Главная / Биология / Пингвинҳо

Пингвинҳо

Намояндаи ин қатор дар болои ях ва обҳои хунуку барфи Антарктида зиндагӣ карда, бадани хурди тамоман бо пару пат пӯшида доранд. Онҳо парвоз намекунанд, пойҳои пеш ба белча монанд шудааст ва дар байни панчаҳои қафо парда ҳаст. Дар бадан ғадуди равганӣ доранд, тухмашонро дар байни пардаи пойҳошон гирифта мегарданд.

Пингвинҳо

Онҳо села-села шуда (то 1000) якҷоя зиндагӣ мекунанд. Дар вақти дамгирӣ якто калонашон дар ҷойи баландӣ истода дигаронашро посбонӣ мекунад. Ҳангоми хатарро ҳис кардан болҳояшро меҷунбонад ва онҳо зуд, ба об медароянд. Пингвинҳо дар соҳил хонае месозанд, ки ба якдигар роҳ дорад.

Дар бурҷи хонаашон хас ҷамъ карда, барои тухмгузорӣ тайёрӣ иебинанд. Насли нави аз тухм баромадаи пингвинҳо бо мӯякҳои маҳин пӯшида шудаанд ва чашмони чӯҷаҳояшон дар аввал баста буда, модарашон ба онҳо моҳичаҳоро оварда мехӯронад.

Пингвинхоро шикор намекунанд, вале аз ҷойи зисти онҳо пару паташонро бо миқдори зиёд ҷамь карда мегиранд, ки вай хеле нарму гарм ва пурқимат аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …