Главная / Маданият ва санъат / ПРАВОСЛАВИЕ (Калисои Ортодоксии шарқӣ)

ПРАВОСЛАВИЕ (Калисои Ортодоксии шарқӣ)

Ақидаҳои асосии православие дар шўрохои умумиҷаҳонӣ муҳимтаринаш Никей ва Константинопол мебошанд, ба тартиб оварда шудаанд. Дар ҳар яке аз ин шўроҳо ин ва ё он қоидаи ҳаёти динӣ тасдиқ гардиданд. Китоҳои асосие, ки дар онҳо таълимоти дини православӣ зикр ёфтаанд, “Китоби муқаддас” ва «Ривоёти муқаддас» мебошанд. Ба «Китоби муқаддас» ваҳйи илоҳӣ, китобҳои ба пайғамбарон ва ҳаввориён тааллуқ дошта дохил мешаванд. Ба «Ривоёти муқаддас» гуфтори ашхоси муқаддас, ки ба дигарон-наслҳои оянда аҳкоми дин, илоҳиётро таълим дода, чӣ гуна иҷро кардани расму оинҳои диниро меомўзанд, дохиланд.

pravoslaviyaБаръакси таълимоти протестантизм, ки «Китоби муқаддас»-ро чандон ба эътибор намегирад ва католисизм, ки онро нопурра медонад, православие ҳар ду ин манбаъҳоро баробар мешуморад. Ҳомиёни православи таъкид мекунанд, ки сирри «Каромоти илоҳиро» танҳо ҳангоми ин ду манбаъро як ҷо истифода бурдан фаҳмидан мумкин аст ва «ривоёти муқаддас» барои дуруст фаҳмидани «Китоби муқаддас» оварда шудааст. Мувофиқи таълимоти руҳониён рукнҳо, нуқтаҳои асосии ҳар дин дар эътиқоднома баён ёфтаанд, ки ҳеҷ гуна исбот ва бурҳонро талаб намекунанд.

Эътикодномаи православи инчунин он нуқтаҳое, ки дар шурои Константинопол /соли 381/ қабул карда шудаанд, ҳамчун эътиқоднома истифода мекунанд. Эътиқоднома, ки дар шўрои Константинопол қабул карда шудааст, аз 12 қисм иборат аст ва ин эътиқод ба вуҷудияти Худо-падар, ки холики одам аст, сипас эътиқод ба фарзанди илоҳӣ-Исон Масеҳ, ки аз Марями муқаддас таваллуд ёфтааст ва дар давраи Понтий Пилат кушта шуд ва рўзи сеюм аз нав зинда шуда ба осмон рафтааст, эътиқод ба Худо-рўҳи муқаддас (рўҳу-л-қудс), зарурияти таъмид, чипда гардонидан баъд аз миронидан ва ҳаёти ҷовидонии баъди марг ва ғайраро дар бар мегирад. Аз назари фақеҳони православӣ ин аркони дин ҳақиқати илоҳӣ мебошанд ва ҳеҷ гоҳ тағйир талаботи хиради инсонро қонеъ мекунанд. Дар охири асри Х дар давраи ҳукмронии Владимир Рус дини насрониро қабул кард, ки нуфузи он қариб 100 сол пеш оғоз ёфта буд.

Дини насронӣ ба Рус дар шароите паҳн гардид, ки динҳои қадимаи славянҳо дигар мавқеи устувор надоштанд. Маҳз равияи православӣ барои он дар Рус паҳн шуда буд, ки алоқаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ мадании давлати Руси Қадим бо Визатия -маркази ин Калисои Шарқӣ, нисбат ба дигар ҷойҳо устувор буд.

Сеюм он шакл, ки дини насронӣ дар Византия дошт, диққати князҳои Киеви Русро ба ҷиҳати мутеъ будани калисо ба давлат ҷалб кард. Католисизм худро аз давлат болотар мегузошт. Сеюм ин ки фаъолияти таблиғотии калисои Византия хеле барваққтар нисбат ба дигар равияҳои динӣ оғоз ёфта, вусъати бештаре дошт.

Чорум ин ки ибодатҳои равияи православӣ ба забони модарӣ, на бо лотинӣ мисли католисизм, баогузор мешуд, ки ин ҳам диққати князҳои бузурги русро ба худ накашида наметавонист. Дини насронӣ дар Руси Қадим ба зудӣ паҳн нашуд, балки муддати зиёд лозим омад, ки аз тарафи оммаи мардум қабул шавад. Ибодатҳои ҳаррўза, идҳои гуногуни динӣ, маросимҳо, рўза ва ғайра ба диндорон таълимоти православиро таъкид менамояд, онҳоро водор месозанд, ки доимо Худо муроҷиат кунонанд ва бо калисо дар иртиботи доимӣ қарор гиранд.

pravoslaviya

Миқдори умумии маросимҳои православиҳо ба 467 мерасад, дар ҳудуди 200 рўз бояд онҳо рўза доранд. Махсусан, идҳои динӣ хеле бошукўҳ аз тарафи калисоҳои православӣ ва диндорон қайд карда мешаванд. Иди қадими православиҳо ва тамоми насрониҳо иди эҳё мебошад, ки дар ин рўз Исои Масеҳ ба таври мўъҷизанок дубора зинда шудааст. Дигар иди бисёр муҳими православиҳо пасха, ба қавли аҳди калисо, «иди идҳо» аст.

Сипас, идҳои дувоздаҳгона, таваллуди модархудо, ба калисо ворид шудани модар-худо, таъмиди Масеҳо, ба Байтулмукаддас омадани Худо /панҷоҳа/, рўзи модархудо ва ғайра.

Дар православие рўзҳое, ки рўза дошта мешавад ва диндорон аз хурокҳои гўштӣ худдорӣ мекунанд, низ ба низом дароварда шудааст.

Рузаҳо бисёррўза ва якрўза ҳастанд. Аз ҷумлаи рўзаҳои бисёррўза рўзаи акбар ё рўза, чилрўза, рўза ба шарафи ҳаввориён Петрус ва Павлус, рўза ба шарафи модархудо, ки ба тақвими кўҳна аз I то 15 август давом мекунад. Ба рўзаҳои якрўза рўзаҳои чоршанбе ва ҷумъа, рўзҳои азобу шиканҷа ва фавти Исои Массеҳ ва ғайра илова мешаванд. Ба ғайр аз ин дар православие маросимҳое ҳастанд, ки диндорон дар онҳо марҳамати илоҳиро мебинанд.

Ин гуна маросимҳо муқаддасоти ҳафтгона номида мешаванд ва аз инҳо иборатанд: 1/таъмид, ки маънои ворид шудан ба калисоро дорад, 2/ тадҳин, ки шахси нав ба дин воридшуда бо равған молида мешавад, 3/ ашои раббонӣ-хўрдани нону шароби калисо, ки диндоронро ба Исо мепайвандад ва ба ҳаети абадӣ шарик мегардонад, 4/ эътироф /эътирофи гуноҳҳои кардашуда, 5/ қабули силсилаи муқаддас, ки барои дар калисо кор кардан ҳуқуқ медиҳад, 6/ никоҳ, ки барои таваллуди кўдаки ҳалолӣ ва тарбияи онҳо дар рўҳи насоро ҳуқуқ медиҳад, 7/ тадҳини майит (тақоруб), ки дар ҳолати бемории сахт ба нияти шифо низ онро ба кор мебаранд.

ВАЗЪИ ИМРУЗАИ ПРАВОСЛАВИЕ.

 Калисои марказиеро чун католисизм ба вуҷуд наовардааст. Дар аксари мамлакатҳое, ки православие паҳн гаштааст, калисои мустакили православӣ пайдо шудааст. Ҳоло 15 калисои мустақили православӣ вуҷуд дорад: Константинопол, Искандария, Антиохия / Сурия ва Лубнон/, Байтулмуқаддас, Кипр, Сербистон /Югославия/, Руминия, Эллада /Юнон/, Булғория, Албания, Полша, Чехия, калисои мустақили Руси ва Грузинӣ. Православие тарафдорони зиёд дар ҷаҳони имрўза дорад.

 Супориш ва саволҳо.

1.Чаро дини Насронӣ ба равияҳои гуногун ҷудо шуд?

  1. Дар Тоҷикистон кадом равияҳои он амал мекунанд?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …