Главная / Гуногун / ПРИНТЕРҲО

ПРИНТЕРҲО

Принтер (Printer таҷҳизоти чопкунӣ) асбобест, ки барои дар коғаз хориҷ намудани информатсия хизмат мерасонад. Ба воситаи принтер на танҳо информатсияи матнӣ, балки расму графикҳоро низ чоп намудан мумкин аст. Принтерҳо ҳам ба мисли мониторҳо информатсияи тасвиршавандаро дар намуди ранга ва сиёҳу сафед хориҷ карда метавонанд. Принтерҳои ранга аз принтерҳои муқаррарӣ қиматтаранд. Принтерҳо вобаста аз тарзи корашон матрисавӣ, рангпошанда ва лазерӣ мешаванд.

Принтерҳои матрисавӣ ё нуқтавӣматрисавӣ он принтерҳое ба ҳисоб мераванд, ки онҳо солҳои 80ум ва аввали солҳои 90ум барои компютерҳои IBM PC аз ҳама паҳнгаштатарин буданд.

printerҲоло онҳоро принтерҳои рангпошанда ва лазерӣ аз истифода танг карда баровардаанд. Сифати чопи онҳо нисбатан паст буда, ҳангоми чопкунӣ садои баланд мебароранд. Азбаски нархи онҳо аз дигар принтерҳо хеле арзонтар аст, принтерҳои матрисавиро ҳоло ҳам дар бисёр корхонаву муассисаҳо дидан мумкин аст. Принсипи кори ин принтерҳо чунин аст: қисми чопкунандаи принтер аз қатори сўзанчаҳои борики металлии ба таври амудӣ ҷойгирбуда иборат аст. Қисми чопкунанда бо самти сатри чопшаванда ҳаракат менамояд ва сўзанчаҳо дар вақтҳои зарурӣ аз болои лентаи рангкардашуда ба коғаз зарба мезананд. Ин бошад, ташаккулёбии символҳо ва ишораву тасвирҳоро дар коғаз таъмин менамояд.

Принтерҳои рангпошанда барои компютерҳои IBM PC ҳоло намуди паҳнгаштатарини принтерҳо ба шумор мераванд. Дар ин принтерҳо тасвири символу расмҳо бо ёрии микроқатраҳои рангҳои махсус ташаккул меёбанд, ки ин микроқатраҳо бо воситаи найчаҳои борики дар қисми чопкунандаи принтер мустаҳкамкардашуда ба коғаз пошида мешаванд. Дар қисми чопкунандаи принтерҳо аз 50 то 200 чунин микронайчаҳо мавҷуданд. Дар принтерҳои рангпошанда низ ба мисли принтерҳои матритсавӣ қисми чопкунанда ба самти уфуқӣ ҳаракат менамояд. Пас аз чопи ҳар як хати уфуқии тасвир, коғаз ба самти амудӣ ба пеш ҳаракат мекунад ва дар натиҷа пай дар пай тасвири зарурӣ дар коғаз пайдо мешавад. Сифати чопи принтерҳои рангпошанда аз сифати чопи принтерҳои матрисавӣ хеле баланд аст. Ҳангоми чопкунӣ принтерҳои рангпошанда овози зиёд намебароранд. Бо ёрии ин принтерҳо чопи рангаи аз ҳама арзонтарро ҳосил намудан мумкин аст.

Принтерҳои лазерӣ сифати аз ҳама баландтарини чопи ранга ва сиёҳу сафедро таъмин менамоянд. Сифати чопи ин принтерҳо ба чопи типографӣ хеле наздик аст.

Дар принтерҳои лазерӣ принсипи ксерографӣ истифода бурда мешавад: тасвири символу предметҳо ба коғаз ба воситаи барабани махсус гузаронида мешавад, ки ба он ҳиссаҳои хока (тонер) ба таври электрикӣ мечаспанд. Фарқи ин принтер аз аппарати ксерокопиякунанда дар он аст, ки барабани чопкунандаи он ба воситаи командаи компютер бо ёрии лазер электризонида (заряднок кардан) мешавад. Принтерҳои лазерӣ аз ҳамаи дигар намуди принтерҳо суръати баланди чопкунӣ дошта, барои чоп коғази махсусро талаб намекунанд. Масалан, суръати чопи принтерҳои лазерии фардии HP LaserJet 5L ё 5P одатан дар як дақиқа 45 саҳифаро ташкил медиҳад. Дар принтерҳои офисии HP LaseқJet 4 ё 5 бошад, ин адад ба 8-12 саҳифа мерасад.

Саволҳо:

  1. Принтерҳо чӣ вазифа доранд?
  2. Чанд намуди принтерҳоро медонед?
  3. Принтерҳои матрисавӣ чӣ гуна кор мекунанд?
  4. Принтерҳои рангпошанда аз матрисавӣ чӣ фарқ доранд?
  5. Принсипи кори принтерҳои лазерӣ чӣ гуна аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар бораи принтерҳо ва намудҳои онҳо фикратонро дар дафтар баён намоед.
  1. Агар дар синфхонаи компютериатон принтер мавҷуд бошад, он гоҳ намуди он ва характеристикаҳояшро номбар кунед.
  1. Тарзи истифодабарии принтерро бо ёрии муаллим омўзед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …