Главная / Биология / Қатори ширхӯрҳоӣ ҷуфтсум

Қатори ширхӯрҳоӣ ҷуфтсум

Қатори ширхӯрҳоӣ ҷуфтсум – ба зерқаторхон кафшакунандаю кафшанакунанда ҷудо мешаванд. Аҳли сум, ё ки ангуштҳои онҳо 2 ё 4-тоӣ мешавад ва ҳаряк ангупташон ғилофак дорад. Он ғилофаки сум дар вақти давидан ангуштро аз зарбёбӣ муҳофизат мекунад.

Ба ҷуфтсумҳои кафшанакунанда хук, баҳмут дохил мешаванд. Хуки ёбоӣ дар ҷанубии Осиё. Африка ва Америка вомехӯрад. Баҳмут бошад, ҳайвони бараҳнапӯст буда, ҳаёташро дар оби кӯлу дарёҳо мегузаронад. хӯрокаш растаниҳои обӣ аст. Он бештар дар қисмхои тропикии Африка зиндагӣ карда, баъзан ба хушкӣ мебарояд.

bahmut

Ба гурӯҷи чуфтсумҳон кафшакунанда чорвои калоии шохдор ва бузу гӯсфандон дохил мсшаванд. Яке аз аҷдоди онҳо барзагови ёбоӣ турҳо мебошанд, ки дар даштҳои ҷанубӣ зиндагӣ мекарданд, вале 300 сол пеш онҳо нобуд шудаанд. Хӯроки ҳайвоноти кафшакунанда пас аз он, ки дар даҳон хоидаю майда карда мешавад, аз сатҳи дандон ба шикамбаи калон дохил шуда, азтаъсири бактерияҳою дигар микроорганизмҳо қисман ҳазм мешавад. Пас хӯрок аз шикамба ба «курта» («ҳазорхона») мегузарад. Дар Вақти кафша кардан хӯрок аз шикам ба сари халқ ба шакли луқмаҳои хурду калон фурӯ рафта, аз нав ба даҳон бароварда мешавад. Дар ин ҷо хӯрок аз нав хоидаю фурӯ дода мешавад.

Мо зотҳои кафшакунандаи чорвои калони шохдорро ба се гурӯҳ (сершир, сергӯшт ва серширу сергӯшг) ҷудо мекунем, ки то 600-800 кг вазн дошта, сол то 4-5 ҳазор литр шир медиҳанд.

Аз зотҳои гӯсфандоми романовӣ, сигей, қароқӯлӣ, ҳисорӣ, алисвй маҳсулоти гӯшт, равған, пашм, пӯст гирифта мешаванд.

Лос ҳайвони калони ҷангалӣ аст, ки дар Аврупои Шимолӣ ва Сибир зиндагӣ мекунад ва бо чор суми пояш аз болои барфу ботлоқ ба осонӣ гузашта метавонад. Лосҳои нар шохи шохрондаи устухонӣ доранд. Шохи кӯҳнаашон ҳар тирамоҳ меафгад ва баҳор ба ҷойи он шохи нав мебарояд. Шохҳои сабзидаистода бо пӯсту мӯй пӯшида шудааст.

Гавазнҳо дар тундра ва бешатундра зиндагӣ карда, дар тобистон алаф ва зимистон ушна мехӯранд. Дар cap шохҳои серпанҷа доранд. Онҳоро барои гирифтани гӯшт. шир ва пӯст, инчунин савор шудан, чанакашӣ парвариш мекунанд. Ғайр аз ин дар солҳои охир аз шохи гавазнҳо шарбати пантокрин мегиранд, ки он доруи қувватбахш барои калонсолон мебошад. Иичунин ба чуфтсумҳо заррофа, антилоп, оҳуи хол-хол, шутур дохил мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

1385625

Фоидаи алоқаи ҷинсӣ дар чист?

Алоқаи ҷинсӣ ба як қатор ҳолатҳо фоида дорад, ки номгӯи онҳо инҳоянд: Таъби инсонро хуш …