Главная / Гуногун / Қасас-ул-анбиё – Хабари ҳиҷрат фармудани Муҳааммад /с/

Қасас-ул-анбиё – Хабари ҳиҷрат фармудани Муҳааммад /с/

Овардаанд, ки чун хабари меъроҷ ба атрофу акнофи Араб интишор ёфту аксари аҳли Араб ва ғайра имон оварданд, ҳиқду ҳасад ба дили қудуратманзили мушрикони араб шўълаангез кардан гирифт. Лиҳозо ба изорасонии он ҳазрат /с/ мустаъидду омода шуданд. Дар ин асно Ҷабраил /а/ аз ҳазрати Раббулиззат даррасида фармуд, ки Худои таъоло баъди салому тўҳфаи дуруд фармудааст, ки аксари ёрони худро ба сўи Мадина бифирист. Он ҳазрат /с/ ҷумла ёрон, мисли Мусъаб ва Ибни Умм Мактум ва Ибни Масъуд ва Аммор ва Билол ва Саъд ва ғайра сиву шаш кас саҳобӣ разияллоҳу анҳумро ба ҳузури хеш талабида, ҳамроҳи амирулмўъминин ҳазрати Ҳамза ва ҳазрати Умар разияллоҳу анҳумо ба сўи Мадина равона фармуд ва мунтазири ваҳйи сонӣ мебуд.

Дар ин асно Абўаҳли лаъин бо кофирони Макка муттафиқ шуда, барои куштани он ҳазрат машварат мекард. Дар он ҳин шайтон алайҳиллаъна ба сурати пире воридашон гардид, бонге дурушт ба қиёси марди бегонае боғаммоз бар заданд. Гуфт: “Ё хоҷагон, ман марде сокини Наҷдам, мехоҳам, ки ба тадбири шумо ёр шавам ва молу касони бештар дорам”. Пас Иблис алайҳиллаънаро ба миёни худҳо ҷой дода, шарики машварат карданд. Минбаъд Абўҷаҳл пурсид, ки дар ҳаққи, ки Муҳаммад /с/ чӣ гуна тадбире соиб андешӣ? Гуфт, ки эй Абулҳакам, дини падаронатро такзиб карда, дини дуруғи худ бо ҷоду ҷорӣ кардан мехоҳад.

Ту ҳокими Макка ҳастӣ ва хешовандон низ бисёр дорӣ. Агар ҳамаро ҷамъ карда сари Муҳаммад /с/ бибурӣ, чӣ кабоҳате лозим ояд? Абўҷаҳл ин маънӣ писандида бигуфт, ки эй ёрон олъон ёрони ў ба Мадина рафтанд. Кори ў тамом кардан мушкиленахоҳад буд. Иблиси лаъин гуфт: «Ансаб он аст, ки ҳар гоҳ ба бистари хеш бахуспад, бояд ки шахсе танҳо рафта, сари ў бурида биёрад, то фитна бедор нахоҳад шуд».

Алҳосил, ҷумла ёрон биписандиданд. Абўҷаҳл гуфт: «Эй ёрон, имшаб сари ў Буридан зарур ва лобудаст». Ин бигуфту бист каси ҷаррору ҳушёрро барои он кори сутург муқаррар кард. Дар ин асно Ҷабраил /а/ даррасиду гуфт: «Ё расулаллоҳ /с/, имрўз ба маҳфили Қурайш ҳамчунон гуфтугў шудааст, ки имшаб ба вақти хоб сари ту ҷудо созанд. Ва ҳукми Борӣ бад-ин гунна ҷорӣ шудааст, ки Алӣ карамаллоҳу ваҷҳаҳуро ба хобгоҳи хеш хобонида, Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуро ҳамроҳ карда, аз Мака ҳиҷрат фармуда, ба Мадина ташриф бибарӣ. Албаттта, аҳди Мадина ҳомию мададгори ту хоҳанд шуд. Ва низ истиқомати ту дар он ҷо қарор хоҳад ёфт ва ҳама кори ислом ба анҷом инсиром хоҳад гардид».

Пас он моҷароро аз Абўбакри Сиддиқ разияллоҳ анҳу баён фармуд, чун шаб омад, Алии Муртазоро ба бистари худ хобонда, бо Абўбакри Сиддиқ, разияллоҳу анҳу аз Мака ҳиҷрат фармуд. Ин моҷаро ба таърихи ғурраи моҳи рабиулаввал шаби шанбе, баъди нубуват сездаҳ сол ва баъди меъроҷ ҳашт моҳ воқеъ шуда буд. Дар он ҳин умри шарифаш панҷоҳу се сол гашта.

Ва он бист касс, ки Абўҷаҳли лаъин муайян карда буд, ҳасби иғвову машварати Иблис, ки худро муширу мусоҳиби Абўҷаҳл намуда буд, ба гирди хонаи он ҳазрат /с/ ҳуфия муҳосира намуданд. Аллоҳ таъоло хобро барояшон чунон мусаллат гардонид, ки ба рафтани он Ҳазрат /с/ чизе маълу накарданд.

Баъд аз замоне Иблис аз хоб бедор шуда гуфт, ки Муҳаммад гурехтааст. Пас он бист кас теғ овехта давон-давон ба хобгоҳи он Ҳазрат /с/ рафта, Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳуро хуфта ёфта пурсиданд, ки Муҳаммад куҷо аст? Фариуд, ки намедонам манн. Пас маъюс шуда, пеши Абўҷаҳл омада, баён карданд. Иблис алайҳиллаъла гуфта, ки ман ба илми худ кардааст, биёбед.

Пас ҳама Қурайш ба иттифоқи якдигар ба хонаи Абўбакр /раз/ дархазида биҷустанд, наёфта таъоқубкунон равон шавед, то ба ғори кўҳи Атҳал, ки манзили гурезгоҳи худ кардааст, биёед. Пас ҳама Қйрайш ба иттифоқи кдигар ба хонаи Абўбакр /раз/ дархазида биҷустанд, наёфта таъоқубкунон ба сўи Мадина равон шуданд. Пас Ҷабраил ҳозир шуда гуфт: «Ё Муҳаммад /с/, қарайшиён ба қасди ту»

меоянд, бояд ки дар ғори Атҳал пинҳон шавӣ”. Он ҳазрат /с/ бо Абўбакр /раз/ дар ғор пинҳон шуда, дарҳол анкабуте луоби даҳони худ бар он ғор танид ва кабўтаре омада, болои он луоби танида байза андохт ва Ҷабраил /а/ хокистару хошок бар он пошид.

Пас, он бадхоҳон дар кўҳи Атҳал даррасида талошу тафаххус мекарданд. Иблис хост, ки ба сурати одами баромада нишони он Ҳазрат /с/ дар он ғор диҳад. Ҷабраил /а/ онро аз пари худ кашида, ба дарёи Муҳит андохт. Чун муттасили он ғор расиданд, кабўтаре аз он ғор бипарид. Чун кабўтаре байзаву луоби танидаи анкабут, ки хошоку хокистар дар он олуда буд, бидиданд, боз муроҷиат карданд. Ва он Ҳазрат /с/ се рўз дар он мақом ташриф медошт. Ва гуфтанд. ки ҳар гоҳе, ки андаруни ғор рафтанд, он ҳазрат /с/ ба саҷда дарафтоду Абўбакри Сиддиқ медид, ки аз ҳар чор тарафи он ғор сурохҳои мору ғайра музиёти бисёр аст.

Пас ҷомаву дастори хешро пора мекард ва дар сўрохҳо мениҳод, ҳатто ки сивои шалвар ҷумла порчаҳо харҷ шуд. Магар бинобар набудани порча сўрохие масдуд нашуда буд ва қазоро море заҳрдори хунхор хост, ки аз он сурох берун ояд. Ногоҳ назари Сиддик. (р) бар ў афтод, Филҳол кафи пои мубораки худро ба даҳони ғор ниҳода, омаданаш масдуд кард ва он мор пояшро бигазид ва заҳраш ғалаба карда ларза-андомаш бар афтод.

Магар пои худро мисли сутун коиму қарор медошт. Чун он ҳазрат /с/ аз намоз фориғ шуд ба мушоҳидаи он ҳол сабаб пурсид аз Сиддик, (р) он моҷароро. Фармуд, ки пои худро аз даҳони сурох берун каш. Чун пой баркашиду роҳи сўрох кушода шуд, он мор аз сурох берун омада гуфт: “Ё расулиллох, Абўбакри Сиддик, (р) аз истехсоли саодати қадамбўсиат монеъам шуда, бино бар ин ба пояш газидам”. Ин бигуфту имон оварда ва қадамбўсӣ карда ба сурохии худ бозрафт. Пас он Ҳазрат /с/ се бор он заҳрро макида бузоқ барандохт (туф кард).

Ҳақ таъоло филфавр шифои комил бар ў арзонӣ кард. Рўзи чаҳорум он Ҳазрат /с/ аз ғор берун омада, ба иттифоқи Сиддиқ (р) ба сўи Мадина равон шуд. Дар ин асно Абўҷаҳл хатте пеши Сароқа Ҷаъшами Канъонӣ бад-ин мазмун бинавишт, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аз ин ҷо гурехта меравад, пеши ман бифиристед. ‘Пас Сароқаи Ҷаъшам ба талоши бисёру тафаххуси бешумор дарёфта, найзаи худро ба дасти рост бигардонида хост, ки пеши он Ҳазрат /с/ ояду бигирад. Ба қазои илоҳӣ замин аспашро фурў гирифт. Сароқа донист, ки Муҳаммад Мустафо саллоллоҳу алайҳи ва олиҳи содиқу рост аст.

Узр бихост ва иқрор кард, ки ё Муҳаммад саллоллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, маро озод кун, туро нахоҳад гирифт, балки душманонатро аз роҳ, навъе ки тавонам, бигардонам. Он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам фармуд: «Ё замин, бигузор ўро!», пас замин ўро бигузошт, то равон шуда ҳар киро аз душманони он Ҳазрат /с/ меёфт, мегуфт, ки ман аз он тараф талош карда меоям, то ба гуфтаи ў мардум бозмегардиданд.

Чун он Ҳазрат ба Куроъ-ул-амин расид, Баридаи Асламӣ ном сардор он ҷо ба фавҷе касир ба истиқбол омада, маъа ҳамроҳиёни худ аз ҳафтсад касс имон овард. Ва намози мағриб он рўз бо як касс гузорида буд, ба вақти ишо бо ҳафтсаду ду касс гузорид. Пас, аз он ҷо равона шуда, ба таърихи шонздаҳуми моҳи рабиъулаввал , рўзи Душанбе ба Қарияи Қабо расида, мардумони он ҷоро даъвати ислом кард, то аксари мардумон бигаравиданд. То чаҳор рўз дар он мақом сукунат карда, сипас Саъду Муъоз /раз/ ва сардорони ансори аҳли Мадина разияллоҳу анҳум хабари он Ҳазрат /с/ ёфта ба истиқбол даромаданд ва ҳазрати Умар ва Ҳамза ва ғайра саҳоби разияллоҳу анҳум ба ҳзури пурнур расида ба саодати мулозамат мустафид гардиданд.

Ва ба таърихи бистуми моҳи рабиулаввал ба рўзи ҷумъа ба Мадинаи мунаввара дохил шуда, ба хонаи Абўайюб /раз/ тарҳи байт андохта, вассалам.

Супориш ва саволҳо

  1. Муносибати ҳазрати Муҳаммад ба яҳудиён чи гунна буд?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …