Главная / Варзиш / Партофтан

Партофтан

Аз ҷойи ист партофтани тӯб (расми 22). Дар ҳолати аввала қомат рост, тӯб дар дасти рости каме қатшуда (чапдастон дар дасти чап). Пойи чап ним қадам аз пои рост пештар гузошта мешавад. Пойи рост дар қафо дар нӯги пой. Пас аз оҳиста такон додан дасти тӯбдошта дар болои китф ҳаракат мекунад. Вазни бадан ба пойи дар қафоистода гузаронида мешавад. Бо он пой такон медиҳем, китфҳо ба пеш дода мешаванд. Дасти тӯбдошта зуд рост шуда, пеш аз партофтани тӯб кафи даст сахт такон дода мешавад.

Расми 22
Расми 22

Партофгани тӯб баъди 1-3 қадам бо давида омадан. Ҳангоми тӯбпартоӣ аз 1 қадам дар ҳолати аввала дасти рост ва пойи рост (дар чапдастон дасти чап ва пойи чап) дар пеш. Бо қадами пойи чап ба пеш дасти гӯбдоштаро ба боло-қафо (ё поён-қафо) такон медиҳанд.

Бо пои рост такон гирифта тӯбро мепартоянд.

Ҳангоми тӯбпартоӣ аз 3 қадам (расми 23) дар ҳолати аввала пойи рост дар пеш дасти тӯбдошта дар пеш ё дар поён.

Қадами аввалин аз пойи чап cap мешавад. Дасти рост бо тӯб ба поён ва ба қафо харакат мекунад.

Машқхо бо тӯби калон

1.     Партофтан вадоштани тӯббодудаст.

2. Тӯбро бо ду даст ба боло ҳаво додан ва пас аз ба замин задани он

Расми 24     Расми 25
Расми 24 Расми 25

1.       5о ду даст доштан.

2.      Тӯбро ба деворзада, баъди баргаштан бо дудаст доштан.

3.       Тӯбро ба девор зада, пас аз ба замин афтидани он бо ду даст цоштан.

4.        Дар назди девор рост истода, тӯбро ба он зада, пас аз баргаштан 5о ангуштони дастзада, сипас дошта гирифтан.

5.      Худи ҳамон тавр, танҳо тӯбро ду маротиба задан.

6.      Худи ҳамон тавр, танҳо тӯбро бо як даст задан.

7.    Тӯбро ба девор зада, бо рони пой гардонда маротибаи дуюм бо ду даст доштан.

8.     Тӯбро ба девор зада, 360°тоб хӯрда онро пас аз бардоштан дошта гирифтан.

9.           Ба тарафи девор бо тахтапушт истода тӯбро ба қафо партоф- та, ба боло ба девор, ба тарафи девор тоб хӯрда онро дошта гириф- тан.

Машқҳо бо тӯби хӯрд (расми 26)

1.     Тӯбро партофта онро аввал бо ду даст, сипас бо дасти рост (чап)доштан.

2.     Тӯбро ба боло партофта, нишаста, нӯги ангуштонро ба нӯги пойҳо расонида хестан ва аввал бо ду даст, сипас бо як даст доштан.

3.     Дар масофаи 1 – 2 м аз девор дур истода, тӯбро ба девор аз поён ба боло партофта, сипас онро бо ду даст ва баъд бо як (рост, чап) даст доштан.

4.     Бо дасти чапи дарозкардашуда ба девор такя намуда, тӯбро аз байни дасти чап ба дасти рост, аз поён ба боло партофта дошта гирифтан. Ҷойи дастҳоро иваз карда ҳамин ҳолатро иҷро бикун (расми 26 а).

5.     Пойи чапи қатшударо каме бардошта, бо дасти рост тӯбро аз байни он ба боло партофта дошта гирифтан. Ҳангоми ин намуди машқро омӯхтан бо пой ба девор такя кардан мумкин аст. Ҳамин ҳолатро бо пойи рост такрор кунед (расми 26 б).

6.     Тӯбро дар болои cap аз дасти рост ба чап ва баръакс партоф- тан (расми 26 в).

7.     Тӯбро ба замин партофта, онро аввал бо дасти рост, сипас бо дасти чап якчанд маротиба ба замин занед (расми 26 г).

8.     Тӯбро баланд партоед, ҷаҳида, тоб хӯрда онро бо ду даст доред (расми 26 д).

9.     Ба пеш хам шуда тӯбро аз миёнаи пойҳо ба қафо боло партоф- та, қоматро рост карда, онро дар назди худ дошта гиред (расми26е).

1.     Тӯбро бо дасти чап аз тахтапушт ба пеш ҳаво дода. бо ду даст доштан. Тӯбро бо дасти чап ҳаво дода, бо дасти рост доштан ва баръакс (расми26ж).

2.    Тӯбро ба боло ҳаво дода, нишаста онро дошта гирифтан, аз ҷой нахеста тӯбро боз ба боло ҳаво дода, аз ҷой бархоста дошта гирифтан (расми 26. з)

3.     Аз девор ба масофаи дилҳоҳ истода, бо зарбаи сахт тӯбро ба замин чунон задан лозим аст, ки пас аз ҷаҳидан ба девор зада, сипас ба тарафи бозингар ҷаҳад. Доштани тӯб (расми 26 и).

Расми 26
Расми 26

Инро донистан шарт аст

Масофаикӯтоҳ- масофаҳоиаз 10то40,60 ва ЮОм.

Бо суръатдавидан – давидан бо суръаги баланд ба масофаи кӯтоҳ. Давидан барои пуртоқатӣ – давидан ба масофаи аз 500 то 1000 м. Асбоб ва анвои варзишӣ: тӯб, норинҷак, найза, доира, ядро, гул- ӯла.

Ҷаҳидан ба баландӣ ва дарозӣ дар ҳолати давида омадан. Инчу- нин ҷахидани сенамуда ва ҷаҳидан бо тӯб мавчуд аст.

Барои ба баландӣ ҷахидан чӯбҳои барои ҷаҳидан, планка, ченчӯбро истифода мебаранд. Ба дарозӣ ҷахиданро бо чентаноб (рулет- ка) чен мекунанд. Натиҷаи ҷаҳиданро аниқто 1 см чен мекунанд.

Суръати рохгардӣ ё давидан – микдори қадамҳоеанд, ки дар воҳиди вақт иҷро мешаванд. Чӣ қадаре ки қадамҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар суръат зиёд аст ва баръакс.

Дарозмуддатии давидан бо соатҳо (с.), бо дақиқаҳо (д.) ва сонияхо (сон.) чен карда мешавад.

 

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …