Главная / Гуногун / Подшоҳе ва ғулом

Подшоҳе ва ғулом

Подшоҳе бо ғуломе аҷамӣ дар киштӣ нишаст ва ғулом дигар бора киштиву дарё надида буд ва роҳати киштӣ наёзмуда. Гиряву зорӣ дарниҳод ва ларза дар андомаш ўфтод. Чандон ки мулотифат карданд, ором намегирифт ва айши малик аз ў мунағас буд.

shoh

Чора надонистанд. Ҳакиме дар он кишти буд, маликро гуфт:
– Агар фармон диҳи, ман ўро ба тариқе хомўш гардонам?

Гуфт:
– ғояти лутфу карам бошад.
Бифармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғўта хўрд. Мўяш гирифтанд ва пеши киштӣ оварданд ва ба ду даст дар суққони киштӣ овехт. Чун баромад, ба гушае биншаст ва ором ёфт.
Малик аҷаб омад, ҳакимро пурсид:
– Дар ин чӣ ҳикмат буд?

Гуфт:
– Аз аввал меҳнати ғарча шудан ночашида буд, ва қадри саломати киштӣ намедонист. Ҳамчунин қадри офият касе надонад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст, он кӣ ба наздики ту зишт аст.
Хўрони биҳиштро дўзах бувад аъроф,
Аз дўзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст.

***
Фарқ аст миёни он, ки ёраш дар бар,
То он ки ду чашми интизораш ба дар.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …