Главная / Ҷамъият / Қабристони Питовник (деҳаи Боғистон) дар ноҳияи Шаҳринав

Қабристони Питовник (деҳаи Боғистон) дар ноҳияи Шаҳринав

Дар ин саҳифа қоидаи дар қабрисон (қавристон- манзил – оромгоҳ) зиёрат – аёдат кардан, гӯронидани мурда ва дигар самтҳои дахлдор оварда шудааст.

Ин Оромгоҳ дар теппаҳои водии Ҳисор (қишлоқи –деҳаи) ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати Боғистон воқеъ мебошад, ки масоҳаташ тақрибан 2 гектарро ташкил менамояд ва он солҳои 1977 кушода шудааст.

ҚОИДАИ ЗИЁРАТИ ҚАБРҲО

Зиёрати қабр ба хотири панд гирифтан ва ёдоварии охират кардан савоб аст!

Аз Абусаъид «р» ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Ман Шуморо аз зиёрати қабрҳо манъ мекардам, вале ҳозир мегӯям, ки аз зиёрати қабрҳо биравед зеро, ки дар зиёрати қабрҳо панду ибрат аст ва чизе нагӯед, ки ғазаби Худо ояд.

Ҳангоми дохил шудан ба қабрисон хондани калимоти зерин мустаҳаб аст.

«Ассалому алайкум аҳладдиёри минал муъминин вал муслимин ва инно иншооаллоҳу бикум лоҳикун асъалуллоҳа ланов а лакумул ъофията»;

Салом бар Шумо муъминон ва мусалмонони ин диёр. Мо ҳам аз хости Худо ба Шумо хоҳем расид, аз Худованд барои Шумо талаби офият мекунам.

ҚАБРИСТОНҲО             Шахси зиёраткунанда пас аз дохил шудан ба дохили қабрисон ба назди қабри наздикаш рафта, пушт ба тарафи қибла рӯй ба тарафи қабр истода, 5 ояти аввал ва 3 ояти охири сураи Бақара ё сураи «Мулк» – Таборак, ё ин ки  сураи Ёсин ва 11 маротиба сураи Ихлос, (Қул-ҳуваллоҳу аҳад)-ро қироат мекунад, пас он савобашро ба рӯҳи фавтидагон ҳадя мекунад.

  1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби мазкур шароити нигаҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳоро муайян намуда, масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд.
  3. Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо оид ба нигаҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросимҳои мардумии миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  4. Нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо мутобиқ юа меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ, санитарию гигиенӣ, меъморию шаҳрсозӣ, сухторнишонӣ ва дигар ба роҳ монада мешавад.

ҚАБРИСТОН

 НИГАҲДОРИИ ҚАБРИСТОНҲО

  1. Қабристонҳо – қитъаҳои замине, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, барои ҷойгир намудани қабрҳо ва дигар биною иншооти барои дафи таъиншуда пешбинӣ шудаанд.
  2. Фаъолияти бевосита оид ба нигаҳдории ва истифодаи қабристонҳо аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва амал бароварда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот надоранд, нигаҳдории ва истифодабарии қабристонҳо бевосита аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  3. Нигаҳдорӣ, ободонӣ ва таъмири қабристонҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷҷети маҳҳаллӣ, буҷети шаҳрак ва деҳот, маблағҳои хайрия ва дигар маблағҳое, ки санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад.
  4. Қабристонҳо бояд ҳар рӯз барои зиёрат ва дафн кушода бошанд;
  5. Дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъияитӣ, аз ҷумла ҳозир шудан дар ҳолати мастӣ, шикастан ва нобут сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯхтани растаниҳои хушк ва дигар мавод, саронидани чорво манъ мебошад.
    1. Аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд китоби бақайдгирии дафн ва санги мазор инчунин бастаи нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ташкил карда шавад. Ҳуҷҷатҳои барои фафи зарури бояд тибқи тартиби муқараршуда дӯхта ва ҳифз карда шавад.
  6. Мақоми худидоракунӣ шаҳрак ва деҳот:
    1. Имконияти дар ҳудуди қабристонҳо тартиботро ҷорӣ намуда, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкурро таъмин намоянд;
    2. Имконияти дар ҳудуди қабристонҳо озодона ҳаракат намуданро тавассути роҳҳо ва гузаргоҳҳои он фароҳам меорад;
    3. Тоза нигоҳ доштани ҳудуди қабристонҳо ва саривақт буридани ниҳолу дарахтони хушкшуда ташкил карда шавад;
    4. Таъмири ҷории панҷараҳои марзии қабристонҳо, роҳҳо гузаргоҳҳо ва дигар биною иншооти барои дафн таъиншударо амалӣ менамояд.

 

Оромгох

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …