Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ШИРХӮРҲО

ПАЙДОИШИ ШИРХӮРҲО

Хусусиятхои сохт ва афзоиши ширхурҳои тухмзой ба хазандаҳо наздик эудани онҳоро нишон меднхад. Ширхӯрхои тухмзой бар хилофи дигар ширхӯрҳо мақьад доранд. Харорати баданашон 24- 34 дараҷа буда, тағйирёбанда аст. Тухмашон ба тухми хазандаҳо монанд мебошад.

Ширхӯрҳои ҳозира бо баъзе хазандагони мунқаризшуда (бо намояндагони сусморхои даррандадандон) бисёр монандӣ доранд, зеро онҳо ҳам дандонҳои пеш, ашк ва курсӣ доштанд.

Дар ширхӯрҳои аввалин инкишоф ёфтани пашм қярорати баданро доимӣ гардонд ва дертар дар онҳо ғадудҳои ширӣ
инкишоф ёфта, марҳилаи охирини ширхӯрҳо — зиндазоии насл пайдо шуд.

Расми 45. Намояндаҳои ширхӯрҳои Тоҷикистон 1 Паланги барфӣ: 2. Калпамуши обӣ: 3. Кӯршабпарак; 4. Бузи шохпарма; 5. Хсрпушт; 6. Қундузи обй; 7. Ҷайра; 8. Суғур.
Расми 45. Намояндаҳои ширхӯрҳои Тоҷикистон 1 Паланги барфӣ: 2. Калпамуши обӣ: 3. Кӯршабпарак; 4. Бузи шохпарма; 5. Хорпушт; 6. Қундузи обй; 7. Ҷайра; 8. Суғур.

Синфи ширхӯрҳо ба якчанд қатор тақсим мешавад.

  1. Қатори ширхӯрҳои ҳашаротхур. Намояндахои ин қатори ширхӯрҳо таърихан дар охирҳои давраи геологии бӯроҳаксангӣ пайдо шудаанд. Дар онҳо мағзи cap нисбатан хурд буда ҷӯякҳо надошт. Дандонҳо низ нағз инкишоф наёфта буд.

Фуки онҳо ба хартумчаи харакатнок монанд буда, ғадудҳои бӯйфахмӣ доштанд.

Ҳаҷми бадани ширхӯрҳои қашаротхӯр нисбат ба дигар ширхӯрҳо хурд аст. Намояндагони онҳо кӯрмуш, заминкоб, хорпушт буда, дар айни замон ба ғайр аз Австралия ва Америкаи Ҷануби боз дар дигар китъаҳо паҳн шуда, ҳаёти румзамини, қабати заминӣ, обӣ ва рӯндарахтӣ мегузаронанд.

Кӯрмуш қисми зиёди умрашро дар зери хок гузаронда, кирми лойхӯрак ва кирминаи ҳашаротро мехӯрад. Вай заминро бо пойҳои пешаш мекобад. Панҷаи он ба белчаи хокандоз монанд аст. Баданаш бо мӯйҳои гуллшо зич пӯшидааст, ки заррахои хок ба он намедарояд. Узвҳои шомма ва ломисаашон нағз инкишоф ёфтааст. Чашмҳои номукаммали онҳо дар зери мӯйҳо пинҳон буда, фақат равшаниро аз торикй фарқ мекунаду халос. Кӯрмуш суфраи гӯш надорад.

Баҳорон кӯрмуши модина 3-5 насли хурди бараҳнаю нобино зоида, онҳоро қариб 1 мох шир мемаконад.

Кӯрмуш гамбускҳои саврӣ ва кирмаки ҳашаротро хурда, фоида мерасонад, вале кирми лойхӯракро хӯрдану решаи растаниҳоро хоидан, ба рӯйи алафзор хоктӯда хосил карданаш зараонокии вай аст. Пусти мӯинаи кӯрмуш барои дӯхтани телпак, палто, гиребон хуб аст, валс арзиши он хеле қимат меафтад.

Хорпушт мӯйҳои шаклдигаркарда (сих) дорад, вале дар зери шикамаш пашм ҳаст. Пойҳояш кӯтоҳ буда, суст ҳаракат мекунад. Хорпушт аз хатар лӯнда мешавад. Вай ҳайвони шабгард буда, чашмони хурди бино дорад. Дар он узвҳои сомеа ва шомма нағз инкишоф ёфтаанд. Хӯроки асосиаш ҳашарот мебошад, ки вайро аз таги баргу алафҳои хазон ёфта мехӯраду фоида мерасонад. Хорпушт гайр аз нн, кирми лойхӯрак, курбоқка, муш, мор, инчунин тухми паррандаро мехӯрад, ки ин зарари вай асг. Хорпушт дар зимистон ба паногоҳе даромада, дуру дароз хоб мекунад. Дар ин Вақт ҳарорати баданаш паст шуда, кам нафас мегирад, дилаш суст кор мекунад, то баҳор карахт тпуда хоб меравад.

Заминкоб ба муш монанд буда, сари хартумчадору чашми майда дорад. Баданаш то 10 см дарозӣ дошта, рангаш хокистарӣ аст. Заминкоб аз минтақаи тундра то минтақаи биёбон паҳн шуда, ҳашаротро мехӯрад. Вай пойҳои кӯтохдошта, чолоку серҳаракату пурхӯр мебошад ва дар як шабонарӯз 2,5-4 баробар аз вазни худ зиёд хӯрок мехӯрад.

  1. Дар қатори ширхӯрҳон дастбол кӯршабпарак ягона ширхӯрест, ки қобилияти парвоз кардан дорад. Кӯршабпарак дар ангушти дарози пойҳои пеш пардаи мулоими ёзандаи пӯстй дорад, ки он ба дарозии тана то ба пойҳои ақибу дум мерасад. Кӯршабпарак дар вақти парвоз бол мезанад. Дар ин холат ангуштонаш ба ду тараф паҳн мешаванд, пардаи белшакл меёзад. Мушакҳои қафаси синааш нағз инкишоф ёфта, устухонаш зиншакл мебошад. Устухонбандаш сабук аст. Гӯши дароз дорад. Кӯршабпарак ширхӯри даррандаи шабгард буда, хӯрокаш ҳашарот аст. Ҳашаротро дар ҳаво ҷустуҷӯ карда, бо даҳонаш чолокона медорал. Қобилияти дар торикӣ роҳ ёфтани кӯршабпарак аз қадим диққати олимонро ҷалб кардааст. Рӯзона кӯршабпаракҳо бо ангуштҳои пойҳои ақиб ба ягон ҷойи паноҳ (дар таҳхона холигии бомпӯш ё ковокии дарахт) андармон шуда, сарозер овезон меистанд. Вай шабона ба шикор баромада, гамбуск, шапарак ва пашшахоро дошта, бо дандонҳои хурди тезаш хоида мехӯрад.

Дар кӯршабпарак қувваи босира суст ва қувваи сомеа нағз инкишоф ёфтааст. Агар чашми онро бо пластилин с лейкопластир баста дар фазои хона якчанд тор ё ришта кашем ва ба ҳар ҷояш зангӯлача овезон карда, кӯршабпаракро cap диҳем аз байни хамаи он торҳо бехато гузашта ба ҷое дакка намехӯрад. Яъне, кӯршабпарак овозҳои маълум ва хатто ултрасадоҳоро ба осонӣ пай мебарад ва аз лаппиши тор зангӯлача ларзида садое мебарорад, ки мо намешунавем, овозро пешакӣ ҳис мекунад ва равиши ҳаракатро тағйир дода, бо роҳи бемонеа гузашта меравад.

Баъд аз саршавии хунукӣ кӯршабпарак ба хоби зимистонӣ меравад ё ба мамлакатҳои гарм парвоз мекунад. Аввали тобистон кӯршабпараки модина 1-2 насл гузошта, рӯзҳои аввал бачаашро дар болои худ бардошта мегардад.

Ғайр аз кӯршабпараки дарозгӯш дар бешаҳои тропикии Америка дастболи хунмак зиндагӣ мекунад, ки шабона бо дандонҳои тези худ як парча пӯсти ягон ҳайвонро канда, хуни ҷоришударо мемакад.

Дар бешаҳои тропикии Осиё, Африка. Австралия кӯршабпараки калоне (сагҳои болдор) зиндагӣ карда, меваи растаниҳоро мехӯранд. Ин ҳайвон нисбат ба дигар болдастҳо калон буда, кушодии болҳояш то ба 1,5 м мерасад. Рӯзона дар шохи дарахгони баланд хоб карда, шабона ба боғҳои мева ҳуҷум мекунад ва ба хоҷагии ахолӣ зарар мерасонад. To ҳол 1050 намуди дастболҳо маълум аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …