Главная / Гуногун / Пас аз дини Ислом дигар ба халқи тоҷик садама зада нашуд?

Пас аз дини Ислом дигар ба халқи тоҷик садама зада нашуд?

Саддамаи сахтарин ба халқи тоҷик аз тарафи коммунистони бесаводу бефарҳанги замони шўравӣ зада шуд.

а) Онҳо ҳам осори хаттии моро нест карданд ва ҳам ваҳшиёна ҳамаи китобҳои нодирро, ки бо ҳурофоти арабӣ навишта шуда буданд, бо баҳонаи динӣ оташ заданд.

б) Ҳуруфоти ниёгони моро дар арзи 10 сол ду бор дигар карданд. Аввал ба ҳуруфоти лотинӣ гузаштем ва сипас ба кирилӣ.

в) Тарзи номгузории ҳафтпуштаи моро барҳам дода, «оф (ов)»-и русиро бо зўрӣ бор карданд. Ба руси «ов» дуруст аст, як авлоди «Иванов» дар тўли чандсад сол идома дорад. Ба фамилияи «Иванов» ё «Петров» дохил шудан мумкин нест, агар фамилияи ягон касро бигирӣ туро ҷазо медиҳанд. Акнун, ки мо «ов»-и русиро кабул кардем ҷўгӣ ҳам, мазанг ҳам, метавонад фамилияи моро бигирад ва замоне даъвои ҳамавлодӣ бикунад.

г) Аз ҳама бадбахтии азиме ки ба сари мо оварданд, ин бехудогардонии халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ буд. Баромади инсони муқаддасро, ки вай дорои рўҳи олӣ – пайваста бо Худо дорад, аз байн бурда, гузаштаи вайро аз ҳайвони безабону бефарҳангу разил – бузина (маймун) иборат донистанд. Яъне моро маймунзода карданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …