Главная / Ҷамъият / Пайғамбар (с) БА ТОЗАГӢ ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ МЕДОД

Пайғамбар (с) БА ТОЗАГӢ ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ МЕДОД

Пайғамбар (с) ба тозагй диққати ҷиддӣ медод. Ҳар вақт пеш ва баъд аз хӯрокхӯрӣ дастони худро мешӯст. Баъд аз хоб дастони ношӯста намехӯрд ва наменӯшид. Вақте, ки Пайғамбари Худо (с) барои намози хуфтан ё намози бомдод аз хоб мехест, пеш аз ҳама бо мисвок дандонҳои мубораки худро мешӯст. Ҳатто пеш аз реҳлат, вақте ки аз ҷой хеста наметавонист ӯ аз наздикон мисвок пурсида дандонҳои худро тоза кард.

Пайғамбар (с) ба покии қалб, бадан ва либос аҳамияти хосса медод. Вақте ҳам шуда буд, ки ӯ бо либосҳои дар беҳдор мегашт, аммо ҳаргиз либосҳои ифлосу даридаро намепӯшид. Ҳангоми пешвозгирии одамон ба тозагии либосҳои худ диққат медод. Ӯ талаб мекард, ки тизоро бо рӯйпӯш пӯшонанд, роҳҳо ва сояҳои дарахтон, ки дар он ҷо мусофирон дам мегирифтанд, тоза нигоҳ доранд. Ба ӯ маъқул набуд, ки ба замин оби даҳон андозанд.

Пайғамбари Худо (с) мехост, ки ҳама либоси тоза дар тан дошта ва намуди хуби зоҳирӣ дошта бошанд. Вақте ки ӯ шахси либоси чиркиндоштаро медид, ҳатман аз ӯ мепурсид: «Барои чӣ ту либоси худро намешӯй!» Боре ӯ бо шахсе, ки мӯйҳояш чиркин ва бетартибу парешон буданд вохӯрд ва аз ӯ пурсид, ки барои чӣ мӯяшро намешӯяд ва шона намекунад. Расулуллоҳ (с) ба тозагӣ диққати ҷиддӣ медод. Ҳар вақт пеш ва баъди хӯрокхӯрӣ дастони худро мешуст. Ва баъд аз хоб бархеста дастони ношуста намехӯрду наменӯшид.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …