Главная / Илм / ҚИСМҲОИ СО MS DOS, ДРАЙВЕРҲО ВА ПРОГРАММАҲОИ РЕЗИДЕНТӢ

ҚИСМҲОИ СО MS DOS, ДРАЙВЕРҲО ВА ПРОГРАММАҲОИ РЕЗИДЕНТӢ

Қисмҳои СО MS DOS. Системаи оператсионии MS DOS аз қисмҳои таркибии зерин иборат аст:

 Системаи базавии дохилкунӣ-хориҷкунии информатсия (BIOS). Ин программа дар хотираи доимии компютер (ROM –

қead only memoқy) ҷойгир шудааст. Системаи BIOS амалиётҳои махсусро ба монанди – санҷиши дараҷаи ба кор омода будани қисмҳои компютер (тестгузаронӣ), ба хотираи фаврии компютер ҷеғ задани дигар қисмҳои системаи MS DOS, иҷро намудани амалиёти универсиалии дохилкунӣ-хориҷкунии информатсия аз клавиатура, дискҳо ва экран иҷро менамояд.

 Оғозкунандаи кори DOS. Ин программаест, ки дар сектори якуми диски системавӣ ё винчестер ҷой дода шудааст. Вазифаи асосии ин программа – ба хотираи фаврии компютер

(RAM) ҷеғ задани файлҳои Io.sys ва Msdos.sys мебошад.

  1.  Файлҳои Io.sys ва Msdos.sys. Ин файлҳо файлҳои асосии системавӣ ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо программаҳои асосии системаи оператсионии MS DOS навишта шудаанд, ки онҳо дар каталоги решавии диски системавӣ ҷой дода мешаванд.
  2.  Программаи Command.com. Ин программаро протсессори командавӣ ё иҷрокунандаи командаҳои истифодабарандаи компютер меноманд.
  3.  Утилитҳои система. Утилитҳо программаҳоянд, ки онҳоро системаи MS DOS барои иҷро намудани командаҳои беруна истифода мебарад.
  4.  Драйверҳои қисмҳои компютер. Драйверҳо программаҳои махсусанд, ки онҳо фаъолияти ин ё он қисми ба компютер пайваст бударо идора менамоянд. Дар раванди ба кор омода гаштани системаи MS DOS, драйверҳо ба хотираи фаврии компютер дохил карда шуда, то итмоми кори система дар он ҷо боқӣ мемонанд. Номи драйверҳо дар файли Config.sys ба қайд гирифта мешаванд.

Драйверҳо ва программаҳои резидентӣ. Драйверҳо ва программаҳои резидентӣ имкониятҳои системаи MS DOS-ро зиёд менамоянд. Онҳо корҳоеро ба субут мерасонанд, ки системаи MS DOS онҳоро бевосита иҷро карда наметавонад.

Драйверҳо барои ба системаи компютерӣ ҳамроҳ намудани таҷҳизоти нав ё барои ба таври ғайристандартӣ истифода бурдани таҷҳизоти мавҷуда хизмат мерасонанд.

Ҳамин тариқ, драйверҳо программаҳои махсусе мебошанд, ки фаъолияти кории ин ё он қисми ба компютер пайвастбударо таъмин ва идора менамоянд. Масалан, драйвери Himem.sys имконият медиҳад, ки системаи MS DOS хотираифаврии компютерро пурратар истифода барад. Драйвери Keybrd2.sys бошад, имконият медиҳад, ки аз клавиатура ҳарфҳои алифбои русӣ дохил карда шаванд.

Барои ба кор даровардани ягон программа, он ҳатман ба хотираи фаврии компютер ҷеғ зада мешавад. Пас аз итмоми кори программа бошад, онро системаи MS DOS аз хотираи компютер хориҷ менамояд. Баъзе программаҳо ҳамин тавр сохта шудаанд, ки пас аз итмоми корашон низ қисман ё пурра дар хотира боқӣ мемонанд. Ин намуди программаҳоро программаҳои резидентӣ меноманд. Масалан, қабати программавии Norton Commanderпрограммаи резидентӣ ба шумор меравад.

 Саволҳо:

  1. Системаи оператсионии MS DOS аз чанд қисм иборат аст?
  2. Функсияҳои BIOS кадомҳоянд?
  3. Драйвер гуфта чиро мефаҳмед?
  4. Барои чӣ баъзе программаҳоро программаҳои резидентӣ мегўянд?

 Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Номи қисмҳои MS DOS ва вазифаҳояшонро мухтасар дар дафтаратон нависед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандҳои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабҳои пайдоиши онҳо. Ба мо маълум …