Главная / Гуногун / Пешниҳоди эъломияҳои сифрӣ ва эъломияҳое, ки дар онҳо даромадҳои ночиз нишон дода мешаванд,

Пешниҳоди эъломияҳои сифрӣ ва эъломияҳое, ки дар онҳо даромадҳои ночиз нишон дода мешаванд,

Тавре аз Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе хабар до данд, дар семоҳаи якуми соли 2020 аз ҷониби 12695 нафар андозсупоранда эъломияҳо ба мақомоти андоз пешниҳод шудааст, ки 70,3 фоизи шумо раи умумиро ташкил медиҳад. Аз 12695 адад андозсупоран дае, ки ба мақомоти андоз эъломия пешниҳод кардаанд, 5703 адад шахси ҳуқуқӣ ва 6992 адад соҳибкори инфи родии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда мебошанд. Нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ин самт дар нозиротҳои андоз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба таври лозимӣ кор бурда нашу дааст, гарчанде дар ҷаласаҳои корӣ ва ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолияти нозиротҳои ан доз супоришҳои қатъии роҳбарияти мақомот маҳз ба ин самт нигаронида мешаванд.
Чуноне ки аз таҳлилҳо бармеояд, фоизнокии пешниҳоди эъломияҳо нисбати шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур 68,6 фоиз, Исмоили Сомонӣ 65,0 фоиз, Фирдавсӣ 70,3 фоиз ва Сино 72,5 фоиз, нисбати соҳибкорони инфиро дии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ноҳияҳои Шоҳмансур 67,8 фоиз, Исмоили

Сомонӣ 73,5 фоиз, Фирдавсӣ 78,7 фоиз ва Сино 74,6 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре зикр шуд, маҳз аз беназоратӣ андозсупоран дагон ҳисоботашонро ду руст пешниҳод намекунанд, ки он боиси сифрӣ ё ин ки умуман, пешниҳод нашу дани эъломияҳои андозҳо гардида истодааст. Таҳлили маълумот нишон додааст, ки шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар низоми содакардашуда фаъо лияткунанда, ки эъломияҳои сифрӣ пешниҳод менамоянд ё ин ки бефаъолиятанд, дар нозиротҳои андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, 6161 адад ё ин ки 37,5 фоизи шумораи умумии андозсупо рандагонро ташкил медиҳад.

Нишондоди мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур аз 2013 нафар соҳибкори инфиродӣ 749 андозсупоранда ё 37,2 фоиз бефаъолият ва сифрӣ ва аз 1670 адад шахси ҳуқуқӣ 713 андозсупоранда ё 42,7 фоиз бефаъолият ва сифрӣ мебошанд. Дар ноҳияи Ис моили Сомонӣ аз 1333 нафар соҳибкори инфиродӣ 496 андозсупоранда ё 37,0 фоиз бефаъолият ва сифрӣ ва аз 2124 адад шахси ҳуқуқӣ 891 андозсупоранда ё ин ки 41,9 фоиз бефаъолият ва сифрӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 3167 нафар соҳибкори инфиродӣ 844 андозсупоранда ё 26,7 фоиз бефаъолият ва сифрӣ ва аз 1249 адад шахси ҳуқуқӣ 566 андозсупоранда ё 45,3 фоиз бефаъолият ва сифрӣ мебошанд. Дар ноҳияи Сино низ аз 2791 нафар соҳибкори инфиродӣ 1041 андозсупо ранда ё ин ки 37,3 фоиз бе фаъолият ва сифрӣ ва аз 2061 адад шахси ҳуқуқӣ 867 андоз супоранда ё 41,9 фоиз бефа ъолият ва сифрӣ мебошанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи андозсу порандагони бефаъолият ва сифрии шахсони ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, дар шаҳри Душан бе 1,2 фоиз, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шоҳмансур 0,8 фоиз, Исмоили Сомонӣ 1,6 фоиз, Фирдавсӣ 0,3 фоиз ва Сино 3,3 фоиз ва нисбати соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душан бе 3,3 фоиз, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шоҳмансур 1,1 фоиз, Исмоили Сомонӣ 6,7 фоиз, Фирдавсӣ 5,5 фоиз ва Сино 2,3 фоиз кам гардидаанд, ки нишондиҳандаҳои мазкур, дар ҳақиқат, нигаронкунанда буда, шахсони масъулро во дор месозад, ки дар робита ба ин, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тибқи манбаъ, аз шумораи умумии 1437 андозсупорандае, ки дар низоми умумии андозбандӣ қарор доранд, 342 субъект ё 23,8 фоиз бефаъолият ва сифрӣ мебошанд, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шоҳмансур 69 андоз супоранда ё 20,9 фоиз, Исмоили Сомонӣ 96 андозсупоранда ё 28,8 фоиз, Фирдавсӣ 54 андозсупоранда ё
17,8 фоиз ва Сино 123 андозсупоранда ё 26,2 фоиз бефаъолият ва сифрӣ мебошанд.
Вобаста ба ҳолатҳои зикр шуда ва бо дарназардошти он ки айни замон дар нозиротҳои андоз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ дар ин самт фаъолият доранд. Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ба нозиротҳои андози ноҳияҳои шаҳр супориш додааст, ки дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои мазур кор ро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва ба рои ҳарчӣ зудтар кам кардани шумораи андозсупорандагони бефаъолият ва пешниҳоди эъломияҳои сифрӣ чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Бақияи қарзи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2020ум 4,7 млн сомони ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол ба андозаи 178,7 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 792 ҳазор сомонӣ кам шудааст, гуфт сардори шуъбаи қарзҳои Нозироти андози шаҳри Бохтар Аҳмади Шариф. Бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андоз дар чор моҳи соли 2020 ба миқдори 233 огоҳинома ба маблағи 1241 ҳазор сомонӣ фиристода шуд. Тибқи огоҳиномаҳо ба буҷет 495 ҳазор сомонӣ ворид гар дид, ки 40 фоизи маблағи ни қарзи андоз қабул гардида аст. Он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 адад зиёд буда, ба буҷет 2,4 млн сомонӣ ворид шудааст.

Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар Изатулло Ман сурзода изҳор дошт, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ нақшаи андозҳо пурра иҷро нагардидааст, ки яке аз сабабҳои иҷро нашуда наш пурра ворид нагардидани бақияи қарзи андозҳо аз тарафи қисмате аз ташкилоту корхонаҳо ва ҷамъиятҳо мебошад. На мояндагии ҶДММ “Беҳдоштӣ”, намояндагии ҶДММ “Суғуртаи аввалини миллӣ”, ҶДММ “Орди Хатлон”, ҶДММ “Меҳровари Кӯрғонтеппа”, КФД “Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилӣ”, ФМДИИ “Зироаткорӣ”, Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот”, КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”, КВД “Обу ка нализатсия”, КВД “Хоҷагии ман зилию коммуналӣ”, ҶСК “Ком бинати шир”, ҶДММ “Исмоили Шамс”, ҶДММ “Сахӣ”, ҶДММ “Чойхонаи Роҳат, ҶДММ “Хат лон Бунёдкор”, ҶДММ “Ориёи Ҳақиқӣ”, ҶДММ “Арк”, ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” аз ҷумлаи ан дозсупорандагоне мебошанд, ки уҳдадориҳояшонро сари вақт ва дар сатҳи лозима иҷро накардаанд.

Сардари шуъбаи ҳисоботҳои нозироти андоз Суҳроб Назаров афзуд, ки давоми чор моҳ аз тарафи кор мандони Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар 122 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Маблағи умумии протоколҳои тартибдо дашуда 105,5 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 79 ҳазор сомонӣ во рид гардидааст, ки маблағи рӯёнидашуда 75 фоизро дар бар мегирад.

Ба ҳолати 1 уми майи соли равон дар нозироти андоз тибқи маълумоти барномаи системаи иттилоотии андоз (СИА) шумораи андозсупоран дагони бақайдгирифташуда 5780 ададро ташкил медиҳанд, гуфт А. Шариф. Дар да воми чор моҳи соли 2020 аз ҳисоби корҳои назоратии гу заронидашуда, ки дар натиҷа нисбати 104 андозсупоран да ба маблағи 249,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҳисоб карда шуд, ба маблағи 249,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт гардиданд ва ин 100 фоизи маблағи андози иловаги ҳисобшударо ташкил медиҳад.

Аз ҷумла санҷиши ҳуҷҷатӣ 43 адад ба маблағи 38,8 ҳазор сомонӣ, санҷиши амалиётӣ 47 адад ба маблағи 16,3 сомонӣ, муоинаи хронометражӣ 3 адад ба маблағи 21,4 ҳазор сомонӣ мебошад.

Оид ба таъмини андоз супорандагон бо мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ ва риояи тартиби истифодаи он Иза тулло Мансурзода гуфт, ки ба ҳолати якуми майи соли ҷорӣ 947 андозсупоранда бо мошини назоратӣхазинавӣ таъмин мебошад. Аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 551 адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 354 ададро дар бар мегирад. Алҳол кормандони Нозиро ти андоз дар шаҳри Бохтар ҷиҳати беҳтар намудани маъ мурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупоран дагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми имкониятҳоро истифо да карда истодаанд.

С.РУСТАМ, вилояти Хатлон

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …