Главная / Гуногун / Пайдоиши хиёниён ва ҳайтолиён

Пайдоиши хиёниён ва ҳайтолиён

Нависандаи суриёнии аввали асри VI Яшу Стилат менависад, ки: «хиёниён, ки худ гунн ҳастанд».[1] Вале ин даъворо бечунучаро қабул кардан лозим не. Дар назари муаллифони онзамонаи ғарб тамоми кӯчманчиёни Осиёи Миёна сарфи назар аз номи аслии  онҳо, «гуннҳо» ё «гуннҳои сафед» буданд.

Баъзе муҳаққиқони имрӯза хиёниёнро бо «хиёаона»[2] ном тоифае, ки дар «Авесто» зикр шудааст, алоқаманд мекунанд. Онҳо душмани зардуштиён, душмани шоҳи одил Вишто будаанд, ки ҳомии Зардушт мебошад. Бар вифоқи матни «Авесто», онҳо «бадраг» ва «бадкеш» мебошанду аз афти кор, аз ҷумлаи кӯчманчиёнанд. Ф.Алтхайм, ҳатто таъбири «Авесто» – теғахӯду теғасипар»-ро, ки дар як матни мавҳуме омадааст («Яшт», ХIХ, 30), бо номи сакоиёни теғахӯд алоқаманд мекунад ва дар ҳамин асос ба хулосае меояд, ки: «Пас, хиёаона баробари яке аз қабилаҳои сакоӣ байни Оксус ва Яксарт падид меоянд».[3] Эроншиноси номӣ  Бейли[4] ин масъаларо мавриди тадқиқи муфассал қарор дода, ақидае изҳор мекунад, ки ин қабила, дар ҳақиқат, вуҷуд дошт ва бесабаб не, ки номаш дар «Авесто» мондааст. Вале, рости гап, то чи андоза мураккабу печдарпеч будани ин масъаларо Г.Бейли нағз мефаҳмад. Ба ақидаи вай, аввалҳо («дар давраҳои Виштосп») ин қабила дар ноҳияи Оксус макон дошт. Лекин баъд онҳо чи шуданд – оё ба шимолу шарқ кӯчида рафтанду баъдтар боз ба ҷануб гашта омаданд ва ё дар ҷои худ монда, ба ҳеҷ куҷо нарафтанд ва ғайраву ва ҳоказо ва онҳо бо «хуннҳо» чи муносибате доштанд ва мабодо дар номи худи ҳамин «хуннҳо» решаи калимаи қадимии «хиёаона» намонда бошад ва ғайра ва ҳоказо – ҷавоби ин саволҳоро Г.Бейли намедонад.[5]

Дар ҳақиқат, дар савияи ҳозираи дониш мо на ба ин саволҳо ҷавоб ёфта метавонему ва на ба як қарори қатъии асоснок омада метавонем, ки «хиёаона» ба хиёниёни таърихӣ чи муносибату чи алоқае доштанд. Гап дар ин ки, агар ба таъбири хеле дақиқона изҳоркардаи Г.Бейли аниқ пайравӣ намоем, мо ҳам бояд эътироф кунем, ки ким-чи хел як иттиҳодияи муқтадири қабилаҳо вуҷуд дошт ва онҳо душмани зардуштиён буданд ва дар «Яштҳо» зикр гардидаанду баъд якбора аз пеши назари сарчашмаҳои таърихӣ ғайб задаанд. Менчен-Хелфен менависад, ки «дар тамоми ин муддат онҳо дар куҷоҳо пинҳон шуда мегаштанд. Инро касе намедонад», фарзияи ба шимолу шарқ кӯчида рафтани онҳо – «мутлақо қобили эҳтимол нест» ва ба қавли Моргенстерне, «аслашро гиред, онҳо умуман вуҷуд надоштанд»[6].

kidoriyon-01-768x467

Инак, ду ақидае, ки комилан хилофи якдигар мебошанд. Дар «давраҳои Виштосп»– дар асри VI пеш аз милод қабилаҳои «хиёаона» аслан вуҷуд доштанд ё не? Маркварт дар ин бобат андешаҳои боасос изҳор мекунад. ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ вай ҳамон зарбаҳои ҳалокатбори хиёниёну ҳайтолиёнро, ки ба Эрони сосонӣ зада буданд, таҳлил намуда, навишта буд: «Ин тоифа ба эрониён чунон зӯр асар кардааст, ки ҳатто номи онҳо ба «Авесто» роҳ ёфта, аз он ҷо номи аслии душманони ҳомии Зардушт – Коваи Виштоспро тамоман зудуда партофтааст».[7] Э.Херcфелд[8] ва Р.Гиршман[9] ҳам ба ин фикр розӣ ҳастанд.

Инак, решаи хиёниёнро дар давраҳои пеш аз ҳахоманишиҳо ё дар давраи ҳахоманишиҳо ё дар давраҳои баъди ҳахоманишиҳо, яъне вобаста ба он, ки санаи «Яшт»-и нӯҳум чӣ гуна мешавад, ҷустуҷӯ кардан ҳарчанд кори дилкашу қулай намояд ҳам, вале аз афти кор, ба иҷрои он асос надорем. Эҳтимол, ҳақ ба ҷониби ҳамон олимоне мебошад, ки иддао доранд, ин ном дар «Авесто» хеле сонитар пайдо шудааст. Вале дар ин сурат ҳам, масъала ҷолиби диққат аст, яъне ин ном акнун на далели барвақт ба вуҷуд омадани ин тоифа, балки инъикоси авзои сиёсии давраҳои хеле сонитар хоҳад шуд. Дар айни ҳол, ин ном нишон медиҳад, ки умуман масъалаи пайдоиши хиёниён то чи андоза масъалаи дандоншикани мураккабу печдарпеч мебошад.

Номи шоҳи хиёниён Грумбат, мумкин гуфт, аз забони эронӣ омадааст ва маънои он «Пуштибонаш Баҳром»[10] мебошад. Аммиан Марселлин менависад, ки писари Грумбат «ҷавоне буд хеле болотар ва зеботар аз ҳамсолони худ» (Аммиан Марселлин, 19, I, 7). Азбаски худи ҳамин муаллиф афти гуннҳоро «безеб» ва намуди онҳоро «бадҳайбату дилнокаш» гуфтааст, мо метавонем пайрави он муҳаққиқоне бошем, ки ин тавр мегӯянд – ин ҷавон аз хиёниён аст ва модоме нависандаи ғарб ҳусни ӯро таъриф карда бошад, пас вай ба гуннҳо қаробате надоштааст.[11]

Алалхусус, тасвири маросими дафни хиёниён  ниҳоят муҳим аст. Аз рӯи нақли Аммиан Марселлин (19, I, 10–11; 19, 2, 1) ҷасади шоҳзодаро, ки дар ҷанг кушта шуда буд, бо сару либосу асбобу аслиҳаи ҷангӣ орову торо дода, дар миёнҷои суфаи васеи баланд монданд, дар атрофи он даҳ тобуте чиданд, ки андаруни ҳар яки он ҳайкали мурдае буд ва ҳайкалҳо чунон моҳирона сохта шуда буданд, ки аз мурдаи ҳақиқӣ фарқ надоштанд. Дар муддати даҳ рӯз мардум даста ба даста ва хайма ба хайма тақсим шуда, зиёфат мехӯрданд, ба мурдаи шоҳзода азо гирифта, марсияҳои махсус мехонданд. Занон бошанд, лобакунону навҳакашон ин орзуву умеди халқро ба охират гусел мекарданд…». Баъд мурдаро сӯзонданду устухони онро дар зарфи нуқрагине андохтанд, то ин ки васияти ҷавонро ба иҷро расонда, турбати ӯро дар ватанаш ба хок супоранд».

Дар адабиёти илмӣ ишорат ҳаст, ки унсурҳои ин тарзи дафн дар Хоразм ҳангоми ҳафриёти димнаҳои Кенгқалъа ва Кӯҳнааёз падид омадаанд. Дар ин ҷо суфаи баланди васеъ ёфт шуд, ки дар болои он замоне гулхани калоне афрӯхта будаанд ва дар атрофи гулхан устухони одамӣ ёфт шудааст. Дар паҳлӯи устухон пораи рӯи ҳайкали гилии одам ба даст омад, ки ранг дода шуда аст (дар Кенгқалъа), ғайр аз ин дар дахмаи Кӯҳнааёз пораи муҷассамаи гилии одам ёфт шуд (аниқтараш дасти ҳайкал, ки бо усули ба қолиби оҳанин печондани латтаи гаҷолуд сохта шудааст).[12] Ин бозёфт ва дигар мушоҳидаҳо ба аксари олимони советӣ имкон доданд, тахмин кунанд, ки ватани хиёниён соҳилҳои Арал аст[13] ва ин тахмин ба ҳақиқат хеле наздик аст. Вале фаромӯш набояд кард, ки баъзе унсурҳои маросими дафн, ки ба маросими дафни хиёниён шабоҳат дорад, дар дигар ҷойҳои Осиёи Миёна ҳам ёфт шудаанд. Мувофиқи хабари солномаҳои хитоӣ дар Ши (ноҳияи Тошканд) биное будааст, ки дар миёнҷо суфаи баланд доштааст. ҳар сол дар ин бино маросими азо мешудааст: дар суфаи баланд «… зарфи тиллоро мегузоранд, ки андаруни он хокистари ҷасади волидайни волӣ ҳаст, баъд он зарфро дар гирди тахт мегардонанд ва гулу мева мепошанд ва волию ашрофро гӯшти қурбонӣ медиҳанд».[14]

Дар Фарғона, дар ноҳияҳои маҷрои мобайни Сирдарё ва дар соҳилҳои Арал ҳамроҳи мурда ба гӯр бутҳои хурди гаҷӣ мегузоштаанд.[15]

Хуллас, аз диди нависандаи асри VI Сурия бемалол даст кашидан мумкин бошад ҳам, вале бар хилофи вай ягон назарияи мукаммали пайдоиши хиёниёнро пеш гузоштан аз имкон берун аст. Фақат ҳаминро аниқ гуфтан мумкин, ки хиёниён, пеш аз ҳама, қабилаҳои эронизабони Осиёи Миёна буданд.

Дар бораи пайдоиш ва шароити этникии ҳайтолиён маълумоти хеле зиёд ҳаст, вале афсӯс, ки аз ин суде нест, зеро аксари маълумотҳо хилофи якдигаранд. Прокопий Кесарский, ки ҳайтолиёнро «гуннҳои сафед» номидааст, менависад: «Гарчанде ҳайтолиён аз тоифаи гуннҳоянд ва (чунин) ном доранд, вале бо он гуннҳое, ки мо медонем, ҳеҷ иртиботу муносибате надоранд, зеро кишвари онҳо ҳамҳудуди гуннҳо намебошад ва онҳо дар қарибии гуннҳо сокин нестанд… онҳо мисли дигар тоифаи гуннҳо кӯчманчигӣ намекунанд ва аз давраҳои қадим дар заминҳои ҳосилхез ба тарзи муқимӣ сукунат доранд. Дар байни тамоми гуннҳо онҳо ягона тоифае мебошанд, ки пӯсти баданашон сафед аст ва симои зебои дилкаш доранд ва мисли дигар гуннҳо ким-чи хел ваҳшиёна зиндагӣ намекунанд ва дар итоати як подшоҳ мебошанд, давлати қонунӣ доранд ва дар муносибати байни худ ва ҳамсоягони худ беҳтар аз румиёну форсҳо адолатро риоя менамоянд».[16]

haytoliyon_eftalitБа ҳамин тариқ, Прокопий Кесарский ҳайтолиёнро аз гуннҳо аниқ ҷудо мекунад. Вай на фақат халқҳои гуногун будани онҳоро таъкид менамояд, балки гуногун будани онҳоро батафсил асоснок ҳам мекунад. Албатта, ба чунин маълумоти муфассал ва асосноки як сарчашмаи мӯътабар баҳои лозима надодан нодуруст аст. Вале дар айни ҳол, гуфтан лозим, ки аз ин хабар дар бораи пайдоиши ҳайтолиён ҳеҷ гуна маълумот гирифта наметавонем.

Дар сарчашмаҳои хитоӣ оид ба пайдоиши ҳайтолиён чандин ақида буда, байни онҳо мувофиқате нест. Маълумоти маъхазҳои хитоиро ба намудҳои зерин тақсим кардан мумкин:

а) ҳайтолиён яке аз тоифаҳои йуҷиҳо; б) ҳайтолиён шохаи қабилаҳои гогюйҳои турк; в) ҳайтолиён аз қабилаҳои чеши (Турфон) бармеоянд; г) ҳайтолиён авлоди Канғӯй. Яке аз қадимтарин муаллифони Хитой дар бораи пайдоиши ҳайтолиён навиштааст: «Мадракоти кишварҳои дуродур ва халқҳои ба забони хориҷӣ гапзананда, ки роҷеъ ба давраҳои бениҳоят қадим мебошанд, нодуруст фаҳмида шудаанд ва таҳриф гардидаанд. Пас, мо намедонем, ки асли воқеа чӣ гуна буд. Бо ин роҳ ҳалли масъалаи пайдоиши ҳайтолиён имкон надорад».[17] Олими ҳозиразамони Япония К.Еноки ҳамаи ин ақидаҳоро муфассал ва бо камоли кордонӣ тадқиқ намуда, маҷбур шуд ба ҳамон хулосаи болоӣ ояд – яъне муаллифони Хитой пайдоиши ҳақиқии ҳайтолиёнро намедонистанд ва ақидаи онҳо одатан «китобӣ» буда, аз ҳаво гирифта шудаанд.[18]

Олимони Европаи ғарбӣ асосан ақидаҳои гуногуни маъхазҳои хитоиро дар назар дошта, дар бораи нисбати этникии ҳайтолиён назарияҳои бисёре пеш ниҳоданд. Баъзеи онҳо ҳайтолиёнро авлоди йуҷиҳо мегӯянд, ба ақидаи баъзеҳо ҳайтолиён аз гуннҳо пайдо шуда будаанд, севумиҳо мегӯянд, ки ҳайтолиён қабилаҳои қадимии турк ё муғул мебошанд; мувофиқи ақидае ҳайтолиён аз тоифаи мардумони эронизабон бармеоянд. Ба қавли баъзе муҳаққиқон ҳайтолиён хиёниён не, балки тамоман як тоифаи дигар, дигарон бошанд, мегӯянд, ки ҳайтолиёну хиёниён як тоифаанд ва худ ҳайтолиён синфи ҳукмрони хиёниён мебошанд.[19]

Материалҳои мавҷударо аз назар гузаронем. Лингвистҳо кайҳо боз машғули таҳлили ному истилоҳоте мебошанд, ки ба ҳайтолиён алоқаманданд.

Дар сарчашмаҳои гуногун ҳайтолиён, ғайр аз номи «гуннҳои сафед», боз номҳои бисёре доранд (ки худи ҳамин боиси мушкилоти калон аст). Дар маъхазҳои суриёнӣ номи онҳо абдол ё эпталит; дар маъхазҳои юнонизабон абдел ё эфталит, дар маъхазҳои арманӣ ҳаптал, идал ва тетал; дар забони миёнаи форсӣ ефтол ва ҳефтол, дар забони арабӣ ҳайтал ва яфтал; дар забони тоҷикию форсӣ ҳетал ва ҳайтал, дар маъхазҳои хитоӣ е-да[20] (талаффузи қадимиаш *iӯptât) ва е-диен (талаффузи қадимиаш *iӯptiӯn)[21]. Ғайр аз ин бояд гуфт, ки дар маъхазҳои паҳлавию зардуштӣ онҳоро хиёниён, дар ҳиндӣ хуно номидаанду маъхазҳои арабӣ онҳоро бо туркҳо ва маъхазҳои арманӣ бо кушониён омехта кардаанд.

Ф.Алтхайм кӯшиш дорад, ки баромади калимаи ҳайтолиро ба решаи туркӣ алоқаманд кунад, ки он ба маънои «кардан»[22] меояд, вале ин зӯри беҳуда асту асосе надорад. Боз як ақидае ҳаст, ки ҳайтол аз калимаи форсии «ҳафт» баромадааст[23].

ҳанӯз дар асри Х Балъамӣ навишта буд: «haytila ҷамъи haital аст ва дар Бухоро зӯрмардро гӯянд. Ба забони Бухоро hatail қувват аст ва haital муарраби он мебошад»[24].

Дар ҳақиқат, дар забони шарқиэронии хутанусакоӣ калимаи ба ин монанд маънои «ҷасуру диловар» дорад[25].

Аз хатти рӯи тангаҳои ҳайтолиён оид ба масъалаҳои ба мо дахлдор маълумоти зеринро гирифтан мумкин. ҳайтолиён худро хион мегуфтаанд (дар тангаҳо OIONA ), пас онҳо яке аз шохаҳои хиёниён будаанд. Аз рӯи хатти тангаҳо маълум шуд, ки забони расмии онҳо дар мулкҳои тахористонии худ бохтарӣ будааст. Дар рӯи тангаҳо, бешак, унвонҳои бохтарӣ сабт гардидаанд.[26]

Инчунин дар масъалаи ба ду тақсим будани ҳайтолиён низ таваққуф кардан лозим. Ин масъаларо дар адабиёти ҳозира Г.Бейли хеле дақиқ ва муфассал тадқиқ намудааст. Мабдаи мулоҳизаҳои вай матнҳои паҳлавӣ буданд. Дар «Ҷомоспнома» (96) дар бораи муҳорибаи Эрону «хиёниёни сафед» ривояте ҳаст. Баъд дар охир муждае меояд, ки «Шомилони касофат, Девону Хиёниён, мисли он ки сармо барг аз бун канад, аз беху бун канда шуданд»[27]. Дар «Баҳман-Яшт» бошад, баръакс, аз шикасти Сосониён гап меравад.

«Давлату ҳокимият насиби омиён гардид ва онҳо хиёнӣ буданду турк, ҳайтолӣ буданду таббатӣ, кӯҳистонӣ буданду хитоӣ, суғдӣ буданду византӣ, хиёнии сурх буданду хиёнии сафед, вале эронӣ набуданд. Омиён подшоҳи Эрон шуданд, подшоҳи меҳани ман шуданд».[28]

Инак, агар дар матни аввал фақат сафедхиёниён ба назар расад, дар матни дувум ҳам хиёнӣ (пеш аз туркҳо), ҳам сурххиёниён (қирмизхиёниён) ва ҳам сафедхиёниён ҳастанд. Ба ақидаи шореҳи «Баҳман-Яшт», номи сурххиёниён аз сурх будани кулоҳ, зиреҳу ҷавшан ва байрақи онҳо бармеояд. Дар маъхазҳои ҳиндӣ ҳам, ба сурх (ё худ тира) хуноён ва сафедхуноён ишорат ҳаст (хотирнишон менамоем, ки дар маъхазҳои ҳиндӣ хуно ин номи ҳайтолиён аст). Ниҳоят, дар достоне, ки асри VII ба забони хутанусакоӣ таълиф шудааст, халқе ном бурда мешавад, ки тарҷумаи номи онҳо сурхкулоҳон аст. Ба ақидаи Г. Бейли, ин тоифа сурххиёниён мебошанд. Ба ин муносибат мадракоти маъхазҳои ғарбро низ мавриди истифода қарор додан лозим, зеро онҳо ҳам номи гуннҳои сафедро бисёр овардаанд (ниг. масалан, Прокопи Кесарский, I, 3). Дар айни ҳол, муаллифони византӣ дар бораи ким-чи хел кармихионҳо сухан рондаанд. Ба фикри Г.Бейли, ин ҳам он қирмизхиёниён мебошад, ки дар матнҳои паҳлавӣ ном бурда мешавад.[29]

Мо дар бораи ин ду тоифаи ҳайтолиён қариб, ки чизеро намедонем – намедонем, ки онҳо ду тоифа буданду дар як иттиҳоди қабила дохил мешуданд, ё худ дар дохили як қабилаи том як навъ табақае буданд, ки аз ҷиҳати этноантропологӣ фарқ доштанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар суратҳои рӯи девори Афросиёб (дар Самарқанд), ки ба қарибӣ кашф шудаанд, омади ҳайъати сафорат тасвир шудаасту ду сафир, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати ранги рӯи худ фарқ мекунанд: яке «сурхрӯй», дигаре «сафедрӯй». Ба ақидаи В.А.Лившитс мумкин аст ин суратро далели мавҷудияти «сурххиёниён»-у «сафедхиёниён» ҳисоб кунем.[30]

ҳуруфоти ҳайтолиён идомаи бевоситаи ҳуруфоти кушонӣ (бохтарӣ) буда, вале нисбат ба ҳуруфоти кушониён андак моилтар навишта мешавад. Маҳз дар бораи ҳуруфоти ҳайтолиён Сюан-сзан навиштааст: «Забони онҳо аз забони дигар мамлакатҳо андак фарқ дорад. Шумораи ҳуруфоти асосии онҳо бисту панҷто ва онҳо ин ҳарфҳоро таркиб дода, ҳама гуна мафҳумотро ифода мекунанд. Аз чап ба рост менависанду мехонанд. Осори адабии онҳо тадриҷан меафзояд ва шумораи ин осор аз шумораи осори мардуми Су-ли (Суғд) зиёд шудааст».[31]

Вале амалан аз ин «осори адабӣ» ниҳоят кам боқӣ мондааст. Аз ҷумлаи ин осор пораҳои дастнависе, ки дар Тоҷикистони шарқӣ ёфт шудааст, ба хатти ҳайтолӣ мебошад.[32] Зоҳиран, баъзеи онҳо ба асрҳои VII-VIII нисбат доранд, вале то ба ҳол ягон матни пурраи маънодоре хонда нашудааст. Баъзе забоншиносон забони он матнҳоро сакоӣ ва баъзеи дигар бохтарӣ мегӯянд.

Дар шимолу ғарби Покистон дар водии дарёи Точи се катибае ёфт шуд, ки дар санг канда шудааст – дар санги якум матни арабию санскрит, дар санги дувум матни бохтарию санскрит ва дар санги севум, ки аз ду пора иборат аст, матни бохтарӣ ва ду сатр хатти арабӣ ҳаст. Хатти бохтарӣ бо усули шикастаи моил сабт гардидааст. Як варианти транслитератсия ва тарҷумаи он пешниҳод шудааст.[33] Тарҷумаи чопшудаи ин матн хомакӣ буда, танҳо кӯшишест дар тарҷумаи он. Санаи он ҳам ба давраҳои хеле сонитар, аз афти кор, ба асри IХ милодӣ нисбат дорад.

Дар Осиёи Миёна аз ҷумлаи осори бадастомадаи хатти ҳайтолӣ катибаи рӯи сафолпораест, ки дар Зангтеппа падид омад ва дар он ҳамагӣ як қисми шаш сатр боқӣ мондааст,[34] осори дигари хатти ҳайтолӣ катибаи графитии Қаротеппа ва инчунин ду сатри хатти шикастаи моили бохтарии Афросиёб мебошад, ки мувофиқи далолати катибаи суғдии паҳлуи он намунаи хатти расмии ҳайтолӣ будааст[35], боз як осори хатти ҳайтолӣ катибаи сурати девори димнаи Кофирқалъаи Колхозобод мебошад, ки дуруст маҳфуз намондааст.

Усули хондани катибаи тангаву геммаҳои ҳайтолиён низ аз бисёр ҷиҳат баҳснок аст. Одатан ин катибаҳоро дар асоси этимологияи эронӣ тафсиру тавзеҳ додан мумкин ва худи ҳамин далолат ба он дорад, ки забони ҳайтолиён шарқиэронӣ буд.[36] Тарафдорони ақидаи гуннутуркӣ будани ҳайтолиён инро дар назар дошта, сабаби дар забони ҳайтолиён мавҷуд будани калимаҳои бешак форсиро алҳол чунин шарҳ медиҳанд, ки забони ҳайтолиён аслан туркӣ (ё муғулӣ) буду баъди эрониёнро тасхир кардан аз забони аҳолии эронии мутеъгардонидашуда баъзе калимаҳо ба забони ҳайтолӣ дохил шудааст. Аз олимони ҳозира ин ақидаро, масалан Ф.Алтхайм ва Э.Пуллейблэнк[37] тарафдорӣ мекунанд. Ишоратҳои мухтасаре, ки оид ба забони ҳайтолиён дар маъхазҳои хитоӣ ҳаст, инчунин хеле гуногун маънидод карда мешаванд.

Амалан ягон далели ҷиддие нест, ки забони ҳайтолиёнро туркӣ (ё муғулӣ) гӯем, ин забон, бешакку шубҳа, забони шарқиэронӣ буд. Вале фақат минбаъд дастрас гардидани осори он, таҳқиқу тадқиқи амиқу муфассали забоншиносон имкон медиҳад, ки бисёр ҷиҳатҳои асосии алҳол норавшани ин масъала равшан карда шавад, тавсифи осори хаттии ҳайтолиён муқаррар ва муносибати онҳо бо халқиятҳои ҳайтолӣ муайян карда шавад.

Дар масъалаи макони пайдоиши ҳайтолиён ҳам таваққуф кардан лозим. Ин халқи пурасрор, ки дар таърихи Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, ҳиндустон ва Туркистони шарқӣ ин қадар мақоми намоён дошт, аз куҷо пайдо шуда бошад? Дар ин масъала ҳам аз маълумоту мадракоти аниқ дида, назария бештар аст. Муҳаққиқон, гоҳ ин ва гоҳ он маълумоти маъхазҳои хитоиро ба эътибор гирифта, макони пайдоиши ҳайтолиёнро, гоҳ дар Олтой, гоҳ дар Туркистони шарқӣ ва гоҳ дар ягон мавзеи дигар ҷой медиҳанд.

Назарияи аз Бадахшон будани ҳайтолиён наву тоза аст. ҳанӯз соли 1951 А.Н.Бернштам дар бораи этногенез ва ташаккули  давлатдории ҳайтолиён муҳокима ронда, ба ду маркази пайдоиши онҳо ба мавзеи миёна ва поёни Сирдарё, аз як тараф ва аз тарафи дигар, ба болооби ҳавзаи Амударё ишорат карда буд.[38]

Солҳои 1955–1959 ин ақидаи А.Н.Бернштам дар тадқиқоти олими Япония К.Еноки асоснок карда шуд. К.Еноки на фақат тамоми материалҳои мавҷударо аз дидгоҳи танқидӣ таҳлил намуд, балки аз маъхазҳои хитоӣ мадракҳои тоза овард. Хулосаҳои К.Еноки чунин аст: а) зодгоҳи аслии ҳайтолиён қарибии ҳудуди шарқии Бадахшон аст; б) дар маданияти онҳо баъзе унсурҳои эронӣ ҷой дорад.[39] Л.И.Гумилев[40] ҳам ақидаи аз Бадахшон будани ҳайтолиёнро тарафдорӣ мекунад, вале ба назарияи К. Еноки ягон далелу исботи нав зам накардааст. ҳаминро бояд гуфт, ки ин фарзия ҳам, дар ниҳояти кор, ба маъхазҳои хитоӣ такя мекунад, аниқтараш, ба ҳамон ривояти Сюан-сзан асос ёфтааст, ки Гимотоло (шакли санскритишудаи калимаи «ҳайтолӣ» ё ягон тобиши дигари он) ном кишвари бадахшоние вуҷуд дораду подшоҳи он бисёр кишварҳоро тасхир кардааст.[41] Вале Е.Е.Неразик ишорат кардааст, ки ин ривоят ба ривояти тохтутозҳои йуҷиҳо ҳам нисбат доштанаш мумкин, модоме чунин бошад, ин ривоят далел шуда наметавонад, ки интишори ҳукми ҳайтолиён аз Бадахшон оғоз ёфта буд. Е.Е.Неразик дигар ҷойҳои сусти ақидаи К.Енокиро[42] ҳам нишон додааст ва қайдҳои танқидии ӯро қобили қабул гуфтан мумкин. Вале ҳамаи ин аҳамияти асари К.Енокиро паст карда наметавонад, алалхусус, дар соҳаи маъхазшиносӣ аҳамияти он ниҳоят баланд аст. Барои исботи фарзияи аз Бадахшон будани ҳайтолиён далелҳои нав[43] даркор ва онҳо шояд ба туфайли ҳафриётҳои археологӣ дастрас мегарданд.[44]

Дар адабиёти тореволютсионии рус К.И. Инострансев диққати муҳаққиқонро ба он ҷалб карда буд, ки сағонаҳои сангин – муғхонаҳо ба ҳамон сағонаҳои ҳайтолиён, ки аз рӯи маъхазҳои хаттӣ маълуманд, хеле шабоҳат доранд.[45] Б.А.Литвинский муғхона ва дигар хелҳои сағона, аз ҷумла, гӯрҳои хокиеро, ки дар онҳо мурда дар тобутҳои чӯбин гӯронида мешуданд (мувофиқи хабари маъхазҳои хитоӣ ин маросим дар байни ҳайтолиён ҳам расм будааст) ва инчунин баъзе дигар маълумоту мадракотро омӯхта, ба чунин хулоса омад, ки дар ташаккули қабилаҳои ҳайтолӣ қабилаҳои сокини маҳалҳои доманакӯҳии ноҳияи Фарғона аҳамияти махсус доштанд, зеро ин тарзи дафн маҳз дар байни ҳамин қабилаҳо маъмул буд.

Дар адабиёти таърихии советӣ оид ба пайдоиши ҳайтолиён боз як ақида ҳаст. Ба ақидаи С.П.Толстов, онҳо сокини соҳилҳои Арал мебошанд. Дар баёни охирин варианти ин назарияи худ вай навишта буд: «Гумон меравад, ки дар асрҳои IV–V резишгоҳи дарёҳои Аму ва Сир маркази «давлати барбарии» хиёниёну ҳайтолиён буд, ки дар заминаи қабилаҳои қадимии сакоию массагетҳо ташаккул ёфта буданд ва чи тавре дар боло қайд кардем, дар таркиби ин қабила бисёр унсурҳои гунну туркҳои шарқӣ ба назар мерасид».[46] Мадракоте, ки дар боло овардем, нишон медиҳанд, ки соҳилҳои Арал бар хилофи иддаои С.П. Толстов ҳеҷ вақт маркази давлати хиёниён ё ҳайтолиён набуд. Дар бораи аз соҳили Арал будани ҳайтолиён ҳам маълумот ниҳоят кам аст.

Аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромадани фарзияҳои мавҷуда моро ба гумоне водор менамояд, ки имконияти дар вақти ҳозира, қатъиян он тараф истад, ҳатто ба андозае эҳтимолан муайян намудани макони ташаккули ҳайтолиён ниҳоят кам аст. Масъалаи нисбати этникии ҳайтолиён, гуфтан мумкин равшантар аст – яъне ҳайтолиён дар заминаи кадом як қабилаҳои забонашон шарқиэронии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадаанду дар таркиби онҳо унсурҳои этникии туркҳо мавҷуд мебошанд.

Ҷамъияти ҳайтолиён

Прокопий Кесарский дар бораи «гуннҳои сафед» – ҳайтолиён гап зада, навишта буд, ки онҳо «аз қадим» муқимӣ мебошанд, «ба як подшоҳ итоат мекунанд» ва «давлати қонунӣ» доранд. Менандр аз номи ҳайъати сафорати туркҳо ривоят мекунад, ки ҳайтолиён «мардумони шаҳрианд»; ба қавли вай туркҳо ҳайтолиёнро шикаст дода, ҳокими шаҳрҳои онҳо шудаанд (Менандр, порчаи 18).[47] Феофани Византӣ (порчаи 3) мегӯяд, ки ҳайтолиён форсҳоро мағлуб сохта, ба шаҳру бандарҳои форсҳо соҳиб шуданд. Вале маъхазҳои Хитой тамоман гапи дигар мезананд. Мувофиқи хабари онҳо, е-да, яъне ҳайтолиён «шаҳр надоранд ва дар ҷойҳои серобу алаф, дар хонаҳои сиёҳ зиндагӣ мекунанд». Сон Юн ном сайёҳ менависад, ки е-да, яъне ҳайтолиён қалъа надоранд ва кӯчманчигӣ мекунанд[48]. ҳар дуи ин ривояти мухолиф дар нақли Сюан-сзан оид ба Гимотоло оварда шудааст. Сокинони ин маҳал, яъне ҳайтолиён дар чодарҳои пӯстакӣ зиндагӣ доштанду кӯчманчигӣ мекарданд. Дар айни ҳол, хабар дода мешавад, ки дар гузашта онҳо бисёр мамлакатҳоро забт намудаанд ва дар «бисёр қалъаву дизҳо ҳукмронӣ кардаанд».[49] Ба ҳамин тариқ, муаллифони ғарб, эҳтимол, барои ҳамин ҳайтолиёнро мардумони шаҳрӣ мегуфтаанд, ки онҳо соҳиби шаҳрҳо буданд ва дар давраҳои сонӣ аъёну ашрофи ҳайтолиён дар шаҳрҳо маскун мешуданд.

haytoliyon_eftalitiҶамъияти ҳайтолиён аз ҷиҳати молу мулк равшану аниқ тақсим шуда буд. Масалан, дар ин бора мо аз тасвири маросими дафни онҳо воқиф гардидем. Солномаи Лян-шу[50] хабар медиҳад, ки мурдаро дар тобутҳои оддии чӯбин мегӯрониданд, дар баробари ин дар солномаи Бэй-ши (ё Вэй-шу) чунин навишта шудааст: «Мурдаи боёнро дар сағонаҳои сангин дафн мекунанд, мурдаи камбағалонро ба чуқуриҳои кӯҳна мепартоянд»[51]. Сарулибоси аъёну ашроф хеле бокарру фарр буд. Сон Юн сарулибоси бойзанҳоро тасвир карда менависад: «Сарулибоси бойҳову камбағалон фарқи калон дорад»[52]. Ҷазои дуздӣ ниҳоят сахт буд: «Барои дуздии чизе, ки андозааш маълум нест, сар мезаданд; товони чизи дуздиро даҳ карат зиёдтар додан даркор буд»[53]. Аз ин мадракот маълум мешавад, ки ҷамъияти ҳайтолиён ҷамъияти синфӣ ҳисоб мешуд ва аз ҷиҳати молу мулк аниқу равшан тақсим шуда буд. Онҳо соҳиби давлат буданд. Лашкари ҳайтолиён хеле тавоно буд. Аслиҳаи онҳо гурз буд[54], ба ақидаи хитоиён, онҳо камонкашҳои забардаст будаанд, ба фикри муаллифони давраҳои сонӣ, аслиҳаи асосии онҳо шамшер будааст.[55]

Усули амалиёти ҷангие, ки ҳайтолиён кор мефармуданд, касро ба ақидае водор менамояд, ки лашкари онҳо асосан аз саворагон иборат буд. Дар ин масъала мо бо Ф.Алтхайм ҳамфикр ҳастем[56] ва ақидаи Л.Н. Гумилевро зинҳор қабул надорем.[57]

Дар байни ҳайтолиён полиандрия (яъне сершавҳарӣ) расм буд: «бародарон як зани умумӣ доранд, зани шавҳараш бе бародар, яъне зани якто шавҳар дошта кулоҳи якгӯша мепӯшад; зани сершавҳар кулоҳе мепӯшад, ки чанд шавҳар дошта бошад, ҳамон қадар гӯша дорад; дар либос ҳам мувофиқи шумораи шавҳар пӯпак дӯхта мешавад».[58] Дар бораи ин урфу одат, ки баробари полигамия (яъне серзанӣ) дар байни волиён маъмул буд, бисёр маъхазҳои хитоӣ хабар медиҳанд.[59] Полиандрия, ки боқимондаи никоҳи гурӯҳӣ мебошад, дар рӯзҳои мо дар Тибет ва дар гирду атрофи наздики он вуҷуд дорад.[60]

Мувофиқи хабари маъхазҳо ҳайтолиён дини буддоиро не, балки худоёни худро, масалан, худои оташро мепарастидаанд. ҳар саҳар онҳо аз хаймаи худ баромада, намоз мехондаанд. Эҳтимол, онҳо офтобро ҳам парастиш мекарданд.[61] Вале дар ҷамъияти ҳайтолиён дину оини халқҳое, ки онҳоро мутеъ менамудаанд, масалан, дини буддоӣ, тадриҷан реша давондан гирифт. Мадраке ҳаст, ки дар байни ҳайтолиён дини насронӣ ҳам маъмул будааст.

[1] Marquart J., 1901, 5. 58; Пигулевская Н. В., 1941, с. 36.

[2] Marquart J., 1901, 5. 50; Hӯrzfӯld Е, 1930, р. 19.

[3] Althӯim U., 1959, I, s. 52. 53.

[4] Доир ба аrидаҳои аввалаи вай оид ба ин масъала ниг.: Ваilеу Н. W., 1932, p.946.

[5] Ӣailӯy Н. W., 1954, 5. 20–21.

[6] Maӯnchӯn-Hӯlfӯn O.’., 1959, р. 227–228. Оид ба шакку шубҳаи Гиршман ниг.: Ghirshman R., 1948, р. 116.

[7] Marquart J., 1901, s. 50.

[8] Hӯrzfӯld Ӯ., 1947, р. 771–774.

[9] Ghirshman R., 1948, р. 116.

[10] Ин этимологияи Ф. Андреас (ниг.: Ghirshman R., 1948, р. 117; Maӯnchӯn-Hӯlfӯn О.J., 1959, р.230). Этимологияҳои туркӣ rобили rабул не (Althӯim U. und Stӯihl R., 1954, s.277).

[11] Пигулевская Н. В, 1941, с. 36.

[12] Рапопорт Ю. А., 1958, с. 51.

[13] ИТН, I, с. 413–414.

[14] Бичурин, II, с. 272–282.

[15] Дар бораи онҳо ниг.: Давидович Е.А. ва Литвинский Б.А., 1955, 51–52; Левин Л.М., 1968.

[16] Дигар муаррихи византӣ Агафий гапро хеле кӯтоҳ кардааст: «{айтолиён ҳамон гуннҳоянд» (Приски Понӣ, 91–92, эзоҳи 116).

[17] Ӯnoki K., 1959, р. 7.

[18] Ӯnoki K., 1959, р. 1-14; 1955, р. 232-235.

[19] Ghirshman R., 1948, р. 10–21, 115; Ӯnoki K., 1959, р. 15–23; ИТН, I, с. 415-416.

[20] Althӯim F. und Stӯihl R., 953, s.276; Althӯim F., 1959, I, s. 41-42

[21] Ӯnoki К., 1959, р. 7.

[22] Althӯim F., 1959, I, s. 44.

[23] Maӯnchӯn-Hӯlfӯn O.J., 1959, р. 231.

[24] Балъамӣ, р. 128.

[25] Лившиц В.А., 1969. с. 67, эзоҳи 103.

[26] Ghirshman R., 1948; Hӯnning W.Ӣ., 1960, р. 51; Лившиц В. А., 1969, с. 67-71.

[27] Ӣailӯy Н. W., 1931, р. 585–586.

[28] Ӣailӯy Н. W., 1932, р. 945–946.

[29] Ӣailӯy Н. W., 1954, р. 13–20. Феофани Византӣ (порчаи 2) дар бораи «кармихионҳо» сухан ронда, менависад, ки дар шарrтари Танаис туркҳое ҳастанд, ки дар rадим онҳоро массагет меномиданд, ба забони форсҳо номи ин туркҳо кармихионҳо аст. Э. Шаванн, ки дигар маъхазҳои византиро ҳам муфассал тадrиr кардааст, тахмин мекунад, ки гап аз тоифаи жожҳо меравад (Chavannӯs Ӯ., 1903, р. 229–239). Вале ин фарзия алҳол rобили rабул нест.

[30] Лившиц В. А., 1965 а, с. 6.

[31] Веаl S., 1960, I, р. 38; Pӯlliot Р., 1934, р. 50.

[32] Hansӯn О., 1951; Gӯrshӯvitch S., 1957; Лившиц В. А., 1967, с. 163.

[33] Dani А. Н., Humӣach Н., Göӣl R., 1964, р. 125–135.

[34] Лившиц В.А., 1969, с. 73-74.

[35] Лившиц В.А., 1967, с.164. Дар Афросиёб боз якчанд катибаҳои ҳайтолӣ ёфт шудааст.

[36] Ӣailӯy H.W., 1937, р. 892–893 (титулатураи хатти рӯи тангаҳои эронӣ); Ӯnoki K., 1959. р. 39-45; Ghirshman K., 1948, р. 67, 117-118; Maӯnchӯn Hӯlfӯn O.J., 1959, р. 227-231.

[37] Althӯim U., 1959, s. 41-54; Pullӯyӣlank Ӯ.G., 1962, р. 259-260.

[38] Бернштам А.Н., 1951, с. 197.

[39] Ӯnoki К., 1955, 1959 а.

[40] Гумилев Л.Н., 1959.

[41] Ӯnoki К., 1959, р. 35.

[42] ИТН, I, с. 553-554.

[43] Муrоиса кунед: Гумилев Л.И., 1967, б.

[44] Шоев А.Ҷ., 1909, с. 16-18.

[45] Иностранцев К И., 1909, с. 116-120.

[46] Толстов С. П., 1962, с. 244.

[47] Тарҷумаи тамоми порчаро ниг.: «Византийские историки», 1860, с.374; Бичурин, II, с.268.

[48] Ӣӯal S., 1906, р. ХС–ХС1; Ӯnoki K., 1959, р. 50.

[49] Ӯnoki K., 1959, р. 35.

[50] Дар ҳамон ҷо, р. 49.

[51] Бичурин, II, с. 269.

[52] Веа1 S., 1960, р. ХСI.

[53] Бичурин, II, с. 269.

[54] Пигулевская Н. В., 1941, с. 64; Althӯim U., 1960, II, s. 17–18.

[55] ИТН, I, с. 419.

[56] Althӯim U.1960 II, s.269.

[57] Гумилев Л Н., 1967. б, с. 94.

[58] Бичурин, II, с. 268.

[59] Millӯr R.A., 1959, с. 12.

[60] Ghirshman R., 1948, р. 125-128; Ӯnoki K., 1959, р. 51-56.

[61] Маъхазҳо: Ӯnnoki K., р. 45–49; ниг.: инчунин Ghirshman R., 1948, р. 120-124.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …