Главная / Илм / Парпӣ — гули кафтарак

Парпӣ — гули кафтарак

Парпӣ ду навъ аст: навъеро гул сафед баргаш монанди барги кашниз инро парпии сафед меноманд; синфи дувумро гул сиёҳи бунафшранг — инро парпии сиёҳ меноманд, баргҳояш монанди баргҳои зуфи кӯчак аст. Навъи дувумашро тоҷикон  гули кафтарак низ мегӯянд, ба русӣ горечавка оливьи мехонанд.

parpi

Сурати Парпи

Мизоҷи парпии сафед дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст ва мизоҷи қисми сиёҳаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

  Қисми рӯйизаминии ин гиёҳро ҳангоми  гул карданаш ҷамъ оварда, дар об меҷӯшонанду баъд он обро аз ҷирмаш ҷудо карда, ба офтоб ё ба ҷойи бодрас мегузоранд. Баъди муддате обаш парида, қивоми парпӣ ҳосил мешавад.

 Қивоми парпии сафед бар зидди заҳрҳои ҷонварон заифтар аз қивоми навъи сиёҳи он аст.

Агар инро бихӯранд, бодҳои дарун ва пурбод шуданро ба ибро меоварад ва дардҳои ботиниро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад.

  Микдори як бор хӯрдан аз қивоми парпии сафед дар як рӯз ба андозаи донаи ҷав ва аз гиёҳи хушкаш то 9 грамм аст. Агар решаи парпии сафедро бихӯранд, тамоми ҳайвонотро, ба ғайри инсон, мекушад, вале агар одам бихӯрад, боҳро ба ҳаракат меоварад.

  Қивоми синфи сиёҳи ин гиёҳ ба ҷойи тарёқи кабир истифода мешавад, хусусан барои дардҳои узвҳои даруни шикам ва дардҳои бачадон доруи хубест.

  Агар гӯсфандҳо ҳангоми чаридан бинобар ширинии таъмаш гиёҳи заҳрнокро бо алафҳо якчо ҳӯрда, заҳролуд гарданд, зуд гиёҳи парпии сиёҳро ёфта мехӯранд ва онҳоро аз офати заҳр наҷот медиҳад.

  Ба дарун истеъмол кардани парпии  сиёҳ, яъне қивоми онро биёшоманд, боҳро меафзояд, меъда ва ҷигарро гарм мекунад, инчунин моддаҳои балғамиро тит ва тахдил менамояд. Агар онро дар шароб пухта бихӯранд, бавосирро қатъ мекунад. Вале ман, муаллифи ин рақамҳо, дар тачриба муайян намудам ва қивоми инро бидуни шароб ҳам хӯронидам, бавосир дафъ гардид.

  Қивоми парпии сиёҳро дар об хал карда, латта ё пахтаро ба маҳлули он тар намуда, занҳо аз таг бардоранд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва худи ин узвро қавӣ мегардонад.

  Агар гиёҳи инро кӯфта гузошта банданд, ҳамаи варамҳоро мегардонад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз кивоми парпии сиёҳ дар як рӯз ба андозаи донаи биринҷ аст. Агар аз ин зиёд бихӯранд, бинобар пурзӯр буданаш дарди гулӯро ба амал меоварад, ғамгин мекунад, рутубатҳои баданро хушк мегардонад. Дар ин маврид равғани кунҷид ё ширинӣ бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Аз гиёҳи парпӣ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. 100 грамм барги ҳушки онро дар 800 грамм оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд дар оташ меҷӯшонанд, ба ҳадде ки чоряки об, яъне 200 грамм бимонад. Сипас онро молида, аз матои бофташ зич гузаронида, соф карда, дар зарфе аз болояш 200 грамм равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то ҳамаи об бухор шаваду равған бимонад. Батамом бухор шудани он об аз он, ки равған аз ҷӯш мемонад, дониста мешавад. Ҳамин равған равғани парпӣ мебошад.

  Агар равғани парпиро ба сар бимоланд, мӯйро дароз мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …