Главная / Ҷуғрофия / ПИРЯХҲОИ Тоҷикистон

ПИРЯХҲОИ Тоҷикистон

Пандоиши пирях. Шумо медонед, ки як қисми боришот ба сатҳи Замин ба намуди барф ва жола мерезад. Дар қутбҳо, ноҳияҳои наздиқутбй, кӯҳҳои баланд, ки ҳаво дар тобистон ҳам хунук аст. барф ва жола пурра об намешаванд. Дар натиҷа сол аз сол миқдори зиёди барф ҷамъ мешавад. Баъд барф оҳиста- оҳиста зич шуда, ба ях табдил меёбад.

Пиряхи Федченко
Пиряхи Федченко

Дар кӯҳҳо барф то баландиҳои муайян об мешавад. Аз он боло барфҳои доимӣ ва пиряхҳо ҳукмфармо мебошанд. Ҳудуди поёнии онҳоро хати барфй меноманд. Аз ин хат боло барф дар давоми сол об намешавад. Баландии хатти барфӣ дар ҳама ҷо як хел нест. Дар кӯҳҳои назди хати истиво хати барфӣ дар баландии 500 метр буда, дар кӯҳҳои Помир аз баландиҳои 5200-5240 метр мегузарад. Дар қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубй то сатҳи оби уқёнус поён мефарояд.

Пиряхи куҳӣ ва рӯизаминӣ. Пиряхҳои сатҳи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияту мавқеи ҷойгиршавиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: пиряхҳои кӯҳй ва рӯизаминй. Пиряхҳои рӯизаминӣ дар минтақаҳои қутбӣ паҳн гардидаанд. Андозаи онҳо  бузург буда, масоҳати хеле калонро ҳамчун сипар пӯшондаанд. Пиряхи рӯизаминӣ қариб тамоми сатҳи Антарктидаро фаро гирифтааст. Он бо таъсири вазни худ аз марказ ба тарафи уқёнус ҳаракат мекунад. Ҳамин ки ба уқёнус расид, шикаста, чун кӯҳи яхин шино мекунад, ки онро айсберг (аз лафзи скандинавй кӯҳҳои яхин) меноманд. Дарозии онҳо  то 300 километр ва баландиашон то 600 – 700 метр мешавад. Айсбергхо барои киштиҳое, ки дар уқёнус шино мекунанд, хатарнок мебошанд.

Пиряхҳои кӯҳӣ ба монанди пиряхи минтақаҳои қутбӣ мавзеи ишғолкардаашонро саросар напушондаанд. Онҳо дар қуллаҳо, хамиҳо ва водиҳои кӯҳӣ аз якдигар ҷудо-ҷудо хобидаанд. Шакл ва андозаи онҳо  гуногун мешавад. Баъзеи онҳо  шоха доранд. Пиряхҳо дар он мавзеъҳое хобидаанд, ки сатҳи онҳо  ба ин ё он сӯ нишеб аст. Бинобар ин пиряхҳо аз нишебии кӯҳҳо ва водиҳои кӯхй ба поен ҳаракат мекунанд. Ҳаракати онҳо  хеле суст аст. Дар як шабонарӯз аз 20 см то 80 см ҳаракат мекунанд. Ҳангомн ҳаракат ҷинсҳои кӯҳии нишебии кӯҳ ва водиро канда бо худ мебаранд.

Пиряхҳои кӯҳӣ аз хати барфй поён фаромада, хатман об  мешаванд. Дар ҷон онҳо сангпораҳои ҳаҷман гуногун ва дигар ҷинсҳои кӯҳие, ки пирях овардааст, боқӣ мемонанд. Онро моренаи канорӣ меноманд.

Анбӯҳи яхи пайдоишаш атмосфериро, ки дар сатҳи Замин ҳаракат мекунад пирях меноманд. Пирях дар он ноҳияхое ҳосил мешавад, ки боришоти сахти атмосферӣ нисбат ба об ва бухор шудан зиёдтар таҳшин мешавад.

айсберг

Дар Помири Ғарбӣ пиряхи Хирсон мавҷуд аст, ки ҳар сари чанд вақт ҳаракат карда, маҷрои дарёи Абдуқаҳорро банд мекунад ва барои аҳолӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон мерасонад (масалан, солҳои 1937. 1951, 1963, 1973).

Аҳамияти пиряхҳо. Дар рӯи Замин пиряхҳои кӯҳӣ ниҳоят бисёранд. Масоҳати онҳо ҳамагӣ 1.5 фоизи масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти хоҷагии одамон ниҳоят калон аст. Пиряхҳо барои ноҳияҳои камбориши рӯи Замин ҳамчун манбаи об хизмат мекунанд. Якеа з чунин ноҳияҳо Осиёи Миёна мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз он 60 фоиз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Пиряхҳои Тоҷикистон асосан дар кӯҳистони Помир воқеъ гардидаанд. Масоҳати онҳо  8500 километри мураббаъ буда, аз 8493 пиряхи хурду калон иборат аст. Аз онҳо дарёҳои калони Осиёи Миёна ғизо гирифта, заминҳои хушкро обшор мегардонанд.

Ба гуфайли обе, ки ба ин дарёҳо ҷорй мешавад, дар биёбонҳои Осиёи Миёна вохаҳои сабзу хуррам ба вуҷуд омадаанд. Зиёда аз 90 фоизи оби ширини рӯи Замин ба пиряхҳои рӯизаминй poст меояд. Инсоният мумкин аст дар оянда онро истифода барад. Ҳоло олимон барои ҷустуҷӯи роҳи истифодаи айсбергҳои шинокунандаи уқёнус фикру андеша меронанд.

Савол ва супориш

  1. 1 Пиряхҳо чӣ тавр ҳосил мешаванд?
  2. Пиряхҳои кӯҳӣ аз пиряхҳои пӯшанда чӣ фарқ доранд?
  3. Оё пиряхҳо ҳаракат мекунанд?
  4. Пиряхҳо дар табиат ва ҳастии инсон чӣ аҳамият доранд?

 

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …