Главная / Ҷамъият / АЛОҚАИ ПОКИЗАГӢ ВА ИБОДАТ

АЛОҚАИ ПОКИЗАГӢ ВА ИБОДАТ

Дини Ислом инсонро бо Аллоҳ таъоло наздик намуда муносибати ӯро ба одамон ба тартибу низом медарорад.

Аз ҳамин сабаб дини Ислом ба МО дастур медиҳад, ки ҳамеша покизаву тоза бошем. Шарти баъзе аз ибодот покизашавии пешакй, яъне таҳорати акбар (ғусл) ва таҳорати кӯчак (вузу) мебошад.

tahorat_003

Ҳангоми ибодат МО бо Худо рӯ ба рӯ мебошем. Ва бояд тани МО ва либосҳои МО тоза бошанд. Ҳол он ки агар либосамон ифлос бошад ё аз баданамон бӯи нофорам барояд, моро аз ҳамдигар шарм меояд. Ё худ мисоли дигар, МО бо чунин намуд ба дидани ягон шахси муътабар ё наздикамон намеравем ва пеш аз ин шустушӯ намуда, либосҳои тоза дар бар намуда баъд аз хона мебароем. Ва наход ки ҳангоми ибодати Холиқи худ бо тани нопоку либоси ифлос бошем.

Баъзеи ибодатҳо, мисли намозҳои боҷамоат, намозҳои чумъа ва ид сарҷамъона гузошта мешаванд. Дар ин вақт шахе бо Худой худ рӯ ба РӮ буда, дар байни ИЗДИҲОМ аст. Ва дар ин ҳолат тоза будан шарти асосй аст. Ибодат ба МО одати доим поку тоза буданро талқин мекунад. Тозагй пеш аз ибодат ва ҳангоми ибодат моро зоҳиран ва ботинан пок мегардонад.

Аз дигар тараф ҳамаи ибодатҳо ДИЛИ моро пок мекунанд. Ибодат моро аз фикрҳои бад ва хаёлҳои фосид дур мекунад. Мисол, додани закот ДИЛИ моро аз мумсикй ва ҳасадхӯрӣ тоза мегардонад. Рӯза моро аз худпарастй, бераҳмӣ ва магрурй дур мекунад. Дар натиҷа ҳамаи ибодатҳо рӯҳан моро пок гардонида, гуноҳонро мешӯяд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …