Главная / Гуногун / ПИСАРХОЛА

ПИСАРХОЛА

Баъзе устодони донишгоҳ дар замони Шӯравӣ хеле сахт- гир буданд. Ба фарқ аз имрӯз, баҳои донишомӯзро фақат дар асоси донишаш мемонданд. Ришваву фасод қариб вуҷуд на- дошт. Як рӯз як писархолаам, ки дар Донишгоҳи политехникӣ мехонд, ба ман муроҷиат кард, ки мусоидат бикунам, то аз донишгоҳ хориҷ нашавад. Моҷаро аз қавли ӯ ин буд, ки устоде ба ӯ қасд гирифтаву мехоҳад ӯро аз донишгоҳ хориҷ кунад. Ме- гуфт, он муаллим ҳамшаҳрии дӯсти наздики ман – Мирзо асту ҳатман гапи Мирзоро дар замин намемонад. Таваллову зорӣ мекард Мирзоро хоҳиш кунам, то бо он устод гуфтугӯ карда, ҳадди ақал ӯро барои аз нав имтиҳон супурдан розӣ кунад.

  • Мирзо метавонад, ҳатман метавонад, чун онҳо ҳарду аз як ҷо ҳастанд, ҳамдигарро бояд бишносанд! – ваҷҳ меовард ӯ. Ман бо Мирзо аз замони донишҷӯӣ шиносоӣ доштам ва воқеан бо ҳам хеле дӯсти наздик будем. Аз сабаби он ки ман ба Мирзо барои худдорӣ аз корҳои номаъқул, баъзан «насиҳат» мекардам, ӯ маро шӯхиомез «роҳбари маънавӣ» меномид.

Ин Мирзо дар шаҳр бисёр маъруф буд ва аксарият ӯро мешинохтанд. Зоҳиру сураташ ҳам бисёр хотирмон буд. Қаду қомати баланд дошт ва бо риши кӯтоҳу мӯйҳои дароз мегашт, лақабаш Риш буд. Баччаи аҳли дӯстиву рафоқату улфат буд ва аз ин рӯ, рафиқу ошнои зиёд дошт. Каме шуҳрати гарданкашӣ ҳам дошт. Ман ҳам фикр кардам, ки ин кор ҳатман аз дасти Мирзо бармеояд!

Муроҷиат кардам, Мирзо гуфт:

  • Намешиносамаш, хайр мерем, шинос мешем.

Мо секаса ҳамроҳи Мирзову писархолаам ба донишгоҳ рафтем. Писархолаам то пушти дари утоқи муаллим моро раҳ- намоӣ карду худаш берун интизор монд. Мирзо дарро тақ-тақ заду интизори ҷавоб нашуда ворид шуд ва назди мизи муаллим рафт, ман ҳам аз пасаш. Мирзо бо як лаҳни кӯчагӣ пурсид:

  • Мумкинай, малим?

Устод дар посух гуфт:

  • Шумо аллакай даромадед.

Рост мегуфт, чун Мирзо дарро зада бошад ҳам, мо иҷозатро мунтазир нашуда, ворид шуда ва ба назди мизи ӯ расида будем. Мирзо курсиро кашиду нишаст ва ба ман ҳам бо сар ишора кард: «Бишин». Мирзо худашро шинос кард:

  • Малим, ма Мирзои Риш, ай Данғараам, баччаи фалонӣ. Муаллим гуфт:

 

  • Ман ҳам аз Данғараам, вале туро нашинохтам, падаратро ҳам.

Ва пурсид:

  • Чӣ хизмат?

Мирзо бо ҳамон лаҳн гуфт:

  • Малим, мо барои як студентут омадем, ай имтиҳони худут мушкил доштай, барои ҳамин пешут омадем.

Зоҳиран, танҳо донишҷӯе, ки имтиҳони ин устодро насупо- рида буд, ҳамин писархолаи ман буд, ки муаллим билофосила пурсид:

  • Барои Салоҳиддинов?

Мирзо тарафи ман нигоҳ кард, сар такон додам: «Худаш». Муаллим дафтари ҳузури донишҷӯёнро боз карду сафҳаеро ба мо нишон дод, ки дар радифи номи писархолаам ҳарфи «н», яъне «набуд», қатор буд. Гуфт:

  • Ӯ умуман ба дарсҳои ман намеомад, хеле беҳурматӣ ме- кард, ман ҳеч гоҳ ба ӯ баҳо намегузорам.

Мирзо дасте ба ришаш бурду гуфт:

  • Малим, мо фаҳмидем, ки ӯ ягон номаъқулӣ кадай, ки худут иқа сахтуш гирифтаӣ, мо ҳам барои ҳамин омадем, я балош буку бачча ай институт хориҷ нашава.

Муаллим гуфт:

  • Гӯш кун, ҳамин модари ман бемор шуд. Бемори вазнин. Духтари як ҳамсояамон парастор аст. Ҳамин духтар чандин моҳ модари маро нигоҳубин ва парасторӣ карда, ба навъе, аз марг наҷот дод. Ана аз ҳамин хонавода як писар дар ҳамин дониш- гоҳи мо мехонд. Дарсҳои маро аз худ карда натавонист. Ман ба ҳамин бачча баҳои «ду» мондам. Модарам аз ман илтимос кард, ки ба ҳамин бачча «ду» намонам, рӯи хотири хоҳараш, ки модарамро аз марг наҷот дод, ёрӣ кунам. Ман ба ҳамон бачча ёрӣ накардам, аз институт хориҷ шуд.

Яъне ин муаллим на танҳо сахтгири гузаро буд, балки но- одам ҳам буд. Баъд аз ин Мирзо нафаси чуқуре кашиду бо як ҳаракати аҷиби дастҳову ангуштон, ки хоси ӯ буд, аз ҷо бархост. Маълум буд, ки ӯ ба хашм омадааст. Вақте ӯ бархост, муаллим фикр кард, ки Мирзо ба қасди таҳдид мехезад. Каме курсиашро ақиб карду гуфт:

  • Агар мезанӣ, бизан!

Қиёфаи Мирзо, бо ришу мӯи дароз каме ҳаросафкан буд, вале ин замон осори хашм ҳам дар чеҳрааш пайдо шуда буд.

  • Агар ҳатто бизанӣ, ман ба ҳамин бачча баҳо намемонам! – қарори муаллим қатъӣ буд.

Мирзо қоматашро рост карду тарафи муаллим нигоҳ кард ва ангушти ишораташро сӯи ӯ теғ карда гуфт:

  • Э, тура худо бизана! Агар ба касе, ки модарта наҷот додай, ёрдам накада бошӣ, тура худо бизана!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …