Главная / Ҷамъият / Куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ «из»-и ҲНИ баръало мушоҳида мешавад

Куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ «из»-и ҲНИ баръало мушоҳида мешавад

Агар мо ба тарзи содир шудани ҷиноят таваҷҷуҳ намоем, дар назари аввал чунин менамояд, ки ин кори дасти гурӯҳи террористии Давлати исломӣ аст. Аммо ин фиреби назар аст ва ин ҷиноят амали ноҷавонмардонаи ТТЭ Ҳизби наҳзат аст. Ин «из» барои мақомоти Тоҷикистон бисёр хуб ошност. Чун аъзои ТТЭ Ҳизби наҳзат он қадар ҷиноят содир кардаанд, ки «из»-и онро  шинохтан мушкил нест.

thumbnail-tw-20180731114522-4877

Ин ҳодисаи нангин ҷомеаи Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор қарор дод ва дар зеҳни онҳо саволҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Барои посух ёфтан ба суолҳои зиёди пайдогашта хабарнигори АМИТ «Ховар»  Ҷасур АБДУЛЛО бо муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ   ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Сабаб ва ҳадафи аслии ба чунин ҷинояти бераҳмона даст задани ин гурӯҳи ҷинояткор чӣ бошад?

Зубайдулло Давлатов: Пеш аз ҳама, латма задан ба нуфузу эътибори Тоҷикистон ва ҳамчун кишвари ноамн муаррифӣ кардани он – дигар хел арзёбӣ кардан душвор аст. Гузашта аз ин, ташкилкунандагони ин ҷиноят бо ҳар роҳ мехоҳанд аз худ дарак диҳанд, ки ҳоло ҳам фаъол ҳастанд. Бо ин роҳ назди хоҷагони хориҷиашон «ҳисобот» медиҳанд, ки «бинед, пуле, ки шумо медиҳед барои содир кардани чунин ҷиноятҳо сарф шуда истодааст».

АМИТ «Ховар»: Вазорати корҳои дохилӣ расман эълон кард, ки куштори сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб кори дасти аъзои ТТЭ Ҳизби наҳзат аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таълимоти идеологӣ, ҳарбӣ — диверсионӣ гирифтаанд. Созмони Site Intelligence Group хабар дод, ки гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти ин куштори ваҳшиёнаро ба уҳда гирифтааст. Шумо чӣ фикр доред, ин ҷинояти ваҳшиёнаро кӣ метавонист фармоиш диҳад ва содир кунад?

Зубайдулло Давлатов: Агар мо ба тарзи содир шудани ҷиноят таваҷҷуҳ намоем, дар назари аввал чунин менамояд, ки ин кори дасти гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» аст. Чун аъзои ин ташкилоти террористӣ дар давлатҳои Аврупоӣ, аз ҷумла дар Франсия, Германия, Белгия маҳз аз ҳамин шева истифода мебурданд ва бо мошин болои тӯдаи одамон ҳаракат карда, амали террористӣ содир мекарданд. Аммо, ба андешаиинфиродии  ман, ин фиреби назар аст, чун гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Тоҷикистон заминаи қавӣ надорад. Онҳое, ки аз Тоҷикистон рафта, ба ин гурӯҳи террористӣ шомил шуда буданд, ё пушаймон шуда омаданд ва  ё ҳалок  гардиданд. Имрӯз шумораи ками онҳо мондаанд, ки, фикр мекунам, барои содир кардани чунин ҷиноят дасташон кӯтоҳӣ мекунад. Ин ҷиноят бештар ба кори дасти ТТЭ Ҳизби наҳзат шабоҳат дорад. Ҳусейн Абдусамадов — роҳбари гурӯҳи ҷиноятие, ки сайёҳони хориҷиро ба ҳалокат расонд, худ эътироф кардааст, ки ба аъзои ТТЭ ҲНИ Носирхӯҷа Убайдов, бо лақаби «Қорӣ Носир» итоат мекард ва супоришҳои ӯро иҷро менамуд. Қорӣ Носир дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад.

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» бо он мақсад масъулияти ин амали ҷиноятиро ба зимма гирифт, ки мехоҳад бо ин роҳ аз худ бори дигар дарак диҳад. Ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрду имкони муқобилиятро аз даст дод. Акнун мехоҳад, ки масъулияти ин гуна амалҳои ҷиноятиро ба зимма гирифта, вонамуд созад, ки ҳоло ҳам қуввату қудрат дорад. Тафтиши амалҳои ҷиноятие, ки қаблан дар кишварҳои дигар рух дода буданд, собит сохт, ки ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ҳамаи онро содир накарда будааст, балки баъзеи онро барои «рекламаи сиёҳ»-и худ ба зимма гирифтааст.

Аммо ин маънои онро надорад, ки ДОИШ барои Тоҷикистон умуман хатар надорад. Тавре аз маълумотҳои нашрнамудаи КДАМ маълум гардид, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳоло ҳам «ячейкаҳои хуфта»-и ин гурӯҳи террористӣ мавҷуданд, ки ҳар лаҳза метавонанд аз худ дарак диҳанд ва амали террористие содир намоянд. Махсусан, фазои маҷозӣ (интернет), ки назорати он мушкил аст, ҳоло ҳам осебпазир мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон соли 2009 аз ҷониби аъзо ва роҳбарони собиқи ХНИ амалиёти террористӣ анҷом дода шуд. Пас аз 9 сол боз як ҷинояти ваҳшиёна содир карда шуд, ки ВКД онро кори дасти ТТЭ ҲНИ эълон кард. Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ бо банди терроризм ва одамкушӣ боз намуд. Пас аз омӯзиши ҷиноятҳои солҳои пеш содиркардаи аъзои ТТЭ ҲНИ оё дар куштори сайёҳони хориҷӣ «из»-и ошноро метавон мушоҳида намуд?

Зубайдулло Давлатов: Ин «из» барои мақомоти Тоҷикистон бисёр хуб ошно аст. Чун аъзои ТТЭ Ҳизби наҳзат он қадар ҷиноят содир карданд, ки «из»-и онро  шинохтан мушкил нест. Наҳзатиҳо аз соли аввали ташкили ҳизбашон ҷинояту ҷинояткориро пешаи худ карда буданд. Пас аз ҷиноятҳои тӯлонӣ, вақте Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири сулҳу осоиштагии давлат бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин созиш кард, наҳзатиҳо мансаб гирифтанд, ба сарватҷамъкунӣ машғул шуданд, аммо боз ба аҳдшиканиву ҷинояткорӣ даст заданд. Амалҳои террористии водии Рашт, ки 25 сарбози бегуноҳ ва ҷавони тоҷик кушта шуд, кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2015 ва инак қатли бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ дар Данғара. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар амали террористӣ ва даҳшатоваре, ки рух дод, кори дасти наҳзатиҳо буд ва ҳамеша мақомот инро бо далелҳои раднашаванда собит менамуданд. Аммо наҳзатиҳо ҳеҷ гоҳ ба зиммаи худ намегиранд, ки ин амалҳои террористиро содир кардаанд. Аъзои худи ҳамин ҳизб эътироф карданд, ки бо супориши кӣ ва чаро чунин амалҳои террористӣ содир карданд. Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз  саркардаҳои  наҳзатиҳо эътироф кард, ки аз кадом давлат ва барои чӣ пул мегирад. Аммо онҳо ҳамаи инро рад мекунанд, зеро дар ягон гӯшаи дунё террорист намегӯяд, ки ман террористам.

АМИТ «Ховар»: Куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ то кадом андоза ба шинохти ТТЭ Ҳизби наҳзат аз ҷониби давлатҳову ташкилотҳои хориҷӣ таъсир мерасонад?

Зубайдулло Давлатов: Сафорати ИМА дар Душанбе ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбӣ ба ҳодисаи дар ноҳияи Данғара рухдода миннатдорӣ баён намуд. Давлатҳои аврупоӣ ҳам дида истодаанд, ки Тоҷикистон барои ошкор кардани омилони ин ҷиноят иқдоми ҷиддиро рӯйи даст гирифтааст. Ҳатто худи Сарвари давлат муҳтарам Эмомал Раҳмон  таҳқиқи ҳодисаро шахсан  зери назорат гирифтаанд. Ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ шинохтани Ҳизби наҳзат аз ҷониби давлатҳову ташкилотҳои хориҷӣ масъалаи замон аст. Давлатҳои хориҷӣ ниҳоят дарк мекунанд, ки ТТЭ Ҳизби наҳзат нерӯи созандаи мухолиф набуда, ба содир кардани чунин ҷиноятҳои мудҳиш қодир аст.

АМИТ «Ховар»: Аз ҷинояти ваҳшиёнае, ки дар Данғара рух дод чӣ панд гирифтан мумкин аст?

Зубайдулло Давлатов: Ин воқеа нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар самти кор бо ҷавонон камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Зеро содиркунандаи ин куштор аксаран ҷавонони 19-21-солаанд. Ҷавонон қувваи ниҳоят бузурганд, ки истифода аз онҳо осон аст. Онҳо дар ҳама давру замон нерӯи аслии ҳар гуна табаддулотҳо буданду ҳастанд. Бо ҷавонон ба таври ҷиддӣ ва доимӣ бояд кор кард. Шурӯъ аз мактаб то донишгоҳу берун аз он.

Ҷавонон бояд бо шуғле фаро гирифта шаванд. Вақте онҳо бекор мемонанд, ба ҳар гуна роҳҳои хато мераванд. Дар Душанбе майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ бисёранд. Аммо дар ноҳияҳо ин гуна шароит ҳоло фароҳам оварда нашудааст ё хеле кам аст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи май дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид карда буданд ва ба роҳбарони вазорату идораҳо, дигар мақомоти  дахлдор ва соҳибкорони маҳаллӣ супориш доданд, ки дар шаҳру деҳоти кишвар  бунёди   иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо  вусъат бахшанд.

Воқеан ҳам, иддае аз соҳибкорону саховатмандони мо имрӯз бештар ба сохтани масҷиду туйхонаву  тарабхонаҳо рӯ овардаанд, аммо ба марказҳои илмию фарҳангӣ таваҷҷуҳи кам доранд. Ҷавонони навоҳии ҷумҳурӣ аз театр, китобхона, кинотеатр дуранд. Мо бояд ба ин паҳлӯи масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем ва корро пурзӯр кунем.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли равон гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашина дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони ИМА, Швейтсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз Кӯлоб ба Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Пас аз пахш кардан бо мақсади куштан, бо олотҳои халандаю бурранда ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон задаанд. Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ: Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз — шаҳрвандони ИМА, Воке Рен Виллем — шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус -шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар- Ким Айрис ва Дименд Мари Клер — шаҳрвандони Швейтсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Ҳамон замон ба таври фаврӣ Ситоди байниидоравии махсус аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои ошкор кардани ин ҷинояти ваҳшиёна таъсис дода шуд. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, кофтукови ҷинояткорон оғоз гардид. Ситоди мазкур дар муддати кутоҳ шахсияти ҷинояткоронро муайян намуд. Ҳангоми боздошт ҷинояткорон ба кормандони мақомоти интизомӣ муқобилият нашон даданд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо безарар карда шуда, панҷ нафари дигар боздошт гардиданд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …