Главная / Гуногун / Пахтакорӣ дар Тоҷикистон

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон

Дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои пахтакорӣ ҷумҳурӣ дар масоҳати 185816 гектар кишти пахта гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11838 гектар, нисбат ба дурнамо 12316 гектар зиёд буда, нисбат ба баҳодиҳӣ 1684 гектар кам мебошад. Кишти пумбадона дар вилояти Хатлон 122404 гектар, вилояти Суғд 57194 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 6219 гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Хатлон 2854 гектар, Суғд 6429 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 2556 гаектар зиёд мебошад.

paxta-tojikiston

Аз майдони умумии кишти пахта 182350 гектари он дар заминҳои корам, 561 гектар дар заминҳои партов, 1317 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 80 гектар дар чарогоҳ ва 1508 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ то санаи 10 октябри соли 2018 пахтакорони ҷумҳурӣ 168,0 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбати соли гузашта 111,3 ҳазор  тонна ё 39,8 фоиз кам мебошад. Аз ҷумла дар Вилояти Суғд 64,7 ҳазор тонна, вилояти Хатлон 97,5 ҳазор тонна ва НТҶ 5,8 ҳазор тонна, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, вилояти Суғд 9,6 фоиз, вилояти Хатлон 51,4 фоиз ва НТҶ 18,8 фоиз кам пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. 

Ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта ба ҳолати 10 октябри соли 2018

Вилоятҳо                                                         ва шаҳру ноҳияҳо Соли 2017 Соли 2018 Фарқият бо фоиз нисбат соли 2017
Ҷумҳурии Тоҷикистон 279251 167996 60,2
Вилояти Суғд 71555 64691 90,4
Вилояти Хатлон 200522 97480 48,6
НТҶ 7174 5826 81,2
Турсунзода 3508 1739 49,6
Ҳисор 2110 3043 144,2
Шаҳринав 491 460 93,6
Рӯдакӣ 713 468 65,6
Ваҳдат 352 116 33,0

Гарм омадани боду ҳаво дар фасли тобистони соли ҷорӣ, инчунин дар сатҳи зарурӣ истифода нашудани тухмии хушсифат ва сари вақт ба анҷом нарасидани кишти пумбадона ҳамчун омилҳои камшавии истеҳсолот арзёбӣ мегарданд.

Дар ин росто, паҳншавии зараррасонҳои пахта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо тағйирёбии ҳарорати ҳавои тобистони имсола нисбат ба соли гузашта хусусан майдони паҳнгаштаи тортанаккана 8348 гектар ва кирми ғӯза 5632 гектар зиёд ба қайд гирифта шуд, ки барои пешгирии саривақтии паҳншавии зараррасонҳои маккандаи пахта, хусусан тортанаккана дар майдони умумии 89703 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Бинобар ин Вазорати кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади расидан ба нишондиҳандаи дурнамо, инчунин пурра ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштани ҳосили пахта тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …