Главная / Маданият ва санъат / Порчаҳо аз «Қисас-ул-анбиё»

Порчаҳо аз «Қисас-ул-анбиё»

Қасос-ул-анбиё барои ҳар як хонанда китоби ҷолиб аст. Дар ин китоб қиссаҳо аз зиндагии пайғамбарон ва наздикони эшон ҷамъ оварда шудаанд. Асар баробари қимати таърихӣ доштан саршори панду андарзҳои тарбиявию ахлоқӣ низ мебошад. Инак порчаҳое аз он:

Зикри рўзи валодати он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳа ва олиҳи ва саллам

qasos-ul-anbiyaОварданд, ки рўзи он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳа ва олиҳи ва салам таввалуд гашт, шаби рўзи Душанбе таърихи 12 шаҳри рабиъулаввал буд. Ва Омина – хотун аҷабҳое, ки дар шаб мушоҳида карда буданд, бад – ин ваҷҳ нақл фармудааст, ки гоҳе, ки ман ба дарзи зодан афтодам, танҳо ба хона Будам. Нигоҳ бонги бузурге аз осмон шунида битарсидам ва мутаҳайире бимондам. Баъдаҳу чунон дидам, ки мурғе биёмад ва пари худ бар сари ман бимолид, то он тарс аз дили ман ббирафт. Пас ширинӣ пеши ман ҳозир омад, бардошта бихўрдам. Пас нуре дидам, ки аз ман ба осмон дар пешуд. Баъдаҳу занони баландболо дидам.

Ба дил гуфтам: «Магар духтарони Абдулманофанд». Ба дил хуш шуда, гуфтам: «Маро фарёд расид, ки корам сахт шудааст». Пас дидам, ки духтарони Абдулманоф нестанд, балки аҷнабиан. Лекин ба наздики ман омада тамаънинат ва тасалӣ доранд. Ман баъд донистам, ки биби Осия ва Мариям разияллоҳу анҳумо ҳурон ҳамроҳ гирифта ба ҳукми худои таъоло ба таҳниятам омаданд. Овозе шунидам, ки ин писарро аз чашми мардумон нигоҳ дорад. Пас мардумонро дидам, ки ибриқҳои самин ба даст гирифта, дар ҳова истодаанд ва арақҳои хушбўтар аз мушку анбар ба ман оварданд. Ва мурғонро диданд, ки омадаанд, валекин надонистам аз куҷо меоянд.

Пас андаруни ҳуҷраи ман омаданд ва минқорҳои эшон аз зумуради сабз ва парҳои эшон аз ёқути сурх буд. Ва чашмҳои ман ба дидани ҷонварон рўшан гашт ва Машриқ ва Мағриб диданд, ки амалҳое ба пой карда. Як амал ба ҷониби Машриқ ва амале ба ҷониби Мағриб ва амале бар боми Каъба заданд, то дарди сутург бар ман муставлӣ шуд. Нигох овозе бароварданд, ки нури Султони хилватнишин аз олами хилват ба олами сурат нузул фармуд ва офтоби саодат аз бурҷи иқбол тулўъ карда ва сояи чатри ҳумоосо бар хоксорони охируззамон андохт.

Дарҳол он Ҳазрат, алайҳи-с-салом, таввалуд шуда, пешонии рўшан бар замин ниҳода, ба саҷда даромад. Ва ангуштҳои дасти ростба сўи осмон рост кард, чунонки кассе муноҷот ба тазаррўъ кунад. Баъдаҳу гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ, ано Муҳаммадун расулуллоҳ». Пас абре сафед дидам, ки гирд ба гирди ман омада, кўдакро аз пеши ман бирабуд. Он шаб хонаи ман чароғ набуд, бо вуҷуди торикӣ хона ончунон мунаввар гашт, ки ришта дар сурохии сўзан тавон кард. Пас овозе шунидам, ки Муҳаммад /с/-ро гирди Машриқу Мағриб ва дарёҳо бароред то халоиқ ўро ба ному сифат дониста бошанд. Пас абри азим аз он рўшантар биомад ва бонге бар зад ки Муҳаммад /с/-ро бар арвоҳи муқаддасаи пайғамбарон арз кунед. Ва абре дигари некўрўй ба овози мунодӣ мегуфт, ки Муҳаммад /с/ ҳама ҷаҳонро бигирифт ва ҳеҷ халқ намонд, ки ба фармони худои таъоло дар қабзи вай наомад.

Пас дар аҳволи вай фурў монданд. Баъд аз он се мардро дидам, ки нури офтоб аз рўи эшон метофт. Ва яке аз эшон ибриқе сим ва дигаре таште заррин ва солисе аз он порчаи ҳарисе сапед ба дастҳои худҳо гирифта биомаданд ва кўдакро бозоварданд. Пас он ҳарирро боз карда, яке ангуштарӣ аз он берун оварда, аз оби ибриқ Муҳаммад /с/-ро бишустанд ва миёни ду китфаш аз он ангуштарӣ мўҳре ниҳоданд ва боз дар он ҳарир печиданд.

Пас марде аз эшон дар зери сари хеш замоне гирифт ва сухани бисёр дар гўши вай бигуфт. Ман фаҳм накардам, ки чӣ гуфт. Ва дигаре аз ин ҳар ду чашм бўсида, гуфт: «Ё Муҳаммад /с/, туро башорат бод илме, ки Худои таъоло ба ҳама пайғамбарон дадааст, тамоми он ба ту танҳо дода, дини ту барҳақ гардонид». Пас шахсе аз онҳо даҳон бар даҳонаш чунончи кабўтар бачаи худро донадиҳад, ниҳода гуфт: «Ё ра-сулуллоҳ ва ё ҳабибуллоҳ, башорат маар туро, ки ҳар ҳилму бурдборӣ, ки ҳаст, Худои таъоло бар ту дод».

Баъд аз он боз писарро чанд каси дигар аз пеши ман бурданд ва манн танҳо мондам ва дар ғаму фикр афтодам. Ҳамон лаҳза ўро боз гардониданд, рўяш чун моҳи тобон метофт. Пас овоз шунидам, «ки бигир ва ба тариқи хуб нигоҳ дор ва ғам махўр, ки онро пеши Одам алайҳиссалом бурда будем. Ва Худои таъоло ҳофизу мўъини вай аст. Пас бар рўяш бўса дода гуфтанд, ки башорат бод мар туро,ки ҳар кас ба ту имон орад, дар маҳш дар зери ливои ту буда, аз зумраи ту бошад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …