Главная / Гуногун / Қарзи интрадей чист?

Қарзи интрадей чист?

Маънои калимаи интрадей аз англисӣ буда  маънояш “дар давоми рӯз” мебошад. Ин қарзест, ки як бонк ба  бонки дигар қарзи кутоҳмуддат ва одатан 1-руза медиҳад, ба шарте ки агар бонки қарзгиранда дар бонки ӯ суратҳисоби муросилотӣ дорад ва қисми бақияи онро ба гарав мегузорад. Масалан бонки Алиф мехоҳад пули сомонӣ гирад вале дар ҳисоби муросилотиаш доллари ИМА дорад. Дар ҳамин ҳолат қисме аз асъори хориҷии худро ба гарав гузошта метонад пули сомонӣ гирад. Одатан чунин қарз бефоиз мебошад ва барои нигоҳ доштани пардохтпазирии бонк лозим аст.

Намунаи Созишномаи қарзии кулл дар бораи қарзи рӯзона (интрадей) № ______

аз “___”______________ соли 2018                                                                  ш. Душанбе

Бонки миллии Тоҷикистон дар симои Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷ., ки минбаъд “БМТ” номида шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” амал мекунад, аз як тараф ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷбонк” дар симои Раиси Бонк Сафаров Сафар Сафарович, ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва минбаъд “Бонк” номида мешавад, ва минбаъд дар якҷоягӣ “Тарафҳо”, дар асоси Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил” (минбаъд – Дастурамал) бо шартҳои зерин дар бораи қарзи рӯзона (интрадей) Созишномаи қарзии кулл (минбаъд – Созишнома) ба имзо расониданд:

  1. Мавзӯи Созишнома

1.1. Мавзӯи Созишномаи мазкур муайян намудани шартҳо ва тартиби аз ҷониби БМТ пешниҳод намудани қарзи рӯзона (интрадей) ба Бонк тариқи Низоми автоматишудаи савдо (минбаъд – “НАС”) ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии аз он бароянда мебошад.

  1. Шартҳои пешниҳоди қарзи рӯзона (интрадей)

2.1. Тартиби гирифтан, пардохт ва тамдид намудани қарзи рӯзона (интрадей) бо Дастурамал, талаботи кор бо НАС ва Созишномаи мазкур ба танзим дароварда мешавад.

2.2. Қарзи рӯзона (интрадей) бо мақсади саривақт ва мунтазам анҷом додани пардохтҳо дар низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2.3. Қарзи рӯзона (интрадей) бо пули миллӣ, бе фоиз ва таҳти таъминот бо мақсади зиёд намудани самаранокии кори низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳар рӯзи корӣ дода мешавад.

2.4. Барои гирифтани қарзи рӯзона (интрадей) Бонк бояд ба талаботи банди 6 Дастурамал мувофиқат намояд.

2.5. Барои гирифтани қарзи рӯзона (интрадей) тибқи Созишномаи мазкур, Бонк бояд ба БМТ тариқи НАС аз соати 09:00 то 15:00 рӯзи корӣ дархост пешниҳод кунад.

2.6. Захираҳои қарзӣ баъди аз ҷониби БМТ банд (блокировка) кардани коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулии Бонк, ки ба сифати таъминоти қарз пешниҳод мегарданд, ба суратҳисоби муросилотии Бонк дар БМТ интиқол дода мешаванд.

  1. Таъминоти қарз

3.1. Таъмини иҷрои уҳдадориҳои ба худ гирифтаи Бонк оиди баргардонидани қарзи рӯзона (интрадей) аз рӯи дархости пешниҳодшуда, дороиҳои Бонк мебошанд, ки дар боби 3 Дастурамал муқаррар шудааст. Номгӯи мушаххаси дороиҳо (воситаҳо), барои таъминоти уҳдадориҳои Бонк аз рӯи ҳар як қарзи гирифташуда дар дархости Бонк муқаррар карда мешаванд.

3.2. Дороиҳои (воситаҳои) Бонк, ки таъминоти қарзи рӯзона (интрадей) мебошанд бо назардошти коэффитсиенти ислоҳии аз ҷониби БМТ муқарраршуда пешниҳод гардида, дар беруннавис (ticket) қайд карда мешавад.

3.4. Дороиҳое (воситаҳое), ки таъминоти қарзи нопардохтаи рӯзона (интрадей) мебошанд, ҳангоми тамдид ва аз нав ба расмият даровардани он ба қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ба таъминоти қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) табдил меёбанд.

  1. Шартҳои пардохти қарзи рӯзона (интрадей)

4.1. Пардохти қарзи рӯзона (интрадей) дар рӯзи додани он то соати 16:00 амалӣ мегардад.

4.2. Дар сурати саривақт ва пурра аз ҷониби Бонк иҷро гардидани уҳдадориҳо оид ба қарзи рӯзона (интрадей), БМТ коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулии Бонкро, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод менамояд.

4.3. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани уҳдадориҳои Бонк барои бозгардонии қарзи рӯзона (интрадей), бо дархости Бонк ин қарз бо таъминоти дахлдор то рӯзи ояндаи корӣ бо роҳи аз нав ҳамчун қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ба расмият даровардани он бо меъёри фоизие, ки барои истифода аз қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) муқаррар мегардад, дар рӯзи аз нав ба расмият даровардан тамдид карда мешавад.

4.4. Муносибатҳои ҳуқуқие, ки байни БМТ ва Бонк баъди аз нав ба расмият даровардани қарзи пардохтнашудаи рӯзона (интрадей) ба қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ба миён меоянд, минбаъд дар асоси боби 5 Дастурамал ва Созишномаи кулл барои қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ба танзим дароварда мешаванд.

  1. Уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои тарафҳо

5.1. Тарафҳо уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳоро тибқи Дастурамал, Созишномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

5.2. Тарафҳо барои дурустӣ, саривақтӣ ва махфияти амалҳое, ки кормандонашон вобаста ба гузаронидани амалиёти гирифтан ва пардохт кардани қарзи рӯзонаи (интрадей) БМТ анҷом медиҳанд, тибқи Дастурамал ва Созишномаи мазкур пурра масъулият ба зимма доранд.

5.3. БМТ уҳдадор мешавад:

5.3.1. Маблағи қарзи рӯзонаро (интрадей) ба суратҳисоби муросилотӣ бо пули миллӣ ба Бонк бо назардошти таъминоти пешниҳодшудаи он гузаронад.

5.3.2. Дар сурати пешниҳод намудани қарзи рӯзона (интрадей) таҳти таъмини Векселҳои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, маблағҳои пулие, ки дар суратҳисобҳои он дар БМТ мавҷуданд, бо тартиби муқарраршуда дороиҳои мазкурро банд (блокировка) намояд. Ба бақияи маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои Бонк, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) фоиз ҳисоб карда намешавад.

5.3.3. Дар сурати саривақт ва пурра иҷро шудани уҳдадориҳои Бонк, коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулии Бонкро, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод намояд.

5.4. БМТ ҳуқуқ дорад:

5.4.1. Дар сурати нокифоя будани маблағи умумии таъминоти қарз ё бо сабаби гуногун паст шудани арзиши он, аз Бонк пурра намудани он ё иваз кардани онро ба гарави ҳамарзиш талаб намояд.

5.5. Бонк уҳдадор аст:

5.5.1. Барои гирифтани қарзи рӯзона (интрадей) дар рӯзи амалиётӣ (савдо) аз соати 09:00 то 15:00 бо тартиби муқарраршуда тариқи НАС тибқи талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкур дархост пешниҳод намояд.

5.5.2. Ба БМТ тибқи боби 3 Дастурамал барои таъминоти қарз дороиҳои (воситаҳои) худро пешниҳод кунад.

5.5.3. Барои банд кардани Векселҳои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои Бонк дар БМТ мавҷудбуда, ки аз ҷониби Бонк ба сифати таъмини қарз пешниҳод мегарданд, розигӣ диҳад.

5.5.4. Ба БМТ қарзи рӯзона (интрадей)-ро бо роҳи гузаронидани маблағ ба суратҳисоби дахлдор дар муҳлати муқарраршуда баргардонад.

5.5.5. Ҳамаи шартҳо ва талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкурро риоя намояд.

5.6. Бонк ҳуқуқ дорад:

5.6.1. Дар сурати риояи шартҳои Дастурамал ва Созишномаи мазкур аз БМТ қарзи рӯзона (интрадей) гирад.

5.6.2. Дар сурати саривақт пардохт кардани қарзи рӯзона (интрадей) аз БМТ озод намудани коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулиро, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) талаб намояд.

  1. Шартҳои махсус

6.1. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои қувваи рафънашаванда (ҳолатҳои фавқулода), ки ба он ба таври мустақим ё ғайримустақим ҳолатҳои дорои хусусияти фавқулода, аз ҷумла заминҷунбӣ ва дигар офатҳои табиӣ, амалу қарорҳои мақомоти давлатӣ, амалиёти ҳарбӣ ва бетартибиҳои оммавӣ сабаб мегардад ва Тарафҳои Созишномаи мазкур барои назорати онҳо имконият надоранд ва ин ҳолатҳо ба иҷро шудани уҳдадориҳои онҳо аз рӯи Созишномаи мазкур монеъ мегардад, муҳлати иҷрои ин уҳдадориҳо мутаносибан ба вақти амали ин ҳолатҳои фавқулода мавқуф гузошта мешавад, вале танҳо ба он андозае, ки онҳо барои дар муҳлат иҷро шудани Созишномаи мазкур ё он қисмати он, ки бояд баъди ба миён омадани ин ҳолатҳои фавқулода иҷро мегардид, таъсир расонанд.

6.2. Тарафҳои Созишномаи мазкур бояд бетаъхир дар давоми рӯзи корӣ якдигарро дар бораи оғози ҳолатҳои фавқулодае, ки ба иҷро гардидани уҳдадориҳои онҳо аз рӯи Созишномаи мазкур монеъ мегарданд ва дар бораи анҷомёбии онҳо дар оянда дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ хабар диҳанд.

6.3. Аз ҷониби яке аз Тарафҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз рӯи Созишномаи мазкур вайрон кардани Созишномаи мазкур ба ҳисоб намеравад, агар ба ин ҳолатҳои фавқулода сабаб шаванд, ба шарте ки Тарафи ба ҳолати фавқулода дучоршуда саривақт ҳамаи чораҳои заруриро барои рафъи ин гуна оқибатҳо андешад.

  1. Нуқсони техникӣ

7.1. Дар ҳолати ба миён омадани нуқсони техникӣ дар ҷойи кории Бонк ва омода карда натавонистани ҳуҷҷатҳои электронӣ, Бонк бояд саривақт ба БМТ дар бораи он хабар диҳад ва фаъолияти бенуқсони ҷойи кориро бо нусхаи эҳтиётии таъминоти барномавӣ барқарор намояд.

7.2. Дар ҳолати сар задани нуқсони техникии НАС дар БМТ, ки дар натиҷаи он коркарди ҳуҷҷатҳои электронӣ ғайриимкон мегардад, БМТ метавонад бо фармоиши роҳбарияти БМТ додани қарзи рӯзонаро (интрадей) то барқароршавии фаъолияти НАС дар БМТ боздорад ё додани қарзи рӯзонаро (интрадей) дар асоси дархости гирифтани қарзи рӯзона (интрадей), ки Бонк дар шакли коғазӣ пешниҳод кардааст, амалӣ намояд (Замимаи 1).

  1. Ихтилофот ва баҳси тарафҳо

8.1. Ихтилофот ва баҳсҳоеро, ки дар рафти иҷрои шартҳои Созишномаи мазкур ба миён меоянд, Тарафҳо пешакӣ бо мақсади пайдо кардани ҳалли қобили қабули онҳо ҳаллу фасл менамоянд.

8.2. Дар сурати бо роҳи созиш ба мувофиқа наомадан, ихтилофот ва баҳси Тарафҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

  1. Дигар шартҳо

9.1. Бо розигии Тарафҳо ба шартҳои Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.

9.2. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур он вақт эътибор доранд, ки агар дар шакли хаттӣ сурат гирифта, аз ҷониби Тарафҳо имзо шуда бошанд.

9.3. Созишномаи мазкур дар ду нусха, ки ҳар кадом эътибори ягонаи ҳуқуқӣ доранд, таҳия гардидааст ва як нусхаи он дар БМТ монда, нусхаи дигар ба Бонк дода мешавад.

  1. 10. Муҳлати амали Созишнома ва тартиби бекор кардани он

10.1. Созишномаи мазкур аз лаҳзае, ки онро Тарафҳо имзо мекунанд,  амал мекунад. Қатъ гардидани амали Созишномаи мазкур уҳдадориҳои Бонкро оид ба баргардонидани қарзи қаблан гирифтаи вай ва риояи шартҳои предмети гарав, ки Созишномаи мазкур пешбинӣ кардааст, инчунин уҳдадориҳои БМТ-ро оид ба озод кардани предмети гарав бо тартиби муайянкардаи Созишномаи мазкур қатъ намесозад.

10.2. БМТ ҳуқуқ дорад яктарафа бидуни пешакӣ огоҳ кардани Бонк Созишномаи мазкурро дар ҳолатҳои зерин бекор намояд:

– иҷро накардани талаботи Дастурамал ва шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби Бонк;

– бозхонди иҷозатномаи Бонк барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, ки БМТ додааст;

– қатъ гардидани фаъолияти Бонк ҳамчун шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муфлис эълон шудани Бонк.

  1. Нишонии ҳуқуқӣ ва мушаххасоти Тарафҳо

 

 

 

Намуна

Замима ба

Созишномаи қарзии кулл

дар барои қарзи рӯзона (интрадей) №_____

 

Дархости №____

ба Созишномаи қарзии кулл

дар барои гирифтани қарзи рӯзона (интрадей) №_____

 

аз “___”______________ соли 2018                                                                  ш. Душанбе

 

Бонк: __________

 

  1. Хоҳиш менамояд, ки дар ҳаҷми __________ (бо ҳуруф) сомонӣ қарзи рӯзона (интрадей) дода шавад.
  2. Таърихи додани қарз: “___”______________ соли 2018.
  3. Таърихи пардохти қарз: “___”______________ соли 2018.
  4. Барои таъминнокии қарз дороиҳои (воситаҳои ) зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) Коғазҳои қиматнок:

 

Навъи

ВХД ВМҶТ

ё

КҚ БМТ

Рақами

қайд

Таърихи

барориш

Таърихи

пардохт

Миқдор

(адад)

Маблағ

аз рӯи

номинал

(бо сомонӣ)

1 ВХД ВМҶТ 0,00
2 КҚ БМТ 0,00
Х Ҳамагӣ Х Х Х Х 0,00

 

б) Асъори хориҷӣ:

Суратҳисобҳои муросилотӣ

№20602840__________

№20602978__________

№20602826__________

№20602810__________

 

Навъи асъор Маблағ
1 Доллари ИМА 0,00
2 ЕВРО 0,00
3 Фунт стерлинги Инглистон 0,00
4 Рубли Русия 0,00
Х Ҳамагӣ (ҳамарзиш бо сомонӣ) 0,00

 

в) Амонат бо пули миллӣ:

Суратҳисобҳо

№_______________

№_______________

 

  1. Дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳои бозгардонии қарзи рӯзона (интрадей) то соати 16:00 рӯзи амалиётии (савдои) додани қарзи рӯзона (интрадей) Бонк хоҳиш менамояд, ки маблағи қарзи рӯзона (интрадей) то рӯзи ояндаи корӣ аз лаҳзаи додани он бо аз нав ба расмият даровардани он ба қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) тамдид карда шавад.
  2. Меъёри қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ___ фоизи солона.
  3. Таърихи додани қарз: “___”______________ соли 2018.
  4. Таърихи пардохти қарз: “___”______________ соли 2018.
  5. Бонк хоҳиш менамояд, ки барои таъминнокии қарзи тамдидшудаи рӯзона (интрадей), ки ҳамчун қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) аз нав ба расмият дароварда шудааст, таъминоти гараве ҳисоб карда шавад, ки дар банди 4 дархости мазкур зикршуда пешниҳод шудааст.
  6. Бонк хоҳиш менамояд, ки амалҳои минбаъдаи БМТ аз лаҳзаи ҳамчун қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) аз нав ба расмият даровардани маблағи қарзи рӯзона (интрадей) то пурра пардохт шудани он тибқи Дастурамал анҷом дода шавад.
  7. Ҳангоми нокифоя будани маблағ дар суратҳисоби муросилотии Бонк дар БМТ, Бонк ба БМТ ҳуқуқ медиҳад, ки маблағи дахлдорро аз ҳисоби таъминоти дар банди 4 дархости мазкур зикршуда бо тартиби муқарраркардаи қонун дар лаҳзаи расидани муҳлати иҷрои уҳдадориҳо руёнад.

 

 

 

______________ (вазифа) ____________ (ному насаб) ______ (имзо)

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

shaiton

Беҳтарин дуо барои муҳофизат аз ҳар бадӣ

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳабиб (раз) мефармояд, ки: Дар як шаби бисёр торику боронӣ ба дунболи …