Главная / Гуногун / Заминаҳои пайдоиши компютер

Заминаҳои пайдоиши компютер

Ба саволи «Компютери аввалинро кӣ сохтааст?» ҷавоб гуфтан хеле душвор аст. Гап дар он аст, ки компютер ихтирои як шахс нест. Компютер таҷассумгари ғояҳои олимон ва муҳандисони давру замонҳои гуногун ба ҳисоб меравад, ки онҳо дар пешбурди техникаи ҳисоббарор садсолаҳо заҳмат кашидаанд. Пешрафти техникаи ҳисоббарорро ҳамеша талабот ба ҳисоббарориҳои фаврӣ ва аниқ муайян месохт. Ин талабот омиле буд, ки он доимо техникаи ҳисоббарорро мукаммал мегардонид. Ин раванд ҳоло ҳам замонавӣ буда, аҳамияти аввалаи худро гум накардааст.

Маълум аст, ки пеш аз телевизорҳои рангаи аълосифати имрўза телевизорҳои муқаррарии сиёҳу сафед ихтироъ шуда буд. Аммо пас аз гузашти вақте насли нав ҳатман ин телевизорҳоро ба телевизорҳои боз ҳам аълосифаттари навбатӣ иваз хоҳад намуд. Айнан ҳамин тавр компютерҳои ҳозиразамонро танҳо зинаи аввали офариниши компютерҳои баркамол ва ақлонӣ ҳисобидан мумкин аст. Вале мо бояд бидонем, ки заминаҳои пайдоиши компютерҳои имрўза кадомҳоянд.

paydoishi-komputerИнсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ба таҷҳизоти ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. То пайдоиши аввалин намунаҳои таҷҳизоти ҳисоббарорӣ, ҳазорҳо сол муқаддам одамон барои эҳтиёҷоти хоҷагии худ ҳангоми ҳисоббарориҳо аз ангуштон, сангчаҳо, чўбчаҳо, ресмонҳои гиреҳдор, тасмаҳои сўрохдор ва ғайра истифода мебурданд.

Бо зиёдшавии ҳаҷми ҳисоббарориҳо, инсон ба кофтукови тарзҳои нави иҷрои онҳо ва ихтирои асбобҳои ҳисоббарорӣ шурўъ намуд. Яке аз асбобҳои қадима ва хеле машҳур чут (счёт) ба ҳисоб меравад. То имрўз касе аниқ гуфта наметавонад, ки чут кай ва дар куҷо пайдо шудааст. Таърихшиносон бар он ақидаанд, ки чут тақрибан 2000-5000 сол муқаддам дар Хитои қадим, Мисри қадим ва ё Юнони қадим сохта шудааст.

Аз ин асбоби ҳисоббарорӣ то ҳол низ дар бисёр мамлакатҳо истифода мебаранд.

Пас аз пайдоиши чут, дар тўли якчанд садсолаҳои дигар низ, асбобҳои ҳисоббарорӣ хеле содда буданд. Вале дар ибтидои асри XVII мутахассисони соҳаҳои физика ва астрономия ба зарурати ҳисоббарориҳои мураккаб ва калонҳаҷм рў ба рў гаштанд. Барои ҳамин ҳам, ин аср асри тадбиқи васеи илми математика дар дигар соҳаҳо ба шумор меравад. Талабот ба мошинҳое, ки ҳаҷми калони ҳисоббарориҳоро дар муддати кўтоҳ, бо саҳеҳии баланд иҷро карда метавониста бошанд, рўз то рўз меафзуд.

Соли 1642 математики 19-солаи франсавӣ Блез Паскал (1623-1662) дар ҷаҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарории (арифмометр) механикиро ихтироъ намуд, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист. Вале бояд зикр намуд, ки ҳам чут ва ҳам мошини Паскал имкониятҳои маҳдуди ҳисоббарорӣ доштанд. Набудани асбоби ҳисоббарорие, ки супоришҳоро зуд ва аниқ иҷро мекарда бошад, ба он овард, ки қисми зиёди таҷрибаҳои гузошташуда ё умуман иҷро нашуда мемонданд ё барои иҷрояшон моҳҳо ва ҳатто солҳо лозим меомад.

Барои сохтани асбоби мукаммалтар зиёда аз 50 сол лозим шуд. Соли 1694 математики барҷастаи немис Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс (1646-1717) мошини ҳисоббарории навбатиро сохт. Имкониятҳои мошини Лейбнитс аз мошини Паскал зиёдтар буданд ва аз рўи конструксия низ ин мошин мураккабтар буд. Мошини Лейбнитс на танҳо чор амали арифметикӣ – ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро иҷро карда метавонист, балки аз решаи квадратӣ низ ададҳоро бароварда метавонист.

Вале ин мошин низ талаботҳои рўзафзуни ҳисоббарориҳои математикиро қонеъ гардонида натавонист. Тақрибан пас аз 100 сол боз масъалаи сохтани мошини ҳисоббарории мукаммалтар пеш омад.

Худро санҷед:

  1. Компютер бо дигар мошинҳо чӣ монандӣ дорад?
  2. Хосиятҳои фарқкунандаи компютер аз дигар мошинҳо дар чист?
  3. Компютерҳои ҳозиразамон тақрибан дар як сония чӣ қадар амалро иҷро карда метавонанд?
  4. Боэътимодии компютер чӣ маъно дорад?
  5. Компютер вазифаҳои дар наздаш гузошташударо чӣ тавр иҷро мекунад?
  6. Одамони қадим аз кадом таҷҳизоти ҳисоббарорӣ истифода мебурданд?
  7. Чут кай ва дар куҷо сохта шудааст?
  8. Саҳми Б. Паскал дар пешбурди соҳаи ҳисоббарорӣ дар чист?
  9. Арифмометри Г. Лейбнитс аз арифмометри Б. Паскал чӣ фарқ дошт?

Иҷро кунед:

  1. Вазифаҳо ва хосиятҳои компютерро бо вазифаҳо ва хосиятҳои телевизор, мошини барқии чопкунӣ ва автомобил муқоиса намоед.
  2. Бо ёрии ресмон, сангчаҳо ва тасмаҳои аз варақ сохташуда асбобҳои ҳисоббарорӣ созед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …