Главная / Биология / Қатори пулакчадорон – калтакалосҳо ва морон

Қатори пулакчадорон – калтакалосҳо ва морон

Пулакчадорон гурӯҳи калоии хазандаҳои ҳозира буда, 5 ҳазор намуд доранд, дар ҳамаи китъаҳо паҳн шуда, ҳаёти гуногун ба cap мебаранд. Ба ин қатор калтакалосҳо, хамелеонҳо ва морҳо дохил мешаванд. Бадани ҳамаашон бо пулакчаҳои шоҳини гуногунхаҷм пӯшида шудааст. Ин катор ба се зерқатор ҷудо мешаванд. Перпигология як шохаи илми зоология буда, хазандаҳоро меомӯзад.

а) Зерқаторн калтакалосҳо. To ҳол 2500 намуди чунин калтакалосҳо маълум аст. Бадаии ҳамаи онҳо аз гардан, бадан ва дум иборат аст. Пойҳои пеш ва ақибашон нағз таракқӣ кардааст, ки ба он баданашон такя мекунад. Дар байни ин намуди ҳайвонҳо калтакалосҳои бепой ҳам ҳастанд. Ба он морҳо, веретенитсаҳо мисол шуда метавонанд. Ҷоғи болоии калтакалосҳо беҳаракат буда, ба устухони косаи сарашон часпидааст.

Дар калтакалосҳо холати думпартоӣ нағз аён аст. Думашон баъди партофтан аз нав барқарор мешавад, вале устухонбанди устухонӣ надоранд.

 

Расми 21. Намудҳои гуногуни хаэандаҳо 1 Тимсоҳи хитоӣ: 2. Саргирдаки қумзор; 3. Сантушти моргардан; 4 Калтакалоси зиндазоӣ; 5. Калтакалоси сабз; 6. Калтэкалсси заҳрдандон: 7 Калтакалоси дарозпоӣ; 8. Тирмор; 9. Мори обӣ; 10. Мори афъӣ; 11 Мори айнакдор; 12. Мори буғма.
Расми 21. Намудҳои гуногуни хаэандаҳо
1 Тимсоҳи хитоӣ: 2. Саргирдаки қумзор; 3. Сантушти моргардан; 4 Калтакалоси зиндазоӣ; 5. Калтакалоси сабз; 6. Калтэкалсси заҳрдандон: 7 Калтакалоси дарозпоӣ;
8. Тирмор; 9. Мори обӣ; 10. Мори афъӣ; 11 Мори айнакдор; 12. Мори буғма.

Намудҳои зиёди калтакалосҳо бештар дар тропика паҳн шуда, қисми камашон дар минтақахои мӯътадилу хунуктар зиндагӣ мекунанд.
Калтакалосҳо дар кӯҳҳои баландиаш то 4 ҳазор метр ҳам вомехӯранд. Баъзе Намудҳои калтакалос ҳаёти нимрӯидарахтӣ ба cap мебаранд. Дар муҳити об бошад, намуди ниҳоят ками калтакалосҳо зиндагӣ мекунанд, вале ҳангоми тухмгузорӣ ба хушкӣ мебароянд.

 

Расми 22. Хазандаҳои Тоҷикистон
Расми 22. Хазандаҳои Тоҷикистон

Геккоиҳо намудҳои хурди калтакалосмонандҳо буда, шабгард мебошанд. Онҳо ба симчӯб, девор, дарахт, санг часпида мебароянд. Рӯзона гекконҳо дар таркишхои девор, зери пӯстлох, дар қабати қуму хокҳои нарми гарм ё зери сангҳо пинҳон мешаванд. Гекконҳо дар биёбонҳои гарм, дар тропикаю субтропнкаи ҳар ду нимкураи Замин васеъ паҳн шудаанд, бештар дар Қрим, Доғистон, Закавказе, Осиёи Миёна, Қазоқистон вомехӯранд.

Яке аз намудҳои он геккони туркисгонӣ ном дорад, ки дар Тоҷикистон низ ҳаст. Вай калтакалосчаи шабгарди хокисгарранг буда, рахҳои сиёҳи кӯндаланг дорад. Чашмони ӯ пилки ҳаракат надорад, бинобар ин доимо кушода буда. мижа намезанад. Геккони туркистонӣ дар ҷойҳои аҳолинишин, дар ҷариҳои хокӣ, дар болои харсангхо дучор мешавад. Вай дар ғори гамбускхо, дар таркиши девору харсангҳо паноҳ шуда, дар ҳамин ҷойҳо дар охири моҳи май 2-3 тухм мегузорад, ки баъди 2 моҳ геккончаҳо аз тухм баромада, дар яксолагиашон болиғ мешаванд. Вай ҳаргуна тортанак, каждум, ҳазорпо, малаху магасро мехӯрад ва ҳайвони фоиданок мебошад.

8. Саргирдаки гӯшдор. 9. Сипартумшуқи заҳрдор; 10. Агамаи кӯҳй; 11. Бузмак
8. Саргирдаки гӯшдор. 9. Сипартумшуқи заҳрдор; 10. Агамаи кӯҳй; 11. Бузмак

Агамаҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ба калтакалосҳои хурду миёна баробар буда, дум ва панчаҳои дароз доранд. Онҳо ҳаёти рӯизаминӣ ва дарахтӣ мегузаронанд. Агамаҳо бештар дар биёбону кӯҳу ҷангалҳои Африка, Осиё, Австралия вомехӯранд. Дар Осиёи Миёна агамаи даштӣ зиндагӣ мекунад, ки 25-35 см дарозӣ дорад. Дар кӯҳҳои Доғистон агамаи кавказӣ, дар биёбонҳои қуму регзори Осиёи Миёна агамаи лӯндасари думкачак ҳаст, ки аз тарс даҳонаш то баногӯшаш кушода мешавад. Дарозиаш 6-8 см аст. Дар Австралия калтакалоси ҷомадор ҳаёт ба cap мебарад, ки дар ду тарафи гарданаш пӯсти изофаи васеъ дорад. Вай дар Вақти тарс ва ё ба хашм омадан мисли чодар пӯсти изофаашро мебардорад. Дар ин Вақт чашмхои калон, даҳони кушода, дандонҳои сӯзанмонанди тагу болояш намоён мешавад.

Дар нишебихои серсанги Тоҷикистон агамаи кӯҳиро (туркистониро) баҳору тобистон дидан мумкин аст. Вай то 32 см дарозӣ дошта, тану сараш каме паҳн аст. Дар тахтапушташ як тасмаи бо пулакчаҳои хурду калон пӯшидаи равшан дорад. Пулакчаҳои думаш халкашакл аст. Дар рӯйи гардани наринааш ҳангоми ҳаяҷон доғҳои сиёҳу норинҷии сурхтоб дам ба дам пайдо шудан мегирад. Онҳо дар зери сангу тарқишхои дарахтон паноҳ ёфта, дар ҳавои салкин ба офтобрӯя мебароянду сарашонро бардошта, ором меистанд. Хӯрокашон тортанак ва ҳашарот буда, ҳамроҳи хашарот гулу баргро ҳам фурӯ мебаранд, аз ин сабаб баъзеҳо онро алафхӯр мегӯянд. Вай дар баҳор 2-3 тухм мегузорад, ки аз он моҳи сентябр агамачаҳо баромада, кирмак ва мӯрчаҳоро хӯрда калон мешаванд. Дар каторкӯххои ҷанубии Точикистон ва дар Помир агамаи ҳимолой ҳаст.

Дар нимбиёбонҳои Тоҷикистон агамаи даштӣ зиндагӣ мекунад, ки бо думаш якҷоя 25-30 см дарозӣ дорад. Ранги баданаш аз боло хокистарранги зардтоб буда, ба дарозии тахтапушташ доғҳои кабуд дорад. Ин доғҳо дар калтакалоси наринаи агамаи даштӣ ба қадри калон шудан нест шуда, дар модинааш боқӣ мемонад. Агамаи даштӣ кобилияти ранги пӯсташро дигар кардан дорад. Масалан, ранги пӯсти агамаҳои нарина аз таъсири шаҳват кабуди баланд шуда, ранги думашон зардтоб мешавад. Агамаи даштӣ дар нимбиёбонҳои регзор, гилзор, сангзор ва бештар дар чойҳои сердарахту буттазор, инчунин дар найзорҳои наздикии об вомехӯрад. Онҳо дар ғорҳо зимистонро гузаронда, бахорон (дар аввали моҳи март) аз ғор баромада, рӯзона дар ҷустуҷӯи хӯрок мешаванду шабона боз ба ғор бармегарданд. Агамаи даштӣ хараки хокӣ, тортанак, ҳашаролу кирминаи онҳоро хӯрда фоида мерасонад. Ин ҳайвон аз охири апрел то аввали июл дар чуқурчаҳои 3-5 см, ки худаш мекобад, 2-3 маротиба аз 5 то 14 тухм мегузорад. Баъди 50-60 рӯз аз тухм агамачаҳои 3-3,5 см баромада, баъд аз 2 сол 6-7 см шуда болиғ мегарданд.

Дракони паррон дар Осиёи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Вай аз як дарахг ба дарахти дигар то ба 20 м масофа ҷаҳида метавонад.
Игуанҳо қариб 300 намуд дошта, калтакалосҳои калон ба шумор мераванд. Дарозии баданашон то 1,5 м буда, ба агама монанданд. Онҳо дар қисми ғарбии нимкураи Замин зиндагӣ карда, дар кӯҳҳо, ҷангалҳо, биёбонҳо ва ҳатто дар об вомехӯранд. Игуанҳо бо роҳи тухмгузорӣ ва зиндазоӣ афзоиш мекуианд. Гӯшт ва тухми онҳоро одамон мехӯранд.

Дукшаклон (калтакалосҳои бепой). Ин гуна калтакалосхо дар Америкаи Шималию Ҷанубӣ, Аврупо, Ҷанубу Шарқи Осиё вомехӯранд. Дар ҷангалзорхси аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ калтакалоси дукшакли оддӣ ва шикамзард-бахтур ҳаёт ба cap мебаранд. Онҳо зиндазой буда то 1 м дарозии бадан доранд. Баҳтурро шикамзард ё «мор»-ҳои зард ҳам меноманд, ки дар асл калтакалоси бепой буда, дар Тоҷикистон ҳам вомехӯрад. Тани моршаклаш 90-100 см дарозӣ дорад. Сари он нӯгборики сегӯшанамо, пӯсташ аз ду паҳлӯи тана то мақъадаш чиндор аст. Ранги бадани он бештар сурхи баланд ё ҷигарӣ мешавад. Баҳтури ҷавон хокистарранг буда, рахҳои холи сиёҳ дирад. Баҳорон ӯ ба рӯйи замин баромада моҳи апрел дар ифтоб гарм мешавад ва дар вақти гармии офтоб ба ғораш медарояд. Баҳтур бепой буда. дар рӯйи замин печу тоб хӯрда, хазида роҳ меравад. Вайро саҳван мори безаҳр ҳам меноманд.

Баҳтур дар майдоии ҳамвор ҳаракат карда, дар рӯйи алафзор тезтар мехазад. Хусусан аз баландӣ ба нишебӣ тирвор меравад, ки одам онро намеёбад. У дар доманаи кӯҳҳои Тоҷикистон ва минтакаи ҷангалӣ талу теппаҳои сералаф худро мисли моҳӣ дар об ҳис мекунад. Баҳтур бештар балғамшуллуку ҳар гуна ҳашарог, калтакалосча ва мушҳои хурдро дошта мехӯрад. Arap муши калонро дорад, аввал ба он печ хӯрда, карахт мекунад ва баъд онро якбора фурӯ мебарад. Вай дар ғор, дар таркишҳои мувофик 8-10 тухм мегузорад ва моҳи июл-август аз онҳо бахтурчахо баромала, ҳар гуна кирмакҳои ҳашаротро мехӯранд. Бинобар ин баҳтур калтакалоси фоидарасон ҳисоб мешавад.

Баҳтурҳои нисбатан калон дар Қрим. Кавказ, Осиёи Миёна вомехӯранд. Калтакалосхои заҳрдандон пойҳои кӯтоҳ, думи паҳни кӯтоҳ дошта то 60 см дарозии бадан доранд. Дандони заҳрӣ доштани онҳо аломати худмудофиакунии онҳо мебошад. Заҳраш барои одам ҳам хатарнок аст. Намояндагони он танхо дар Мексика ва ҷазираи Калимантан зиндагӣ мекунанд.

Савол ва супоришҳо:
1. Дар бораи қатори пулакчадорон ва зерқатори калтакалосҳо, гекконҳо ва агамаҳо маълумот диҳед.
2. Дар хусуси дракони паррон ва дукшаклон (калтакалосҳои бепой) мисол оред.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …