Главная / Гуногун / Пораҳо аз «Панҷсад ҳадис»

Пораҳо аз «Панҷсад ҳадис»

Мўъмин дар дунё ростгў аст, бедордил аст, ҳудудро риоя мекунад, сандуқи илм аст, ақле комили қалбе солим ва ҳилме собит дорад, дастбозу бахшанда аст, дари хонааш барои эҳсон кушода аст, лабхандаш зиёд ва андўҳи ботинаш ҳамешагист, мутафаккиру камхобу камханда ва хуштабъ аст, тамаъро миронда, ҳаворо кушта, ба дунё беалоқа ва ба охират алоқаманд аст, меҳмоннавозу ятимпарвар аст, кўдаконро навозишу бузургонро эҳтиром мекунад, соилро маҳрум намекунад, аёдати бемор ва ташайеъи ҷаноза мекунад, ҳукумати Қуръонро мешиносад, ба Худо розу ниёз дорад,бар гуноҳони худ мегиряд, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар менамояд, то гурусна ва ташна нашавад, намехўрад, муаддаб ҳаракат мекунад, бо ғазаб /яъне ҷиддият /сухан мегўяд, бо рифқу мадоро мавъиза мекунад, аз ғайри Худо бим надорад ва ба ғайри ў умедвор нест, ҷуз ба ҳамду санои ҳақ намепардозад, ба айби хештан машғул аст ва аз айби дигарон фориғ, рўшании чашмаш дар намозу хирфааш рўза, оташаш ростӣ ва шукр мояи баракати ўст, роҳбараш ақлу тўшааш тақвост, дунё барои ў дўкон /маркази касб/ ва қабру сарманзил аст, сармояаш шабу рўз /умр/ ва манзилу маъвояш биҳишт, муоширони /ҳамсўҳбаташ/ Қуръон аст, Муҳаммад /с/ шафиъ ва Худои азза ва ҷалла аниси ўст.

Пайғамбар фармуда: Ҳар кӣ ду чизро нигоҳдорад, Худо ўро аз ду чиз ҳифз мекунад: ҳар кӣ забон аз обрўи мардум боздорад, Худояш аз лағзиш нигоҳ дорад ва ҳар ки чашмаро ҷилав гирад, Худо азоби худ аз ў бардорад. Муҳаббати дунё /ҳирси молу амвол ва ғ./ ва дўстии Худо ҳаргиз дар як дил нағунҷад, алоқа ба мадҳу санои мардум чашму гўшро дар кори дин кару кўр мекунад. Хонаҳоро холӣ мегардонад, вой бар онҳо, ки охират ба дунё фурўшанд.

Алӣ фармуда: – Ё Алӣ, ту нисбат ба ман мисли Ҳорунӣ нисбат ба ҳазрати Мўсо, ҷуз ин ки баъд аз ман пайғамбар нест, ман ба ту супориш мекунам, ки агар ба кор бандӣ, сутуда зиндагӣ кунӣ ва шаҳид бимирӣ ва дар қиёмат фақеҳу олим машҳур шавӣ /бархезӣ/. Бидон, ки мўъмин се нишон дорад: рўзаву намозу садақа. Мунофиқ ҳам се нишона дорад: Дар гуфтор дурўғ гўяд, ба ваъда вафо накунад, дар амонат хиёнат варзад ва мавъиза дар вай асар накунад.

Риёкор се аломат дорад: Дар хилват рукуъу суҷуд намозро комил анҷом надиҳад, миёни мардум Худо гўяд ва дар танҳоӣ Худоро фаромўш кунад. Ё Алӣ, золим се аломат дорад: Бо зердастон бо қаҳру ғалаба рафтор кунад, он чӣ тавонад, аз моли мардум бирабояд ва аз ҳар куҷо бихўрад, бок надорад.

Ҳасуд се нишон дорад: рў ба рў чоплусӣ кунад, пушти сар бадгўй намояд, шаҳодати беҷо диҳад.

Танбал се нишона дорад: дар итоати Ҳақ сустӣ кунад, дар ибодат кўтоҳӣ кунад, то аз даст биравад, намозро таъхир андозад, то вақт бигузарад.

Тавбакор се аломат дорад: Аз гўноҳ дурӣ ҷўяд, дар талаби илм бикўшад , бар гуноҳи собиқ /гузашта/ барнагардад, чунон ки шир ба пистон барнагардад.

Хирадманд се аломат дорад: Беэътиноӣ ба дунё, таҳаммули ҷабру ҷафо, сабр дар сахтиҳо.

Бурдбор се нишон дорад: Ба ҳар кӣ аз ў бибуррад, пайванд кунад, ба ҳар кӣ маҳрумаш кунад, карам намояд, аз золим шикоят накунад.

Нишонаи аҳмақ се чиз аст: сустӣ дар воҷиботи динӣ, масхараи бандагони Худо, пурҳарфӣ дар ғайри зикри Аллоҳ.

Нишонаи марди лоиқу шоиста се чиз аст: миёнаи худро бо Худо ба воситаи амали солеҳ ислоҳ кунад, динашро бо илм ислом намояд, он чи барои худ меписандад, барои дигарон ҳам биписандад. Аломати парҳезгор се чиз аст: Аз ҳамнишини баду рафиқу дурўғин канора гирад, ғайбати кассе накунад, қисмате аз ҳалолро сарфи назар кунад, то дар ҳаром науфтад.

Сангдил се аломат дорад: Бар нотавон тараҳҳум накунад, ба андак насозад, панду андарз дар ў суд нагузорад.

Сиддиқ /он ки гуфтору кирдораш мутобиқ бошад/ се нишона дорад:

пўшондани садақа, пинҳон кардани мусибат, махфӣ намудани ибодат.

Фосиқ /бедин/ се аломат дорад: фасодангезӣ, зиён расонидан ба мардум, инҳироф аз роҳи рост.

Фурўмоя се нишона дорад: нофармоии Худо, иншқи ҳамсоя, ишқ ба саркашиву ёғигарӣ.

Нишони обид се чиз аст: дар бораи Худованд бар худ хашм гирад /ки чаро вазифаҳои бандагиашро анҷом намедиҳад/, дар роҳи Худо душмани шаҳват бошад, қиёми намозро тўл диҳад.

Марди боихлос се аломат дорад: душмани ҳол, душмани дунё, кинаи гуноҳ.

Олим се нишона дорад: ростгўй, парҳез аз ҳаром, фурўтанӣ дар баробари умуми мардум.

Саховатманд се аломат дорад: авфи бо қудрат, адои закот, дўст доштани тасаддуқ /садақа/.

Рафиқи нек се нишона дорад: молашро пеш аз моли ту сарф кунад, обрўяшро сипари обрўят қарор диҳад, ҷонашро фидои ҷонат кунад, илова асроратро фош накунад.

Фоҷир /табаҳкор/ се аломат дорад: савганди дурўғ ёд кунад, занонро бифиребад, ба бегуноҳон тўҳмат занад.

Нишони кофир се чиз аст: дар дини Худо шак кунад, ба бандагони Ҳақ душманӣ варзад, дар итоати Парвардигор ғафлату мусоҳама кунад.

Уммати ман дар дунё се табақаанд: Аввал, онҳо, ки дил ба ҷамъи мол ва андўхтани сарват набанданд, дар мақоми эҳтикору захира нестанд, ба миқдоре, ки гуруснагироо рафъ кунад ва авратро бипўшонад, қонеъанд.

Миқдоре, ки зиндагиро бо он бигузаронандкифояташон кунад – инон дар амонанд, на тарс доранду на ғуссае. Дуввум, онҳо, ки аз поктарин васоил ва беҳтарини роҳҳо мол ба дастоварданд ва дар оилаи раҳм /нафақаи падару модар ва наздикон/ ва эҳсон ба муслимин ва кўмак тиҳидастон сарф кунанд, бадани онҳоро рўи санг кашанд, дар назарашон осонтар аз ин аст, ки дирҳаме ҳаром ба даст оваранд. Инҳо агар дар ҳисобашон сахтгирӣ кунанд, азобашон кунанд ва агар авфашон кунанд, бираҳанд.

Саввум, онҳо ки ба гирд овардани мол алоқаманданд, аз ҳаром ё ҳалол ҳуқуқи воҷибро напардозанд, ё ба тариқи исроф харҷ кунанд, ё ба дари бухлу эҳтикор нигоҳ доранд. Дунё маҳори қалби онҳоро ба даст гирифта ва саранҷом ба оташашон мекашад.

Аз он ҷаноб пурсиданд: беҳтарин мрадум киёянд? Фармуд: Онҳо, ки агар кори нек кунанд, шод шаванд ва агар бад кунанд, пушаймон шаванду талаби омурзиш намоянд: ҳангоми неъмат шокиранд /шукргузор/, гоҳи бало собир /бо сабр/ ва чун хашм гиранд, гузашт кунанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …