ки онро бар ту расонам. Гуфт: «Эй падар, Абдуллоҳ ибни Зубайр зани соҳибҷамол дорад, ки дар ин шаҳр ба ҷамоли он зан ҳеҷ намерасад ва орзўи ман он аст, ки ў маро бошад». Рўзи дигар Муъовия Абдуллоҳ ибни Зубайрро бихонд ва хилват бикард. Он гоҳ гуфт, ки «ту писари аммаи Пайғамбар ҳастӣ. Дар ҳаққи ту мехоҳам, ки лутф кунам. Духтар ба ту бидиҳам ва вилояти Миср ҳаволаи ту кунам». Абдуллоҳ ибни Зубайрро бад-он чизҳо фирефта карда, роҳ бибурд.

То рўзи дигар ўро бихонд ва гуфт: «Духтари ман мегўяд ман ҷамол надорам ва Абдуллоҳ зани саоҳибҷамол дорад. Ў агар ўро бигузорад ва ман дар никоҳи ў дароям». Абдуллоҳ ибни Зубайдарро рағбати вилояти Миср буд, филҳол занро талоқ гуфт. Баъд аз он Муъовия абдуллоҳро духтар надод. Чун аз ва йшунид, дилтанг бозгашт. Баъд Муъовия Мўсои Ашъариро талаб фармуд. Ў гуфт: «Ман туро баҳри ин хондаам, ки бар зани Абдуллоҳ бирав ва ўро ба ҷиҳати писари ман

Язид бихоҳ!» Абўмўсои Ашъарӣ тарафи хонаи ў равон шуд. Дар аснои роҳ Қосим ибни Аббос мулоқот гашт, гуфт: «Куҷо меравӣ?» Мўсои Ашъарӣ гуфт: «Пайғоми Муъовия ба ҷиҳати Язид бар зани Абдуллоҳ мебарам».

Гуфт: «Ў агар қабул накунад, пайғоми ман бигузаронӣ». Пештар шуд ва бо амирулмўъминин Ҳусайн ибни Алӣ мулоқот шуд. Имом Ҳусайн пурсид: ки «ё Мўсо куҷо меравӣ?» Гуфт: «Пайғом аз ҷиҳати Язид ва пайғоми Қосим ибни Аббос бар зани Абдуллоҳ мебарам». Шоҳзода гуфт: «Пайғоми ман ҳам бигўй».

Алғараз, наздики он зан Мўсои Ашъарӣ бирасид, дар ҷамоли ў назар кард, худ ҳам аз даст бишуд. Он гоҳ гуфт: «Чаҳор пайғом овардам». Зан гуфт: «Ҳар чаҳор бигўй». Аввал пайғоми худ бигуфт, баъд пайғоми Язид гуфт, баъд пайғоми Қосим ва баъд пайғоми ҳазрати Ҳусайн гуфт. Он аврат оғоз кард: «Ман ҷавон, ту пирӣ. Бо ту рост наояд, боқӣ маслиҳати ҳар се нафар ба дасти ту додам, ба ҳар кӣ бигўй, бигў. Мўсои Ашъарӣ гуфт: «Агар вилоят ва мулк хоҳӣ, Язидро бихоҳ ва агар ҷамолу асл хоҳӣ, Қосим ибни Аббосро бихоҳ. Агар дунёву охират хоҳӣ, Ҳусайн ибни Алиро бихоҳ».

Дар ин замон ин аврат гуфт: «Никоҳи ман бар Ҳусайн ибни Алӣ бихон, то тамаъи дигарон аз ман бурида гардад ва ман дар хонадони Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дароям». Баъди никоҳ Мўсои Ашъарӣ барои муъовия бирафт ва ин кайфият бигуфт. Муъовия оғоз кард: «Эй Мўсо, ман ўро ба ҳила аз Абдуллоҳ ибни Зубайр раҳо кунонида Будам, ту ба як соат кор зеру забар кардӣ». Язид ин хабар шунид, савганд бихўрд: Ҳар гоҳ ки мулк баъд аз падар маро даст диҳад, намонам, то сари Ҳусайн ҷудо накунам.

Ҳамон кард. Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салламро бар худ хасм гардонид. Ў кӣ буд, ки инҳо кунад, аммо ҳукми Худои таъоло бад-ин рафта буд…

Рўзе Пайғамбар /с/ нишаста буд, ки Муъовия ба хидмати Пайғамбар алайҳиссалом омад, он гоҳ фармуд, ки аз пушти ту фарзанде пайдо шавад, ки ў кушандаи фарзандони ман бошад. Муъовия гуфт: «Ё пайғамбари ман, дар ҷаҳон ҳеҷ писаре надорамва баъд аз ин савганд мехўрам, ки гирди аврат нагардам, то маро ҳеҷ фарзанде нашавад, ки бо фарзандони пайғамбар чунин бикунад. То шабе Муъовия аз хобгоҳ хост, то бавл кунад. Баъди бавл истинҷо ба девор мекард ва дар девор каждум буд, сари олати Муъовияро неш зад ва аз он дард Муъовия қарор надошт, то бар ҳукамои вақт ин кайфият бигўяд. Ҳукамо гуфтанд: «Наздикии аврат бояд кард, то заҳри олат рехта гардад, накў шавӣ». Муъовия дар хона расид ва ба модари Язид наздикӣ кард. Ҳам дар он соат Язиди лаъин дар шиками модар қарор гирифт.

То бидонӣ, ки ҳукми Худои таъоло расид ва балоҳо насиби дўтон гаштааст.

Пайғамбари моаз ҳама дўстони наздики Аллоҳ таъоло дўсттар аст, балоҳо насиби пайғамбар буд, дар дунё кам хушдилӣ доштанд ва аз ҷиҳати куффор чӣ ранҷҳо бар тани муборак расида. Ва аз ҷиҳати амирулмўъминин Ҳасан чанд карат шод буданд, ҳам аз он замон ба нохушӣ бадал карданд. Ва мўъминро бояд, ки дар мутобаъа Пайғамбар /с/ хушдил набошад. Чанд карат аз ҷиҳати амирулмўъминин Ҳусайн хушиӣ Пайғамбар ба нохушӣ мубаддал гашт. Чунон ки чун рўзи таваллуди амирулмўъминин Ҳусайн шуд, хабар карданд: «Ё расулуллоҳ, дар хонаи духтари шумо писар таввалуд шудааст.

Пайғамбар бархост ва дар хонаи духтар биёмад. Амирулмўъминин Ҳусайнро дар канор гирифт ва дар гўш бонги намоз бигуфт. Фариштагон аз Худои таъоло рухсат хостанд ва аз ҷиҳати муборакбодӣ бари Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам биёмаданд. Фаришта ба бозуи Ҷабраил нишаста, наздики Пайғамбар расид, нигоҳ дар вай бикард,ҳар ду бозўи фаришта сўхта аст. Ва Пайғамбар пурсид: «Эй бародарам Ҷабраил, ҳикмат чист ин фариштаро дар бозўи худ нишондаӣ?» Гуфт: «Ё набияллоҳ, ин фаришта дар ҷомеъи умри худ дар фармони Худои таъоло тақсире карда буд. Аз шуъмати он ҳар ду бозу сўхта гаштанд. Акнун аз Худои таъоло илтимос кардааст, то шуморо муборак кунад. Фармон шуд, ки Муҳаммад алайҳиссалом бирав ва бигў ҳар ду дасти Ҳусайн дар бозўи ин фаришта фуруд ор, то ба баракати дастҳои Ҳусейн ҳар ду бозўи фаришта неку шаванд. Чун ҳар ду дасти Ҳусайн ба ҳарду бозўи фаришта фуруд овард ҳар ду бозу некў гашт ва дар замон Фаришта парид.

Пайғамбар шодмон гашт. Рўй дар рўи Ҷабраил кард. Ўро ғамнок гашта бидид, пурсид: «Эй Ҷабраил, чаро андўҳгин менамоӣ?» Гуфт: «Ё Пайғамбар, ин фаришта, ки дар ҳаво шудааст, ба ҷуз як карат ба дунё наояд. Он рўз, ки фарзанди туро бикушанд ва сар аз тан ҷудо кунанд, он гоҳ илтимос кунад: «Ё раб, маро ба дунё фирист, то мо ҳам ба сари турбат биравем». Чун Пайғамбар ин суханро аз Ҷабраил шунид, дар хушӣ нохушӣ шуд. Дуввум карат меҳтар Ҷабраил ба хидмати Расул алайҳиссалом буд, меҳтар Ҷабраилро дар назар Ҳусайн даромад, аз канори Расул бархост ва дар канори меҳтар Ҷабраил бинишаст ва ҷониби ҳар ду остини меҳтар Ҷабраил медид. Расул алайҳиссалом бар Ҷабраил гуфт: «Эй бародар Ҷабраил, ту наздики ман ба сурати Диҳяи Калбӣ меоӣ ва Диҳяи Калбӣ, ҳар бор ки ба ман меояд, ба ҷиҳати он чизе меорад, баъд-ин хаёл остини ту мебинад. Ҷабраил гуфт:

«Пас ман ҳам биравам, чизе мева аз биҳишт биёрам». Ҷабраил аз Худо илтимос кард ва анор ба даст биоварданд аз биҳишт ва ба дасти Ҳусайн алайҳиссалом бидод, Ҳусайн онро бихўрд ва дили Пайғамбар шод шуд.

Ҷабраил гуфт: «Ё набияллоҳ, Ҳусайнро дўст медорӣ?» Гуфт: «Бале, ё ахӣ Ҷабраил, фарзандони мо ҷигаргўшаҳои мо ҳастанд». Риштаи сурх бар гардани Ҳусайн баста буданд, аз он хати сурх дар гардани Ҳусайн зоҳир шуда буд. Ҷабраил ба он хат менигарист ва сари худ меҷунбонид. Меҳтари олам гуфт: «Эй Ҷабраил дар гардани Ҳусайни ман чӣ менигарӣ?» Гуфт: «Ё набияллоҳ, рўзе бошад, ки дар дашти Карбало дар ин хат шамшер равад».

Меҳтари Сайди олам чун ин хабар шунид, нохуш ва гирёнтар гардид. Дигар, Пайғамбар алайҳиссалом аз намози ид бозгашт, дар хонаи Фотима омад, дид Фотима ғамгин шуда, об аз дида мерехт ва Расул фармуд:

«Чаро об аз дида кардӣ?» Гуфт6 «Ё пайғамбари Худо , имрўз ид аст ва ҷомаи Ҳасану Ҳусайн кўҳна шудаанд. Эшонро хотир қарор намебинам, об аз дида меояд». Расул салаллоҳу алайҳи васаллам гуфт: «Ё Фомита, дар ҳуҷраи худ дарой ва ҳар чӣ бинӣ онро берун ор». Фотима гуфт: «Ё падари ман, дар ҳуҷраи ман чизе нест». Расул алайҳиссалом гуфт: «Маро Ҷабраил хабар додааст ». Фотима дар ҳуҷра даромад, табақе дид симин ва ҳуллаи зарин бар он ниҳода.Фотима онро пеши Расул алайҳиссалом ниҳод. Пайғамбар дид, дар миёни он табақ ҳулла аст, якеро ба Ҳасан дод ва дуввумро ба Ҳусейн. Эшон гуфтанд: «Моро рангин мебояд ». Пайғамбар гуфт: «Ё Фотима, қадре бо биёр». Фотима разияллоҳу анҳо об биёвард. Пайғамбар ҳар ду ҳулла дар об бикард. Аз Ҳасан пурсид: «Туро чӣ ранг мебояд?» Ва аз Ҳусейн пурсид:

«Туро чӣ ранг мебояд?» Ҳасан гуфт: «Маро сабзранг мебояд». Ва Ҳусейн гуфт: «Маро сурхранг мебояд». Ва даст аз об берун кашид, ҷомаи сабз ба Ҳасан дод ва дуввум карат дасти муборак дар об бикард, ҷомаи сурх берун омад, онро ба Ҳусайн дод. Ҳар ду бародарон пўшиданд. Ҷомаи некў зебо буданд. Меҳтари олам дар рўи эшон медид ва шодмон гашта буд.

Меҳтар Ҷабраил алайҳиссалом гуфт: «Эй Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам. Чунончӣ ҷомаи сабз дар Тани амирулмўъминин Ҳасан аст, аз заҳр додан ҷумла андом сабз шавад. Чунончӣ, ин ҷомаи лаъл дар Тани амирулмўъминин Ҳусайн аст, ба хуни халқ, ҷумла андом сурх шавад». Чун ин бишунид аз меҳтар Ҷабраил алайҳиссалом пурсид: «Кушандагони фарзандони ман киён бошанд?» Ҷабраил гуфт: «Ё набияллоҳ, умматони ту бошанд». Пайғамбар гуфт: «Ман ҳаёт бошам ё на?» Гуфт: «Набошӣ». Гуфт: «Модару падар адар ҳаёт бошанд?» Гуфт: «Набошанд». Пайғамбар гуфт:

«Таъзияти ғарибони ман кӣ дорад?» Гуфт: «Ҷонварони биёбон ва мурғони ҳаво мотами эшон доранд ва умматони вафодори ту ҳар сол, ки ошуро ояд, зор-зор бигирянд ва мувофиқати ҳазрат рўза доранд».

Алғараз, чун Муъовия аз дунё бирафт, Язиди лаъини бадбахти дўзахӣ ба ҷои падар амир шуд, нома ба Мадина сўи Валид фиристод, ки Ҳусайнро дар байъати ман бихоҳ. Нома бар даст гирифт, дар масҷиди пайғамбар даромад, нома пеши амирулмўъминин Ҳусайн ниҳод. Амирулмўъминин Ҳусайн он бихонд ва дар хашм даромад ва гуфт: «Ман дар байъати ў чӣ гунна дароям, ў аҳли дўзах аст». Боз мактуби дигар ба Валид бо итоб фиристод:

«Ҳар гоҳ ки ин нома ба ту рассад, чунон кунӣ, ки сари амирулмўъминин Ҳусайн ҷудо гардонӣ ва наздики ман бифиристӣ». Валидро итоби Язид муққарар шуд, ки Ҳусайнро ҳалок кунад. Амирулмўъминин бар Валид гуфт: «Дар куштани ман тадбир чӣ кардӣ? Ҷадди ман маро хабар кардааст, ки Язиди лаъин аҳли нор аст». Он гоҳ Валид гуфт: «Шуморо ин шаҳр бояд гузошт». Ҳам дар ин буданд, номае аз Куфа ба сўи Ҳусайн расид. «Чунон кунед, ки бар мо биёяд, то ба ту байъат кунем ва туро аз дилу ҷон ёрӣ диҳем».

Чун ин нома бихонд, наздики Ҷадда Умм Салама биёмад, гуфт: «Эй модари ман, дар ҳаққи ман чӣ савоб бинӣ? Душманон қасди куштани ман

кардаанд, агар маслиҳат донӣ, бигў». Умм Салама гуфт: «Эй писар, туро

маълум нест, ки шаҳид шудани ту бад-он замин хоҳад буд, ки

Ҳақ таъоло он замин ба хуни фарзандони ту каромат кардааст». Пас Умм

Салама бархост ва дар ҳуҷра даромад ва шиша берун кашид ва чандон

гирист, ки беҳуш шуд. Амирулмўъминин гуфт: «Эй модар, чӣ дидӣ, ки

чандин мегирйӣ?» Гуфт: «Эй фарзанд, ту хурд будӣ ва дар канори сайиди

олам бозӣ мекардӣ, ҳам дар он соат меҳтар Ҷабраил дар расид, хоки замини

дашти Карбало овард ва гуфт: «Ҳар замон, ки ин ба ранги хун шуд, ҳамон замон бидонед, шаҳодати Ҳусайн наздик расид. Ҳазрати Мустафо он хокро ба ман дод ва худ ба меҳтар Ҷабраил машғул шуд. Чун аз Ҷабраил фориғ шуд, туро аз замин гирифта ба рўи ту бўса медод ва меҳтар Ҷабраил пурсид: «Ё расул, ин фарзандро дўст медорӣ?» Пайғамбар гуфт: «Ё ахӣ Ҷабраил, дўст медорам». Гуфт: «Умматони ту инро чунон бикушанд, ки қассоб гўсфандро кушад. Дигар,агар бигўӣ, хоки он замин ҳам биёрам, ки дар он Ҳусайни ту кушта хоҳад шуд».

Пас Ҷабраил дар дашти Карбало бирафт ва қадре хок биёвард ва ба дасти меҳтар олам алайҳиссалом бидод ва гуфт: «Ҳар гоҳ ки ин ҷо ба ранги хун шавад, куштани Ҳусайн наздик расад». Пас, Хоҷа маро бихонду гуфт: «Умм Салама, ин хокро дар шиша нигоҳ кунӣ, ҳар гоҳ, ки хок дар шиша ранги хун шавад, бидонӣ, ки шаҳодати Ҳусайн қариб расид». Ва имрўз дар шиша нигоҳ кардам. Хок дар шиша ба назари ман ба ранги хун омад. . Амирулмўъминин Ҳусайн чун ин шунид, гирён аз хона беру номад ва равзаи расул алайҳиссалом бирафту зиёрат бикард. Он гоҳ бигуфт, ки: «Эй ҷадди ман, умматони ту қасди куштани ман кардаанд». Ва равзаро дар канор гирифту дар хок рафт, ҷамоли ҷаҳонорои ҷадд дар хоб дид.

Фариштагон Ҷабраил Микоилу Исрофил алайҳимуссалом наздики пайғамбар ҳозир омаданд ва Сайиди олам Ҳусейнро дар канор гирифт ва мегуфт: «Эй ҷигаргўша, медонам, ки душманонро он чӣ дар ҳаққи ту андеша аст ва эшонро фардои қиёмат аз шафоати ман насиб нест ва туро наздики Ҳақ таъоло дараҷаи шаҳодат додаанд, то бад-он нарасӣ, шаҳид наварзӣ.

Дигар, эй фарзанд, биҳишт аз баҳри омадани ту биоростанд ва бародару падари ту бар хон мунтазири омадани туанд. Бар ин каромати абадӣ нарасӣ, то шарбати шаҳодат начашӣ».

Пайғамбар алайҳиссалом даст аз миён бардошт ва дуъо кард: «Бор худоё, Ҳусайни маро дар сабр бидор ва савобаш азим бидеҳ». Дар замон аз хоб бедор шуда, ба аҳли байт ин хоб гуфт,ҷумла дар гиря шуданд, зеро ки Расул алайҳиссаломро ҳамин фарзанд ёдгор монда буд. Боз куфиён номаи дигар фиристоданд, ки чунин кунед, ки дарҳол ва Замон биёед. . Амирулмўъминин Ҳусейн Муслим ибни Ақилро ба Куфа номзад карданд. Язиди лаъинро хабар шуд, то Муслим ибни Ақилро ҳам дар роҳ бигиранд ва ҳалок карданд. Ин хабар ба . Амирулмўъминин Ҳусейн расид, то ба аҳли байти худ роҳи Куфа гирифт. Язиди бадбахт шунид, ки ба Куфа омад. Абдуллоҳро бо дувоздаҳ ҳазор нафар савор кард, то оби Фуротро

бигиранд. Чун . амирулмўъминин Ҳусейн дар оби Фурот расид, пурсид: «Ин кадом замин аст?» Гуфтанд: «Ин заминро дашти Карбало мегўянд». Ва дар замон модауштури . амирулмўъминин Ҳусейн дар он бинишаст, ҳарчанд ки амирулмўъминин модауштурро ронд, ба ў ҷавоб гуфт: «Эй ёрон, бидонед, ки дар ин замин шаҳодат хоҳад шуд». Аз ёрон яке ба ҷиҳати хайма чўбе буррид, чун табар бар дарахт зад, хун берун омадан гирифт, ба ҳар дарахте, ки табар мезадӣ, хун ҷорӣ гаштӣ. Ба хидмати . амирулмўъминин ин кайфият гуфтанд:

«Ин мақоиест, ки ҷаддам хабар додаст, ки бар он мақом шаҳодат бошад, ки чунин аломат аз дарахт ба хок зоҳир шавад». Ва ҳар гоҳ равон шуданд, ҳарчанд мерафтанд, боз худро ҳам дар он мақом бидиданд, то ҳафт шабонарўз дар биёбон гуруснаву ташна гаштанд, халқе аз сиғори кибор, аз беобӣ ҳалок мешуданд. Амри Саид ном марде аз лашкари Язид ба лаби Фурот омада буд ва об банд карда, . амирулмўъминин Ҳусайнро гуфта фиристод, ки Язид чунин гуфтааст, ба ҳеҷ чизе машғул нагардӣ, то ин ки Ҳусайнро наздики ман наорӣ. Пас амирулмўъминин гуфт: «Шумо мешуносед, ки ман кистам ва падари ман кист ва ҷадди ман кист?» Гуфтанд:

«Падари ту Алии Муртазо аст ва модар Фотимаи Заҳро ва ҷадд Муҳаммади Мустафо аст». Ҳусайн гуфт: «Чандин медонед, пас чар обо ман маломат кунед? Фардои қиёмат ҷаддамро чӣ ҷавоб хоҳед дод?» Эшон ҷавоб гуфтанд:

«Эй Ҳусайн, аз ин бок надорем ва мехоҳем туро ба байъати Язид дарорем». Ҳусайн гуфт: «Вой бар шумо бошад, ки фарзанди Мустафоро дар фармони Язид чунин кунед. Албатта бад-он андеша нест, ҳамон шавад, он чӣ Худованди ман мехоҳад, аммо шуморо мегўям, ки маро об диҳед, то аҳли байти ман ҳалок нашаванд». Гуфтанд: «Эй Ҳусайн, имрўз сагон ва хуконро об диҳем, шуморо надиҳем».

Пас амирулмўъминин Ҳусайн рўй дар осмон кард ва гуфт: « Бор худоё, яке бало бар ин душманон фирист». Чун амирулмўъминин Ҳусайн алайҳиссалом муноҷот бикард, Ҳурр ном аз фавҷи эшон ҷудо шуд ва барии Ҳусайн биомад, истиғфоргўён бигуфт: «Эй фарзанди Мустафо, агар ман надонистаме, ки ин халқро ба ту чунин душманӣ аст, ҳаргиз намеомадам». Ҳусайн разияллоҳу анҳу пурсид: «Чӣ ном дорӣ?»

Гуфт: «Маро Ҳурр гўянд». Гуфт: «Ҳаром гардонад худо ба ту оташи дўзах». Ҳурр бар худ силоҳ устувор кард ва бар эшон пайваст. Аз ҷумлаи аввал чиҳил касро бияндохт ва баъзеро зери пои асп хаста гардонид. Он гоҳ ба шаҳодат расид. Аввал касе, ки ба шаҳодат расид, Ҳурр буд. Баъд Ансорӣ ном ҷавоне буд, бом одари худ аз сафи амирулмўъминин Ҳусайн ҷудо шуд ва бар душманон ба ҳарб пайваст ва бисёрро дар ҳалокат андохт….. Ва Амри Саид аз лашкари Язиди лаъин беру номад, бо ҷавон дар ҷанг шуд. Ҷун ба дасти Амри Саид кушта шуд, модар сари писар дар канор гирифт ва хок аз рўй пок мекарду рўяшро бўса медод ва мегуфт: «Эй фарзанд, некў саре, ки дар роҳи пайғамбар дарбохтӣ ва ба мақсуди абад расидӣ».

Он гоҳ модар бонг бар Амри Саид зад, ки «Истода шав, то инсофи фарзанди худ аз ту биситонам, ки ҷигаргўшаамро бикуштӣ ва дили маро кабоб кардӣ. Акнун марди ҳарби ту манам». Ин бигуфт ва ҳамла бар Амр кард ва захми гурз чунон бар сари ў бизад, ки сари ў ду пора гашт. Аз асп бияфтод. Зан ба ҷониби лашкаргоҳи амирулмўъминин хушдил шуда омад. Амирулмўъминин фармуд: «Эй модар, дили маро шод кардӣ, акнун бирав, дар миёни аҳли байти пайғамбар бинишин, ки ҷиҳод аз занон наомадааст».

Боз навбат ба навбат аз лашкари ҳазрати Ҳусайн берун мешуданд. Чунончи, хун дар замин равон гашт ва ҳаштод тан аз лашкари Ҳусайн ба шаҳодат пайваст. Қосим, писари амирулмўъминин Ҳасан ба Ҳусайн алайҳиссалом гуфт: «Дастуре бошад, то бо душманон ғазо кунам?» Боз Ҳусайн гуфт: «Ту хурд будӣ, вақти мавт падари ту маро гуфта, ки дасти шавқат ба фарзандони ман боз надорӣ. Ту чун пеши ман кушта шавӣ ва ту ёдгори бародари манӣ?» Қосим пои вай бўсид ва дастурӣ хост. Он гоҳ ҳар дуб о якдигар канор гирифтанд ва видои қиёмат бикарданд ва Рух ба маъракаи душманон ниҳод. Чун корзор бикард, ҳафтад касро ба дўзах фиристод ва чанд касон ба ҳалокат фитоданд. Он гоҳ аз лашкари Язид

марде бо ҳайбат берун шуд.Қосим ибни Ҳасанро шаҳид кард ва асп холӣ ба ҷониби лашкаргоҳи Ҳусайн боз омад, Ҳусайн аспи Қосимро шинохт. Наъраи бодард баровард ва аз мардону занон ғавғо баромад, гўё он рўз қиёмат қоим шуд.

Баъди замоне амирулмўъминин ба ҳуш омад ба аҳли байтро дилшикаста дид ва эшонро дилдорӣ мекард, ки ҷаддам дар ҳазрати Худо ҷон бохтааст ба фидои уммати худ гардонидааст. Акнун ҳеҷ касро дар ранҷ надорад ва ҳар чӣ ояд, бар ман ояд.

Амирулмўъминин Ҳусайнро писар буд, ўро Алиакбар мегуфтанд. Он гуфт: «Падар, имрўз ҳафт рўз аст, ки модари ман об нахўрад ва фарзанд ширхўра аст, аз ташнагӣ модарро шир хушк шудааст, агар дастурӣ диҳӣ,то  об биёрам, то модару тифл ҳалок нашавад, ё об биёрам, ё ман низ кушта шаывам». Амирулмўъминин Ҳусайн, чун ин сухан аз писар шунид, гирён шуд ва гуфт: «Эй писар, биё ва бобои худро канор гир».

Алиакбар падарро видоъ карда беру номад… Алиакбар наздики душманон расид, пурсиданд: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман аз хонадони Мустафоям, маро об диҳед, ки тифлони бе гуноҳ ҳалок мешаванд ва ё роҳ диҳед, қадри об баҳри эшон барам».

Ҷавоб доданд, ки «Имрўз об сагон ва хуконро бидиҳем. Шуморо надиҳем». Алиакбар, чун ҷавоб ин шунид, ғулғула баровад ва наздик сад касро ба дўзах расонид ва наздики падар омад ва гуфт: «Эй падар, ҷомаи тани ман аз ташнагӣ ва гуруснагӣ бар вуҷуди ман гаронтар гашта. Акнун ва навъе халқи ман тар шавад, димор аз душманон барорам, худ кунам он чӣ кунам, аммо, эй падар, бихоҳ аз Худои таъоло, ташнагии манн биравад. Ҳазрати амирулмўъминин чашм пуроб гардонид ва рўй сўй осмон кард ва дуо мегуфт, мустаҷоб намешуд. Он гоҳ гуфт: «Эй ҷигаргўша, дуои падарат мустаҷоб намешавад».Алиакбар аз падар ин маънӣ шунид, муштоқи нўши шаҳодат гашт, дуввум бор ҳамла чунон баргирифт,ки дусад нафарро зери теғ биовард ва ҳамлаи дигар панҷоҳ танро биандохт. Он гоҳ

марде аз лашкари Язид беру номад, бо Алиакбар дар ҳарб шуд ва Алиакбар аз дасти он малъун шаҳид шуд. Ба муҷаррад, ки аз пушти асп ҷудо гашт, овоз дод, ки эй балокашида, инак ҷаддам Мустафо шарбати об дод. Ҳеҷ об хуштар зи он набошад. Ту низ, эй падар, бишитоб ва ба шарбати таҳур бирас. Ин бигуфт ва ҷон ба ҳақ таслим кард.

Чун амирулмўъминин Ҳусайн дид, ки фарзанд шаҳид шуд, ба чашми гирён ва дили бирён монд ва модарро хабар шуд, гирён наздики. амирулмўъминин Ҳусайн биомад ва кўдаки ширхораро наздики амирулмўъминин Ҳусайн гузошт, гуфт: «Алиакбар шаҳид шуд, маро бисўхт ва дилро кабоб кард. Ин низ ширхора ҳалок мешавад, тавонӣ, як бор оби шарбат биёр, то ки тифл дар ҳалок наафтад». Чун Ҳусайн кўдакро бидид, андоми ў дар ларза афтод, он кўдакро пеши сина бигирифт, ба ҷониби об равон шуд. Наздики об душман буд, санге бар амирулмўъминин биандохт.

Санг ба кўдак расид, ҳам дар канораш ҷон дод ва насли амирулмўъминин Зайнулобиддин монд. Ў бемор буд. Дид, ки падар Алиасғарро дар пеши худ гирифта омад ва назар бикард, донист, ки ў низ шаҳид гашта. Пас амирулмўъминин Ҳусайн Алиасғарро дар пеши модар бимонд, фарёд аз аҳли байт баромад.

Баъдаҳу имом Зайнулбиддин аз хайма беру номад, наздики падар шуд, гуфт: «Эй падар, рухсат бошад, то ба душманон ҳарб кунам ва пеши ту ба шаҳодат бипайвандам ва бар ҷадди худ Мустафо саллаллоҳи алайҳи ва саллам бирасам». Ҳусайн гуфт: «Эй фарзанд, насл бурида шавад ва ба пайғамбар чӣ тавр рўй намоям ва шарманда гардем ва низ ёдгори манӣ». Он гоҳ Умм Кулсум дасти Зайнулобиддинро бигирифт ва дар хайма бурд.

Амирулмўъминин Ҳусайн бар аҳли байт видоъ кард ва ҷомаи Расулуллоҳ саллаллоҳи алайҳи ва саллам дарпўшид ва дастор бар сар баст ва Зайнулобиддинро дар канор гирифту ба Худой супурд ва гуфт: «Эй фарзанд, баъди шаҳодати ман нахоҳам, ки ба душманон ҳарб кунӣ. То аз авлоди ман фарзанде монда бошад». Ҳар як аҳли байт дар видоъи Ҳусайн ғиревҳо мекарданд ва мегуфтанд: «Аз фарзандони Расулуллоҳ ту будӣ, акнун бе ту мешавем».

Ҳам дар ин буд, ки фавҷи душман расид. Амирулмўъминин Ҳусайн танги асп маҳкам кард ва барнишаст. Дар ҳамлаи аввал майманаро бар майсара зад ва майсараро бар маймана зад, дусаду чанд касро бикушт. Аз он пас бетаъому беоб монда буд, замоне истода шуд, то қарор гирад. Аз қазои Худои таъоло душмане тир фиристод. Бар гулўи муборак расид.

Амирулмўъминин назар ба осмон кард ва гуфт: «Бор Худоё, дили душманон бар куштани ман омада карда, аз ту наметарсанд, аз Пайғамбари ту шарм намедоранд». Ҳафтод ҷои мубораки андоми амрулмўъминин маҷрўҳ карданд. Чун тоқат намонд, аз пушти асп бар замин афтод… Чандин ҳазорнафар, ки буданд, ҳеҷ касро заҳраи ин набуд, ки гирди амирулмўъминин ва аз ҳайбати он шерзода ҳар яке бар ҷои худ мутаҳайир монд.

Нигоҳ Шамири лаъин назди амирулмўъминин расид то сари муборак аз тан ҷудо кунад ва аз Язид хилъату инъом ёбад. Шамири лаъин аз асп фуруд омад ва бар сари амирулмўъминин нишаст ва теғ кашид, то сари муборак ҷудо кунад, қувват мекард ва теғ ҳеҷ кор намекард.

Ҳусайн гуфт: «Эй малъун, теғ дар гулўи ман кор нахоҳад кард, зеро ки ҷаддам Мустафо дар гулўи ман бўса бисёр додаст. Дигар, эй малъун, ту синаи худ боз кун, ки кушандаи маро ҷаддам нишонӣ додаст. Шамири лаъини бадбахт сина бикушод. Амирулмўъминин дар синаи ў нигоҳ кард ва бигуфт: «Рост гуфт, Пайғамбари Худо, ки кушандаи туро дар сина баёз ва доғи барас бошад. Пас, эй Шамири лаъин бар қафои сари ман теғ бирон».Он малъун ҳамчунон кард ва теғ паси қафо биронд, сар аз тан ҷудо гардонид, лаънатуллоҳи ало-лқавми-з-золимин. Ва дар ин соат аршу курсӣ ва лавҳу қалам, биҳищьу дўзах, осмону замин дар ларза шуданд ва рўшноии офтобу маҳтоб мағлуб гашт ва сангу кулўх дар шуданд ва ҷонварон, мурғон, оҳувон бачагони худро шир надоданд. Ва Тани шариф бесар афтод буд, чун шаби чаҳордаҳум метофт.

Дар хаймагоҳи Ҳусайн асп холӣ расид. Чун аҳли байт асп холӣ диданд, хун аз ҷигар боридан гирифт. Умм Кулсум мегуфт: «Ман бе фарзанд шудам». Шаҳрбону мегуфт: «Ман бе шоҳ шудам». Имом Зайнуллобиддин гуфт: «Ман бе падар шудам». Ва аҳли байти Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар гиряву зорӣ шуданд. Алғараз баъди куштани Ҳусайн дар лашкаргоҳ омаданд ва халқи амирулмўъминин бо ҷумла сӣ тан боқӣ монда буданд.

Шамири малъун сари амирулмўъминин Ҳусайнро пеши сарлашкар биовард ва гуфт: «Инак сари беҳтарини қавм овардам ва сарлашкар дўстдори хонадони набавӣ буд, аммо аз хавфи Язид зоҳир намекард. Фармони Язид расид: «Ҳар кӣ аз Ҳусайн мондааст, пиёда ва сарбараҳна равон кунанд».

Бештар аврат буданд, ҳамаро сару пои бараҳна равон карданд. Ногоҳ дар манзиле фуруд омаданд ва дар он ҷо роҳибе буд, лашкари Язид дид ва пурсид: «Эй лашкар, ба чӣ рафта будед?» Эшон гуфтанд: «Мо аз лашкари Язидем ва аз барои овардани набераи Расул алайҳиссалом рафта будем Акнун сари ўро буридем». Роҳиби тарсо чун ин маънӣ шунид, гуфт:

«Имшаб меҳмони ман бошед». Роҳиб эшонро шаробу таъом дод. Чун эшон маст шуданд, роҳиб гуфт: «Сари Ҳусайн ба ман диҳед, то некў нигоҳ дорам». Роҳибро сари Ҳусайнро доданд. Роҳиб сари амирулмўъмининро ба хона оварда медид, нуре аз сари мубораки эшон ҷудо гашт ва сўи осмон толеъ мешуд. Роҳиб дар тааҷҷуб монда, он гоҳ бархост ва ташт биёвард ва сарро бо гулоб бишуст ва атр молид ва бо зонуи адаб пеши сар бинишаст, бигуфт:

«Эй Саидзода, бо ҳумати ҷадди хеш бо ман ба Сухан дароӣ, ки дини ҷадди ту кадом аст, то ман бар он дин оям. Ин сари буридаба ҳукми Худои таъоло ба сухан даромад ва овози малеҳ бароварду гуфт: «Бигўй, ки Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун расулуллоҳ». Роҳиб бархост ва пеши сар мусалмон шуд ва ҳама шаб нахуфт.

Чун рўз шуд, эшон сари амирулмўъминро аз роҳиб хостанд. Роҳиб гуфт: «Сар надиҳам, то сари худ фидо накунам. Касе чунон кардаст, ки шумо чунин бар фарзандони Пайғамбар кардаед ва шумо уммати ў ҳастед. Аз меҳтар Исо суми хар монда буд, қавми ў онро дар зар гирифтанд, ки ин ҳам ёдгори Пайғамбари мост. Шумо чунин номеҳрубонӣ кардед». Ин сухан бигуфт ва бар эшон даровехт, сенздаҳ касро бикушт ва худ ҳам шарбати шаҳодат нўш кард. Сари Роҳиб бо сарҳои дигар ба Димишқ равон карданд. Язиди малъун шунид, ки сари Ҳусайн меоранд, шодмон шуд ва гуфт: табли шодӣ бинавозанд.

Марди мусулмоне буд дар Димишқ, ки ин воқеа шунид чандон гирист, ки аз гиря беҳуш шуд. Чун ба ҳуш омад, беруни шаҳр шуд. Аҳли нубувватро дид, ки сарбараҳна ва пиёда меоранд. Наздики аҳли байт шуда гуфт: «Вой бар касе, ки бар аҳли хонадони Расуллуллоҳ чунин ҷафоҳо кунад». Аҳли байт чун ин мардро меҳрубон дид, пурсид: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман дўстдори хонадони Пайғамбар ҳастам». Гуфтанд: «Чӣ ном дорӣ?» Гуфт: «Солеҳ ном аст». Гуфтанд: «Эй Солеҳ, моро фарёд рас, мо чанд рўз аст, ки об нахўрдаем,

ягон қадаҳ об бидеҳ, ҷигарҳои мо тар шаванд». Солеҳ бирафт, машк пуроб карда биёвард ва бихўрданд. Боз гуфтанд: «Сарҳои мо бараҳна аст ва назари золимон ба сари мо меафтад, пўшида гардон». Солеҳ дастори худро пора карда бидод то сарҳо пўшиданд ва Солеҳро дуо карданд. Сарҳои шаҳидон пеш бурданд ва чун ба шаҳр расиданд, Язиди лаъин гуфт: «Аз фарзандони Ҳусайн кӣ мондааст, эшонро пеш оранд ва дигаронро ба зиндон баранд».

Зайнулобиддин ва Зайнабро пеши Язид оварданд ва Язид аз ғояти хушӣ нишаста буд ва таъом мехўрд. Пас Зайнулобиддинро гуфт: «Чӣ гуна сахтӣ ва бало ба шумо расид?» Зайнуллобиддин гуфт: «Ҳеҷ касро мусибате нарасид, магар ба фармони Худои таъоло». Он гоҳ рўй ҷониби Зайнаб кард ва гуфт:

«Ман аз Мадина хурмои хуб овардам, ту мехўрӣ?» Зайнаб ки чанд рўз гурусна буд, гуфт: «Оре». Язид сраи амирулмўъмининро пеш ниҳод ва гуфт:

«Бихўр». Зайнаб сари падарро бишинохт ва дар гиря шуд. Бародар ва хоҳар ҳар ду гиристанд ва Язиди лаъини бадбахт чўбе бар даст гирифт ва бар Лабу дандони амрулмўъминин мезад. Ғуломе наздик истода буд, гуфт: «Эй Язид, чўб дар дандон мазан, ки Сарвари олам саллаллоҳу алайҳ ва саллам бар Лабу дандони ин чанд карат бўса додааст». Гуфт: «Ман ҳам аз душманӣ мезанам».

Чун ғулом ин сухан аз Язид шунид, даст бар теғ бурд ва бар сари Язид зад.

Аммо ҳукми Худои таъоло ба тақдири Язиди лаъин нарасида буд, ҳеҷ кор накард. Ғавғо бархост ва сӣ нафари Язидро ғулом бикушт. Он гаҳ худ кушта шуд. То модом ки Язиди нобакор дар ҷаҳон буд, ҳаргиз хушдил набуд ва мардуми дину дунё буд…

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

zolim

Хосияти дуои «Ҳабиб»

Агар касе дар дасти золиме афтад ва ин дуоро бихонад, халос шавад. Ва бо ҳар …