Главная / Гуногун / Принтер барои компютер ва намудҳои он

Принтер барои компютер ва намудҳои он

Яке аз қисмҳои дигар дар компютерҳои фардӣ  таҷҳизоти чопкунӣ-принтер мебошад. Дар охир ҳар як ҳуҷҷати тартибдодашуда чоп карда мешавад. Ин амал бо истифодаи принтер иҷро карда мешавад. Барои чоп намудани ягон ҳуҷҷат принтерҳо интихоб карда мешаванд.

printerМушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар солу ҳар моҳ  принтерҳои замонавӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

То ҳол ду намуди принтерҳо¹

  1. Принтерҳои лазерӣ
  1. Притерҳои струенӣ

Расми принтери струенӣ

мавҷуд мебошанд.

Принтерҳои лазерӣ ба монанди мошинаҳои (дастгоҳҳои) нусхабардорӣ фаъолият менамоянд.

Дар дохили принтерҳои лазерӣ, қисми махсус­картриҷ мавҷуд буда, дохили он бо хокаи махсус пур карда шудааст. Ба воситаи лазери хурде ин хока ба сатҳи коғаз кашида мешавад. Инчунин дар дохили принтери лазерӣ «Барабан» мавҷуд аст. Ҳар як принтери лазерӣ то се маротиба бо хокаи махсус пур (заправка) карда мешавад ва баъд аз он барабани принтерро иваз карданамон лозим аст. Дар ҳолати иваз накардани «Барабан» дар коғазе, ки мо бояд чоп кунем дар ду тараф сиёҳӣ пайдо  мешавад, ки хондани матн бо мо душвор меорад.

Принтерҳои струенӣ нисбат ба принтерҳои лазерӣ нархи арзон доранд. Дар навбати худ принтерҳои лазерӣ сиёҳсафед ва ранга мекунад. Принтерҳои сиёҳсафед назар ба принтерҳои ранга бо суръати баландтар (зудтар) ҳуҷҷатро чоп мекунанд. Принтерҳои ранга барои чопи ҳуҷҷатҳои ранга истифода бурда мешаванд.

Принтерҳои струенӣ дар дохилашон тасмаҳо (лентаҳо) дорад, ки мо метавонем онро иваз намоем. Дар ҳолати  ба чоп додани матн зарурати  иваз намудани тасмаҳои принтер ба миён меояд. Қайд кардан зарур аст, ки принтерҳои струенӣ як саҳифаро дар 1-2 сония ва принтерҳои лазерӣ дар 3-11 сония чоп мекунанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …