Главная / Биология / Пайдоиши растаниҳои мазрӯӣ

Пайдоиши растаниҳои мазрӯӣ

Растаниҳои мазрӯӣ асосан аз растаниҳои худрӯй пайдо шудаанд. Ин роҳи дуру дарози инкишофи растаниҳо мебошад, ки бо дахолату фаъолияти ҳаётии инсони соҳибхирад зич алоқамандӣ дорад.

Дар давраҳои қадими дур аввалин одамон талаботи ба хӯрок (ғизо) доштаи худро ба туфайли шикори ҳайвонотҳои гуногун қонеъ мегардониданд. Дар баробари шикори ҳайвонот, одамон, инчунин, ба ҷамъоварии мева ва тухми растаниҳои гуногуни худрӯй машғул буданд. Дар натиҷаи тез-тез тағйирёбии иқлим, номусоидии обу ҳаво, кам шудани миқдори ҳайвоноти шикоршаванда одамон маҷбур шуданд, ки бештар ба ғизои растанигӣ рӯй оваранд. Шояд бори аввал ба киштукори растаниҳо даст задани аввалин одамон натиҷаи чунин рӯйдодҳо бошад.

Пайдоиши растаниҳои мазрӯӣ

Сараввал онҳо ба ҷамъоварии тухми растаниҳои ғалладонагӣ машғул шуда, онро ба сифати хӯрокворӣ истифода мебурданд ва захира мекарданд. Тухм ё дони ин растаниҳо тасодуфан дар атрофи бошишгоҳҳои одамони қадим афтода, нашъунамо карда, ҳосил медод. Ии ҳолат боиси он шуд, ки одамон дар ҷустуҷӯи тухму меваҳои хӯрокӣ дур нарафта, растаниҳоро дар назди макони зисташон парвариш намоянд. Ҳамин тавр, зироатчигӣ пайдо шуд.

Дар асоси маълумотҳои таърихию археологӣ метавон қайд кард, ки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, бахусус, дар қисми шарқии Баҳри Миёназамин, бори аввал дастпарвар кунонидани растаниҳо ва хонагӣ гардонидани ҳайвонот тахминан 11 ҳазор сол қабл сурат гирифтааст.

Аввалин растанихои мазрӯӣ ҷав ва гандум будаанд. Сипас, наск ва мушунг мазрӯӣ карда шудаанд. Дар қатори растаниҳои мазрӯишуда, метавон нахӯд, мунҷ, дарахти нахл, анор, ангурро номбар кард. Дар баробари парвариши дарахти нахл, инчунин кишти растаниҳои равғандиҳанда, хусусан, зағир, низ хеле барвақт сар шудааст. Зироатҳои номбаршуда манбаи асосии ангиштоб, сафеда ва равған буда, одамонро бо хӯроки муфиди серғизо таъмин мекарданд.

Бо пайдо шудани растаниҳои мазрӯӣ, бо гузашти вақт аз тарафи одамон 10 ҳазор сол муқаддам олотҳои коркарди замин ва тарзҳои ғунучини ҳосил инкишоф ёфта, мукаммал гардиданд. Онҳо тайёр кардани зарфҳои гилин ва дар он захира кардану нигоҳ доштани ғалладонаро ёд гирифтанд.

Дар баробари зироатӣ кунонидани растаниҳо, дар Шарқи Наздик инчунин, хонагӣ кунонидани ҳайвоноти гуногун (саг, буз, гӯсфанд, чорвои калони шохдор ва ғайраҳо) ривоҷ ёфт. Ин ҳайвоноти алафхӯрро инсон барои шир, гӯшт, пӯст ва пашм парвариш мекард.

Аввалин растанихои зироатӣ кардашудаи Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҷуворимакка, лӯбиёи муқаррарӣ, чормағзи заминӣ буданд. Дар Мексика бошад, растаниҳои муҳими кишоварзӣ — пахта, қаламфур, помидор, тамоку, какао, ананас, каду ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Таҷрибаи парвариши растаниҳо дар байни одамон аз насл ба насл мегузашт ва онҳо мунтазам растаниҳои муфиди худрӯй ва мазрӯиро интихоб мекарданд. Олимони соҳаи кишоварзӣ онҳоро хаматарафа омӯхта, беҳтаринашонро интихоб карда, роҳҳои парвариши оқилонаро дарёб мекунанд.

Растаниҳои мазрӯӣ аз растаниҳои худрӯй ба куллӣ фарқ мекунанд. Баробари ғун шудани донишҳои кишоварзӣ, дар давоми солҳои тӯлонӣ, таъсири инсон ба растаниҳо хеле пурзӯр гардид. Ин ба пайдошавии навъҳои наву гуногуни растапиҳон мазрӯӣ, сабаб гардид.

Навъ гурӯҳи ба ҳам монанди растаниҳост, ки дорои аломат, сифат ва хосиятҳои якхелаанд. Хусусан, хосияти навъ ҳангоми аз тухмаш афзоиш додани он (растаниҳои сабзавотӣ, ғалладонагӣ ва ғайраҳо) бакуллӣ нигоҳ дошта мешавад.

Селексия (аз калимаи лотинии “селексио” — интихоб, сара кардан, интихоб кардан, бармеояд) як соҳаи муҳими истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба рӯёндани навъхои наву сермаҳсули растаниҳои мазрӯӣ ва беҳтар кардани зоти ҳайвонот сарукор дорад. Навъҳои бавуҷудовардашуда бояд ба гармӣ, сармо, касалиҳо ва зараррасонандагони зироатҳо тобоварии зиёд дошта бошанд. Бисёр навъҳои қадимии селексияи халқӣ, аз қабили зироатҳои ғалладонагӣ, полизӣ, ангур, дарахтони мевагӣ (хусусан, зардолуи навъхои бобоӣ, қандак, мирсанҷалӣ, хурмоӣ ва ғайра) дар айни замон қадру эътибори худро гум накардаанд ва шӯхрати умумиҷаҳонӣ доранд.

Ба туфайли меҳнату заҳмати бисёр селексионерон (навъофарон) хосилнокии бисёр растаниҳои кишта афзуд. Масалан, навъҳои гандуми рӯёнидаи И. Т. Сухобрус ва дигарон (Сурхак 5588, Сурхак 262, Иродии 1006, Сурхаки ҷашнӣ), П. П. Лукяненко (Бесӯки — 1, Аврора, Кавказ), В. Н. Ремесло (Мироновии 808, Мироновии ҷашнӣ, Иличевка) ва дигарҳо дар мамлакатамон ва берун аз ҳудуди он кошта шуда, аз ҳар гектар 50-70 сентнерӣ ҳосил медиҳанд.

Селексионери сермаҳсул И. Г. Сухобрус яке аз аввалин олимоне мебошад, ки ҷиҳати рӯёнидану дар истеҳсолот ҷорӣ кардани бисёр зироатҳои ғалладонагӣ, равгандиханда ва растаниҳои лӯбиёгӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Солҳои охир селексионерони тоҷик дар рӯёнидани навъҳои нави серхосили пахта, ки ба касалиҳои гуногун тобоваранд, меҳнати зиёд кардаанд. Онҳо навъҳои нави пахтаи маҳиннахи 8386 — В (Б. Санги- нов), Шараф — 80 (М. Ҷ. Ҷумъаев), Ленинобод – 7 (Н. И. Мансу- ров)-ро ба вуҷуд овардаанд. Олимони селексионер ба монанди Я. Д. Нагибин, В. П. Красичков, Б. Сангинов, II. И. Мансуров, Т. Ш. Бурнашев ва дигарҳо ба рӯёнидани навъҳои пахтаи миёнанах машғул шуда, навъҳои Регар — I, Душанбе — I, Регар — 34, Тоҷикистон – 4, Гулистон ва ғайраҳоро ба вуҷуд овардаанд, ки дар аксари ноҳияҳои пахтакории ҷумҳуриамон кошта мешаванд.

Олимони Пажӯҳишгоҳи току боғпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон (олимон В. И. Сулай, Д. Д. Савченко ва дигарон) навъҳои нави зардолу, ангур, афлесун, лимӯ, тарбуз, харбуза, бодиринг, қаламфур, сирпиёз, анори мулоимдона ва ғайраҳоро рӯёнидаанд, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурии офтобиамон парвариш ва кишт карда мешаванд.

Ҳар сол селексионерон навъҳои зиёди растаниҳоро ба вуҷуд меоваранд. Навъҳоеро, ки сифати истеҳсолии худро гум мекунанд, аз истеҳсол хориҷ ё ба беҳдошташ кӯшиш мекунанд.

  1. Чаро одамони қадим ба парвариши растаниҳои худрӯй машғул шуданд?
  2. Кадом сабабҳо боиси пайдо шудани растаниҳои мазрӯй гардидаанд?
  3. Кадом растаниҳои кишта ё мазрӯӣ аз ҳама қадимаанд?
  4. Навъ чист?
  5. Селексия чист ва кадом селексионерони ватаниро медонед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …