Главная / Маданият ва санъат / ПАЙДОИШ ВА МОҲИЯТИ ДАВЛАТ

ПАЙДОИШ ВА МОҲИЯТИ ДАВЛАТ

Пайдоиш, моҳият, нишонаҳо ва навъҳои таърихии давлат

Замоне буд, ки дар олам давлат вуҷуд надошт  Вай дар марҳилаи муайяни тараққиёти ҷамъият ба вуҷуд омад. То замони пайдо шудани давлат сохти ҷамъияти ибтидоӣ вуҷуд дошт. Дар чунин ҷамъият давлат, ҳуқуқ, синфҳо ва ҳатто моликияти хусусӣ набуд. Одамон якҷоя меҳнат карда, воситаҳои рўзгузарониро ба даст меоварданд. Ҳама одамон озод ва баробар буданд. Онҳо озодӣ ва манфиатҳои якдигарро якҷоя ҳифз мекарданд. Муносибатҳои байни одамон дар асоси расму одат ва анъана ба тартиб дароварда мешуданд. Масъалаҳои муҳими ҳаётӣ дар маҷлиси умумии аъзои ба балоғат расидаи авлод ҳал карда мешуданд. Доҳиён ва сардорони ҳарбӣ дар фосилаи ҷамъомадҳо масъалаҳои ҷории ҳаёти ҷамъиятро идора менамуданд. Онҳо нисбат ба дигарон ҳеҷ гуна бартарии моддӣ надоштанд. Ҳарвақте, ки зарурат пеш меомад, онҳоро интихоб ё иваз мекарданд. Ҳеҷ гуна гурўҳи махсуси одамоне, ки дигаронро расман идора намоянд, вуҷуд надошт.

Асоси сохти ташкиливу иҷтимоии ҳаёти аъзои ҷамъиятро ҷамоаи оилавӣ ташкил медод, ки дар пояи муносибатҳои авлодӣ бунёд ёфта буд. Якчанд авлод муттаҳид шуда, ҷамоаи оилавиро ташкил медоданд.

Бо мақсади юришҳои ҳарбӣ, ҳуҷум ба қабилаҳои дигар ва ғайраҳо якчанд ҷамоаи оилавӣ муттаҳид мешуданд, ки асоси онро низ нишонаи авлодӣ ташкил медод. Ба ҳамин сабаб ҷамъияти он замонҳоро ҷамъияти авлодӣ меномиданд.

Шаклҳои асосии фаъолияти хоҷагии одамонро шикор, моҳидорӣ ва ҷамъ намудани наботот ташкил медоданд. Чунин навъи ҳаёти хоҷагиро хоҷагии азхудкунанда меноманд.

davlat-bayraq

Гузариш аз хоҷагии азхудкунанда ба иқтисодиёти истеҳсолкунанда бештар ба омилҳои хислати экологидошта асос меёбад. Тағйироти номусоиди муҳит, нобудшавии намудҳои зиёди наботот ва ҳайвонот, ки одамони ҷамъияти ибтидоӣ истеъмол менамуданд,ба инкишофи ҷамъияти ибтидоӣ бетаъсир намонд.

Гузариши мунтазам ба иқтисоди истеҳсолкунанда ҳаёти одамони ҷамъияти ибтидоиро дигаргун сохт.

Функсияҳои нави идоракунӣ пайдо шуда, барқароршавии типи нави фаъолияти меҳнатӣ ба миён омад.

Инкишофи заминдорӣ зарурати танзим ва баҳисобгирии саҳми ҳар як узви ҷамъияти ибтидоиро ба миён оварда, иштироки онҳоро дар ташкили фондҳои ҷамъиятӣ, тақсимоти маҳсулоти истеҳсолшуда ва

ташкили фондҳои гуногун муайян намуд. Пешво дар ҷамъият тақсимкунандаи асосии маҳсулоти истеҳсолшуда, назораткунанда ва танзимкунандаи ҷараёни истеҳсолот мегардад ва бо гузашти вақт аз омма ҷудо гардида, вобаста ба мавқеи ишғолкардааш имконият пайдо мекунад, ки арзиши изофаи маҳсулотро аз худ намуда, ба дорандаи моликият табдил ёбад. Бо мураккабшавии истеҳсолот шахсоне пайдо мешаванд, ки функсияи мушовир, маъмур, амалдор ва ғайраро иҷро менамуданд.

Ҳамин тавр, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат (кишоварзӣ, чорводорӣ, тиҷорат) боиси ба синфҳо ҷудо шудани ҷамъият гардид. Дар ҷамъият тадриҷан гурўҳҳои сарватманд ва камбизоат ба вуҷуд омаданд. Рафтарафта зиддияти байни онҳо пурзўр гардид ва онҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват буданд, ба дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ эҳтиёҷ пайдо намуданд. Ҳамин тариқ, таназзули ҷамъияти ибтидоӣ оғоз гардид. Ба вуҷуд омадани синфҳо, пурзўршавии истисмор ва пайдоиши моликияти хусусӣ боиси ташкили дастгоҳи маҷбуркунӣ гардид. Ба сифати чунин дастгоҳи маҷбуркунӣ фақат давлат амал карда метавонист.

Вай дар натиҷаи тараққиёти дохилии ҷамъияти ибтидоӣ, пайдоиш ва зиддияти синфҳо ва нобаробарии молумулкии аъзоёни ҷамъият ба миён омад. Вале вайроншавии ҷамъияти ибтидоӣ дар рўи замин ва

тарзи пайдоиши давлатҳо бо шаклҳои гуногун ҷараён мегирифт. Давлатҳо вобаста ба шароити муайяни таърихӣ, пайдоиши моликияти хусусӣ, инчунин тарзу усулҳои муборизаи синфҳо бо шаклҳои гуногун пайдо мешуданд.

Нахустин давлатҳо аввал дар Шарқ пайдо шудаанд. Қувваи асосии истеҳсолкунанда ва табақаи бонуфузи ин давлатҳо зироатпарварон будаанд. Давлатҳои нахустин дар шакли шаҳр – давлатҳо пайдо шудаанд. Онҳо бе ягон таркиши иҷтимоӣ пайдо шуда, баъдтар ба давлатҳои дорои тарзи истеҳсоли осиёӣ табдил ёфтаанд. Нахустин давлатҳо дар ҳазорсолаи IV-VII то солшумории милодӣ дар Хитойи қадим, Байнаннаҳраин, Месоамерика ва Перуи Кўҳӣ дар як вақт ва новобаста аз ҳамдигар пайдо шудаанд. Дар онҳо табақаҳои нави иҷтимоӣ, ба монанди зироатпарварон, ҳунармандон, рўҳониён ва идоракунандагон истиқомат мекарданд. Дар он давлатҳо байни одамон тақсимоти молу мулк ва меҳнат аниқ шуда, мазмуни ҳудудӣ пайдо карда буд. Шаҳр – давлатҳобо мурури замон ба марказҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва динӣ табдил ёфта, вазифаҳои идоракунии давлатро иҷро мекарданд.

Пайдоиши давлат дар таърихи башар бо шаклҳои дигар низ сурат гирифтааст. Ф.Энгельс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон додааст: афинагӣ, римӣ ва олмонӣ.

Давлати ғуломдории Афина шакли классики пайдоиши давлат мебошад. Зеро он дар натиҷаи инкишофи сохти авлодӣ, ки асоси онро зиддиятҳои синфӣ ташкил медоданд, бе дахолат ва зўроварии

дохиливу берунӣ пайдо шудааст.

Давлати Рим низ дар асоси вайроншавии сохти авлодӣ, бавуҷудоии моликияти хусусӣ ва ба синфҳои ба ҳам зид ҷудо шудани ҷамъият ба вуҷуд омадааст.

Вале хусусияти фарқкунандаи пайдоиши давлати қадими Рим аз он иборат аст, ки он натиҷаи муборизаи байни плебейҳо ва патрисийҳо мебошад. Плебейҳо шахсони озод буда, аз авлоди римиҳо набуданд. Онҳо аз маҳалҳои ба зери итоат даровардашуда ва соҳиби замин буда, андоз месупориданд ва хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд. Патрисийҳо асилзодагон ва ҳокимони авлодии римиҳо буданд. Плебейҳо барои роҳ ёфтан ба мансаб ва истифода бурдан аз заминҳои

давлатӣ ба муқобили патрисийҳо муборизаро сар карданд. Ин мубориза боиси суръат гирифтани ҷараёни ташкилшавии давлати ғуломдории Рим гардид.

Давлати олмонӣ шакли дигари пайдоиши давлат мебошад. Вай дар асри V пеш аз милод дар натиҷаи забт шудани ҳудуди империяи Рим аз тарафи қабилаҳои олмонӣ ба вуҷуд омадааст. Қабилаҳои олмонӣ,

ки дар сохти ҷамъияти авлодӣ зиндагӣ мекарданд, баъди забт намудани ҳудуди империяи Рим онро идора карда натавонистанд. Зеро барои идора кардан дастгоҳи маҷбуркунӣ лозим буд. Ба ҳамин сабаб мақомоти сохти авлодии олмонӣ базудӣ ба мақомоти давлатӣ табдил ёфтанд.

Моҳияти давлат мазмун, таъинот ва мавҷудияти давлатро дар бар мегирад ва масъалае мебошад, ки ба кӣ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Ҳарчанд давлат дар давраҳои муайяни

таърихӣ манфиатҳои табақа ё синфи ҳокимро ифода намуда, ҳукмронии ақаллиятро аз болои аксарият таъмин кардааст, вале дар шароити ҳозира моҳияти худро тағйир додааст. Давлат тадриҷан ба механизми самараноки бартараф намудани мухолифатҳои ҷамъиятӣ на бо роҳи зўрӣ ва пахш кардани онҳо, балки ноил шудан ба роҳи созиш табдил меёбад.

Худи мавҷудияти давлат дар давраи ҳозира чандон ба синфҳо ва муборизаи синфӣ алоқаманд набуда, бештар ба талаботу манфиатҳои умумииҷтимоӣ вобаста мебошад.

 

Ин масъала ҳамкории оқилона ва маъмулан осоиштаи қувваҳои гуногун ва ба ҳам мухолифро дар назар дорад. Лекин чунин тарзи ҳалли масъала маънои онро надорад, ки давлатҳои ҳозира моҳияти

синфии худро пурра гум карда бошанд. Дар шароити нав моҳияти синфии давлат аҳамияти дуюмдараҷа пайдо карда, моҳияти умумииҷтимоии он ба ҷои аввал баромадааст. Акнун давлатҳо фаъолияти худро барои таъмин кардани созиши умумииҷтимоӣ ва

идораи корҳои ҷамъият равона месозанд. Бинобар ин, ҳангоми таҳлили моҳияти давлат ҳарду омил ё ҳарду паҳлўи масъаларо бояд ба назар гирифт. Инкор кардани яке аз ин ду омил моҳияти давлатро нопурра ва яктарафа баҳо додан аст.

Давлат дорои нишонаҳои зерин мебошад:

1.Ҳокимияти оммавӣ (давлатӣ). Ҳокимиятро барои он оммавӣ меноманд, ки вай бо ҷамъият як (мутобиқ) набуда, балки аз номи он, яъне аз номи тамоми халқ фаъолият мекунад. Ҳокимияти оммавӣ

дар симои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин шахсони мансабдори давлатӣ таҷассум ёфта, ба ҳокимияти давлатӣ табдил меёбад ва ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи чунин навъи ҳокимият

мебошад. Ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомот ва шахсони мансабдор идоракунии ҷамъиятро ба роҳ монда, ба ҳамин тартиб аз ҷамъият ҷудо мешавад ва аз он боло меистад. Давлат якҷоя бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ дастгоҳи махсуси маҷбуркуниро

ташкил медиҳад. Мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, судҳо, прокурорҳо, артиш, милиса, мақомоти амният ва ғайраҳо ба сифати чунин мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият мекунанд.

 

  1. Ташкили ҷойгиршавии аҳолӣ дар ҳудуди муайян ва амалӣ намудани ҳокимияти оммавӣ дар доираи он ҳудуд. Давлат дорои ҳудуди муайяне мебошад, ки дар он ҳудуд соҳибихтиёрии давлат ифода меёбад. Аҳолие, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекунад, шаҳрвандони он давлат ба ҳисоб меравад. Фарқи давлат аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ (иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайра) дар он аст, ки давлат ифодакунандаи манфиати ҳамаи аҳолии мамлакат буда, ҳокимияти худро нисбат ба ҳамаи онҳо баробар татбиқ менамояд. Вале ташкилотҳои ғайридавлатӣ ихтиёран ташкил ёфта, фақат як қисми аҳолиро дар ҳайати худ муттаҳид месозанд.

 

3.Соҳибихтиёрӣ нишонаи сеюми давлат мебошад.

Соҳибихтиёрӣ дар волоият, мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Волоияти ҳокимияти давлатӣ маънои ба ҳама умумӣ будани ҳокимият, бартарии он ва дорои қудрати маҷбуркунӣ

доштани ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.

Мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ чунин маънӣ дорад, ки давлат дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳуқуқи ба таври мутлақ ва озодона ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳоро дорад.

 

4.Алоқамандии давлат ва ҳуқуқ. Давлат бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Ҳуқуқ давлат ва ҳокимияти давлатиро ба расмият дароварда, бо ҳамин роҳ онро қонунӣ (расмӣ) мегардонад. Давлат вазифаҳои худро ба шакли ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, ҳуқуқ фаъолияти давлат ва ҳокимияти давлатиро дар доираи қонуният мушаххас намуда, тобеияти онҳоро ба низоми ҳуқуқии мушаххас таъмин мекунад. Дар ин гуна ҳолати тобеияти давлатӣ ба ҳуқуқ давлати демокративу ҳуқуқбунёд ташкил меёбад.

Ҳамин тавр, давлат ташкилоти ҳокимияти сиёсии ҷамъият мебошад, дорои дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ буда, салоҳияти худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Вале чунин мафҳум низ ба монанди мафҳумҳои дигари давлат нисбатан шартӣ буда, танҳо нишонаҳои ҳуқуқии давлатро ифода менамояд ва моҳияти пурраи ин институти мураккабро дар бар намегирад.

Дар таърихи бисёрасраи инкишофи инсоният давлатҳои зиёде якдигарро иваз намудаанд. Бинобар ин, навъҳои таърихии давлат низ гуногун мебошанд.

Онҳоро ба навъҳои таърихии давлатҳои Шарқ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ ҷудо менамоянд. Давлатҳои қадимаи шарқӣ (Миср, Бобулистон, Хитой, Ҳиндустон ва ғайра) қариб 5 ҳазор

сол пеш дар минтақаҳои дорои заминҳои обӣ пайдо шудаанд. Асоси иқтисодии ин давлатҳоро моликияти давлат ба замин ва иншооти обӣ ташкил медод. Дар ин давлатҳо ҳамчун анъана ба синфҳо ҷудошавии

ҷамъият вуҷуд надошт. Дар онҳо анъанаҳои мавҷудбуда нақши калон мебозиданд. Бисёр давлатҳои қадимаи Шарқ асрҳои дароз бе тағйир мемонданд ва ба ин сабаб инкишоф намеёфтанд. Сохтори ҳокимияти

давлатӣ дар онҳо шакли истибдодӣ дошта, тамоми ҳокимият ба як шахс – шоҳ ё амири мутлақ ба таври меросӣ қарор дошт, ки бо ёрии дастгоҳи пурқуввати бюрократии ҳарбӣ идора карда мешуд.

Дар давлати типи ғуломдорӣ диктатураи ғуломдорон аз болои ғуломон, дар давлати типи феодалӣ ҳукмронии феодалҳо аз болои деҳқонон ва дар давлати капиталистӣ ҳокимияти буржуазия аз болои

синфи коргар таъмин карда мешуд. Дар баробари сарнагун шудани сохти буржуазӣ ва иваз шудани он ба навъи давлати сотсиалистӣ диктатураи синфи коргар ба вуҷуд омад.

Давлати ғуломдорӣ аслиҳаи ғуломдорон барои истисмори табақаи ғуломон буд. Он манфиати ғуломдоронро муҳофизат карда, ҳама гуна муқобилияти ғуломонро пахш менамуд, ҳукмронии аққалиятро аз

болои аксарият таъмин мекард. Ғулом аз ҳама гунна ҳуқуқу озодиҳо маҳрум буда, ҳамчун ҳайвон хариду фурўш карда мешуд. Чунин ҳолат боиси норозигии ғуломон гардида, муборизаи онҳоро бар зидди со-

хти мавҷуда тадриҷан пурзўр мекард. Дар натиҷаи шўришҳои пайдарҳами ғуломон пояҳои давлати ғуломдорӣ суст шуда, барои гузаштан ба навъи давлатдории феодалӣ замина муҳайё мегардид. Оҳистаоҳиста давлати ғуломдорӣ ба давлати феодалӣ иваз шуда, ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҷамъияти феодалӣ табдил ёфт.

Гузариш ба давлати феодалӣ давраи дуру дарозро дар бар гирифта, танҳо дар асрҳои V-VI милодӣ аввалин давлатҳои феодалӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин ҷамъият заминдорон ва деҳқонон табақаҳои асосӣ

ба ҳисоб мерафтанд. Заминдорон табақаи истисморкунанда ва деҳқонон табақаи истисморшаванда ба ҳисоб мерафтанд. Феодалҳо, ки соҳиби замин буданд, дар айни замон соҳиби ҳокимияти сиёсӣ ба

шумор мерафтанд. Давлати феодалӣ ҳамчун воситаи аз тарафи феодалҳо пахш намудани муқобилияти деҳқонон буд. Вазифаи ин навъи таърихии давлатдорӣ таъмин намудани ҳукмронии феодалҳо аз болои деҳқонон буд. Тезутундшавии муборизаҳои синфӣ дар давлатҳои феодалӣ бо шўришҳои зиёде меанҷомид.

Дар ин маврид шумо аз таърих шўришҳои Степан Разин ва Йемелян Пугачевро дар Россия, шўриши Восеъро дар Бухорои Шарқӣ дар асри XIX ва ғайраҳо хондаед. Ин муборизаҳо боиси барҳам хўрдани давлати феодалӣ ва ба ҷои он барпо гардидани давлати капиталистӣ гардидаанд. Давлати капиталистӣ бо дараҷаи нисбатан баланди инкишофи худ аз навъҳои давлати ғуломдорӣ ва феодалӣ фарқ мекунад. Дар чунин давлат ду синфи бо ҳам зид – коргар ва буржу-

азия вуҷуд дошт. Бо мурури тараққӣ кардани капитализм зиддияти байни раванди истеҳсолоти хислати ҷамъиятидошта ва шакли хусусии азонихудкунии он пурзўр мегардад. Истисмори коргарон торафт

шиддат гирифта, норозигии онҳо аз сохти мавҷуда меафзуд. Дар натиҷаи инқилоб ин навъи давлат ба давлати сотсиалистӣ иваз гардид.

Инқилоби Октябри соли 1917 дар Россия барои бунёди давлати навъи сотсиалистӣ дар ҷаҳон замина гузошт. Ҷумҳурии мо, ки ба ҳайати давлати Шўравӣ дохил мешуд, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои барпо намудани давлати сотсиалистӣ саъю кўшиш менамуд.

Давлати Шўравӣ ду марҳаларо тай намуд. Марҳалаи диктатураи пролетариат, ки аз октябри соли 1917 то пурра ва қатъиян ғалаба кардани сотсиализм, яъне охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-умро дар бар мегирад ва марҳалаи дуюм – давраи ташаккули давлати умумихалқӣ мебошад. Агар дар марҳалаи аввали инкишоф давлати сотсиалистӣ иродаи синфи коргарро ифода карда бошад, пас дар марҳилаи дуюм моҳияти он ифода кардани иродаи оммаи халқ мебошад.

Дар охири соли 1991 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ барҳам хўрд. Дар арсаи ҷаҳон ташкилоти нав – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмон дода шуд. Таъсисдиҳандаи ИДМ 11 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла: Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ўзбекистон ва Украина буданд.

Дар соли 1993 Гурҷистон низ узви ИДМ гардид. Созишнома оид ба созмон додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Протокол ва Эъломияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 21декабри соли 1991 ва Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 22 январи соли 1993 санадҳои таъсисии ИДМ мебошанд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Оиннома ва фаъолияти амалии худ ташкилоти минтақавии байналмилалӣ мебошад. Вай дар асоси шартномаи байналмилалӣ аз тарафи давлатҳои мустақил таъсис дода шудааст. ИДМ бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо барпо карда шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ин ташкилот зарурати ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини сулҳ ва бехатарӣ, андешидани чораҳо оид ба кам кардани силоҳ ва хароҷоти ҳарбӣ, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар силоҳҳои қатли ом, ноил шудан ба беяроқгардонии умумӣ ва пурра махсус таъкид шудааст.

Давлатҳои аъзои ИДМ дар назди худ вазифа гузош таанд, ки инкишофи ҳаматарафаи давлатҳоро дар доираи фазои ягонаи иқтисодӣ, инчунин кооператсия ва интегратсияи байнидавлатӣ ба роҳ монанд.

Бо мақсади ҳарчи самаранок ҳал кардани ин вазифа кишварҳои аъзои ИДМ моҳи сентябри соли 1993 оид ба барпо намудани Иттиҳоди иқтисодӣ шартнома  бастанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда кишварҳои аъзои ИДМ ба хулоса омаданд, ки фаъолияти худро дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолият, истифода набурдани қувва ё таҳдиди он, ягонагии қаламрави давлатҳо, ҳал намудани баҳсҳо бо роҳи осоишта, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва берунӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамкории байни давлатҳо, иҷрои софдилонаи ўҳдадориҳои аз рўи ҳуҷҷатҳои Иттиҳод ба зимма гирифтаашон ва ғайра ба роҳ мемонанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …