Главная / Биология / Полимерҳои биологӣ–сафедаҳо

Полимерҳои биологӣ–сафедаҳо

Дар байни моддаҳои органикии ҳуҷайра сафедаҳо миқдоран ва аз рўи аҳамият ҷои аввалро ишғол менамоянд. Дар ҳайвонот тақрибан 50%-и массаи хушки ҳуҷайраҳо ба сафедаҳо рост меояд. Дар организми одам 5 млн. типи молекулаҳои сафедагӣ вомехўранд, ки на фақат байни ҳамдигар, инчунин аз сафедаҳои дигар организмҳо низ фарқ мекунанд.

Бо вуҷуди ҳамин қадар гуногунӣ ва мураккабии сохт сафедаҳо ҳамагӣ аз 20 аминокислотаҳои мухталиф таркиб ёфтаанд. Формулаи умумии онҳо чунин аст:

ПолимерҳоДар қисми чапи молекула гурўҳи амин ҷойгир шудааст, ки он хосияти асосро зоҳир менамояд; аз тарафи рост – гурўҳи карбоксил СООН – гурўҳи кислотагӣ ҷойгир аст, ки барои тамоми кислотаҳои органикӣ хос мебошад. Аз ин рў, фаҳмидан душвор нест, ки аминокислотаҳо-пайвастагиҳои амфотерӣ буда, ба хосиятҳои химиявии ҳам асос ва ҳам кислота соҳибанд. Ин сабаби байни

якдигар таъсири мутақобила намудани онҳо мегардад. Молекулаи аминокислотаҳо бо ҳам пайваст шуда, байни гурўҳи карбоксилӣ (СООН) ва аминӣ) банд ба вуҷуд меоранд. Чунин бандро банди ковалентӣ, вале дар ин маврид онро банди пептидӣ меноманд:

Пайваст шудани ду аминокислота дар як молекула дипептид, се аминокислота-трипептид номида мешавад. Пайвастагии иборат аз 20 аминокислота ва боқимондаи аз он бештари аминокислотагиро-полипептид меноманд.

Аминокислотаҳо сохти умумии аниқ доранд, лекин азҳамдигар танҳо бо сохти радикал (R) фарқ мекунанд, ки хеле гуногун аст. Масалан, дар аминокислотаи аланин радикалоддӣ–СН3 мебошад, радикали аминокислотаи систеин бошад, сулфур–СН2SH дорад; дигар аминокислотаҳо радикалҳои бештар мураккабро соҳибанд.

Сафедаҳое, ки аз организмҳои зиндаи ҳайвонот, растанӣ ва микроорганизмҳо ҷудо карда шудаанд, аз садҳо ва баъзан аз ҳазорҳо комбинатсияи (бо ҳамдигар якҷояшавии) 20 аминокислотаи асосӣ иборатанд. Тартиби пайдарҳам (паиҳам)

пайвастшавии боқимондаи аминокислотаҳо ба мавҷудияти миқдори зиёди молекулаи сафедаҳо дар табиати зинда имконият додааст; ҳамаи онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Пайдарҳам ҷойгиршавии аминокислотаҳоро дар занҷири (силсилаи) полипептидӣ структураи якумини сафеда меноманд. Вале молекулаи сафеда дар намуди занҷири боқимондаҳои аминокислотагӣ, ки паиҳам байни якдигар бо банди пептидӣ пайваст шудаанд, ҳанўз қобилияти иҷро кардани функсияи махсусро надорад. Барои ин, ташкили бештар баланди структураи молекулаи сафеда зарур аст. Тавассути ба вуҷуд омадани бандҳои гидрогенӣ байни боқимондаи гурўҳҳои карбоксил ва аминогурўҳҳои аминокислотаҳои гуногун

молекулаи сафеда намуди спирали сатҳаш чиндор (пурчин) қабул менамояд ( – структура). Ин структураи дуюмини сафеда мебошад (расмҳои 3.1, 3.2). Аммо вай аксаран вақт барои қабули фаъолияти хоси биологӣ кофӣ нест.

Аксаран, танҳо, вақте ки молекулаи сафеда структураи сеюмин зоҳир менамояд, дар он ҳолат вазифаи катализа тор ё ягон вазифаи дигарро иҷро карда метавонад. Структураи сеюмини сафеда ба туфайли таъсири мутақобилаи радикалҳо, қисман радикалҳои аминокислотаи систеин, ки сулфур доранд, ба вуҷуд меояд. Атомҳои сулфури ду аминокислота, ки аз якдигар дар андак масофа дар занҷири полипептидӣ ҷойгиранд, пайваст шуда, бо ном банди дисулфидӣ S-S ба вуҷуд меоранд. Ба туфайли чунин таъсири мутақобила спирали сафедагӣ печутоб хўрда, шакли кура ё тўбча (калобача)-ро мегирад.

Қобилияти ҷойгир шудани спирали полипептидӣ дар чунин кура структураи сеюмини сафеда номида мешавад. Бисёр сафедаҳо, ки структураи сеюмин зоҳир менамоянд, вазифаи биологии худро дар ҳуҷайра иҷро карда метавонанд. Лекин барои ба амал овардани баъзе функсияҳои организм иштироки сафедаҳои дараҷаи ташкил ёбиашон боз ҳам баландтар зарур аст. Ҳамин гуна дараҷаи баланди ташкилёбии сохти молекулаи сафедаро структураи чорумин меноманд.

Структураи чорумини сафеда аз муттаҳидшавии функсионалии якчанд (ду, се ва бештар) молекулаи сафеда иборат аст, ки структураи сеюминро зоҳир менамоянд. Мисоли ҳамин гуна сафедаи мураккаб гемоглобин мебошад. Молекулаи он аз чор молекулаи байни якдигар пайваст иборат аст. Мисоли дигар гормони ғадуди зери меъда-инсулин шуда метавонад, ки аз ду компонент (қисми таркибӣ) иборат ме- бошад. Дар таркиби структураи чорумини баъзе сафедаҳо, ба ғайр аз қисми сафедагӣ, компонентҳои гуногуни ғайри сафедагӣ низ мавҷуданд. Аз ҷумла, сафедаи дар боло номбурда – гемоглобин пайвастагии гетеросиклии мураккаб дорад, ки ба таркиби он оҳан дохил аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …