Главная / Гуногун / Президенти Туркманистон бушкаҳои нафтро тирборон кард

Президенти Туркманистон бушкаҳои нафтро тирборон кард

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо кормандони амниятии кишвараш дар тирпаронии махсус ширкат кард.

Чорабинӣ 2 сентябри соли 2020 дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои Амнияти Давлатӣ сурат гирифт, хабар медиҳад агентии давлатии TDH. Пас аз анҷоми тирандозӣ Бердимуҳаммадов ҳадафҳои задашударо дида баромад ва “амр дод, ки ба баланд бардоштани малакаҳои истифодаи навъҳои гуногуни силоҳ барои сарбозон ва афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳамияти махсус дода шавад.”

Пас худи президент баарои тирпаронии худ кафкӯбӣ кард.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи январи соли 2018 Бердимуҳаммадов ба яке аз посгоҳҳои сарҳадии кишвар ташриф оварда, омодагии ҷангии артишро санҷид. Навори видеоие, ки дар ин сафар ба навор гирифта шудааст, нишон медиҳад, ки чӣ гуна сарвари давлат ҳангоми машқҳои намоишӣ аз таппонча тир холӣ кард ва инчунин намунаҳои технологияи муосиреро, ки бо хадамоти марзбонии кишвар ба кор даромаданд, арзёбӣ кард. Сабтро мусиқӣ аз бозии компютерии Battlefield ҳамроҳӣ мекунад.
Дар ҷараёни боздид сарвари давлат даъват ба амал овард, ки талошҳоро барои ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ба тарбияи мунтазами ҷисмонӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ татбиқ намоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …