Главная / Гуногун / Пора (Пул – Сум)

Пора (Пул – Сум)

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаи шадиду хунин, дар байни маҳалҳо хун афтод ва тарқиши бузургеро ба вуҷуд овард, ки сабабгори беэътимодӣ ва нобоварии нухбагони тарафҳо ва дар натиҷа шиддати бесобиқа пайдо кардани марази маҳалгароӣ шуд. Адами ваҳдати миллӣ хатарноктарин омили якпорчагии кишвар шинохта шудааст, ки таҷрибаи талхи мо онро бори дигар исбот кард.

Набуди шоистасолорӣ ва расидани нафарони тасодуфӣ ба мақом дар асари зудуда гаштани фарқи ҳарому ҳалол фасодро дар кишвар ниҳодина кард, ки низ монеаи бузурге дар роҳи рушди кишвар шуд. Ҳардуи ин падида – маҳалгароӣ ва фасод дар якҷоягӣ, ҷомеаро ба табақаҳои дорову нодор, баргузидаву нобаргузида тақсим карданд. Коршиносон ба як овоз нобаро- рии иҷтимоиро сабаби асосии таркиши иҷтимоӣ донистаанд.

Пора

Ҳамин тавр, агар сабабҳои умдаи пошхӯрии Иттиҳоди шӯра- вӣ заъфи мудирияту густариши фасод ва агар сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон табартақсим ва аворизи он мисли маҳалгароӣ бошад, ҳамаи ин омилҳо имрӯз дар кишвари ман ба таври барҷастатаре ҳузур доранд. Ман ду ёддошти хурд дар тақвияти ин гуфтаҳо меорам.

Замони пошхӯрии Ҳукумати шӯравӣ анборҳои пахта пур аз ин маҳсулоти пурқимату серхаридор буданд. Хариду фурӯш ва соҳибкории хусусӣ иҷозат шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар соҳаи тиҷорат қонуну қоидаи мушаххас қабул нашуда буд. Аз ин са- баб, чанд соли аввал қисми зиёди пахтаи Тоҷикистонро ба таври қочоқ обу лой карданд. Корчаллонҳо аз фурсат истифода бурда, дар ҳамкорӣ бо дастандаркорони соҳа, ба истилоҳи онрӯза, «ки- про ҷип» мекарданд. Мардум мегуфтанд, ки ҳар касе, ки кип (тойи пахта) фурӯшад, ҷип савор мешавад. Воқеан, қочоқчиён аз бесарусомонӣ истифода карда, пахтаро обулой ва пулашро барои зиндагии муҷаллали худашон сарф карданд. Табиист, ки онҳо боҷу ришваҳои ҳангуфт ба масъулон мепардохтанд. Дар назари одамон тиҷорати пахта як кори пурфасод ва қочоқӣ шуда монда буд. Масъулони дахлдор зеҳнияте доштанд, ки ҳар касе, ки пахтаро содир мекунад, бояд ба онҳо пора диҳад.

Соли дувуми ба тиҷорати пахта машғул шудани мо буд. Ҳукумат бо қоидаҳо содироти пахтаро торафт танзим мекард. Пеш аз содир шудани пахта аз қаламрави ҷумҳурӣ бояд пули он ба бонк ворид мешуд, андоз аз фурӯш супорида мешуд, куми- таи стандарт навъи пахтаро муайян мекард ва биржаи пахта хулосаи худро дар хусуси аз ҷиҳати иқтисодӣ қобили қабул будани муомила медод. Ин система воқеан дуруст тарҳрезӣ шуда буд ва дар ҳоли дуруст кор кардан пеши роҳи қочоқи пахтаро мегирифт.

Ҳар кадоми ин ниҳодҳо тасдиқномаи худро медоданд ва гум- рук фақат дар асоси онҳо берун рафтани пахта аз қаламравро иҷозат медод. Ин танзимот хеле зарур буд, зеро дар замони бесарусомонии баъди пошхӯрии кишвар баамаломада, теъдоди зиёди пахтаи хоҷагиҳо бе пешпардохт содир ва бе ному нишон шуда, хоҷагиҳо зиёни зиёд дида буданд.

Моҳи сентябр буд ва чидани пахта маблағгузории зиёди нақд ва ҳаррӯза талаб мекард. Қарордодҳои бонку ширкатҳои хориҷӣ бо ширкатҳои содиркунандаи маҳаллӣ моро уҳдадор мекарданд, ки аз моҳи сентябр мувофиқи нақша пахта бор карда фиристем. Мо – ҳамаи ширкатҳо ба миқдори пешбинишуда, пахтаро барои содирот омода карда, аснодашро ба ин ниҳодҳо супоридем. Тасдиқномаҳои дигар омода шуда бошанд ҳам, Кумитаи андоз корро кашол медод. То ин дам ҳеч гоҳ чунин кашолкорие нашуда буд. Ҳама асабӣ буданд. Бор кардани пахта ақиб, ки меафтод, бонки хориҷӣ маблағгузориро низ кашол медод. Ҳар ҳафта дар ҷаласаҳои сарвазир кор то садои баланду таҳдид мерасид. Зеро камбуди пули чинак ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пахта оварда расонданаш мумкин буд.

Он замон пахтачинӣ маъракаи умумиҷумҳуриявӣ буда, ҳа- нӯз ҳам мисли замони шӯравӣ нақшабандӣ мешуд ва ҳукумат бар иҷрои он назорати шадид мебурд. Иҷрои нақша ба таври густарда аз тариқи васоити ахбори омма расонаӣ мешуд. Бри- гадаҳо, колхозҳо, ноҳияҳо бо ҳам сабқат мекарданд ва ба ғолибон туҳфаҳо дода мешуданд.

Мо сарони ширкатҳои содиркунанда тасмим гирифтем, ки бо раиси Бонки миллӣ вохӯрда, масъаларо матраҳ кунем, то ин ки ӯ ба раиси Кумитаи андоз занг занад. Дар ҷаласа раис бо телефон раиси Кумитаи андозро пайдо накарда, дастур дод, ки ду нафар сарони ширкат рафта, бо раёсати Кумитаи андоз масъаларо баррасӣ карда, сабаби таъхири додани тасдиқномаро муайян карда оянд. Қарор кардем, ки бегоҳии ҳамон рӯз ҷаласаи дигар баргузор карда, ин масъаларо ҳал кунем.

Дар ҷаласаи бегоҳӣ яке аз он нафароне, ки рафта бо раиси навтаъини Кумитаи андоз вохӯрда буданд, ба раиси Бонки мил- лӣ иттилоъ дод, ки раиси Кумитаи андоз талаб кардааст, ки барои ҳар тоннаи пахтаи содиршаванда шахсан ба ӯ маблағи 50 доллар пардохта шавад.

Хомӯшии ногуворе ҳукмфармо шуд. Ҳама интизори воку- ниши раиси Бонки миллӣ будем. Ман интизор доштам, ки раис телефонро мегираду занг зада, қотеъона бархӯрд мекунад, то ки пеши роҳи ин фасоди рӯирост гирифта шавад. Воқеан, ин худсарии гӯшношуниде буд.

Раис хомӯш қаламро бардошта, ба гӯшаш халид, тоб дода гӯшашро хорид ва бо садои нарму ором гуфт:

  • Майлаш, як чизе додан лозим мешавад.

Ба зудӣ дар пайравӣ аз ин равиш, ниҳодҳои дигари дахлдор низ боҷҳои ғайриқонунии худро муқаррар карданд ва шир- катҳои содиркунанда маҷбур шуданд, ки ба фасод ғӯта зананд.

Мувофиқи қонун ширкатҳои тиҷориро соле як бор тафтиши молӣ мегузаронданд. Бозрас аз Кумитаи андоз чанд рӯз боз ба тафтиши ширкати мо машғул буд. Чанд камбудии хурду резе ошкор карда буд, ки ба супоридани андоз ё пардохтҳои дигари давлатӣ рабте надошт. Комрон, ки мутасаддии ташкили таф- тиш аз сӯи ширкат буд, ба ман дар бораи он камбудиҳо гуфт. Ман назарамро баён кардам, ки аз сари вақт ошкор шудани камбудиҳо мо бояд хурсанд шавем ва аз бозрас ҳам сипосгузор бошем, зеро ин камбудиҳоро рафъ мекунем ва дар оянда онҳоро такрор намекунем. Вале Комрон қонеъ наменамуд.

  • Мушкили дигаре ҳам ҳаст? – пурсидам ман. Комрон за- бонхоӣ мекард.
  • Ӯ пул мехоҳад, – гуфт чашмонашро гурезонда.
  • Яъне ҷарима бастан мехоҳад? – дақиқ карданӣ шудам. Комрон бо аломати инкор сар ҷунбонд.
  • Чанд? – тори асабҳоям таранг мешуд.
  • Даҳ ҳазор.
  • Даҳ ҳазор доллар? – Комрон бо ишораи сар тасдиқ кард. Ҳис кардам, ки қиёфаам гарм мешавад, хун ба сарам зад.
  • Барои чӣ? Аз молиёте, ки мо месупорем, ӯ маош мегирад, баръакс ӯ бояд ба мо ёрӣ кунад, ки хатоҳоямон рафъ шаванд! – хитоб кардам ман. Комрон хомӯш сар ба зер афканда меистод.
  • Рафта гӯй, агар камбудиҳои ошкоркардааш ҳар қадр ҷа- рима мешуда бошад, ҳамонро расмӣ месупорем, – гуфтам ман.
  • Ман ду рӯз боз бо ӯ баҳс мекунам, бефоида. Аввал ӯ се баробар зиёд мепурсид, – ҷавоб дод Комрон.
  • Ман худам бо ӯ гап мезанам, – гуфтам ман.

Дар вақти таъиншуда ба утоқи кории ӯ рафтам. Пурсидам, ки дар кадом асос ӯ мехоҳад аз мо пул ситонад?

  • Ҳама медиҳад, ту ҳам медиҳӣ! – ва аз киҳо чӣ қадар си- тонданашро гуфта дод. Ин ҳамаро қаблан ба Комрон ҳам гуфта буд. Ман гуфтам, ки ба дигарон кор надорам, вале мо ҳамаи андозу пардохтҳоро саривақт супоридаем ва гуноҳе надорем, ки бо ришваву пора бипӯшем.
  • Туро кӣ гуфтааст, ки ҳамаи андозҳоро супорӣ? – маро дар ҳайрат гузошт ӯ.
  • Магар насупоридан мешавад?
  • Намесупоридӣ, ман ҳозир санад тартиб дода, ҳамаашро дуруст нишон медодам, ҳам ту фоида мекардӣ, ҳам ман! – ақл ёд дод ӯ ба ман.

Оромона фаҳмондам, ки ин талабаш ҷиноят аст.

  • Ба куҷое хоҳӣ, арз кун, шумо ҳафтод сол хӯрдед бас! Акнун навбати мо! – гуфта дӯғ зад.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

korea

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Дар Корея ҳукмрон шудани истилогаронн Ҷопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онҳо мардумро …