Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ МАЪДАНИ УРАН

ҚАРОРИ СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ МАЪДАНИ УРАН

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН  БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади ташкил ва таъмин намудани фаъолияти самараноки системаи томи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ноил гаштан ба таъсири камтарини радиатсионӣ ба аҳолӣ ва муҳити зист, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

uran

  1. Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, ҳамчунин ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 июли соли 2016, № 329 ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …